Главная > Uncategorized > Чаро Тӯраҷонзода?

Чаро Тӯраҷонзода?

Рӯзи 14-уми сентябр тариқи сомонаи Агентии миллии иттиоотии Тоҷикистон «Ховар» (АМИТ) дар бораи  Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маводе нашр шуд. Муллифи он мавод Муҳаммадсалими Раштӣ мебошад. Дар он ҷо нисбати Тӯрачонзода ҳар хел суханҳо гуфта, ӯро як шахси маккору манфиатхоҳ ва дину мазҳабфурӯш муаррифӣ кардаанд.  Инчунин, дар он навиштаҷот Тӯрачонзодаро доро ва манбаи даромадаш номаълум номидаанд. Муҳаммадсалими Раштӣ боз менависад, ки  «Тӯраҷонзода як шахси оди ва омӣ нест. ӯ ақл, хирад  ва вичдони сиёсатиест, ки дар ниқоби дин бо шиорҳои гуногун ва суйистифода аз Ислом мехоҳад ҳукумат дошта бошад. Ҳукумат бо ақлхои сода ва гумроҳ. Эшон бозингари хуби саҳнаи сиёсат аст».

Ҳоҷӣ  Акбар Тӯрачонзода ба ин гуфтаҳо посух мегуяд, ки «дар ин туҳматҳо мехоҳанд маро чун шахси маккору манфиатхоҳ ва дину мазҳабфурӯш муаррифӣ намоянд. Албатта барои ман ин усули мубориза ноошно нест. Ҳанӯз аз охири солхои 1992 то 1998 ин сабк кор гирифта мешуд ва маро ба ҳайси қотил душмани миллату кишвар муаррифӣ мекарданд».

Тӯрачонзода ба хабарнигори Tojnews дар вақти сӯҳбат зикр менамояд, ки ин амали тарҳезишудаи нафарони манфиатҷуест, ки бо истифода аз вазъи баамаломада сулҳу субот дар кишварро халалдор карданианд.

Дар ҳақиқат паст задани шаъну шарафи яке аз рӯҳонини намоёни кишвар , яке аз шахсиятҳое, ки бештари мардум ба онҳо эътикод доранд, ба кишвар нооромӣ меорад. Тӯраҷонзода яке аз он шахсоне мебошад, ки барои ба имзо расидани созишномаи сулҳу ризоияти миллӣ кӯшишу заҳматҳо кардааст. Бояд аз хотир набаровард, ки сулҳу субот ва ваҳдат ҳеҷ гоҳ аз як тараф ба вуҷуд намеояд . Ин  неъмат ҳамеша талошҳои дутарафаро тақозо мекунад. Бинобар  нақши Тӯрачонзодаро бояд дар ин бобат ба назар гирифт.

Он мавод  ба Абдуллоҳи Раҳнамо,коршиноси масъалаҳои сиёсӣ ва динӣ низ нигаронида шудааст ва эшони Нуриддинҷҷонро ҳам ёрдамчии Тӯраҷонзода номидааст. Маълум мешавад, ки Муҳаммадсалими Рашт хеле каҳрамонӣ кардааст, аммо муайян нест, ки хоҷаи ӯ кист ва инро ба ӯ кӣ мефармояд? Аксарият имрӯз ҳайронанад, ки он хоҷа кист ва дар зери парда чи касест? Чунки ӯ ба вазъияти ногувори кишвар халал ворид карда истодааст.Суоле посух ехоҳад,ки  чаро маҳз Тӯраҷонзода мавриди ҳамлаи иттилоотӣ қарор гирифт?

Эхсони Абдулло

Рубрики:Uncategorized
  1. Куҳистони
    Сентябрь 30, 2010 в 1:34 пп

    Ба бедардон Чунуни дурри ишқашро чаро суфти,
    Кучо ҳар танпарасте қадри ин дурдона медонад.
    Ба Муҳаммадсалими Рашти ва хочагонаш гуфтани ҳастам,ки шумо он танпарастонеду ба хотири хурдтарин курсии мансаб ва камтарин маблағ таёр ҳастед боз Точикистонро ба низоъи нав баргардонед.Шумо аз рўи мақоли точикон
    ;Обро лой куну моҳиро дор;амал намуда боз хуни чавонони точикро мерезонед.
    Сад бор бади кардию шарми ту наомад,
    Неки чи бади дошт,ки як бор накарди.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: