Главная > Uncategorized > Занонро мезананд…

Занонро мезананд…

То ба  имрӯз дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа  беш аз  як ҳазору   13 зан  аз ҷониби  хонаводаи худ  мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд, ки нисбат ба 27 ҳолаташ  парвандаи ҷиноятӣ боз  карда шудааст.

Сабаби зери лату кӯб қарор доштани занҳо дар шаҳри  Қӯргонтеппа он будааст, ки қисми зиёди занҳо дониши кофӣ надоранд. Ва  ҳуқуқи худро намедонанду фарзандонашонро аз синфи як то синфи чор мехононанд. Намегузоранд, ки фарзандонашон  мактаби миёнаро ба пуррагӣ хонда, каме ҳам бошад, дониш гиранд. Волидайн духтарҳояшонро  аз синни хурдӣ  ба шавҳар медиҳанд, ҳол он ки  онҳо барои  зиндагӣ омода нестанд. Шояд сабаби дигар ин надонистани ҳуқуқашон бошад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтем,ки  оид ба ин масъала нуқтаи назари чанд нафарро фаҳмем:Ойниҳол Бобоназарова, раиси ТҒД  «Перспектива» («Дурнамо»)

-Дар барномаҳои байналхалқӣ оид ба муҳофизати занон                            баробарҳуқуқии онҳо маводи зиёде ба тавсиб расидааст.Аммо ин қонун дар амал ҷорӣ намешавад.Азбаски як  қисми  зиёди занҳо  хонашин  ҳастанд, ҷойи  кор  намеёбанд. Як чизи дигар  аст, ки   вақте  моликияти  давлатӣ миллӣ карда шуда , барномаҳо оид ба занҳо  дар Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, хондани духтарҳо аз оилаҳо камбизоатро ба инобат нагирифтанд. Аз аввал ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ надоданд. Ҳамин хел як фикри   шарқӣ дорем,ки бояд  занҳо  дар хона ба тарбияи фарзанд машғул бошанд. Ва ба занҳо кам таваҷҷӯҳ зоҳир                                             карданд. Шояд аз ҳамин сабаб аст,  ки баробарҳуқуқии занҳо риоя карда намешавад.  Масалан,  дар парлумон  бонувон хеле        кам ҳастанд. То имрӯз ягон вазири  зан надорем, ягон соҳибкоре, ки  ба бизнеси калон  машғул  бошад нест.  Масалан, дар сохторҳои  муҳофизатӣ,  дар  куллӣ системаҳое, ки  дар қатори аввал меистанд,  ягон зан нест. Қонунҳои зиёд,  фармонҳои зиёд, барномаҳои зиёд, имкониятҳои баробар дар занҳо вуҷуд дорад, аммо онҳо  амалӣ намешаванд. Ман боз мегӯям, ки   таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир  накардани  ҳукумат ва шароити хуб барои занҳо фароҳам наовардан, занҳоро бемасъулият кардааст.  Сохти  иқтисодӣ    байни  худи занҳо  як чизи  дигар аст, ки занҳо дар сиёсат  машғул нестанд.Яъне, онҳо наметавонанд, ки ба сиёсат   тезтар  машғул шаванд. Ва  имконияти баробар надоранд,  барои  депутат шудан. Мебинем,ки   занҳо депутат мешаванд, вале рақобатро дар    байни  занҳо        намебинем. Ҳамаи ин    дар якҷоягӣ  оварда мерасонад,ки  ҳуқуқи худро   муҳофизат  карда   наметавонанд ва дониши кофии ҳуқуқӣ  надоранд. Чизи дигар  аст, ки коррупсия дар мақомотҳо намегузорад, ки дар якҷоягӣ  ҳуқуқи зан   дар Точикистон риоя шавад   ва дар ҳар қадам вайрон   мешавад . Мо низ медонем,ки муҳоҷирони зиёд ба русия мераванд. Як қисми   мардҳо дар хориҷа  меистанд  ва ба  занҳои  худ кӯмак намекунанд .  Ҳатто  ба воситаи телефон   талоқ мекунанд ва   баъзе руҳониёни мо  мегӯянд,ки  дуруст аст. Мо дар  якҷоягӣ   дида истодаем, ки занҳо  ба  муҳоҷирати меҳнатӣ   мераванд ва дар он ҷо проблемаи зиёд доранд. Вале  имрӯз   дар Точикистон  анъана     шудааст,ки   зани  якум  аз кӯмаки моддии шавҳар бенасиб мемонад. Бояд зикр кард,ки фарзандони онҳо  бепадар  мемонанд. Дар Тоҷикистон намегузоранд, ки зан баробарҳуқуқ  бошад.Масалан, аз ҳамин сабаб зиёди занҳо ба худкушӣ даст задаанд. Ғайр аз ин,  мегӯянд, ки занҳо   бояд  босавод бошанд, вале  он қадар таваҷҷӯҳ    намекунанд,  ки занҳо ҳуқуқашон ҳимоя кард шавад. Ҳатто Ҳизби      наҳзати   ислом  ин қадар занҳоро  таъриф  мекунад, вале танҳо як нафар занро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод карданд. Ва ҳамон ҳам дар рӯйхат дар ҷойи  даҳум  меистад. Худи занҳо ҳуқуқи   худро  муҳофизат  карда  наметавонанд ва ман мефаҳмам,ки онҳо гуноҳ надоранд. Чунки қудрати  муҳофизати хуқуқи  худро  надоранд,  кор намекунанд, маблағ  надоранд Агар имрӯз  зане ба шавҳараш гӯяд, ки ману ту баробарҳуқуқ, шавҳараш  се талоқ мекунад.  Аз хона ҳам мемонад, бо кӯдакаш куҷо   меравад?

Шокирҷон  Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсӣ

-Бояд зикр намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баробарии зану мард эълон шудааст ва он то ҳол вуҷуд дорад. Яке аз дастовардҳои  замони Шӯравӣ  аст, яъне тибқи Констутсияи амалкунанда  новобаста  аз  мансубияти  ҷинсӣ баробарии зану мард ҳаст ва  қонунҳои  амалкунанда барои иҷрои меҳнати якхеларо пешбинӣ намудаанд ва инчунин   баъзе имтиёзҳо низ доранд. Занҳо аз зан  буданашон бар меояд,  вале худи занҳо муташаккил нестанд. Дар бештари созмонҳои  ҷамъиятӣ  иштирокчиёнаш занон ҳастанд, аммо онҳо роҳи осонро пеш гирифтанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ҳизби халқи демократӣ  ё худ сохторҳои марбутаи    мақомоти ҳокимияти давлатӣ  кор кунанд ва   ин хуб нест.  Худи  занҳо ҳамчун қишри махсуси ҷомеа  бояд муташаккил ва фаъол бошанд, пас  ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз Конситутсия, қонунҳои    ҳуқуқи байналмилалӣ бармеояд ва амалӣ мешавад. Агар мо гӯем, ки  дар қонунҳо ҳуқуқу озодиҳо пешбинӣ шудаанд, вале дар оила  муносибати  меҳнатӣ ё  сиёсат  риоя намешавад.  Бо ҳамин маҳдуд  онҳо орзую ормонҳои худашонро  дар зиндагӣ  амалӣ карда наметавонанд. Ба ин хотир ман ҷонибдори он ҳастам , ки занҳо муташаккил бошанд.    Агар дар оила    хушунат вуҷуд дошта бошад, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунанд, ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат  кунанд ва агар масъала тариқи  судист ба суд муроҷиат кунанд, ба ҳукумат фишор  биёранд  ва ба ҳадаф расанд.

— Хилватшоҳи  Маҳмуд,коршинос, муҳаррири  барномаҳои  телевизюни  «Симои мустақили  Тоҷикистон»

-Нақзи ҳуқуқи  занҳо  ҳам  як ҷузъе  аст, дар қариб куллӣ  кишварҳои    ҷаҳон имрӯз ба  назар  мерасад. Масалан,    агар ба   солҳои қаблӣ   рӯшантар назар афканем,дар    Тоҷикистон   ҳуқуқи занонро  он ба дараҷае поймол мешавад. Имрӯз ғайр аз созмонҳои байналмилалӣ ва   ташкилотҳои ғайридавлатӣ   созмонҳои дигаре ҳаст, ки   ҳуқуқи занонро  ҳимоя мекунанд .  Зеро  имрӯз занон дар Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд, ки интихоб шаванд интихоб  кунанд, қабул кунанд ва роҳбари ин ё он идора баргузида  шаванд. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва  давлатии  кишвар  ва ҳам сиёсатҳои гуногунҷабҳаи кишвар намояндаи ин бонувонро  дидан  мумкин,   аммо чаро ҳуқуқи занон поймол мешавад,  ман фикр мекунам, ки аз тарбияи худи хонаводагӣ вобастагӣ дорад. Масалан,  шароити   оилавӣ  чӣ гуна  ба роҳ мондааст, аз ин вобастагӣ дорад. Зеро ҳам  дар Қуръони карим ва чӣ дар сарқонун ,  ки рукнҳои баробарҳуқуқии инсонро баҳогузорӣ мекунад,  нақзи ҳуқуқ новобаста  аз кадом   ҷинс аст ва кадом қишри ҷомеа   баробар аст.Вале агар ,ки поймол шавад ҳам  аз рӯи Қуръони  азимушаън   занону мардон дар назди Худо     баробар  хуқуқ  доранд.  Агар дар  ин ё он хонаводае   ҳуқуқи зан поймол  шавад вобаста аст ба ҳамон оила,ки чи гуна бо  зани худ муносибат мекунад. Ман фикр мекунам, баробарҳуқуқиии мардону занон  ин маънои онро надорад, ки  масалан дар хонавода хӯрокро мард мепазад, либосро зан мешуяд,  ё кӯдакро мард нигох мекунад. Худованд ҳам барои  кор офаридааст . Аввал он   ӯҳдадорие, ки дар даст  гузошта шудааст    аз  уҳдаи он барояд онро  анҷом бидиҳад .   Дар маҷмӯъ     ҳуқуқи  мардон ҳам  дар Тоҷикистон   поймол мешавад.  Гоҳ аз сӯи занон  азият   мебинанд.

Наргис ИБОДУЛЛОЗОДА, «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: