Главная > Uncategorized > Мардум чаро камбизоатанд?

Мардум чаро камбизоатанд?

Фақириро набояд имиҷ қарор дод!

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони милали муттаҳид оид ба расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола 46 дар сад арзёбӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи Юст де Лаат, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2007 ба ин сӯ фақри шадид дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст ва 17, 4 дар сади аҳолӣ зери хати фақри шадид ба сар мебаранд. Агар ин ду нишондодро ҷамъ кунем, беш аз 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон ҳанӯз зери хати фақр ба сар мебаранд. Аз ин нуқтаи назар сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ҳанӯз тағйир наёфтааст.

Сабаби фақрзадагии Тоҷикистон чист?

Аз истиқлолияти миллии Тоҷикистон тақрибан 20 сол сипарӣ мешавад ва ҳанӯз ҳам зиёда аз нисфи аҳолӣ зери хати фақр ба сар мебаранд. Ҳарчанд дар мавриди паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор барномаҳо дуруст мешавад, аммо то охир иҷро намегардад. Яъне гуфтан мумкин аст, ки талоши ҳукумат дар ин самт бенатиҷа мондааст. Вале дар ҳамин ҳол суоле пешорӯ меояд, ки чаро мудом мо дар бораи фақр ҳарф мезанем? То кай фақирӣ ҳамчун имиҷ боқӣ мемонад? Сабаб чист, ки талошҳои ҳукумат натиҷа надодааст?

Коршиносон дар ин бора назари мухталиф доранд. Аммо дар бештари маврид рӯи масъалаи бекорӣ таваҷҷӯҳ карда мешавад. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки камбизоатии мардуми Тоҷикистон аслан бешуғлии нерӯи корист:

-Мо танҳо дар Русия расман 800 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ дорем. Боқимондаи нерӯи кории мо дар Қазоқистон, Украина, Белорус ва дигар кишварҳои дунё муҳоҷир шудаанд. Дар маҷмӯъ шояд беш аз якуним миллионро ташкил диҳанд. Далели дигари фақрзадагӣ рушд накардани бахши хусусии иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст. Мардум аз сабаби фасоди идорӣ ва баланд будани фоизи қарз наметавонанд корхонаҳои кӯчаки худро ташкил кунанд.

Ба бовари бархе аз коршиносон мизони паст шудани камбизоатӣ дар Тоҷикистон асос надорад.  Аммо дар ҳамин ҳол яке аз сабабҳои аслии баланд будани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон бӯҳрони ҷаҳонии молӣ арзёбӣ мешавад, ки ба соҳаҳои муҳими иқтисодӣ зарбаи шадид расонидааст. Масъалаи коҳиш додани камбизоатӣ мавриди таҳлили коршиносони давлатӣ ва мустақил қарор гирифтааст, аммо дар ин самт низ назарҳо якранг нестанд. Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки бо роҳи кор дар замин ва бахши кишоварзӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ғайриимкон аст. Зеро 93 дар сади Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад ва танҳо 7 дар сади он замин аст ва дар ин сурат набояд нақши кишоварзӣ, балки саноати кӯҳӣ бештар бошад. Вале то ҳол дар кишвар вазорате бо номи «саноати кӯҳӣ» вуҷуд надорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо кишоварзӣ ноил шудан ба рушди иқтисод ва некӯаҳволии мардум душвор аст. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд:

— 70 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд ва бо замин сару кор доранд, аммо мувофиқи меъёрҳои байналмиллалӣ истифода бурдани замин ҳамчун ҷои кор судманд нест. Яъне кор дар замин наметавонад рушди баланди иқтисод дар Тоҷикистонро таъмин кунад ва некӯаҳволии халқро баланд бардорад. Барои ҳамин ҷои кор бояд дар соҳаи саноат, нақлиёт, алоқа ва сохтмон ташкил кардан даркор аст. Ё корхонаҳои нави тавлидиро таъсис додан зарур аст, ки дар он сурат сатҳи камбизаотиро метавон коҳиш дод.

Дар ҳамин ҳол дар рушди иқтисодиёти кишвар, ки аз ҷониби Вазорати иқтисод ва савдо пешбинӣ мегардад, ҳар сол як халале ба назар мерасад. Масалан, ду соли пеш агар бӯҳрони иқтисодӣ баҳонаи халал дар рушди иқтисод буд, соли гузашта монеаҳои сунъии ӯзбакистон дар роҳи оҳан чун бунбасти коммуникатсионӣ рушди иқтисодро заъиф гардонд. Соли ҷорӣ вазъи ноором дар баъзе навоҳии кишвар шояд баҳонаи халал ворид шудан ба рушди иқтисод ва пойин бурдани сатҳи камбизоатӣ гардад. Аммо як чиз равшан мемонад, ки агар «қариб намебуд, тоқии мо ба осмон мерасид» ва ҳамчунин гуфтан мумкин аст, ки агар ягон ҳодисаи нобаҳангом, масалан, бӯҳрон, монеа ё низоъ рух намедод, сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёфт. Вале ин «агар» кай поён меёбад номаълум аст.

Сарвари Даврон

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: