Главная > Иқболи САИДЗОД > Мулло Абдуллову Мирзохӯҷа «Хӯҷааливу Алихӯҷа»?

Мулло Абдуллову Мирзохӯҷа «Хӯҷааливу Алихӯҷа»?

«Урал»-ро Мулло Абдулло тарконду Мирзохӯҷаро таъқиб мекунанд

Замоне, ки мошини «Урал»-и Вазорати мудофиа таркид ва 25 нафар аз аскарон дар натиҷаи ин таркиш ҷони худро аз даст доданд, мақомот инфиҷори мазкурро кори дасти Мулло Абдулло номиданд. Аммо баъдан ба ин кор даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ корманди милиса ва қумондони мухолифи ҳукумати феълӣ ва одамони ӯро низ тасдиқ карда, аз пайи дастгир кардани ӯ афтоданд. Аммо ҳанӯз замоне, ки нерӯҳои амниятии Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои дохилӣ ба самти Рашт ҳаракат карда буданду баъдан сафари вазирони ин ниҳодҳо ба минтақаи Рашт чун гуфтушунид байни нерӯҳои мухолифини собиқ, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандар маънидод гашт ва ҳоло вазъият хеле ором ба назар мерасид, коршиносон аз эҳтимоли «бадбахт» шудани Аҳмадов ҳадс мезаданд. Аммо аз ин ҳам пештар, замоне, ки маҳбусон аз зиндон фирор карданд, иддае аз коршиносон чунин мешумориданд, ки «давидани гӯсола то каҳдон аст» ва «каҳдон»-и онҳо шояд минтақаи Рашту ҳадаф Мирзохӯҷа бошад.

Аммо худи Мирзохӯҷа дар сӯҳбат бо хабарнигори «TojNews»  чунин гуфтааст: «Ман дар манзили худ юмбош карда нишастаам ва бо касе аз намояндагони ҳукумат музокира надоштам. Дар бораи ба Рашт омадани ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ҳам иттилое надорам». Вале ба иттилои хабаргузориҳо мулоқоти Шоҳ Искандаров бо мақомот таъйид шудааст. Бино бар хабарҳо дар Рашт як ситоди фаврии ниҳодҳои қудратӣ низ таъсис ёфтааст. Яъне аз ин нуқтаи назар чунин хулоса кардан мумкин аст, ки шояд манзури мақомот аз аввал маълум буд ё шабаҳи Мулло Абдулло бори дигар мисли соли 2009, ки бо амалиёти «Кӯкнор 2009» машҳур аст, дар ин минтақа пайдо шуду баъди боздошти Мирзохӯҷаву ёронаш нопадид мегардад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Зеро дар соли гузашта низ дар Тавилдара вуруди Мулло Абдулло бо гурӯҳаш таъйид шуда буд, аммо пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев ва боздошти ҳамдастонаш номаш ҳам фаромӯш гашту амалиёти «Кӯкнор 2009» низ ба анҷом расид. Ин амалиёти мақомоти қудратӣ барои аҳли ҷомеа саволҳои беҷавоберо гузошт, ки то ин замон посухи мушаххаси худро наёфтаанд. Чӣ гуна мешавад, ки Мулло Абдулло ба хоки Тоҷикистон бо гурӯҳи мусаллаҳаш ворид гашт ва бо нерӯҳои амниятии мо даргир шуд, аммо баъд аз қатли Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов якбора ғайб зад? Пас чаро баъд аз қатли Зиёев амалиёти «Кӯкнор 2009» ҳам хотима ёфт? Дигар мақомот барои пурқувват кардани марз, ба хотири эҳтимолияти вуруди Мулло Абдулло кӯшиш накарданд ва ҳатто эҳсоси хатар ҳам надоштанд ва ин мавзӯъ то кунун фаромӯшшуда ба шумор мерафт. Аммо рӯзи 19-уми сентябри соли равон Мулло Абдулло бо гурӯҳаш аз куҷое пайдо шуда, як мошини низомии Вазорати дифоъро зери оташи гулӯла қарор додааст, ки дар натиҷа 25 кушта бар ҷо гузошт? Дафъаи аввали пайдо шуданаш сари Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро ба бод дода ғайб зада буд, ҳоло 28 аскару афсарро нобуд сохт, боз дар давраи навбатӣ сари киро мехӯрад, норавшан аст?

Инак боз суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки посух мехоҳанд, вале дар ҳафтаи ахир маҳрум гаштани мардум аз тамоси телефонӣ дар ин минтақа ва набудани иттилои дақиқ аз ҷониби мақомот омили сару садоҳои гуногун гаштаанд. Аз як тараф мегӯянд, ки дар Рашт вазъ ором аст ва ҳеч хатаре дида намешавад, аз ҷониби дигар аз эҳтимоли ҳуҷуми ногаҳонии террористон дар ҳаросанд ва аз сӯи дигар гӯё шабона гурӯҳҳои мусаллаҳ ба манзили мардум ворид шуда, барои худ ғизо ҷамъоварӣ мекунанд ва мардумро таҳдид мекунанд, ки касе ба нерӯҳои қудратӣ хабар кашад, ҳалок хоҳад шуд. Вале боз суолҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки сабаби ҳузури нерӯҳои қудратиро шарҳи зарур додан аст. Масалан, вақте бо Мирзохӯҷа ё Шоҳ Искандар гуфтушунид мерафт, чаро якбора вазъ тағйир ёфт? Оё ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ карда натавонистанд ё шартҳо яке аз тарафҳоро қонеъ карда натавонист? Дар асл чаро ин гуфтушунид ташкил шуд ва ҳадаф аз он чӣ буд? Чаро то ин замон мақомот бо Мирзохӯҷа ва Искандаров гуфтушуниде анҷом надоданд ва маҳз ҳангоми фирори маҳбусон чунин кор сурат гирифт? Чаро сараввал Мулло Абдулло ҳадафи мақомот буд, аммо дар охир Мирзахӯҷа ҳадаф қарор гирифт? Оё Мулло Абдулло ва Мирзохӯҷа мисли «Хӯҷааливу Алихӯҷа» якеанд, ки инро сабабгори хиёнат медонанду ӯро таъқиб менамоянд? Ин ва дигар суолҳоеанд, ки посухи дурусту саҳеҳро мехоҳанд.

Вазорати мудофиа аз ҷанги камон ба ҷанги сухан?

Ҳафтаи равон изҳороте аз ҷониби Вазорати мудофиа алайҳи ҳафтаномаҳои мустақили кишвар, ба ҷуз «СССР» дар шабакаҳои телевизион такроран ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ҷо сухангӯи ин ниҳод, Фаридун Маҳмадалиев нашрияҳоро ба ноором кардани вазъ, нодуруст шарҳ додани ҳодиса ва зери суол қарор додани тавоноӣ ва кордонии нерӯҳои амниятии кишвар дар масъалаи тактикиву стратегӣ муттаҳам кард. Истисно кардани танҳо як нашрия дар ин миён албатта омилеро дорост, вале далели аслии сухангӯи вазорат дар иттиҳоми ҳафтаномаҳо ба нодуруст шарҳ додани ҳодисаи таркиш бештар ба он рабт дорад, ки хуни аскарони кушташуда бар гардани кӣ метавонад бошад? Оё ин масъулияти фармондеҳони алоҳидаи Вазорати мазкур аст, ки бояд пеш аз равон кардани мошин атрофи роҳро тавассути чархбол ё «разведчикҳо» тафтиш ва назорат мекарданду сипас аскаронро сафарбар мекарданд ё гурӯҳи террористе, ки мошинро тарконд ва дар натиҷа 28 нафар ҳалок шуданд? Албатта кори шуда шуд ва акнун афсӯсхурӣ бефоида аст, лекин ниҳоде, ки ба қавле нашрияҳо дастоварди 19 солаи онро нодида гирифтаанд ва дар барномаи «Сарбози ватан» аз тактикаю стратегияи қавии он зиёд гуфта мешавад, оё бо ин ҳама қудрату тавоноӣ ва ҳушёрии амниятӣ наметавонист, лоақал бо як чархбол ё усули дигаре, ки фармондеҳони боҳуш бохабаранд, «разведка» гузаронанд, ки вазъ дар минтақа ва дар роҳ чӣ гуна аст?

Дар ҳамин ҳол раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев гуфтааст, ки дар ин ҷо иштибоҳот аз ҷониби нашрияҳои мустақил ба назар намерасад ва ин як навъ маҳдудкунии озодии сухан аст. Сардабирони бархе аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон нишасте баргузор карда, мавқеи худро нисбат ба барномаи пахшкардаи Вазорати мудофиа муайян намоянд. Эҳтимоли даъво ба додгоҳ алайҳи ин ниҳод низ шояд ба миён гузошта шавад. Сардабирони бархе аз нашрияҳои мустақил барномаи мазкурро амали худсафедкунии ин вазорат маънидод карда, онро халос шудан аз масъулият медонанд. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло дар сӯҳбате чунин гуфтааст:

-Замоне дар бораи хатарнок будани Мирзохӯҷа Аҳмадов мо гуфтем, тамоми телевизионҳои давлатӣ ва Фаридун Маҳмадалиев хомӯш буданд. Имрӯз онҳо бедор мешаванд ва моро иғвогар мегӯянд. Мо қабл аз онҳо ин хатарро эҳсос мекардем ва бо Аҳмадов бархӯрд карда будем».

Хуршеди Атовулло бар ин назар аст, ки вақте ин намоиш дар ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон пахш мешавад, ин мавқеи Кумитаи радио ва телевизион низ мебошад. Аз ин рӯ як ҳуҷуми иттилоотии беасос алайҳи рӯзномаҳои мустақил оғоз шудааст, мегӯяд ӯ.

Вале дар робита аз ҷониби коршиносон ва муҳаррирон дигар андешаҳо низ баён мешавад. Ба гуфтаи бархе аз онҳо агар ғарази пахши барнома равшан кардани масъалаи кушта шудани аскарон бошад, пас Вазорати мудофиа, ки ба ин ҳодиса сару кор гирифтааст, бояд ба ин суол посух ёбад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон аз масъулият гурехтанро роҳи ҳалли масъала намедонанд. Гуфта мешавад, ки дар ин самт набояд вазорат ба «айбдоркунӣ» машғул бошад, балки бо роҳи ҳамкорӣ маълумоти дурусту саҳеҳро ба ҷомеа расонад.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки ахиран Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон дар як изҳороташ таҳқиқи ҳодисаи минтақаи Раштро ба миён гузоштааст. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки ҷомеа ҳоло дар мавзӯи ҳодисаи ба вуқӯъомада дар ин минтақа маълумоти дуруст надоранд ва ин ҳам боз бармегардад ба масъулияти ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа. Чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди «худсафедкунӣ» ҳоло ҳам ин вазорат аз масъулият гурехта натавонистааст ва таҳқиқи вазъро ноилоҷ тавассути нашрияҳои чопиву электронӣ, хоҳ давлатӣ бошаду хоҳ мустақил ба ҷомеа бояд расонад.

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: