Главная > Uncategorized > Оё имрӯз Тоҷикистон ба кӯмаки низомии Қазоқистон ниёз дорад?

Оё имрӯз Тоҷикистон ба кӯмаки низомии Қазоқистон ниёз дорад?

Амир ҚАРОҚУЛОВ, раиси ҲАТ

-Ман мутаассифана аз ин  масъала огаҳӣ надорам ва шарҳашро дар он мебинам, ки Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия узви як шартнома ҳастанд ва ин дархост ҷойи ягон тааҷҷуб надорад.

Амният АБДУНАЗАРОВ,  муовини раиси ҲСДТ

-Аваалан бояд гуфт, ки чаро имрӯз Тоҷикистон ба ягон кӯмаки низомӣ ниёз дорад. Ба хотири он воқеаҳое, ки зидди мардуми хеш ҳукумат даъват кунад аҷнабиёнро ба фикрам ин ҳеҷ ба манфиати Тоҷикистон нест. Зарурият ҳам нест, ки ба хотири ба як низом даровардани кишвари хеш хориҷиҳоро инҷо биёранд. Ва ин метавонад қаҳри мардумро ду чанд кунад. Беҳтарин роҳ ин дипломатияи халқӣ аст. Ҳукумат пеш аз ҳама бояд ба халқ ва ҳизбҳо такя кунад, на ба аҷнабиён ва хориҷиён.

Ҷумъабой САНГИНОВ, депутати МНМО ҶТ

-Порлумони Қазоқистон як шартнома байни Ҷумҳурии Қазоқистону Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои низомӣ як сол пеш ба имзо расонда буд, ҳамонро тасдиқ кардааст. Барои сухан дар бораи талаб кардани ёрии низомӣ аз Қазоқистон намеравад ва ин чиз набуд.

Як сол пеш вазири дифои Қазоқистон ба Тоҷикистон сафари корӣ дошт ва бо Президенти кишвар ҳам сӯҳбат кард дар ин доира оиди ҳамкориҳои низомӣ ва бо назардошти он ки Қазоқистон эҳтимолият имкониятҳои иқтисодии хубтар дорад метавонад дар доираҳои низомии минтақавӣ ҳамкории низомӣ, дошта бошад. Ин санад ягон муносибат ба вазъи кунунӣ ё ишора ба он ки вобаста ба баъзе мушкилоте, ки дар шарқи мамлакат  ба назар мерасад, ин ташаббус аз тарафи Президенти мо, ки гӯё сурат гирифт,  асос надорад. Ин нуқтаро дар назар дорад, ки пешниҳоди мо оид ба ҳамкориҳои низомӣ дар доираи манфиатҳои дутарафа ва бисёртарафа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи парлумони Қазоқистон пазируфта шуд. Шартномаи байни ду давлат тасдиқ шуд ва ҳамон нуқтаҳое, ки дар шартнома пешниҳод гардидааст, минбаъд имконият тасдиқи худро меёбад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон ё ба вазъи имрӯза вобаста ба кӯшиши қувваҳои ифротӣ дар минтақаи Рашт рабте надорад. Ин як фаъолияти нақшавӣ байни ду давлат аст, ки фақат тасдиқи он дар зинаи имрӯза аз тарафи парлумони Қазоқистон ба назар расид.

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ, ҳуқуқшинос:

-Умуман агар бинем аз ҷиҳати низомӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмак ниёз дорад. Мо метавонем ин ҷо бигӯем, ки чанд вақт пеш дигар давлатҳо бо роҳбарии Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала кӯмакашонро рад карданд..  Чи тавре мо медонем пеш аз дархости расмӣ кардан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар ин бора гуфтугӯ кардаанд. Метавонем хулоса кунем, ки дигар давлатҳо, хусусан Русия дар ин ҳолат барои кӯмаки низомӣ  кардан рад кардааст. Ба фикри ман Қазоқистон розигӣ додааст.

Нуралӣ ДАВЛАТ, коршиноси масоили низомӣ:

-Ман фикр мекунам, ки агар ҳукумати Тоҷикистон расман хоҳиш карда бошад, ки кӯмакҳои низомӣ аз Қазоқистон бигирад, пас зарурат вуҷуд дорад, чун ман фикр намекунам, ки дар сурати вуҷуд надоштани зарурат аз Қазоқистон ёрии низомӣ бигирад. Фикр мекунам, ки шояд ин иртибот дошта бошад ба амалиётҳое, ки дар манотиқи шарқи Тоҷикистон имрӯз сурат гирифтаистодааст.

Аз кишвари Русия дархости кӯмак накардани Тоҷикистон ду сабаб дошта метавонад.  Ман фикр мекунам, ки шояд Тоҷикистон аз кӯмакҳои низомии Русия ба таври кофӣ гирифтаанд. Ё ки Русия ҳозир нест, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои низомӣ расонад.

Омодасоз Диловари Нуриддин, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: