Главная > Uncategorized > Раҳматилло ЗОЙИРОВ: «Таъсиси ИНДТ бар зидди Ҳукумат нест»

Раҳматилло ЗОЙИРОВ: «Таъсиси ИНДТ бар зидди Ҳукумат нест»

Чанде қабл як гурӯҳ аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоии кишвар тасмим гирифтанд, ки ҷунбиши мардумии Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистонро таъсис диҳанд. Гуфта мешавад, феълан ҷунбиш  аллакай кумитаи тадорукотии худро таъсис додааст, ки ба он 7 нафар аз 5 минтақаи Тоҷикистон шомиланд ва дар айни замон сарварии онро Раҳматилло Зойиров, ки раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ мебошад, ба ӯҳда дорад.

Дар робита ба ин Оҷонсии иттилотии TojNews тасмим гирифт, ки оид ба мақсад ва мароми таъсиси ин ҷунбиш, зарурати ташкил додани он дар марҳилаи кунунии рушди давлати Тоҷикистон, сарчашмаҳои молии фаъолияти он бо сарвари Кумитаи тадорукоти он  Раҳматилло Зойиров нишасти виртуалӣ баргузор намояд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони ҳафтаномаи «Пайкон» месозем.

«Нигоҳ»: — Ҷаноби Раҳматилло Зойиров! Марҳамат карда мухтасаран бигӯед, ки Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон, яъне чӣ?

— Ин сараввал се чизи асосӣ: 1. Ҷунбиш ё ҳаракати мардумӣ барои мардум, барои барқарор, устувор ва худҳимоятгар шуда тавонистани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад;

2. Ин ҳаракати таъмини минбар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳлили ҳаматарафаи вазъияти кунунӣ, муаррифӣ ва ҳимояи манфиати мардуми Тоҷикистон дар амалисозии масъалаҳои мубрами ҳаёти давлат ва ҷомеа;

3. Ин ҳаракат барои ба миён овардани ҳамкории ҳақиқии иҷтимоӣ байни гуногун қишрҳо ва ниҳодҳои ҷомеа бо мақомоти давлатӣ.

— Чаро онро ҷунбиш ном мебаред? Шояд тақлид ба ҷунбиши сабзи Эрон аст?

— На. Мо ба ягон давлат, ҷомеа, ҳаракат ё ҷунбиш тақлид намекунем. Дар ҳақиқат номгузории ИНДТ ҷунбиши мардумӣ ё ҳаракати мардумӣ мешавад, инро конференсияи муассисӣ ҳал менамояд.

— Муассисони дигари ин созмонро номбар карда метавонед?

— Ҳоло ягон муассис вуҷуд надорад, балки якчанд шаҳрвандоне, ки намояндаҳои гуногун созмону муассисаҳо ҳастанд, дар кумитаи тадорукот ҳамчун ташаббускори инфиродӣ амал менамоянд.

Бояд қайд намоям, ки аз рӯйи қонун, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳама иштирокчиёни конференсияи муассисӣ, ҳам шахсони ҳуқуқӣ, ҳам шахсони воқеӣ, яъне дастаҷамъӣ ва инфиродӣ, шахсан, ғайр аз меҳмонони конференсия, муассиси ин ҷунбиши мардумие, ки «Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон» ном мегирад, муассис шуда метавонанд.

Ҳатто Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки роҳбарии ӯро ман ба дӯш дорам, танҳо дар конференсияи муассисӣ худро ҳамчун яке аз муассиси ин ҳаракати мардумӣ муаррифӣ ва тасдиқ менамояд ва мо рӯзи 16-уми сентябри соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбамон ризоияти худро барои иштирок кардан дар конференсияи муассисии ин Ҳаракат якдилона изҳор намудем. Имрӯз танҳо кумитаи тадорукот иборат аз 7 нафар, ки аз 6-уми сентябри соли 2010 фаъолияти худро оғоз кардааст, ба корҳои ташкилӣ машғул мебошад.

— Бо Мирҳусайн Назриев мушкилатон зиёд намешавад?

— На. ӯ инсони бисёр мӯъмину қобил аст, иродаи қавӣ дорад, танҳо дар ҳақиқатҷӯйӣ ба эҳсосот дода мешавад ва аз меъёр берун мебарояд.

— То куҷо ба Масъуд Собирову ҲДТ эътимод доред?

— Эътимод ин чизи инфиродӣ ва ботинист. Нисбат ба Маъсуд Собиров ва ҲДТ бошад, мо танҳо мутобиқи рафтору воқеият муносибат ва баҳогузорӣ мекунем.

-Аз ҲХДТ чиро интизоред?

— Ташкили як созмони дар ҳақиқат созанда, ки сараввал муборизаи интеллектуалӣ ва иттилотиро барои барқарор ва устувор намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардонида тавонад. Албатта, ин осон нест ва кори як рӯз, як моҳ ё як сол  ҳам нест, аммо бовар дорам, ки ҷомеа ва мардуми Тоҷикистон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ менамоянд ва мо ин гуна созмонро барои хизмат ба мардум равона месозем.

— Мушкили сабти ном монеи фаъолиятҳои созмон шуда метавонад?

— Мушкилот дар сабти ном мешавад. Супориш ва санҷишҳои гуногун ҳам ба миён меоянд, аммо бояд ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дарк кунад, ки ИНДТ ин беҳтарин имконият барои ҳукумат барои ҳамкорӣ ва боло бардоштани обрӯю эътибори он аст.

— Кӯшиши ҷалби чеҳраҳои дигари мухолифи ҳукумат аз қабили Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Мирзохӯҷа Низомов, Мирзохӯҷа Аҳмадов, Шоҳ Искандаров, Саламшо Муҳаббатов ва дигаронро доштед?

— Мо ҳеҷ касро махсус ташвиқот накардем ва карданӣ нестем. Ҷомеаи Тоҷикистон ба ин гуна Иттиҳоди НДТ ниёз ва зарурат дорад. Даъватнома барои иштирок ба шахсҳои гуногун фиристонида мешавад. Муҳимаш, шахсҳои алоҳида дил, вуҷуд ва виҷдони худро гӯш кунанд ва роҳи худро интихоб намоянд.

— Агар худашон муроҷиат кунанд-чӣ?

— Аслан барои иштирок дар ҳаракати мардумӣ нисбат ба ягон нафар имрӯз маҳдудият  нест. Оиннома, Барнома ва платформаи ИНДТ-ро конференсияи муассисӣ қабул менамояд. Мо, яъне кумитаи тадорукот, иқдом дорем, ки иштирокчиёни ИНДТ бояд ғайринизомӣ бошанд.

— Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло, Маҳмуд Худойбердиев чӣ?

— Қисман ҷавоби ман дар боло ба ин шахсон ҳам дахл дорад. Ғайр аз он, бояд қайд намоям, ки ба ИНДТ мо сараввал шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, яъне шаҳрвандони кишварро ворид карданием, ки дар дохили ҷумҳурӣ истиқомат доранд.

— Фарзи мисол, созмони нави шумо аз ҳуқуқҳои маҳбусони фирорӣ ҳифз карда метавонад?

— Мо дар нақша дорем, ки дар дохили ИНДТ як ҷунбиш ё ҳаракати ҳукуқҳимоятгаронро ба миён оварем, ки аз созмонҳои ҳуқуқҳимоятгар ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқшиносон, хусусан адвокатҳо иборат бошад. Барои мо аҳамият надорад, ки маҳбусони фирориянд ё хоҷагии деҳқонии ҷабрдида. Мо бояд ҳуқуқи конститутсионии ҳар шаҳвандро ба ҳимоя ва озодии ӯро ба сухан ва ғайра таъмин намоем.

МУБОРИЗ: — Таъсиси ИНДТ ин қадаме зидди Ҳукумат  нест магар?

— Ин сараввал бар зидди ин ё он мақомот нест, аз ҷумла бар зидди ҳукумат. Яке аз ҳадафҳои мо таҳлили созандаю шаффофу кушоди воқеият ва пешниҳоди хулосаҳои худ оид ба бартараф кардани оқибатҳои манфии ин мақомот. Ин роҳе барои таъсиррасонӣ ба ҷараёнҳои аз мардум, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дур ва беназоратмонда, барои баромадан аз бӯҳрони низомӣ дар Тоҷикистон мебошад.

— Боварӣ доред, ки ИНДТ фаъолияти пурсамар бурда метавонад?

— Ҳа, боварӣ дорам, азбаски ҳама заминаю шароит барои ин вуҷуд дорад.

— ИНДТ ҳуқуқи ташкил кардани гирдиҳамоиҳоро дорад?

— Дорад, мутобиқи қонунгузорӣ ва воқеияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

FREE-THANKER: — Салом ҷаноби Р. Зойиров! ҲСДТ ҳизби заиф аст. Агар воқеиятро гӯем розӣ шавед. Агар пурқувват мебуд, зарурати ташкили чунин ҷунбиш аз тарафи Шумо ба миён намеомад. Оё Шумо боварӣ доред, ки ИНДТ як ҳаракати пурқувват мешавад?

— Пеш аз аз интихоботи парламентии соли 2010 яке аз пурқувваттарин сиёсатшиноси тоҷик Иброҳим Усмонов ҲСДТ ва ҲХДТ-ро муқоиса карда, чунин хулосаро пешниҳод намуд: ҲСДТ ва ҲХДТ ду ҳизби пурқувват мебошанд. Якеяш ҳама чиз — ҳокимият, моликият ва ғайраро дорад. Дуюмаш ҳеҷ чиз надорад. Танҳо Иброҳим Кенҷаевич нагуфт, ки ин беадолатист. Эшон иқрор гаштаанд, ки дар ҳар марҳилаи таърихи навтарини давлати Тоҷикистон ҲСДТ мавқеи худро изҳор мекард ва дар ҷараёнҳои сиёсӣ фаъолона иштирок дошт. Аз ин бармеояд, ки ҲСДТ ҳизби заиф нест. Ягона заифии мо дар маблағ мебошад. Ин мазмуни онро дорад, ки ҲСДТ воситаҳои давлатиро ба манфиати худ истифода намекунад, ҳизби нопок ё ғоратгар нест.

Ба қисми дигари саволатон бояд гуфт, ки ИНДТ як ҳаракати дар ҳақиқат пурқувват мешавад.

— Бигӯед, ҳоло кадом шахсиятҳо дар ин ҷунбиш фаъолият доранд?

— Ин баъд аз конференсияи муассисӣ маълум мегардад. Танҳо он чизро гуфта метавонам, ки Раҳматилло Зойиров аз чеҳраҳои миллӣ ва сармоядорони зеҳнӣ ягона нест ва шахсияти аввалиндараҷа ҳам нест.

— Ба фикри ман, то ҲНИТ аъзои ин ҳаракат нашавад, фаъолияти ИНДТ фаъолияти заифона хоҳад буд. Шумо чӣ фикр доред?

— Қисман розӣ ҳастам. ИНДТ бе ҲНИТ на заиф, балки аз ҷиҳати сиёсӣ ва мафкуравӣ нопурра мемонад. Аммо, ман фикр дорам, ки ин ҷунбиши мардумӣ сараввал барои мардум аст, яъне ҷунбиш ё иттиҳоди ҳизбҳои сиёсӣ нест. Ва бояд аз ин ҷиҳат ин ҷунбиш ҷомеаи шаҳрвандиро муаррифӣ намояд. Яъне ин мазмуни онро дорад, ки ғайр аз ҳизбҳо ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан созмонҳои ғайридавлатӣ, ВАО, муассисаҳои таҳсилотӣ, соҳибкорон ва ғайра, намояндаҳои илму санъат, худи шаҳрвандон дар ҷунбиш бояд худро зиёдтар муаррифӣ намоянд.

— ИНДТ ягон барномаи иқтисодӣ дорад ё не?

— Албатта дорад ва дар оянда онҳо қабул, муаррифӣ ва барои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

КАРИМ: — Барои чӣ Шумо танҳо дар вазъиятҳои «мухталиф»-и Тоҷикистон (фирори маҳбусон, таркишҳо, интихобот) овоз баланд мекунеду дар лаҳзаҳои дигар «хомӯшед!»?

— Дар давоми 18 соли охир ягон сол, ҳатто моҳе нест, ки ман хомӯш бошам. Ғайр аз ин, ташкили кумитаи тадорукоти Ҷунбиши мардумии «Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон» на ба фирори маҳбусон, на ба таркиш, на ба интихобот вобаста нест. Баръакс, моҳи октябр-ноябри соли 2009, яъне пеш аз интихоботи соли 2010 мо аз ташкили ин гуна ҷунбиш худро боздоштем, азбаски дар интихобот иштироки ИНДТ (ҳам аз рӯи қонун, ҳам вақте, ки ҳар ҳизб манфиатҳои худро дошт) ғайриимкон буд.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: