Главная > Uncategorized > Сабаби чунин дархост намудани Сандуқи байналмилалии пулро дар чӣ мебинед?

Сабаби чунин дархост намудани Сандуқи байналмилалии пулро дар чӣ мебинед?

Чанде қабл Сандуқи байналмилалии пул аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст,ҷомеаи кишварро аз сарфимаблағҳои сохтмони «Роғун» пайваста огоҳ намояд. Ба ин хотир мо тасим гирифтем, ки дар ин бора фикри чанд коршиносро фаҳмем ва ба як суол ба онҳо муроҷиат намудем:

Шокирҷон Ҳакимов, коршинос:

— ҳамин гуна гузориши масъала аз ҷониби Сандуқи байналмилалии пул ба маврид аст ва мантиқ низ дорад. Зеро дар акси худ  мушкилоташро дар амалӣ намудани барномаҳои худ, дар барномаҳои мухталифи хусусияти иқтисодидошта, ки ҳадафи онҳо гӯё ислоҳот  ва  беҳтар шудани  сатҳи зиндагии мардум аст, метавонад бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои имрӯз бо ин ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд ва лоиҳаҳои мухталифро маблағгузорӣ кунад.Чун Русия ва дигар кишварҳо карданд, ба сари онҳо бор кунад. Аз ин хотир пеш аз ҳама Сандуқи байналмилалии пул намехоҳад, ки минбаъд мавриди эроди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амалӣ нашудани барномаҳо шавад. Тавре ки дар таҷрибаи баъзе кишварҳо буд, онҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил нашуданашонро дар амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ба асоси воқеиву илмӣ надоштани тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва кишварҳо мушаххас арзёбӣ намуданд ва гуфтанд, ки онҳо ба хатоӣ роҳ додаанд.Бидуни хусусиятҳои демографӣ, анъанавӣ ва  дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ буҷа ва  ҳамин гуна тавсияҳоро ба назар гирифтанд. Вале ин як баҳона буду халос. Аз ин хотир моҳияти гузориши масъала минбаъд аз байн бурдани масъулияти ин созмони байналмилалӣ аст. Аз дигар ҷониб воқеан Ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита бояд шаффофиятро таъмин кунад ва мақсаднок истифода бурдани манбаъҳоро ба мардум расонад. Тавре ки маълум аст, аксарияти маблағи ҷамъоваришуда аз мардум дар гардиш нест. Зеро,ки  кор нест.

Исмоил Талбаков, намояндаи МНМО ҶТ, муовини раиси  ХКТ

— Намояндаи асъор хоҳиш ё дархост кардааст,ки маблағи аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои НБО-и Роғун ҷамъ шудааст назорат кунад. Ин  албатта асоси воқеӣ дорад. Маблағҳое,ки барои харидани саҳмияҳои Роғун ҷамъ шудааст, маблағҳои мардум мебошад. Онҳо ихтиёран соҳиби ин аксия ҳастанд ва ин аксияро дар НБО-и Роғун гузоштаанд. Ва умед доранд,ки дар вақти ба истифода додани ин иншооти бузурги аср аз ҳисоби онҳо девидент зиёд даромад мегиранд Ин маблағҳо тариқи бонкҳо гузошта шудааст. Бе дархости  Сандуқи байналмилалии асъор,ки ин яке аз шарики ҳамкории мо дар соҳаи молия ва бонкӣ аст,  бояд  ин  маблағҳо дар қисмати даромади Вазорати молия, як қисмати он дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ тендер шуда гузашта буд, гузошта шудааст. Бо ин маблағҳо ҳар нафаре,ки саҳмия харидорӣ намудааст, ӯ медонад, ки чӣ қадар маблағ дар ин ҷо дорад. Ҳоҷати ба ин талаби зиёд кардан ҳам  нест. Чунки ҳар нафаре,ки дар дасташ саҳмия дорад, назорат карда метавонад. Ягон ҷойи ташвиш нест, чунки ин маблағҳо маблағи зинда,маблағи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Вазорати молия ва дигар  самтҳо нигоҳ дошта шудааст.

Масъуд Собиров, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон

Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ як маротиба мардумро, бахусус мардуми Тоҷикистонро, ки умуман аз истеҳсолот фарсахҳо дур асту ягон умумият ба истеҳсолот надораду иқдисод номидан ҳам хела мушкил шудааст, як бор иқтисоди Тоҷикистонро хароб кард. Бори дуюм, ҳанӯз  ба по нахеста, бӯҳрони дуюм ба сари мардум омад,ки иҷборан ҷамъ намудани маблағ барои сохтмони НБО-и Роғун . Сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро хазинаи байналмилалии  асъор мебарад, ҳис намуд,ки дар чунин шакл, яъне иҷборан  ҷамъ кардан таъсис надодани қоғазҳои қиматнокро ба вазъи иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ мерасонад. Аллакай зарарашро расондагӣ аст. Сиёсати  молиявию иқтисодии Тоҷикистон  пурра дар дасти хазинаи байналмилалии асъор аст. Яъне, ҳар бурду бохте,ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон мешавад, сиёсати интихобии  хазинаи байналмилалии асъор мебошад. Ин вазифааш аст,ки Тоҷикистонро мақомотҳои расмиро ё давлати Тоҷикистонро маҷбур созад,ки аз баҳри ҷамъ намудану тарғиби сохтмони НБО-и Роғун барояд. Якум ба хотири он,ки ҳанӯз тақдири он ҳал нашудааст,ки сохтони НБО-и Роғун идома меёбад  ё не?  Алъон, кӣ дар он ҷо кор карда истодааст. Дуюм ин аст, ки инқадар пули ҷамъ оварданд қариб истифода нашудааст. Чӣ кор мекунад, ҳукумати Тоҷикистон, ки ин қадар  пулро ҷамъ меораду аз гардиш мемононад, бозор коста мешавад? Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳамин вазъият мехоҳад Тоҷикистонро барорад.

Омодасоз:

Пайки ҒАБЕРӯД,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: