Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Хиёнати тақдирсӯз

Хиёнати тақдирсӯз

Чанд гоҳ боз мехостам бо беморе сӯҳбат кунам, ки аз СПИД сироят ёфта бошад. Ҳарчанд дӯстон гоҳ-гоҳ аз ину он нафар дарак медоданд ва аз мубталои СПИД буданашон гӯшрас мекарданд, чунин маълумотро саҳл напиндоштам. Зеро як маълумоти носанҷида метавонад шарафи одамро то ҳоли гӯшношунид ба пастӣ кашад. Аммо ин сӯҳбат, ки айни ҳол пешкаши хонанда мегардад, фишурдаи гуфтугӯи банда бо гирифтори бемории СПИД ва шахси воқеиест, ки танҳо номашро иваз кардам.

Вақте назди дарвозаи Беҳрӯзино қарор гирифтаму «Беҳрӯз» гуфта, фарёд кардам, мӯйсафеде дарро кушоду аз ман пурсид, ки чӣ мехоҳам. Гуфтам, ки ман дӯсти Беҳрӯз ҳастам ва ба ӯ коре дорам. ӯ гуфт, ки муддате боз писараш бемор аст ва маро ба хона даъват кард. Баробари ворид шудан ҷавонеро дидам, ки ҷисмаш мисли кӯдак хурд гардидаву пӯсту устухон аст ва ранги рухсорааш ҳам зард. Аз ваҷоҳаташ кас меҳаросад. Ҳарчанд ҳаво гарм буд, Беҳрӯз кӯрпаи ғафсе ба болояш кашида мехобид. Худро ба ӯ шинос кардаму ҳамзамон гуфтам, ки бораи беморияш иттилоъ ёфтаам. Аз саломатияш пурсон шудам. Шикоят кард, ки 5 сол боз ба ин беморӣ гирифтор аст. Ҳамин тавр, сӯҳбати муқаррарии мо оғоз ёфт:

— Таърихи чӣ тавр аз ин вирус сироят ёфтанатро медонӣ?

— Ҳа, дар Русия будам.

— Чи хел сурат гирифта буд?

— 6 сол пеш ба Русия коркунӣ рафтам. Аз Ватан ва фарзандон дур будам. Азбаски шароити зиндагии хонаамон бад буд, ба муддати тӯлонӣ онҷо мондам. Ҳамонҷо бо духтаре шинос шудам ва бо ӯ алоқаи маҳрамона доштам. Ин вирус аз он духтар ба ман гузашт.

— Чӣ тавр фаҳмидӣ, ки он зан бемор аст?

— Баъдан, вақте алоқа доштанамро бо он зан ба ҳадеҳагонам, ки бо ман дар он ҷо кор мекарданд, гуфтам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ӯ ба бемории СПИД гирифтор аст. Аз кардаи худ пушаймон гаштам. Ҳар дам худамро маломат мекардам. Бовар намекардам, ки ман сироят ёфтаам. Шабҳо чанд муддат хобам намебурд. Маблағи ҷамъ кардаамро гирифта омадам ба Ватан. Дар Ватан ҷойи худро намеёфтам. Мехостам ҷойе равам, ки ҳеҷ кас набошад. Касе аз хонадони мо аз қазияи ман хабардор набуд. Ба писарчааму духтарчаам менигаристаму хаёлҳои бад дар сарам чарх мезад. Ҳамон лаҳзаҳо дунё дар назарам торик менамуд. Ҳамроҳони ман ба деҳа занг зада, овоза намуданд, ки ман бо зани гирифтори ВИЧ хоб кардаам. Ҳамин тавр, бо кӯшиши бародарам ман ба Маркази пешгирии бемории СПИД рафтам. Он ҷо маро аз муоина гузарониданд. Аниқ карданд, ки ба бемории СПИД гирифтор шудаам. Маро ба дигар утоқ бурданд ва кафолат доданд, ки ин сир танҳо миёни онҳост ва касе огоҳ намегардад. Ба ман гуфтанд, ки дар маркази мо муолиҷа мегирӣ. Ҳамин тавр, ман дар он ҷо табобатро давом додам.

— Дар оилаатон фаҳмиданд, ки гирифтори СПИД шудаӣ?

— Аввалҳо нафаҳмиданд. Баъдан ҳамдеҳагоне гуфтаанд, ки наздиконашон бо ман дар Русия буданд.

— Вақте ҳама фаҳмиданд, ки сироят ёфтаӣ, муносибаташон чи хел шуд?

— Бо ман салом кардан ва гап задан намехостанд. Вақте дар роҳ барои коре мерафтам, дӯстонам аз ман мегурехтанд ва паст-паст чизе мегуфтанд. Ҳатто хешу таборам аз ман рӯй гардонида буданд. Ин ҳамаро дида, рӯҳафтода мешудам. Аз чунин муомила дилам ки монда буд, ба кӯмаки равонии Марказ одат кардам. Танҳо аҳли оилаамон маро дарк мекарданд. Аввалҳо тамоми ашёҳои рӯзгорро, ки ман хӯрок мехӯрдам, аз косаву табақи худ ҷудо карданд. Баъдан, вақте ки ман аз Маркази пешгирии СПИД ҳар гуна маълумотномаҳоро овардам, баъд наздиконам фаҳмиданд, ки ин беморӣ танҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Ҳамин тавр, бо кӯмаки равонии Марказ ман ба муносибати мардум аҳамият намедодагӣ шудам.

— Оё бо ягон кор машғул мешудӣ?

— Бале, дар бозори «Корвон» кор ёфтам. Аз он ҷо аз қатори молҳои яклӯхт матоъ харида, дар қишлоқҷойҳо бурда мефурӯхтам. Бо ҳамин роҳ оилаамонро таъмин мекардам. Солҳо мегузаштанд. Бо андак шамолхӯрӣ гирифтори зуком мешудам. Ранҷҳои тӯлонӣ қувватамро кам карда, танамро лоғар намуд.

— Ҳамсарат солим аст?

— Баъди он ки ба Марказ рафтам, он ҷо тавсия доданд, ки ҳамсарамро ҳам аз муоина гузаронам. Хушбахтона, ҳамсарам солим баромад.

— Чанд фарзанд дорӣ?

— Соҳиби 3 фарзандам, ду духтару як писар. Баъди сироят ёфтан намехоҳам, ки фарзанди бемор ба дунё ояд. Шукри Худо, ин се фарзандам солиманд.

— Боз чӣ гуфтание дорӣ?

— Ба бародарони тоҷик гуфтаниям, ки саломатии худро эҳтиёт намоянд. Даст ба фаҳшу фоҳишагӣ назананд. Ба муҳоҷирон гуфтаниям, ки сабр кунанд ва бо зани ҳалоли худ ҳамхоба гарданд.

Орзу дорам, ки дар Ватани мо фоҳишаҳо набошанд. Онҳоянд сирояткунандагон. Орзу дорам нашъамандӣ набошад. Орзу дорам, ки мардон ба занони худ содиқ монанд, занон ба мардони худ. Зеро як хиёнат метавонад шахсро ба чунин беморӣ оварда расонад.

Мусоҳиб Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: