Главная > Акаи Ҷалил > Маймун шӯи очаи кӣ?

Маймун шӯи очаи кӣ?

Додарҳои ҷон, ҳозир як замонае шудаст, ки кӯдак атаи худша намешиносад ки кисту лекин дар даҳанаш номи Вандаму Шварснегеру Чакнору кукнору ким-чи хел вампиру кампиру боз сад балову батари дигар.

Як рӯз кӯдаки ҳамсоя номи якташа гирифтаву дигарша таъриф карда, аз ҳад гузаронду баъд аташа пурсидам, ки ҳами бачаи бесиёқат номи бобову бобокалонша, зову заманди худша медонад? Мардак як сурху сабз шуду ҷавоб дод, ки номи ӯҳора худам намедонаму ин аз куҷо донад. Баъд пурсидамаш, ки тура падар мегирад ё не. Мардаки бечора чизе фаҳмид, ки «акаи Ҷалил, сахтмон нагир» гуфту дигар хап монд. Додарҳои лахти ҷигар, сахттон нарасад, бисёр одамони ҳозира ҳамин хел зиндагӣ мекунанд, ки гӯё имрӯз ҳастанду пагоҳ не. Як Қодири Качак дорем, аз сергапиву маҳмадоноиву бемаънигапӣ лақабаш буриданд: качак. Дар маърака ки шишт, сар мекунад гапа аз футбол, баъд меравад Франсия, меояд Русия, боз меравад ким-кадом қабру гӯри дигар. Акаи Ҷалилтон бошад, медонад, ки дар ҷебаки ин пургап як тини зардак несту бечораи занаш нон талбида гаштаст. Дар як маърака дидам, ки Качак аз ҳад гузаронд, гуфтам, ки ту ҳамаи чиза медонистаӣ, бигӯ ки ҳамин бегоҳӣ кӯдакҳот нони хӯрдан доранд ё не. Як кас ишора кард, ки «изои мӯъмин ҳаром, чӣ даркор мардака зери бори шарм мондан». Ман рӯйирост гуфтам, ки агар ин шарм накунад, мо чӣ шарм кунем.

Додарҳои ҷон, дар қадамҳотон садқа, мақсади ман аз ин гапҳо чизи дигар аст. Мана умри мо ҳам ба ҷое расид. Фикр мекунам, ки набераву абераи ман агар ману падару бобои мара надонад, чӣ даркор ин хел зиндагиву ин хел авлоддорӣ. Барои чӣ ҷон коҳондаму хуни дил хӯрдаму бача калон кардам? Умри шумо ҳам ки ба ҷое расид, сари ин гапҳои акатон бармегардеду меген, ки ҳо, бест ки акаи Ҷалил дар вақташ ҳамин гапа гуфта буд. Лекин он вақт кӣ мурдаву кӣ зинда?

Дар ҳамон давраи Сесесери раҳматӣ ман ду маълумотдорша бисёр боб карда будам. Дар Душанбе як ҷӯраи конибодомӣ дорам, боз падарошно ҳам будем, бисёр мардаки баақлу бофаросат, чунон нарму баандеша аст, баъзе вақт фикр мекунам, ки агар мурдара дар лаҳад бимонад, бояд замин ба ҳурмати ӯ маита озор надиҳад. Чанд сол пеш дар хонаи ҳамин дӯстам меҳмон шудам. Соҳибхона зиёфати хуб ташкил кард, ду ҳамсояи баақлша овард, ки ҳамроҳи ман бишинанд. Ман-ку арақ нахӯрдам, лекин онҳо худшон саду нимсад карданд. Баъд худобахудӣ сӯҳбатшон таспид. Як вақте буд, ки гапҳо баланд рафт. Ҳардуи меҳмон ду пора дар як мӯза монданд, ки авлодони мо — одамон маймун будаанд. Марксу Энгелсу боз ким-кадом олими дигар ин гапа ким-кай гуфтагӣ. Соҳибхона бошад, мегуфт, ки ин фикр то охир исбот нашудасту мумкин ин хел набошад. Дин дигар чиз мега, илм далели бисёри дигар хел дорад. ? ду мардаки калон сурх шуданду кабуд, лекин ду по дар як мӯза аз гапшон намегаштанд. Қариб як соат ҳамин хел давом кард. Рости гап сарам гич шуд, иштиҳо гашт. Баъд қаҳрам омад. Аз ӯҳо пурсидам, ки мара мешиносед? Гуфтанд, ки не. Гуфтам, ки номи ман Ҷалил, номи падару бобову бобокалонма то ҳафт пушт номбар кардам, номи очаву момаву момакалон — ин тарафша ҳам то ҳафт пушт ном бурдам. Баъд гуфтам, ки гузаштагони ман ҳамаш одам буданду шири одам хӯрдагӣ. О, агар ин қадар шавқи маймун будан дошта бошед, аз очаҳотон пурсед, меган, ки аз кӣ пайдо шудед. Агар аз очатон пурсидана шарм кунед, зоопарк пури маймун аст, семичка хӯрдаву сақич гачида шиштанд бекор, раведу аз ҳамонҳо пурсед, бинед, ки ягонташ шумора ба гардан мегирад ё не. Агар ки бархудтон шуданд, баъд омада ин хел даъво кунед. Мардакҳои чор кас медидагӣ аз гапзанӣ монданд. Сарҳо хам. Баъд якташ гуфт, ки амакӣ, бобмон кардӣ, ин мактабҳои хондагиву дипломҳои гирифтагии мора ду тин кардӣ. Маънии гап ҳамин ки, одамон сарҳора сафед кардаанду ба қадри гузаштагони худ намерасанд. Баъд мешавад ҳамин хеле ки гуфтам. Вақте кӯдак будам, кампири момам дар бараш мешинонду мегуфт, бачам, гузаштаҳову хешу таборта, ҷойи таваллудшудагита ай хотират набарор, хешдӯст бош. Баъд якта-якта ҳамашона номбар мекард, сиккаву суратшона, хӯрокхӯриву пӯшокпӯшишона, гапҳошона ба ёд меовард. Яке медидам, ки оби чашмҳоша тоза мекунад. Ҳозир чӣ? Ку калонтаре, ки фарзанда насиҳат кунад? Баъд тааҷҷубӣ мешаванд, ки ин бепадарҳо аз куҷо пайдо шуданд. Бехабар ки худмон ҳамин хел тарбияшон кардем. Гапшон ки задӣ ба гӯшон байд мерасад.

Як мӯйсафеди ҳамсоя дорем, бачаи мобайниш аз омадшудаш бегурӣ мекард, дар ҳамон ҳодисаҳо баевик шуду фук чухт, одама одамкаҳак мегуфт. Пас аз чанд вақт дидем, ки дар як мошини «Камаз» овард моли бисёрера хона. Ба кампири очаш мега, ки ба ҷойи чанд литр шири дар кӯдакӣ додагит тоннаш қатӣ шира меорам. Падарша мега, ки нони додагиву пӯшоки пӯшондагита даҳ бору сад баробар мегардонам. Боз аз болош мана ин қадар пули дигар. Баъд мега, ки дигар ман дар пеши шумо қарздор не, бо шумо расчот. Кампири очаш паст-паст гиря мекунаду чизе гуфта наметонад. Мӯйсафеди оташ сахт дар қаҳр мешаваду лекин медонад, ки аз дасти ин бачаи бесиёқаш ҳар кори намешудагӣ меояд. Мӯйсафед камтар фикр мекунаду баъд мега, ки чизҳои овардагит ҳамаи хароҷотеро, ки барои ту карда будем, мепӯшонаду барзиёд аст. Лекин баъзе корҳое ҳаст, ки ӯҳора ҳам карданат лозим мешавад. Баъд қарзат адо. Бача бо ҳамон ҳавобаландии пешина мега, ки бигӯ, чӣ гап дорӣ. Мӯйсафед мега, ки вақте ту кӯдак будӣ чанд бор изорта поин карда, ҳамон ҷойта мачак карда будам… Бача музлам, сурху сафед шуду гап наёфт, дигар дар ин бора ягон чиз нагуфт. Ҳамон хапиш хап монд. Баъди як сол буд ё якуним соли ҳамин ҳодиса, ки кадоме аз ҳамон одамҳои худшон паррондаш, мурд рафт беному нишон. Боз мӯйсафеди аташу кампири очаш дар сари пирӣ шуданд ҷигархуну оби чашм дар бари рӯ. Мӯйсафед-ку баирактар буд, лекин кампир якбора фатарот шуд. Мана ҳамин хел аст омадану рафтани мо дар рӯйи ин олами фано. Агар номта фарзанд ё набераи худат фаромӯш кунад, аз дигарон домангир шудан ҳич маънӣ надорад. Имрӯз таърихдонҳову гӯрковҳомон дар бораи ким-кадом гузаштаи дуру авлодҳои овозадор гап зада, моро шерак карданӣ мешаванд. Ман бо ҳамин синну соли рафтагӣ дар кӯчаву бозор мебинам кӯдаки афтидагиву хору зора, баъд аз худам мепурсам, ки гузашта куҷо меравед одамковӣ, инҳора бузург кардан даркор. Гузаштагиҳомон чанде аз дастшон меомад, карданду рафтанд, саволу ҷавобшона доданд. Коре кардан даркор, ки имрӯзаҳош ба по рост шаванд. Аз худтаърифкунира ба танбаливу коҳилӣ чунон одате кардаем, ки ҳич ҳадду канор надорад. Мефорамон падарҳои мурдагимона таърифу тавсиф кунему ба ҳамин худмона асилзодаву боз ким чи хел назаркарда барорему поҳора дароз карда бишинем дар ягон ҷойи салқин чойи кабута фурт кашидаву носа каппа карда. Лекин фикр намекунам, ки оянда ин кӯдаку чӯдаки бесоҳибу оби чашм дар бари рӯ кӣ мешаванд. Дар гӯр ҳам кӣ равӣ, ҳушат кашол, ки аҳволи кӯдаку чӯдак чӣ мешавад.

Ба қарибӣ дар шаҳр, дар як кунҷаки бозор дидам, ки шиштаст як мардаки хушлабу лаҳҷа китоби рагпаридаи бисёр дар пешаш. Гуфтамаш, ки ранги худат аз ранги китобҳотда паридагиву ранги китобҳот аз ранги худатда. Ҳичи мехарандшон? Гуфт, ки ака, мазаи китобфурӯшӣ нест, китобхонҳо пул надоранду пулдорҳо китоб намехонанд. Ҳозир қойда ҳамин будаст. Баъд акатон мешинаду ҳамаи ира андеша мекунаду боз дилаш зиқ мешавад, ки ҳамон ғот барои чӣ он ду мардаки баақла изо додам. Мумкин гапи ҳамонҳо дуруст буду гузаштагони ин мардум маймунҳоянд? Охир маймунбозӣ ҳам бояд ҳадду андоза дошта бошад.

Дорои ДИЛОВАР

 

 

  1. ibrohim
    Май 20, 2011 в 12:50 пп

    Офарин ба муаллифи чунин хикояхои ширин оиди акаи Чалил.
    Афсус, ки дар Точикистон на хамаи нохияхо ба ин шеваи гуфтор балад
    мебошанд. Аз хондани ин хикояхо хеле халоват мебари. Охир ин акаи
    Чалил дар хакикит одами одди нест. Чи кадар мехру мухабати беандоза дорад
    ба халки худ. Агар мисли хамин акаи Чалил бо хамдигар мухабат дошта
    бошему боадолат бошем кухро чаппагардон мекунем.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: