Главная > Uncategorized > НОМАИ ИМДОД

НОМАИ ИМДОД

(ба раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «ОРИЁНБОНК» Ҳасан Асадуллозода)

Бо арҷу эҳтиром ва сипоси бепоён ба Шумо ва хидматҳои  бузургворонаи Шумо дар роҳи рушди иқтисодиёти кишвар ва  пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи раҳбари давлати тоҷикон  Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бахусус андар  иншооти бузурги аср марзи номуси миллат «Нерӯгоҳи Барқӣ Обии  Роғун» ва чандин иншоотҳову хоҷагиҳои пахтакории кишвар, ки бо ҳарфҳои заррин дар баҳои ҷон дар қалби мардуми сарбаланди тоҷик  сабт шудааст, мехоҳам мухтасар номаи имдоди хешро ҳамчун як  фарзанди ватанхоҳу номовари кишвар манзури Шумо гардонам.

Банда фарзанди муаллим ҳастам. Дар хонадони муаллим таваллуд шудаам ва садоқату муҳаббат ба Ватанро дар ин хонадон ба  худ касб намудам. Дастпарвари Донишгоҳи Миллӣ ва Академияи ҳарбии дипломатии шаҳри Маскав мебошам. Баъди ифои хидмати давлатӣ тӯли ҳафт сол боз пешаи омӯзгориро дар Донишгоҳи Миллӣ  касб намудаам. Ва ҳамзамон яке аз барандагони Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон мебошам. Бинобар ҳолатҳои сангини рӯзгор ва муҳаббати  бепоён ба фарҳанги гузаштагони хеш ва ба хотири чопи баъзе аз  шоҳасарҳои аз хотирҳо фаромӯшшудаи фарзандони асили миллат, ки дучори таъқиботи замони бесарусомониҳои солҳои сиюми садаи гузашта гардида буданд, охири соли 2008 аз шӯъбаи дар маҳаллаи 91-ум будаи «ОРИЁНБОНК» 70000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ қарз гирифта будам. Гумон доштам, ки дар риштаи тиҷорат ин маблағро истифода намуда, аз даромадҳои иловагии он ҳам гӯшаи рӯзгорро рӯшан намоям ва ин шоҳасарҳоро рӯйи чоп биёрам. Аммо дареғо, ки ҳалокати иқтисодии ҷаҳонӣ (кризис) ба шохаи тиҷоратӣ мо зарбаҳои маргбор зад. Наздики шаш моҳ ин маблағро натавонистам, ки ҷамъоварӣ намоям. Бо ҳамаи ин сангиниҳо нигоҳ накарда, беш аз як сол фоизҳои муқарраршудаи банкро додам ва аз маблағи асоси беш аз 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ низ тавонистам, ки баргардонам. Дар ин асно бо дуюмин шикасти сангини рӯзгор рӯбарӯ шудам. Бародари арҷманди  хешро ба таври фоҷиавӣ аз даст додам. Он гуна, ки дар урфият мегӯянд:

Рӯзе агар ғаме расадат тангдил мабош,

Рав шукр кун мабод, ки аз бад бадтар шавад.

Аз ин пас ҳафт нафар хонаводаи ман ва панҷ нафар хонаводаи  бародарам паҳлӯи ман ба хотири дасти навозиш зиндагӣ доранд. Ягона  манзили истиқоматии мо, ки дар баҳои 70000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ дар  гарав монда шудааст, гулӯи моро то ҳанӯз мефишорад. Кори мо ва намояндагони шӯъбаи дар маҳаллаи 91-ум будаи «ОРИЁНБОНК» то ба маҳкамаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид. Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ман ба номаи шикоятии намояндаи бонк шинос гардидам. Дар он ҷо онҳо нигоштаанд, ки баъд аз оне, ки қарздор (яъне ман) аз 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ баргардонидааст, тайи чанд муддати дигар аз баргардонидани қарз саркашӣ намудааст. Ин барои ман ростӣ, ки ногаҳонӣ буд. Ман ба намояндаи бонк гуфтам, ки дар ҳолати бисёр сангин қарор дорам, аз Шумо хоҳиш ва илтиҷо менамоям, ки барои ман дигар фоиз нагузоред. Чунки ман ба шикасти сахти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ рӯ ба рӯ шудам. Аз Шумо ва  суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хоҳиши он дорам, ки аз додани фоизҳо маро озод намоед, то ин, ки ман барои баргардонидани 58000 (панҷоҳу  ҳашт ҳазор) сомонӣ кӯшишҳои худро ба харҷ диҳам. Аммо намояндаи бонк болои ҳамаи фоизҳо фоиз гузошта дар хулосаи Суд аз ман 72544 (ҳафтоду ду ҳазору панҷсаду чилу чор) сомонӣ талаб намуд. Хостам тан ба тақдир супурда, даст аз тадрис ва таълими донишҷӯён шуста ба хотири баргардонидани қарз барои мардикорӣ ба Русия равам. Аммо дувоздаҳ нафари хонавода бо чашмони чор атрофи ман мисли миҷмари гулхани армон мепечиданд. Ва чаҳоруми моҳи декабри соли равон солгарди додари армониам дар пеш аст. Модари пири мушти парам, ки  ягона пушту паноҳи ман мебошад, шабу рӯз интизори он аст, ки ман дар чунин рӯзҳои сахтӣ то солгарди бародарам паҳлӯи он бошам. Яъне пеши роҳи сафари ба мардикорӣ рафтанам то чаҳоруми моҳи декабр бастааст. Банда ба хотири ояндаи дурахшони Ватан, дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  фарзандони арҷманди кишварро дар рӯҳияи башардӯстӣ ва ватанхоҳию ватанпарварӣ дар Донишгоҳи ягонаи кишвар, ки бо номи миллати тоҷик ифтихорманд аст, тарбия намуда истодаам. Аз ин пас маҷбур ҳастам, ки барои баргардонидани қарз дарсҳоямро қатъ намояму ба хотири эҳтиром ва эътиборе, ки беш аз бист сол ҷамъ намудаам озими Русия шавам.

Бад-ин хотир дар арафаи Иди касбии омӯзгорон ва солгарди забони давлатӣ ҳамчун як устод аз Шумо раиси мӯҳтарам хоҳиш ва таманнои он дорам, ки дар роҳи ҳалли ин мушкилоти сангин кӯмаки хешро аз мо дареғ мадоред.

Бо салому сипос

ва арҷи эҳтиром ба Шумо

Ҷумъахони  Темурзода.

Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, хиёбони

Борбад 98-2, манзили 12.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: