Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

ХУРРАМДИНОН

Аммо дар Озарбойҷон вазъ дигаргуна буд. Ҷовидон ибни Саҳл ва Бобак дину оини хуррамдинонро тоза карда буданд ва ин шӯриши хуррамдинон дар он на фақат дини тозиён ва дастгоҳи хулафоро таҳдид мекард, балки барои шоҳзодагон ва амирони Эронӣ низ, ки ҳамвора ба баҳонаи дини Зардушт мардумро бар зидди арабон ва ба нафъи хеш фароз меоварданд, хатари бузурге буд. Ин оини хуррамӣ, ки зоҳиран бозмондаи дини Маздак буд ва ҳанӯз дар Гургон ва Дайламон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҳамадон, Динавар, Рай ва Исфаҳон иддаи (шумори) бисёре аз пайравони он вуҷуд доштанд, бо андешаи деҳқонзодагон ва амирзодагони ҷаҳонҷӯ, ки хоби эҳёи давлати Сосониёнро медиданд, созгор набуд. Бад-ин ҷиҳат буд, ки ашроф ва бузургони Эронӣ низ дар хафа кардан ва фурӯ нишонидани ин наҳзат бо халифаи тозиён ҳамдостон буданд, чунон ки барои мубориза бо ин хатар. Ин эрониён, ки худ аз тозиён нафрати шадид доштанд, дар дӯстӣ бо душманони дерини хеш низ лаҳзае тардид накарданд. Беҳуда нест, ки Афшин шоҳзодаи Истаравшан фармони халифаро дар қаҳру қамаъи (ҳабси) хуррамдинон ба ҷон пазира омад ва ҳам бад-ин ҷиҳат буд, ки аз шоҳзодагони Табаристон ҷуз Мозёр касе ба ёрии Бобак барнахост ва ӯ низ ваъдаву навиди ёрии дигаре аз Бобак накард.

Муддатҳо буд, ки хуррамдинон бар зидди тозиён бархоста буданд, аммо қабл аз зуҳури Бобак кори хуррамдинон ҳаргиз коре душвор ва хатарнок ҳисоб нашуда буд. Хуррамдинон зоҳиран боқимондаи пайравони Маздак буданд, ки аз қаҳру фишори Нӯшервон ҷаста ва наҷот ёфта буданд ва Парвиз ва ҷонишинонаш низ чунон саргарми гирифториҳои хеш гардида буданд, ки аз қаҳру ҳабси онҳо ғофил монда буданд.

Дар рӯзгори ислом дар давраи Маҳдӣ халифаи Аббосӣ, ин хуррамдинон сар бароварданд ва монанди соири фирқаҳо низ саъй карданд хуни Абӯ Муслимро баҳонаи хеш намоянд. Навиштаанд, ки «дар айёми халифа Маҳдӣ ботиниёни Гургон, ки эшонро сурхалаӣ (сурхбайрақ) хонанд, бо хуррамдинон даст яке карданд ва гуфтанд, ки Абӯ Муслим зинда аст, мо мулк биситонем ва писари ӯ Абулғароро муқаддами (пешвои) хеш карданд ва то Рай биомаданд, ҳалолу ҳаромро яке доштанд ва занонро мубоҳ карданд ва Маҳдӣ нома навишт ба атроф ба Умар ибни Алока — волии Табаристон буд, ки даст яке кунед ва ба ҳарби эшон равед. Бирафтанд ва он ҷамъ пароканда шуданд ва дар он вақт, ки Ҳоруннарашид ба Хуросон буд, бори дигар хуррамдинон хурӯҷ карданд. Аз ноҳияи Исфаҳон… Ва мардуми бисёре аз Рай ва Ҳамадон… Берун омаданд ва бо ин қавм бипайвастанд ва адади эшон беш аз сад ҳазор буд. Ҳорун Абдулло ибни Муборакро аз Хуросон бо бист ҳазор савор ба ҳарби «ҷанги» эшон фиристод. Эшон битарсиданд ва ҳар гурӯҳ ба ҷойи хеш боз гаштанд. Агар ин ривоятро, ки аз «Сиёсатнома» нақл шуд, битавон қабул кард, хуррамдинон қабл аз зуҳури Ҷовидон ва Бобак низ ҳамвора дар шаҳрҳо ва рустоҳо ошкоро шӯриш мекардаанд ва оини хешро тарвиҷ менамудаанд. (Сарчашмаҳо: «Сиёсатнома», чопи Халхолӣ, саҳ. 173; Заринкӯб. Саргузашти ҳаводис. саҳ. 211-213).

ҲАМА ҶО ШӯРИШ

Бад-ин гуна дар Ироқ бештари мардум аз фармонравоии Ҳасан нигаронӣ доштанд ва ин нигаронӣ мӯҷиби инқилобҳо гашт. Ба зудӣ дар Ироқ ва Ҷазира, Ҳиҷоз ва Яман шӯришҳо ва ошӯбҳо падид омад. Амирон ва кормандони Насибин, Озарбойҷон ва Арманистон сар ба шӯриш бароварданд; Иброҳим ибни Мӯсо дар Яман қиём кард ва Муҳаммад ибни Ҷаъфар бар Ҳиҷоз истило ҷуст. Аббос ибни Муҳаммад бар Басра тасаллут ёфт ва Зайд ибни Мӯсо ба ӯ пайваст.

Дар ин миён вазъи Кӯфа аз ҳама ҷо сахттар ва хатарноктар буд. Ин тарҳи беороми фитнаҷӯ, ки дар ҳар замон барои қиём ба нафъи Оли Алӣ ҳозир буд, яксара таҳти ҳокимият ва нуфузи як роҳзан, номаш Абусароё даромада буд. Вай як алавиро, ки Ибни Таботабо мегуфтанд, чанде ба хилофат бардошт ва сипас ӯро маслум кард ва дигареро ба ҷойи ӯ нишонд ва саранҷоми шӯриши ӯ бо ёрии Ҳарсама фурӯ нишаст, аммо чанде баъд Бағдод саҳнаи ҳаводиси хунини дигар гашт. («Саргузашти ҳаводис…», саҳ. 203; «Таърихи Яъқубӣ», ҷилди 3, саҳ. 173).

 

РАСТОХЕЗИ ЭРОН

Бо қатли Амир ва хилофати Маъмун араб дигар қадру манзалати худро аз даст дод. Дуруст аст, ки аз оғози хилофати Аббосиён арабро қадре ва шаъне набуд, аммо боз дар ин давра хулафои Бағдод онҳоро ба куллӣ каноре нанҳода буданд. Дар баъзе умур ва масъалаҳо бо онҳо машварат мешуд ва баъзе муносиб ва вазифаҳо ба онҳо вогузор мегашт; Ихтилофи Амин ва Маъмун, ки дасти вузаро ва умарои араб дар он дахолат дошт, саранҷом ба пирӯзии Маъмун хотима ёфт, ки модараш Эронӣ буд ва хуросониён ӯро ёрӣ мекарданд ва аз он пас араб дигар дар даргоҳи хилофат қадру қимате наёфт. Дигар Бағдод, ки вориси шукӯҳ ва ҷалоли Тайсафуни кӯҳан буд, монанди худи Тайсафун арабро бо чашми таъзин ва эҳтиром намедид. Эрониён ва туркон андак-андак даррасида буданд ва ҷоҳу ҳашамати тозиёнро боз гирифта буданд. Дар рӯзгори Маъмун ва ҷонишинони ӯ Бағдод дигар шаҳри арабӣ ба шумор намеомад. Он худситоиҳо ва бузургвориҳо ки «фотеҳон» ду қарни пеш доштанд, дигар назди «маволӣ»-и Бағдод харидор надошт. Давлати араб дар воқеъ завол ёфта буд. Ва навбати давлати форсҳо фаро расида буд.

Дар поёни ин ду қарн, ки чун шабе дерпой ва хомӯш, аммо оганда аз гуноҳ ва ҷиноят ба сар омада буд, охир бонги хурӯс баромад ва дар пайи ин бонги хурӯс чеҳраи субҳ дар уфуқ намоён гашт. Аммо ин равшанӣ ҳарчанд субҳи козибе беш набуд, хандаи субҳи содиқро дар пай дошт. Ин субҳи козиб иборат буд аз хурӯҷи Мозёр ва Бобак, ки дар билоди Табаристон, Озарбойҷон ва Ироқ ба даъвои истиқлол бархостанд ва ҳарчанд ҳадафи равшане надоштанд ва ба ҷое низ нарасиданд, аммо саъйи онҳо мубдаъ ва сароғози тулӯъи давлати Тоҳириён ва Саффориён гашт ва аз ин рӯст, ки қиёми ононро бояд навиди растохези Эрон шумурд.

Дар воқеъ, ҳамзамон, рӯзгоре, ки Маъмун дар Хуросон ва Бағдод ҷалолу қудрати падараш Ҳорун ва бародараш Аминро ба ирс ва мерос фарочанг оварда буд ва дар «шаҳри ҳазору як шаб» замоне ба нӯшхориву шодкомӣ ва замоне ба баҳсу мунозира мепардохт, аз билоди Эрон бешу кам ахбори малолангез мерасид ва дар аксари ин билоди Эрон андешаи истиқлолҷӯӣ падид омада буд ва саркашон сар бароварда буданд.

Бозгашти Маъмун ба Бағдод сабаб шуд, ки дар Хуросон фурсатҳои тозае ба дасти истиқлолҷӯён бияфтад.

Чунон ба назар меояд, ки шикасти касоне монанди Синбод, Устод Сис ва Муқаннаъ, ки даъвои динӣ доштанд, ин андешаро сабаб шуд, ки ҳаргуна кӯшиш барои раҳоӣ аз қайди арабон, то вақте ки дар он бӯяи васлати мулк (умеди ҳокимият) набошад ва деҳқонону бузургзодагон дар он даст андар кор набошанд, мумкин ва муфид нахоҳад буд ва ин ки бо пирӯзии маъмун бар Амин деҳқонзодагони Эрон гумон мекарданд фурсати муносиб ба даст омадааст. Бо қудрат ва ҷалоле, ки хонадони Тоҳир дар Хуросон ва Бағдод ёфта буданд, акнун дигар бузургон ва бузургзодагони билоди Эрон низ эҳсос карданд, ки навбати давлати онҳо низ фаро омадааст. Бад-ин гуна, дар билоде чун Табаристон, Озарбойҷон ва Хуросон шоҳзодагон ва амирон андак-андак фурсати мулкҷӯӣ ёфтанд.

 

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Қозикалон низ гӯё, ки шаҳреро фатҳ (кушоиш) карда бошад ё оламеро ба Ислом оварда бошад, яке бар сад болида, аз ҳунармандиву коргузории худ лофҳо мезаду мегуфт: «Ин кор (яъне бастани макотиб) дар ин замон ношуданӣ буд. Фақат ман ба ионати (мадади) рӯҳи падар (?) ва ёрмандии шариат (?) дар ин давлат комёб шудам. Гӯё, ки ман ҳамин рӯз дар Бухоро қозикалон гардидам ва ҳоказову казо …»

Вақте ки макотиби (мактабҳои) Бухоро баста шуд, дар Шаҳрисабз як мактаби нав давомат дошт. Ба хабари баста шудани макотиби Бухоро, мактаби Шаҳрисабз чанд рӯз муваққатӣ таътил шуда, боз кушода гардида, давомат мекард. Мир Бурҳониддини қозикалон ба ҳокими Шаҳрисабз дар ин хусус чанд бор мактуб навишта, бастани мактабро хоҳиш кард. Азбаски ҳомии мактаби Шаҳрисабз аз бузургони эли Кенагас – як шахси соҳибнуфуз буд, ҳоким дар бастани мактаб ҷасорат накарда ё худ шахси ҳомиро риоя карда, мактуби қозикалонро ба тариқи ҳидоят нишон дод. Аз ин ҳикоят низ ба хубӣ маълум мешавад, ки сабаби умдаи (асосии) бастани макотиб қозӣ Бурҳониддин будааст. Зеро агар сабаби ҳақиқӣ ҳукумат мебуд, ҳароина биззот (дар он сурат шахсан), амир ё худи кӯшбегӣ ба ҳокими Шаҳрисабз супориш менавиштанд.

17

Мастур (пӯшида) мабод, ки дар ин дафтар зикри аҳволи хусусии қозӣ Мир Бурҳониддин бисёр гузашт ва баъд аз ин низ бисёр хоҳад омад ва дар аксари фитнаву фасод сабаби бузург ҳамин шахсро нишон дода шуд ва нишон дода хоҳад шуд ва барои таҳлили аҳволи рӯҳияаш маҷбур шудем, ки баъзе аъмоли хусусияшро ба тариқи намуна зикр кунем. Хонандагони киром (арҷманд) гумон накунанд, ки мусаввиди (нависандаи) авроқро (сатрҳоро) душмании шахсӣ бо қозикалони мазкур бошад, не, не!

Комил БЕКЗОДА

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: