Главная > Комрон Луқмонзода > Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур…?

Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур…?

Чун шоҳзодаро ба ақлу ба рой.

Донишомӯз диду рамзкушой.

Низомии Ганҷавӣ

Дониш, яъне маърифат аст. Илм, яъне дастоварди фарҳанг аст. Дониш мояи ифтихори одамият аст. Донишмандони гузашта бо дониш ишқ меварзиданд. Ривояте ҳаст аз файласуфи бузурги Юнон, Феоғурус (Пифагор).

Рӯзе як мард аз Феоғурус пурсид:

— Шумо олим ҳастед? Феоғурус ҷавоб дод:

На, ман олим нестам. Ман фақат ва фақат ба дониш ишқ меварзам.

Нигоҳ кунед, файласуфи бузурги Юнон бо ин ҳама бузургӣ, ки асрҳои аср нисфи дунё дар ангушти ақидаи ӯ мечархид, чӣ гуна ва бо чӣ фурӯмоягӣ посух дод. Ин муаллими бузурги башарият дақиқан бо ақоиди инсонӣ гуфт, ки вуҷудаш фақат ва фақат ба хотири илм зинда аст. ӯ дар ҳақиқат ба илм ишқ меварзид. Бубинед, чӣ қадр нерӯи илм азим аст, бузургтарин донишмандони дунё ҳамчунин фикр мекарданд, ки худ бо ин ҳама дониши бузург хирадгароӣ карда, боз ҳам илмро аз андешаи худ болотар мегузоранд ва мегӯянд, ки олим нестанд, вале ба илм ишқ меварзанд. Чунин ҳикматро танҳо хирадманде метавонад бигӯяд, ки ишқро дар хидмати дониш ва тафаккур гузоштааст.

Аммо акнун суоле пешорӯст, ки дониш ва маърифати миллии мо дар кадом сатҳ аст?

То ҷое, ки таҳлил ва баррасиҳо нишон медиҳад, имрӯз донишомӯзон ва донишҷӯён донишро зери по гузошта ва ҳамеша фикру хаёли онҳо ба чизҳои беҳуда банд аст. Дониш мояи ифтихори ҳар кишвар бояд бошад. Зеро дониш, аст ки ҷомеаро ба дурустӣ роҳнамоӣ мекунад. Агар мо ҳазорон мактабҳо ва марказҳои илмӣ бисозем ва аммо аҳолии он ҷомеа ба пешрафти илм аҳамият надиҳанд, он кишвар мусалламан, ҳеҷ вақт пеш нахоҳад рафт.

Дар воқеъ, маърифат ва адаби андӯхтаи донишомӯзи тоҷик имрӯз дар кадом сатҳ аст? Оё мо имрӯз бо итминон метавонем бигӯем, дониши гирифтаи навҷавонони тоҷик ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст? Ошкор аст, ки асоси донишро донишомӯз аз мактаб мегирад. Агар пояи дониши гирифтаи ӯ мустаҳкам ва қавӣ набошад, баъди вориди донишгоҳ шудан кадом дониши гирифтаи худро дар донишгоҳ сайқал медиҳад? Ин ҷо гуфтаи шоир ба хотир меояд, ки мегӯяд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ

Ба хотири равшанӣ андохтан ба суолҳои матраҳшуда вориди мактаби миёнаи №1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шудам. Ин мактаб дар байни мактабҳои ҳамагонии шаҳри Душанбе яке аз мактабҳои шинохта ба шумор меравад, ки бештари волидайн кӯшиш мекунанд фарзандашонро ба ин мактаб супоранд. Муаллима Акрамова ки худро ҷонишини мудир оид ба таълиму тарбия муaррифӣ кард, маро хуб пазируфт ва таъкид намуд:

-«Имрӯз бояд тамоми донишомӯзон ахлоқи хуб дошта бошанд ва ба дарсҳо гӯш диҳанд ва сари соат ҳозир шаванд. Мо дар гузашта нағз таълим мегирифтем, аммо сад афсӯс, ки имрӯз талабаҳо ахлоқи хуб надоранд ва камтар ба дарсҳо гӯш медиҳанд ва фикри онҳо бештар ба пул ё телефонҳои қиматбаҳо аст. Албатта, ба мактаб бо телефонҳои дастӣ омадан мункин нест, мо ҳар рӯз инро таъкид мекунем, аммо падарон ва модарон бо мо ҳамкорӣ намекунанд ва мо ҳам наметавонем назм бахшем. Чанд рӯз пеш мо телефони як донишомӯзро гирифтем ва ба мудир додем ва эшон онро ба пулис дод. Аммо вақте мудир ба ҷои дигар рафт падари он донишомӯз омад ва телефонро аз пулис гирифт ва боз ба фарзанди худ дод. Дар ин мактаб ду табақаи талабаҳо мехонанд: яке доро ва дигаре нисбатан фақир. Чун бачаи доро пул дорад бо пул ва телефонҳои қимат менозад ва ин бачаи фақир маҷбур мешавад аз кисаи падар ва модар худ пул бидуздад. Фарзандони волидайни пулдор ҳар рӯз ба мактаб бо худ 20-30 сомонӣ меоранд. Шумо хулоса кунед, мо чӣ гуна метавонем ҷулуӣ онҳоро бигирем, вақте ки хонаводаҳо бо мо ҳамкорӣ намекунанд».

Баъд аз сӯҳбат бо муаллима аз мактаб берун омадам ва ҷониби истгоҳ равон шудам, ки шоҳиди сӯҳбати модаре бо фарзандаш шудам. Модар, ки худ нороҳат буд аз фарзандаш пурсид;

-Имрӯз ҳам дарси биология нахондед? Бача гуфт:

— Не муаллим ба дарс даромад ва ба мо вазифа дод, ки худамон хонем ва худаш рафт ва охири дарс омад.

— Боз пули моҳона мехоҳанд! — зери лаб ғур — ғур  кард модар.

Худро ба модар ва фарзандаш расонидаму то истгоҳ бо ҳам сӯҳбат кардем. Аз сӯҳбатҳои модар маълум буд, ки барои ояндаи фарзандаш бетаваҷҷӯҳ нест. Аз ӯ пурсидам: — Фарзандатон дар хона дарс тайёр мекунад?

Аз куҷо? — бо тааҷҷуб ҷавоб дод модар.

-Агар дар мактаб дарс хонанд, вазифаи хонагӣ иҷро мекунанд. Вақте мо дар мактаб дарс мехондем, набуд рӯзе, ки дарсҳои иловагӣ надошта бошем. Агар касе аз бачаҳо ба дарс майл надошт, муаллимон падару модарро маҷбур мекарданд, ки фарзандашонро аз мактаб бигиранд то монеъи дарс хондани бачагони болаёқат нашаванд. Ба муаллим мегӯям, ки фарзандам аз фанни шумо чизе намедонад, вай оромона мегӯяд, фарзандатон дарс нахонад чӣ кор кунам, пулашро супоред дарси иловагӣ медиҳем. Ёфтанд роҳи пул кор карданро. Имрӯз пул дорӣ — диплом мегирӣ, пул надорӣ ба Русия барои мардикорӣ бирав.

Пурсидам, ки фарзандатон дар кадом мактаб дарс мехонад. Гуфт: — Барои чӣ мепурсед? Худро муаррифӣ намудам.

— Э, шумо рӯзноманигорон ин қадар навиштед, ки ба ҳеҷ кас дигар таъсир намекунад. Ҳамаи виҷдонҳо ҳам бо пул фурӯхта шудаанд. Бо навиштани шумо вазъи таълиму тарбия ҳам дигар намешавад. Оё навиштаи шуморо кормандони вазорат мехонда бошанд? Биёед, ман ҳам нагӯяму шумо ҳам нанависед, изҳор дошт ӯ.

Бо онҳо худоҳофизӣ намудаму вориди автобус шудам. Гуфтаҳои он модар маро ба андеша кардан водор намуд. Мо бо ин аҳвол то куҷо мерафта бошем? Ба хотирам филми мустанаде, ки филмбардорони эронӣ аз фарҳанг ва суннати тоҷикон дар Тоҷикистон гирифта буданд омад. Он филмро барои тамоми форсизабонони ҷаҳон ҳам пахш намуданд.

Рӯзноманигори эронӣ барои тамошобинон нақл мекард, ки тоҷикон Абӯалӣ ибни Синоро моли худ медонанд ва барои поси эҳтиромаш дар ҷашни арӯсӣ ба пояи ин муҷассама дастагул мегузоранд. Ва аз арӯсу домоде, ки барои гузоштани дастагул омада буданд пурсид: Шумо медонед, ки ин муҷассамаи кӣ? Посухи домод ин гуна буд:

-Не ман вайро намешиносам!

Бояд хиҷолат кашид, аз ин ки Синоро надониста, моли мо гӯем. Вақти посух ба суоли рӯзноманигор, эҳсоси хиҷолат дар вуҷуди ин домод дида намешуд, чӣ бояд кард? Албатта, ки ӯ худро гунаҳкор намедонист. Гунаҳкор муаллим буд, ки аз ӯ талаб накард. Эҳсоси миллӣ ва ғурури миллии ҳар инсон маҳз дар кӯдакӣ шакл мегирад ва он ҳам дар мактаб.

Ман тааҷҷуб мекунам, бо шунидани ҷавоби ин донишомӯзҳои собиқ. Муаллимоне, ки тамоми умри худро аз дарс гуфтан ба донишомӯзон сипарӣ намудаанд ва мактаб хонаи дувуми онҳо буд, ба чӣ андешиданд?

Вақте бо автобус ба сӯи хона меомадам, донишомӯзеро дидам, ки аз мактаб бармегашт ва аз ӯ пурсидам: Ба назари ту дониш чист? Ва ӯ худро Меҳронаи Ҷамшед муаррифӣ карду гуфт:

-Дониш, яъне илм — маданият, фарҳанг, пешравии давлату инсонҳост. На ҳама кӯшиш мекунад, ки илм биёмӯзанд, чун имрӯз бачаҳое ҳастанд, ки пул доранд ва бо пул ба донишгоҳ дохил мешаванд. Ин худ низ чеҳраи зишти фарҳанг ва маданият аст. Агар инсон одоб ва маданият дошта бошад, ба бесаводӣ ва бемаърифатӣ рӯ намеорад. Чун имрӯз маданият хеле паст аст ва хонаводаҳое ҳастанд, ки дуруст таълим намедиҳанд. Бештаре аз ҳамсабақҳоямон рӯзҳои ҷумъа ва боқии рӯзҳо ҳам аз дарсҳо фирор мекунанд ва ё ба дарсҳо гӯш намедиҳанд. Оё ин ҷо айби муаллим аст, ки натавониста он гуна ки талаба мехоҳад дарс бидиҳад ё хонавода, ки аз кӯдакӣ натавониста меҳр ва муҳаббати дониш андӯхтанро дар вуҷуди фарзанди худ бедор кунад?

Меҳрона чанд дақиқа сукут карду гуфт: — Ман фикр мекунам, гунаҳкор ҳар дуанд. Ҳамкорӣ надоранд.  Имрӯз баъзе бачаҳое ҳастанд, ки аслан дарс намехонанд ва ҳатто намедонад, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ кай шурӯъ шудааст? Ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвари мо чӣ касоне мебошанд. Вақте ки мепурсӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ кай шурӯъ шуда, ҷавоб медиҳанд:

— Соли 1991 шурӯъ шуда ва соли 1997 тамом шудааст.

Вақте мегӯӣ, ки қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро номбар кун, ҷавоб медиҳанд:

-Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Эмомалӣ Раҳмонов……

Баъд аз посухи Меҳрона намехоҳам чизеро илова кунам, танҳо ин суол зеҳни маро ба худ машғул карда: «имрӯз ки дониш ва маърифати инсонӣ зери по шудааст, оё бо итминони хотир метавонем бигӯем, ки ояндаи ин кишвар хубу дурахшон хоҳад шуд?

Комрон Луқмонзода,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: