Главная > Турсун АЛӣ > Ба куҷо равонаем?!

Ба куҷо равонаем?!

Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ як ҷумҳурии гулгулшукуфон, саноатӣ, аграрӣ, туризм, осоишта ва кам ҷиноят содир мешудагӣ, ба ибораи дигар макони орзу мекардаи ҳар  инсони солимақл буд. Ҳатто  сайёҳони хориҷӣ Исфараю Қайроққум, Обигарму Гармчашма, табиати биҳишосои Помирро орзуи як бор дидан мекарданд. Корхонаҳои саноатии Душанбеву Хуҷанд, Истаравшану Конибодом, Исфара ва амсоли инҳо ба 22 давлати хориҷӣ маҳсулот мефиристанд. Пахтаи Тоҷикистон  аз лиҳози  сифат ва талабгориаш дар дунё ҷойи аввалро мегирифтанд.

Бародаркушӣ, мансабталошии роҳбарони белаёқат рӯзҳои беҳад вазнинро бар сари мардуми кишвари мо овард, ки оқибати он рӯзҳои шумро то ҳанӯз мардуми ҷумҳурӣ фаромӯш накардаанд. Дар  ин ҷанги бемаънӣ чандин инсонҳои нек: олиму нависандагон, муҳандису лоиҳакашон, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, чорводорӣ ва ғайраҳо ҳам ба ҳалокат расиданд.

Ҷумҳурӣ талаву тороҷ шуд, биноҳо вайрон шуд. Аз ҳама бадаш он ки чандин мансабдорон ҷойҳои осоиштаро «приватизатсия» карда гирифтанд. Марказҳои савдо, мағозаҳо, дӯконҳои маҳсулотдору ошхонаро одамҳои «бақувват» соҳиб шуданд. Ягон «посбони қонун» ё ки соҳибмансаб нагуфт, ки: «Ҳой, номардҳо, ин мағозаҳо ва тамоми матлубот бо «пайшикҳо», яъне бо ҳиссагузоронии мардум бунёд шудаасту  онро «соҳибшудан» ҷоиз нест. Ин иншоотҳо дар оянда ба мардум хизмат мекунанд»…

Заминҳои серҳосил, ки як вақтҳо то 40-45 сентнерӣ ҳосили пахта медоданд ба дасти савдогарон, косибон ва техникаҳо бошад ба дасти дигарҳо гузашт. Замин забон надораду дил дорад. ӯро дар вақташ хӯрондан, ташнагиашро шикастан, ҳатто дардаша даво кардан даркор аст. Ин заминбехабарҳо тирамоҳу баҳор маҳсулоти лозимият нозарурро коштан гирифтанд. Оқибат заминҳоро ба ҳолати «эрозия» оварда расониданд.

Агар солҳои пеш дар хоҷагиҳоии ноҳияи Ҷаббор Расулов то 47,9 ҳазор тонна пахтаи олисифат ҷамъоварӣ менамуданд, солҳои охир ин нишондод ба 8 ҳазор тонна омада расидааст. Корхонаҳои саноатӣ бошанд  аз кор монданду аз 130 ҳазор аҳолӣ 30 фоизаш бекор монд.  Ашхоси корчаллон рӯйхатҳои сохта тартиб дода, хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил намуданд. Дар ин рӯйхатҳо шахсони чанд сол пеш фавтида, ба Русия рафта, беному нишон шудагиҳо ҳам ҷой гирифтанд.

Чанд омил боиси бекор мондани ашхоси лаёқатманд гардид.

Сараввал дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 210 нафар тоҷири тадбиркор ба кор оғоз карданд. Ҳатто риштаю калоба оварда дар деҳаҳои Янгиқишлоқ, Ғӯлакандоз коргоҳҳои хурди кӯлолӣ ташкил намуда, маҳсулотҳои хушсифат бароварданд. Барои тасдиқи ин андеша як лаҳзаро ёдовар шудан кофист.  Чанд сол пештар аз ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии  Қирғизистон 2 кас омада сехи кулолии Ғӯлакандозро пурсиданд.  Баъдтар фаҳмидем, ки  онҳо барои гузаронидани тӯй   сохтани табақ, пиёла, коса ва дигар зарфҳоро  дар ин коргоҳ фармоиш дода,  маблағашро пешпардохт намудаанд. Мисли ин коргоҳ дигар сехҳо ҳам зарурати мардумро иҷро мекарданд, аммо ба ривоҷу равнақ наёфтани фаъолияти ин коргоҳҳои хурд нозирони гуногуни давлатӣ, аз қабили нозири андоз, полиси андоз, нозири минтақавии милиса, «шӯъбаи шашуми раёсати корҳои дохилӣ», нозири ноҳиявии сухторхомӯшкунӣ, нозири назорати давлатии беҳдоштӣ ва дигарон  «мусоидат намуданд».

Ман мисолҳоро танҳо аз ноҳияи Ҷаббор Расулов овардам, ҳол он ки,  ин ҳолат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Спитамен, Конибодом, Исфара ва умуман тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дошт. Ҳатто дар Хуҷанд фалон гурӯҳ барои ворид намудани сӯзишворӣ  «ҳақ дошт», фалон гурӯҳ гандум, фалон гурӯҳ оҳан, чӯб  ва ғайраҳо.  Агар дигар кас ба ин кор машғул мешуд, «ҳолаш табоҳ» буд. Ба хориҷи кишвар маҳсулот баровардан ҳам  ҳамин хел тақсим шудагӣ буд. Дигарон ё дар зери дасти ҳамин гурӯҳҳо хизмат мекарданд  ё чор тарафашон қибла буд.

Ҳатто иншоотҳои мактабу маориф,  муассисаҳои табобатро «чаққон»-ҳо  аз худ карда гирифтанд. Дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боғчаи бачагона буд. Аз ҳолати бесарусомониҳои дар ҷумҳурӣ солҳои 1992 ба вуқӯъ омада истифода карда, ин биноро ба ҳар кас тақсим карда додаанд. Имрӯз бачаҳои ҳамин маҳалла аз набудани боғчаи бачагона дар кӯчаҳо «бозӣ» мекунанд. Умедворем, ки  мансабдорони соҳаҳои  маориф бачаҳои ин маҳалларо бо боғчаи бачагона таъмин менамоянд, зеро кӯдакон ояндаи моянд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  ҳатто  ҳаммомро ҳам   мансабдоре  «аз худ карда» ошхонаву пивохона сохтааст.. Агар аҳвол ҳамин тавр идома ёфтан гирад дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  гову паррандаҳо наздик солҳо  батамом барҳам мехӯрад. Ҷавонон 4-5 тогӣ говҳоро бурда ҳама автомашинаҳои «опел», «нексия», «мерседес» харида оварда истодаанд.   Ба ақидаи ҷавонон хонае, ки дар он 2-3  автомашина  нест ин хона,хона набудаааст. Инро як «касофати замон» гӯем ҳам мешавад. Дар ноҳия тайи 3-4 соли охир  қариб 5 ҳазор (аниқтараш 4912) автомашина пайдо шуд.  Агар ин «ривоҷи оҳан» идома ёфтан гирад, баъд аз 3-4 сол ҳама ҷой аз оҳанпора пур мешавад.

Боғу ангурзорҳо рӯз ба рӯз хушку шуморааш кам шуда истодааст. Сабабаш пеш ҳосили себу нок, ангурро ба беруни кишвар бароварда ба харидорон яхлухт додан мумкин буд. Ҳозир азоби маҳсулот баровардан аз ворид кардан кори зиёдтар. Ин то ба кай давом мекунад, шӯълаи умед пайдо мешуда бошад гуфта, деҳқон ноилоҷ себу нок мечинад. Дар бозорҳои маҳаллӣ нархаш «об барин». «Зулмдорҳо, «разборшикҳо», «телехранителҳо» пайдо шуда, бечораи деҳқона хунаша макида истодаанд.

Дар деҳаи Оқтеппаи ноҳияи Спитамен барои гапи Ҳайдар Неъматҷоновро гардонидани Рустам Каримов се муҳофизи Неъматҷонов он нафарро лату кӯб намудаанд.  Ҷабрдида 3 сол  беморхона ба беморхона гашт. Чандин маротиба ба прокурору суду милисаву ҳокимияти маҳаллӣ  арзу шикоят навишт. Ҳамааш мебиёяду баъди 2-3 рӯз «ором» шуда мераванд. Он вақт Ҳайдар Неъматҷонов  ҷонишини аввали  раиси ноҳия буд. Гапи ӯ гап буд. 8-уми сентябри соли 2006 ин ҷиноят содир шудааст. Аммо Неъматҷонов ному насаби муҳофизонашро ба рӯйхати авф мешудагиҳо ворид карда, тамоми ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, бегуноҳ карда монд. Айни ҳол ин нафар дар вазифаи  раиси ҷамоати Оқтеппаи ноҳияи Спитамен кор мекунад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ» ба имзорасидаро « ҷаққонҳо» «аз боло» қоғаз ёфта, заминҳои обии серҳосилро бо баҳонаи замини наздиҳавлигӣ, бозор ва дигар иншоотҳои ба худашон фоидаовар аз худ кардаанд. Ин ҳолатро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд  дидан мумкин аст. Бо чунин аҳвол  мо то  куҷо меравем?

Ҳамчун журналист бо як мардикори аз Русия омадагӣ сӯҳбат кардам. Вай 4 ҳазор доллар пул кор карда омадаасту 2 рафиқаш, бошад бемор шуда омаданд. Баъдан ба бозори мардикории ноҳия рафта пурсиш гузарондам. Инро бинед, ки  мардикорони дар Тоҷикистон буда, камаш 5-7 ҳазор доллар кор мекардаанд. Ин гувоҳӣ он аст, ки зиндагӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад ва намояндагони ҳокимияти давлатии маҳаллиро зурур аст, ки фаъолияти кориашонро дар робита ба мардум дуруст ба роҳ монанд.

Турсун АЛӣ,

хабарнигори

махсуси «Пайкон»

дар вилояти Суғд

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: