Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Дасти дарози раис

Дасти дарози раис

Охираш. Аввалаш

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи директории агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Ф.Ғ.Саидов

Мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ вобаста ба арзу шикоятҳо посух додаанд.Чун дар даст нусхаи тарзи гузарондани санҷишҳоро надорем, таҳлили онҳоро як сӯ мегузорем. Танҳо пас аз мутолиаи нусхаи посухҳо даҳҳо саволҳои беҷавоб пайдо мешаванд. “Чаро”-ҳои зиёде паси ҳам қатор гардида, кас худ аз худ мепурсад: «Наход ягон далели қонуншиканӣ набошад?» Мо ҳам ҷонибдори ҳамаи онҳо мебудем, ки дар мақомоти баланди давлатӣ адои вазифа мекарданду мекунанд ва ба ин қазия бархӯрд кардаанду гуфтанд: «Ваҷҳҳои ариза тасдиқ нагардиданд». Вале аз ҷавобҳои додашуда маълум мегардад, ки аризаи даъвогар хеле сатҳӣ санҷида шудааст. Имкон дорад дар дафтари корӣ нишаста, омода карда бошанд.Санҷишгарон аз худ суол накардаанд, ки чаро як тоифаи одамон соҳиби замин ё моликияти давлатӣ мегарданд ва чаро маҳз додари раиси шаҳр? Қонунгузорӣ чиро тақозо менамояд? Оё барои бекор намудани қарорҳои қаблан қабулшуда раиси ноҳия ваколат дорад? Чаро қарори як шаҳрвандро бекор намуда, ба каси дигар ҳамон қитъаи замин ба ҳамон мақсад дода мешавад?

Дар боло аз баҳси  ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо», ки бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат №136 аз 6-уми июни соли 2002 ва №127 аз 27-уми апрели соли 2003 барои сохтмони «Маркази тиҷоратии шарқ» ва стансияи нақлиёти автомобили самти Файзобод, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат ба миқдори 0,31 га замин ва барои сохтмони истгоҳи шабонарӯзии нақлиёти автомобилӣ дар хамгашти кӯчаҳои Фирдавсию Ҳамзаалиеви шаҳр ба миқдори 0,14 га замин ҷудо карда шуда,  ёдрас гардидем. Ин қарорҳоро раиси шаҳр, Ваҳдат Анвари Вайсиддин бо қарорҳои худ бекор карда, қисми заминро ба шаҳрванд П. Зиёев барои сохтмони маркази савдо ва истгоҳи нақлиётии шабонарӯзӣ медиҳад.

ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо» соли 2002 ташкил гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси муроҷиати ин ҷамъият Ҳукумати шаҳри Ваҳдат замин ҷудо мекунад. Пас аз ҷудо намудани замин борҳо барои гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муроҷиат мекунанд. Вале сертификат дода намешавад. Вақте мефаҳманд, ки замини барои ҶДММ  ҷудо шударо, бозпас гирифтаанд, барои бекор намудани қарорҳои кабулнамуда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Ин масъала чор маротиба дар Суди Олии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки раиси шаҳри Ваҳдат бар хилофи талаботи қонунгузорӣ рафтор намуда, қарорҳои қаблан қабулшударо беэътибор донистааст.Суди Олии иқтисодӣ ҳал мекунад:

«Қарори раиси шаҳри Ваҳдат «дар бораи беътибор донистани қарори раиси шаҳри Ваҳдат «оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони истгоҳи шабонарӯзии нақлиёти автомобилӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Терминал-Хизматрасон-Савдо»-и шаҳри Ваҳдат беэътибор дониста шавад».

Таъкид менамоем, ки ин ҳалномаи Суди Олии иқтисодӣ ҳанӯз соли 2006 ба қувваи қонун даромада буд. Яъне, мебоист кайҳо қонун амал мекарду замини ҷудошуда ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Терминал-Хизматрасон-Савдо» баргардонда мешуд. Вале дар шаҳри Ваҳдат санадҳои судиро ба инобат нагирифтаанду иҷро накардаанд. Ё санадҳои судӣ дар ин макон ягон мавқеъ надоранд? Ва ё дар ин ҷо дигар қонунҳо амал мекунанд?

Вақте иҷро накардани санади судиро, ки ҳукми қонунро дорад, мебинед, ба посухҳои додаи санҷишгарон дар дилатон шубҳа пайдо мешавад.Чанд маротиба аризаю аксҳо ва нусхаи маводҳои пешниҳодгардидаро варақ задем. Барои ба онҳо баҳои холисонаю ҳуқуқӣ додан ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо санҷиш гузарондан лозим аст. Мо бошем, аз як тараф имконият надорему аз ҷониби дигар ваколат. Ҳарчанд бо мушкилӣ ҳам бошад, нусхаи маводҳоро ҷамъ оварда истодааему тадқиқоти журналистӣ идома дорад. Танҳо интизорем, аризаи ба унвони Президенти мамлакат навиштаи А. Азизов чӣ тавр ҳаллу фасл мегардад. (Бо мақсади далелҳои муаллифро халалдор накардан тарзи баён нигоҳ дошта шуд. Муаллиф). Дар ариза  аз ҷумла таъкид мешавад:

«Анвари Вайсидин дар гирду атрофи худ шахсоне, ки худро дар назди ҷамъият ва давлат бадном кардаанд, ҷамъ оварда, ба вазифаҳои масъулиятнок таъин кардааст. Ҷалолиддин Сафаров, ки хеш ва шахси наздики оилаашон аст ба вазифаи сардори раёсати кишоварзии шаҳр таъин кард. Анвари Вайсиддин ба воситаи ӯ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Корпоратсияи Кишоварз»-и ноҳияро маҷбуран гирифта, роҳбари онро бо таҳдид гурезонда, қариб тамоми амволи он, аз ҷумла фермаи ширию молии онро фурӯхта, аз они худ кардаанд. Истироҳатгоҳи «ҶСШК», воқеъ дар дараи Ромитро худи Анвари Вайсиддин шахсӣ карда, соҳиб шуд. Заминҳои аз амволи фурӯхта холишудаи онро ба шахсони дилхоҳи худ фурӯхта истодаанд.

Хеши дигараш Нурмуҳаммад Халифаевро ба вазифаи сардори идораи «Водоканал» таъин намуд. Н. Халифаев водозабори кӯчаи А. Зокировро ба воситаи Анвари Вайсиддин соҳибӣ карда, насосҳои обкашии онро фурӯхт ва заминашро ба Аслиддин Эмомов фурӯхт. ӯ боз ба воситаи Анвари Вайсиддин бинои гармдиҳии мактаби №2-ро бо қитъаи заминаш гирифта, дар он ҷо барои худ хонаи истиқоматӣ сохтааст. Рафиқи қадрдонаш Исмоил Ҳалимовро, ки дар давоми 10-соли дар нозироти андози шаҳри Ваҳдат  кор карданаш, ҷойнишини худ таъйин кард. Бояд қайд намуд, ки соли 2004  шахсан бо супориши Шумо Ҷаноби Олӣ И. Ҳалимов, аз  системаи мақомоти андоз ҳориҷ шуда буд. Инак, ин шахси «хизматнишондода» курсии ҷойнишинро соҳиб шуда, ба сӯйистифода аз вазифа соҳиби хонаю мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ва зиндагии шоҳона шудааст. ӯ бо сӯйистифода аз вазифааш кӯл ва боғи хоҷагии «Дӯстӣ»-ро ба номи  хусурбачааш, ки сокини шаҳри Душанбе аст, бо маблағи ночиз харидааст. ӯ бинои дуошёнаи техникуми омории шаҳрро бо заминаш аз худ кардааст. И. Ҳалимов дар деҳаи Совет 2 қитъаи заминро барои хонаи истиқоматӣ гирифта, ба сокини деҳаи Суфиён фурӯхтааст.

Мудири шӯъбаи маориф Т. Гадоев барои азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, аз вазифа сабукдӯш шуд ва ҷойи ӯро шахси қадрдони оилаи Қодировҳо гирифт.

Гургалӣ Шералиев сокини минтақаи Ромит раиси хоҷагии деҳқонии Х. Азим таъин шуд, ки ӯ дар ин хоҷагӣ саҳм надошт.

Иттиҳодияи «Тоҷиклесоснабсбыть»-ро бо 800 ҳазор сомонӣ Қодиров Х. додари раиси шаҳр харида буд. Ҳоло бошад,  амволу таҷҳизоти ин корхонаи азимро канда фурӯхта истодаанд ва онро бо 1,5 милион доллар ба савдо мондаанд.

Анвари Вайсиддин бо боварӣ аз он, ки касе пишакашро «пишт» намегӯяд, қонуншиканиҳои худро зиёд карда истодааст. Ҳукумати ҶТ бо роҳбарии Шумо, Ҷаноби Олӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус маориф ва тандурустӣ аҳамияти махсус дода, ҳар сол маблағгузориро ба ин соҳа зиёд менамоянд.

Вале  беморхонаи касалиҳои сили Роҳатиро канда, дар ҷояш терминал ва маркази савдо сохтанд.

Биноҳои боғчаи бачагонаи №2-ро канда дар он ҷо маркази дилхушӣ сохтанист.

Биноҳои маъмурии «Горфинадел», «Райсабес», «Техникум»-и омориро канда, дар ҷояш марказҳои дилхушӣ сохта истодаанд.

Масолеҳи сохтмонии биноҳои вайронкардашударо бо мақсадҳои ғаразноки худ истифода  мебаранд.

Маркази ҷавононро вайрон карда, мағозаҳои дабдабанок ва тарабхонаҳо сохтанд. Бояд қайд намуд, ки дар ин замин зиёда аз 100 бех дарахтони бисёрсолаи сафедор буд, ҳамаи онро бурида, ба фоидаи худашон истифода бурданд.

Ҳавзи (бассейн) назди Қасри Пионеронро бо як гектар заминаш ба Набиев Алишер ном қадрдонаш фурӯхтааст.

Кӯли «Комсомол», воқеъ дар шаҳраки Роҳатӣ бударо ба номи қудояш, падари домодаш харидааст.

Бо супориши Анвари Вайсиддин қубурҳои гармигузаронии маркази гармдиҳии шаҳрро то самти маҳаллаи «Стансия» канда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдаанд. Анвари Вайсиддин колоннаи сайёри механиконидашударо (СПИК-1) ба номи язнааш  харида, ӯро муовини  сардори идораи хоҷагию коммуналии шаҳр таъин намудааст.

Ҳамчунин дар ариза аз хусуси ғайри мақсад истифода бурдани маблағҳои буҷаи ноҳия, барои таъмири бинои беморхонаи марказӣ ва дигар нуқтаҳои тиббӣ, талаву тороҷи замин, иншоотҳои давлатӣ, бозори чорво ва ғайра таъкид шудаанд. Ниҳоят А. Азизов аз Президенти кишвар дархост кардааст, ки муроҷиати ӯро зери назорат гирад ва ин масъалаҳо дар иштироки ӯ санҷида шаванд:

Кӯли Роҳатӣ, ки мардум гирду атрофи он ҷо солҳои тӯлонӣ истироҳат мекард, онро бо 10 га замину долу дарахташ Анвари Вайсиддин ба домодаш тӯҳфа кардааст.

СПМК-1-ро бо тамоми техникаю иншоотҳояш бо 2 га заминаш ба язнааш додааст.

Дар саҳни ҳавлии мактаби мусиқии ба номи наберааш маркази савдо сохтааст.

Ба додараш вазифаи раисии «Тоҷикпромбонк»-ро додааст.

Ба писарамакаш Абдураҳим Қодиров вазифаи раисии Стандарти давлатиро додааст.

Зиёда аз 2- ҳазор метр қубурҳои обгузарониро то кӯчаи Тугдона канда, ба манфиати худ истифода бурдааст.

Зиёда аз 3-4-ҳазор метр қубурҳои маркази гармидиҳии шаҳрчаи «Разведчик»-ро  фурӯхтаанд.

Сехи чӯбу тахтаи дар деҳаи Тангаӣ бударо бо 1 га замин ба домодаш додааст.

Дар дохили саҳни беморхонаи марказӣ ба рафиқаш Нуралӣ ва домодаш иҷозати сохтмонро додааст.

Ҳавзи моҳипарваририи совхози «Дӯстӣ»-ро бо заминҳои гирду атрофашро ба додарарӯси ҷонишини раис Ҳалимов И., ки сокини шаҳри Душанбе мебошад, додааст.

Истироҳатгоҳи  кишоварзиро раис бо ҷонишинҳояш тақсим кардаанд.

Раис аз аввали ба сари қудрат омаданаш бо як гурӯҳи соҳибкороне, ки бо ҳама меъёрҳои қонунӣ дар назди бозори марказии шаҳри Ваҳдат аз соли 1999 дӯкон сохта, ба соҳибкорӣ машғуланд,  то ба имрӯз ғайриқонунӣ талоши гирифтани дӯконҳои онҳоро дорад.

Раис Анвари Вайсиддин аз онихудкуниро аз тарабхонаи шаҳри Ваҳдат оғоз карда буд. Сараввал тарабхонаро аз ҳисоби буҷаи шаҳр хело дигаргун карда, баъд онро хело арзон харида, шахсӣ кард.

Раис шахси наздикаш Ғаюров Нарзуллоро  сардори шӯъбаи молияи шаҳр таъин карда, ки бе мақсади ғараз нест.

Қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Баҳор», ки барои бунёди боғ пешбинӣ шуда буд, онро  барои сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ фурухтааст.

Намедонем, то кадом андоза ин қазия ҳал карда мешавад. Вале А. Азизов эътимод дорад, ки бояд ҳақиқат тантана кунад.

— Мо шаҳрвандони оддӣ,- мегӯяд А.Азизов,-ҳамаи ин фасодкориҳоро мебинем, медонем, аммо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки давлат барои нигоҳ доштани онҳо маблағҳои ҳангуфт аз ҳисоби боз ҳам мардум сарф менамояду ҳимояи ҳуқуқҳои мардум ва манфиати давлат вазифаи ҷонии онҳост, гӯё ҳамаи инро намедида бошанд.

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

  1. Тигр
    Октябрь 11, 2010 в 11:57 дп

    Э неки молодец Чумъаи Толиб.
    Як нохияи Рудаки меомади аз фаъолияти Машрабов сар карда то хозира раиса тахлил мекарди ачоиб мешуд.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: