Главная > Иқболи САИДЗОД > Духтур аз силкасал метарсад

Духтур аз силкасал метарсад

Нодории аҳолӣ боиси хурӯҷи бемории сил шудааст?

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони физиатрӣ дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон 898 гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2009 ба миқдори 56 адад зиёд мебошад. Тавре гуфта мешавад, ҳолати нигаронкунанда ҳоло ҳам ноҳияи Восеъ ва Ҳамадонӣ боқӣ мемонад. Имсол дар ноҳияи Восеъ 230 нафар гирифторони сил муайян карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёданд.

Бо вуҷуди он ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барномаҳоеро барои кам кардани ин беморӣ дар Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст ва солона миллионҳо доллар ихтисос медиҳад, аммо бемории сил ҳама сола рӯ ба афзоиш аст.

Сил дарди бедаво нест, аммо хатари бедармонӣ вуҷуд дорад

Ҳарчанд сил бемории табобатшаванда аст, аммо мардум бо сабабҳои гуногун аз табобат даст мекашанд. Масъулини Вазорати тандурустӣ бар ин назаранд, ки сатҳи иттилоотнокии мардум нисбат ба бемории сил ва табобатшаванда будани он ҳоло беҳтар гаштааст. Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси Вазорати  тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемории сил мегӯяд, яке аз омилҳои асосии табобат нагирифтани беморони сил надоштани маълумот дар бораи ройгон сурат пазируфтани табобат ва бепул тақсим шудани дорувориҳо мебошад. Ба гуфтаи ӯ аксари беморон то ҳол гумон мекунанд, ки сил касалии табобатнашаванда буда, мансуб ба ирсият аст. Аммо огоҳӣ надоранд, ки сил бемории ирсӣ набуда, балки чӯбчамикроби он тариқи қатраӣ-ҳавоӣ, сулфаву атса, туф кардан ва хориҷ намудани балғам ба дигар ашхоси солим сироят мешавад. Ба андешаи вай агар бемори сил давраи табобати аввалро ба таври мунтазам ва доимӣ беш аз 6 моҳ пурра гирад, шифо меёбад.

Фирӯза Саидова, мутахассиси силшинос мегӯяд, якчанд омиле ҳаст, ки беморони сил намехоҳанд ба духтур муроҷиат кунанд. Яке он ки гирифторон бемории худро аз мардуми гирду атроф пинҳон доштан мехоҳанд, зеро ба фаҳмиши аксари мардум сил бемории табобатнашаванда аст. Ба гуфтаи вай иллати дигари табобат накардани беморони сил дар он аст, ки ба пиндори онҳо барои табобат маблағи зиёд лозим аст, аз ин рӯ эшон аз табобат даст мекашанд. Вале дар асл табобати он ба таври ройгон сурат мегирад.

Аммо суоле пешорӯст, ки «ройгон» сурат гирифтани табобат дар амал аст ё дар сухан? Чуноне ки кӯмаки аввалия, сӯзандорӯ задан ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ройгон анҷом шавад, аммо дар асл барои ин хизматрасониҳо низ бо баҳонаҳои гуногун пул ситонида мешавад, шояд гирифторони бемории сил ҳангоми табобат низ ба ин мушкил рӯ ба рӯ бошанд?

Шавкат, як нафар аз беморе, ки дар шифохона ҷарроҳӣ карда буд ва ба аёдати ӯ рафта будам, чунин изҳор дошт, ки баъзе доруҳоро аз ҳисоби «помош» ба беморхона овардаанд, аммо аз он низ пул ситонида мешавад.

Инчунин, нафари дигаре нақл кард, ки ҳамкурсашон дар Донишгоҳи славянӣ ба фалаҷи сар гирифтор мешавад ва онҳо ба маҳалли эмгузаронӣ муроҷиат менамоянд, то дорӯ чаконад. Аммо дар он ҷо масъулин изҳор медоранд, ки дору ба охир расидааст. Вале баъдан як духтур бо ивази 50 доллар ба гулӯи бемор дору мечаконад.

Албатта, бемори силеро вонахӯрдаем, ки барои 4 навъи доруи асосӣ «пул додам» гуфта бошад, аммо дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил беморон чунин мешуморанд, ки хароҷот аз ҷониби онҳо низ ҳаст ва дар баъзе ҳолат шароити молӣ имкон намедиҳад, ки табобатро то охир аз рӯи тавсия духтур ба анҷом расонанд. Вале ба андешаи масъулин на ҳамаи доруҳо ба таври ройгон дода мешавад, танҳо 4 навъ доруи асосӣ бепул аст, аммо иддае аз гирифторон инро нодуруст мефаҳманд ва фикр мекунанд, ки тамоми давраи табобат бехароҷот анҷом хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол афроде, ки пас аз якчанд моҳи табобат аз бемории сил шифо ёфтаанд, нисбати табобати ин беморӣ назари дигар доранд. Давлат Каримов, (номаш иваз шудааст), як нафар бемори табобатёфта дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз тамоми ашхосе, ки ба бемории сил гирифторанд, даъват мекунад то табобати пурра гиранд ва мӯътақид бошанд, ки доруҳо ройгон дода мешавад. Давлат мегӯяд, ҳангоми кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз рафиқи ҳамкораш, ки гирифтори бемории сил будааст, сироят ёфтааст, аммо баъд аз 6 моҳи табобат пурра шифо ёфтааст.

Духтур аз силкасал метарсад

Мушкили дигаре, ки ҳоло боиси пурра ба табобат фаро гирифта нашудани силкасалон гаштааст ва ҳамчунин шумораи дақиқи ин беморон «кашф» нашудааст, аз сабаби норасоии мутахассисон мебошад. Қурбонгул Зокирова бар ин назар аст, ки табобат нагирифтани беморон як мушкили асосӣ бошад, проблемаи дигар, бо вуҷуди курсҳои такмили ихтисос ташкил кардан аз ҷониби масъулини Вазорати тандурустӣ, камтар ҷалб шудани духтурони ҷавон ба соҳаи силшиносӣ мебошад. Зеро онҳо бо далели аз силкасалон сироят наёфтан ва гирифтори сил нашудан аз фаъолият дар ин соҳа ҳазар мекунанд.

Аммо ба гуфтаи масъулини силшиноси Вазорати тандурустӣ дар кулли кишвар бемории сил идорашаванда аст ва дастовардҳои назаррас нисбат ба ин беморӣ вуҷуд дорад.

Лекин як нукта тааҷҷубовар аст, ки вақте шумораи беморон кам мешавад, натиҷа хуб аст, зеро сатҳи афзоиши беморӣ кам гаштааст. Замоне теъдоди сироятёфтагони сил зиёд мешавад, боз натиҷа мусбист, зеро дар ин самт бештар кор карда истодаанд. Яъне ҳама вақт натиҷа мусбист, ҳамааш хуб.

Ҳамчунин ба гуфтаи мутахассисон бо вуҷуди анҷом додани корҳои зиёд аз байн бурдани бемории сил танҳо бо фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ғайриимкон аст. Зеро агар ҳамаи қишрҳои аҳолӣ сафарбар карда нашаванд, кормандони Вазорати тандурустӣ дар танҳоӣ силро аз байн бурда наметавонанд. Аммо масъалаи аз байн бурдан як тараф истад, масъулини соҳаи тандурустӣ ба кам кардани бемории сил ҳанӯз муваффақ нашудаанд.

Нишонаҳои сил ва роҳи табобат

Зимнан, ба гуфтаи мутахассисон одамони камқувват бештар ба касалии сил гирифтор мешаванд. Масалан, кӯдакони то 6 сола ва пиронсолон. Ҳамчунин вазъи бади иҷтимоиву иқтисодии зиндагӣ низ яке аз омилҳои хурӯҷи бемории сил дар байни аҳолӣ мебошад. Ба таври мисол, майзадагону нашъамандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, аз вируси норасоии масуният сироятёфтагон, гирифторони бемории қанд, захми меъда ва саратон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд. Барои пешгирии он духтурон чунин тавсия медиҳанд, ки табобати ҳамаҷониба бо риояи давраи табобати бетанаффус, истифодаи якчанд доруи зиддисилӣ ва назорати доимӣ метавонад ба сиҳат шудани бемор мусоидат кунад.

Сил бемории ирсӣ набуда, тариқи қатраӣ-ҳавоӣ мегузарад. Барангезандаи беморӣ микробактерияи сил, чӯбчамикроби «Кох» аст, ки он аз ҷониби олими немис Роберт Кох кашф шудааст. Сил се намуд аст. Якум, силе, ки бори аввал ёфт мешавад, пурра табобатшаванда аст. Дуввум, намуди мутобиқгаштаи сил, ки табобати 50 нафарро кормандони соҳаи тандурустӣ бори аввал соли гузашта дар шаҳраки Шифо оғоз кардаанд. Соли 2010 дар назар аст, ки бо дастгирии шарикони кӯмакрасон  400 нафари дигари ин намуди сил ба табобат фаро гирифта шаванд. Саввум, намуди васеи мутобиқгаштаи сил. Он намуде, ки солҳои тӯлонӣ бемор табобати нодуруст гирифтааст, тавсияҳои пизишконро иҷро накардааст. Вай умрбод манбаи сироят мемонад. Ин гурӯҳи беморон хеле каманд ва ба гуфти масъулини Вазорати тандурустӣ дар ин самт дар барномаи нави миллие, ки онҳо таҳия кардаанд, барои беморони намуди мазкур ёрии таскиндиҳанда пешбинӣ шудааст. Дар ин сурат ду намуди роҳи ҳалли масъала ҳаст. Яке агар аъзои оила ба зиммаи худ гиранд, ки барои ин шаҳрванд хонаи алоҳида ташкил карда метавонанд ва нафарони аҳли оила дигар ба назди ӯ даромада наметавонанд. Яъне шартномаи сетарафа байни корманди соҳаи тиб, шаҳрванду аҳли оила ва хадамоти беҳдоштие, ки назорат мекунад, баста мешавад. Агар ба ин шартҳо розӣ шаванд, он бемор дар хонааш меистад ва табобати таскиндиҳандаро мегирад. Агар шароит муҳайё карда натавонанд, ба хотири манбаи сироят боқӣ намондани бемор ӯро дар муассисаҳои махсусгардонидашуда нигаҳдорӣ мекунанд.Табобати бемори сил дар ду давра, на камтар аз 6-8 моҳ бетанаффус гузаронида мешавад. Давраи аввал барои хотима додани микробхориҷкунӣ ва давраи дуввум баҳри нигоҳ доштани натиҷаи ба даст омада мебошад. Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизатии бадан микробактерияҳо фаъол гашта, беморӣ авҷ мегирад. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбати беморӣ аз шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, нашъамандӣ, майхорагӣ, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва сирояти ВИЧ мебошад. Нишонаҳои бемории сил; бемадорӣ, камшавии иштиҳо, камшавии вазн, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона, дарди қафаси сина мебошад.

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: