Главная > Uncategorized > Иззат АМОН: «Мо бояд нишон диҳем, ки Равшану Ҷамшед нестем»

Иззат АМОН: «Мо бояд нишон диҳем, ки Равшану Ҷамшед нестем»

Чанд сол боз муҳоҷирати кории мардуми тоҷик ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия дар ҳоли афзоиш аст. То ин замон ба ғайр аз намояндагиҳои расмии кишвар, дар минтақаҳои гуногуни Русия созмонҳое таъсис ёфтаанд, ки мақсадашон ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик эълон мешавад. Аммо то ҳол муҳоҷирони кории тоҷик аз нақзи ҳуқуқҳояшон шикоят доранд ва фаъолияти аксари созмонҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русияро нокифоя арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия созмони нави «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» таъсис ёфтаву фаъолият дорад.

Ба хотири муайян кардани зарурати таъсиси боз як созмони нав барои муҳоҷирони кории тоҷик ва масоили ҳалталаби марбут ба фаъолияти мардикорон, Оҷонсии иттилотии TojNews бо роҳбари «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» Иззат Амон нишасти виртуалӣ баргузор намудааст. Ҳафтаномаи «Пайкон» аз ин сӯҳбат қисматеро сарчин карда, пешкаши хонандаи гиромӣ месозад.

ҳошим: — Бо салом ҳузури дастандаркорони tojnews ва орзуи комёбӣ ба Иззат Амон ва ҳамаи онхое, ки барои ҳалли масоили ҳамватанон дар диёри ғурбат талош мекунанд. Ҷавонони тоҷик аз чӣ пешрафтҳо ва мушкилот бархӯрдоранд ва созмони Шумо дар ин самт чӣ фаъолият пеш мебарад?

— Ташаккур бародари гиромӣ. Пешрафти ҷавонони тоҷик дар Русия хеле кам ба чашм мерасад, вале солҳои охир, мешавад гуфт, каме бедорӣ ҳис карда мешавад. Масалан, қаблан шумораи зиёде аз ҷавонони тоҷик ба кӯчарубӣ машғул буданд. Имсол мешавад гуфт, қариб ки дида намешаванд. Онҳо бештар ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ машғуланд. Ҷавонони мо аллакай зарур будани фарогирии илм ва таҳсил дар донишгоҳҳоро ҳис карда истода, шумораи зиёди ҳамватанон машғули таҳсил ҳастанд. Боз яке аз паҳлӯҳои муваффақиятҳои ҷавонони мо дар ин кишвар ин аст, ки зарурияти ваҳдат ва зери як парчам буданро ҳис карда, ба ҳам омада истодаанд. Новобаста аз он, ки мо — тоҷикон дар Маскав як нуқтаи марказие надорем, то онҷо ҷамъ оем, вале ҳаракатҳо дар ин самт вуҷуд дорад. Фаъолияти Иттиҳоди мо дар ин самт ба ҳам овардани муҳоҷирин ба хотири кӯмаки ҳамдигар буда, қисмати умдаи барномаҳоямон кӯмак ба донишҷӯён мебошад. То имрӯз мо тавонистем 15 нафар аз ҷавонони лаёқатманди тоҷикро шомили донишгоҳҳои Маскав намоем ва албатта кор дар ин самт давом дорад.

Албатта мушкилоти ҷавонон дар ин кишвар хеле зиёд аст.

1. Надоштани хуҷҷатҳои лозима сабаби он мегардад, ки ҷавонон моҳҳо думболи кор мегарданду наметавонанд онро пайдо кунанд. Сабаби надоштани хуҷҷат — ин набудани маблағи лозимӣ барои хуҷҷатнигорист.

2. Касоне ки дар ширкатҳои сохтмонӣ ё шахсони алоҳида кор мекунанд, бештари вақт онҳоро фиреб медиҳанду маошашонро моҳҳо ва ҳатто солҳо намедиҳанд.

3. Бархӯрди бади пулис нисбат ба шаҳрвандони мо ва латукӯб шудани шаҳрвандон аз ҷониби пулис аллакай маъмулӣ гаштааст. Зеро пулисҳои ин кишвар медонанд, ки тоҷикон ҳеҷ сарпаноҳе надоранду ба ҳеҷ куҷо имкони шикоят бурданро ҳам надоранд. Агар шикоят баранд, ба шикояти онҳо касе аҳамият ҳам намедиҳад.

4. Кушта ва ё маҷрӯҳ шудани шаҳрвандони мо аз ҷониби саркалҳо ва ё «скинхед»-ҳо низ дар ин кишвар як амали маъмулӣ гаштааст.

5. Солҳои ахир қисмати зиёде аз шаҳрвандони мо аз дасти ҳамдигар кушта шудаанд. Ҳатто шумораи кушташудагон аз дасти тоҷик аз шумораи кушташудагон аз ҷониби скинхедҳо ба маротиб бештар аст.

6. Мушкили рақами 1-и шаҳрвандони мо — ин надоштани фарҳанг аст. Он фарҳанге, ки моро меомӯзонад, то дар кишвари бегона бояд чи гуна рафтор, гуфтор, ахлоқ ва либоспӯшӣ дошта бошем.

Ин рӯйхатро то хаста шудан метавонем давом диҳем, вале гумонам, ҳамин шумора барои дарки он, ки муҳоҷирони мо чӣ мушкилоте доранд, кофӣ мебошад. Масъулияти Иттиҳоди мо ба қадри имкон саривақт кӯмаки молию ҳуқуқӣ расонидан аст.

— Маълум аст, ки созмонҳои зиёде дар заминаи муҳоҷирини тоҷик фаъолият мекунанд. Гуфта мешавад, бисёре аз ин созмонҳо на ин ки мушкилоти тоҷиконро ҳал намекунанд, балки муҷиби ривоҷи маҳалгароӣ дар кишвари бегона шудаанд. Дар ин бора лутфан тавзеҳ бидиҳед.

— Мутаассифона, ин мушкилӣ дар ин кишвар ҷой дорад. Ростӣ, мо аз ҳадафҳои аслии ин ташкилотҳо бохабар нестем, вале онҳо низ худашонро аз ҳомиён ва пуштибонони тоҷикон ном мебаранд. Баъзеи онҳо ба ғайр аз бад кардани Ҳукумати Тоҷикистон дигар кореро анҷом намедиҳанд. Ҳамватанони мо аз сабаби нодонӣ дар доми ин гуна ташкилотҳо афтода, ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Ман намехоҳам аз онҳо ном барам, зеро умедворам, ки дар оянда онҳо иштибоҳоти худашонро дарк хоҳанд карду мо бо ҳам ҷамъ хоҳем омад. Аслан ҳадафи ташкили ҳамин Иттиҳод низ ба ҳам овардани тамоми ақшори муҳоҷирин дар ин кишвар мебошад.

ҳорун: — Салом ҷаноби Иззат Амон, мехостам назари Шуморо оид ба таъсиси ниҳоди алоҳидаи машғул ба идора ва танзими муҳоҷирати корӣ бифаҳмам. Шумо аз таъсиси чунин як ниҳод пуштибонӣ мекунед? Агар ҳа, чаро, агар не, бо кадом далоил?

— Салом. Назари банда нисбат ба таъсиси ниҳоди алоҳидаи муҳоҷират мусбат аст. Зарурати таъсиси чунин ниҳоди давлатӣ 10 сол қабл пеш омада буд. Бубинед, алъон чандин ниҳоди давлатӣ кумитаҳо ва ё идораҳои кор бо муҳоҷиратро доранд. Вале дар асл ҳеҷ яке аз ин кумитаҳо кори ҷиддие дар самти муҳоҷиратро набурда истодаанд. Дар худи кишвари Русия ниҳоди давлатии Хидмати муҳоҷират (ФМС) танҳо соли 2004 таъсис ёфт. Вале то ҳол барнома ва масъулиятҳояш номаълум мондаанд. Яъне ин ниҳоди давлатӣ танҳо функсияҳои назоратӣ (контролирующий) ва маҳкумкунӣ (наказателный)-ро иҷро менамояд. Дар бораи функсияи аслии ин ниҳод, ки танзимкунӣ (регулирующий) мебошад, аслан фаромӯш кардаанд. Албатта ин гуна кор ба роҳ мондан дасти фасод (коррупция)-ро боз мегардонад. Бинобар ин, вобаста аз он шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон дорем, эҳтиёҷ ба як ниҳоди давлатии кор бо муҳоҷиратро дорем, ки тамоми барнома ва масъулиятҳояш ба таври муназзам рехта шуда бошад. На чанд нафар маошхӯри дигареро гирд овардан, ки аз ҳисоби мардум маош гиранду парвое аз мушкилии мардум надошта бошанд.

— Бештар кадом қишр — ҷавонон ё насли калонсолон муҳоҷири кориянд?

— Имрӯз бадбахтона ҳама гуна қишри муҳоҷири меҳнатиро дар ин кишвар вохӯрдан мумкин аст. Яъне, қаблан агар танҳо ҷавонон ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ меомаданд, имрӯз занҳо ва ҳатто мӯйсафедони солхӯрдаро низ мушоҳида кардан мумкин. Кофист, ки қадаме ба бозорҳои бузурги молу колои Маскав гузоред. Онҷо мӯйсафедони 70-соларо хоҳед дид, ки камарашонро баставу аробаи вазнинро ғалтону хезон барои як пули ночиз кашида истодаанд. Шумораи пирони аз 60-сола боло ба маротиб бештар шуда истодааст. Зеро онҳо медонанд, ки ҳамин пули ночизро низ дар ватанашон наметавонанд пайдо кунанд. Бинобар ҳамин, агар хоҳед, ки шоҳиди набарди маргу зиндагӣ гардед, марҳамат ба бозорҳо ва корхонаҳои Русия. Бисёр лаҳзаҳои риққатовар аст ин саҳнаҳо ва ин дардест, ки бо сухан ва забон гуфтанаш имкон надорад.

ФАРМОНЗОДА: — Шумо ба ҳайси як ҷавони донишманд ва роҳбари «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» ва созмони «Миллат» иллати рафъи камбудиҳои ҷиддии муҳоҷирини тоҷикро дар ФР чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Иллати рафъи камбудиҳои муҳоҷирин дар худи муҳоҷирин мебошад, дӯстам. Зеро қаблан ҳам зикр шуд, ки дар муддати 15-20 соли муҳоҷир доштанамон мутаассифона ҳеҷ як марказе надорем, ки ҷамъ омада, мушкилиҳоямонро ҳал намоем. Кас нахорад пушти ман, Ҷуз сари ангушти ман,- гуфтаанд бузургон ва сафорату консулгарии Тоҷикистон дар Русия низ ба танҳоӣ ин мушкилиро наметавонанд ҳал намоянд. Бубинед, бародари азиз, теъдоди муҳоҷирини корӣ дар Русияро ҳудудан 2 миллион эълон карданд. Аммо 10 нафар коргари сафорат ва 10 нафар коргари консулгарӣ маълум аст, ки ҳеҷ қудрате барои ҳалли масоили ин шумораро надоранд. Намояндагиҳои Тоҷикистон низ аз назари имконот камбудиҳои зиёде доранд. Бинобар ҳамин, роҳи ягонаи илоҷи кор ин ваҳдат асту ҳамкорӣ. Ба умеди ҳеҷ кас нашуда, бояд худамон мушкилиро ҳал намоем.

Муҳаммад: — Шумо ба унвони сиёсатшинос-дипломат равобити хубу ҳасанаи Тоҷикистонро бо ФР чигуна арзёбӣ месозед?

— Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллӣ муносиботашонро давом дода истодаанд. Яъне дар сиёсат ҳеҷ муносиботеро ҳасана, яъне аз барои Худо гуфтан наметавон. Зеро дар ҳар иқдоме манфиате намудор ва ё пинҳон аст. Инро бо забони сиёсӣ «прагматизм» меноманд. Маънояш «ту ба ман — ман ба ту» мебошад. Вале дар умум, муносиботи ин ду кишварро дар ҳоли ҳозир ман қаноатбахш баҳо медиҳам. Зеро муносибот бо мурури замон метавонад тағйир ёбад.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: