Главная > Нилуфари СОБИР > Кӣ пойгоҳи забони тоҷикиро танг мекунад?

Кӣ пойгоҳи забони тоҷикиро танг мекунад?

Тартиб додани як ҷадвали алифбо дар чор сол ё худ нигоҳе ба қафо!

Бино ба гуфтаи шоҳидону дастандаркорон ҳанӯз даҳ сол пеш гурӯҳе аз олимони тоҷик дарк карданд, ки адами алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер боиси ба системаҳои иттилоотии ҷаҳониву муосир шомил нагардидани он шудааст. Яъне алифбои тоҷикӣ стандарти давлатӣ надорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил гурӯҳе аз донишмандони соҳа ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси  миллии кишвар дар мавриди таъйини стандарти давлатӣ барои алифбои тоҷикӣ мактуби расмӣ навиштанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷавоб ба ин мактуб супориш дод, ки фавран масъалаи мазкур аз ҷониби собиқ Вазорати алоқа (имрӯз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия) ва Академияи улуми Тоҷикистон баррасӣ ва лоиҳаи ҳалли он ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шавад. Сипас бо ширкати масъулини АИ Тоҷикистон, масъулини собиқ Вазорати алоқа, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои марбута ҷаласа доир шуд.  Дар ин ҷаласа аз ҷониби Толиби Розӣ, корманди Академияи улуми Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, барноманависи компютер, муаллифи луғати англисӣ-тоҷикӣ дар компютер, муаллифи сомонаҳои  http://www.termcom.tj, http://www.cit.tj ҷадвали ҷобаҷогузории ҳарфҳои миллӣ, ки тибқи он ба ҷойи ҳарфҳои   русии «ц», «щ», «ы», «ь» чор ҳарфи тоҷикӣ  ва дар раддаи болоии сафҳакалид, яъне дар қатори шумораҳо ду ҳарфи боқимондаи  тоҷикӣ гузошта шудааст, пешниҳод шуд.  Аммо ҷаласаи нахустин ба баҳси масъала нуқта нагузошт. Баъдан моҳи майи соли 2004 як гурӯҳи корие иборат аз намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ, ташкилотҳои мухталифи ғайриҳукуматӣ ва донишмандони соҳа ташкил ёфт.  Ин гурӯҳи корӣ дар доираи фаъолияти худ моҳи августи соли 2004 ҷадвали пешниҳодкардаи  Толиби Розиро дар мавриди ҷобаҷогузории ҳарфҳои миллии тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер қабул намуд ва нусхаи онро ба Консорсиюми ҷаҳонии UNICODЕ фиристод. Чаро  маҳз ба ин консорсиюм, чунки ба гуфтаи мусоҳиби мо UNICODЕ консорсиюми ҷаҳонӣ буда, бисёр ширкатҳои тавлидкунандаи барномаҳои компютерӣ, аз ҷумла ширкати  Mikrosoft аъзои он мебошанд. Тамоми стандартҳое, ки консорсиюми мазкур қабул мекунад, ширкатҳои узви он низ ҳамон тағйиротро дар барномаҳои компютерии худ шомил месозанд. Ҳоло ҷадвали алифбои тоҷикӣ дар  UNICODЕ вуҷуд дорад.

 

Баҳс то куҷо расид?

Бо он ки стандарти давлатии  ҷобаҷогузории ҳарфҳои миллии алифбои тоҷикӣ дар Консорсиюми UNICODЕ мавҷуд аст, пас, чаро ин сафҳакалид то ҳол дар истифода нест? Муҳаммадӣ Додуллоев дар посух ба ин суоли мо гуфт, ки ҷадвали алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер аз ҷониби  UNICODЕ танҳо солҳои 2004-2005 қабул шудааст ва бинобар ин барномаҳои компютерии то соли 2005 ҷадвали мазкурро намешиносанд. Танҳо дар барномаҳои компютерие, ки  пас аз соли 2005 фаъол шудаанд, метавон ин ҷадвалро истифода бурд»-афзуд мусоҳиби мо. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Додуллоев барномаҳои аз ҷониби UNICODЕ эътироф шуда, на танҳо ҳарфҳои миллӣ, балки рамзҳои миллӣ, амсоли пули миллӣ ва ҳамчунин тамоми рукнҳои барномаи Windows, шурӯъ аз «пуск» то бобҳои дигари иҷрокунанда монанди «вид», «правка» ва   ғайраро низ бо забони тоҷикӣ мешиносанд. Ҳамчунин дар  барномаҳои компютерии пас аз соли 2004-ум маъмулшуда истифодабарандагон метавонанд роҳат дар бахши интихоби забон алифбои тоҷикиро интихоб намуда, кор кунанд. Ҷаноби Додуллоев мегӯяд, Консорсиюми  UNICODЕ як ташкилоти ҷамъиятиест, ки ҳама гуна стандартҳои алифбоҳои миллии ба он пешниҳодшударо ройгон эътироф ва пахш мекунад. Дар ҳамин ҳол Баҳор Иркаев, номзади илмҳои физикаву риёзӣ, аъзо- корреспонденти  Академияи  инженерони Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси  ширкати «Рушд-Мултимедиа» истеҳсоли маҳз ҳамон сафҳакалиди компютериеро,  ки дар боло зикр кардем, дар яке аз ширкатҳои тавлидотии Чин ба роҳ монда 1000 нусхаи  онро вориди бозори иттилоотии Тоҷикистон намуд. Ба гуфтаи Иркаев  дар сафҳакалид ба ҷойи чор ҳарфи русӣ ва ду аломати раддаи болоии компютер, яъне қатори шумораҳо ҳуруфи миллӣ шудааст.  «Ин сафҳакалид дар барномаҳои Vista, Windows-2007, 2004, 2010, Windows-7,   истифода мешавад ва танҳо барномаҳои мазкур онро мешиносанд, зеро стандарти алифбои миллии мо соли 2004 аз ҷониби  UNICODЕ эътироф шудааст, бинобар ин барномаҳои солҳои қабл аз соли 2004 ин сафҳакалидро намешиносанд. То соли 2004 барномаҳои идорагарии  Windows-95 ва  Windows МЕ, Windows ХР, Windows NT,  Windows-2000 ба бозори иттилоотӣ ворид шуда буданд. Барои ин намуди барномаҳои идорагарӣ драйвери махсусе , ки олимони мо ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия пешниҳод кардаанд, бояд ба компютерҳо насб карда шаванд»- гуфт ҷаноби Иркаев. Ин драйвер ба истифодагарон ройгон пешниҳод мешавад. Ин барномаҳое, ки баъди соли 2004-ум ба истифода даромадаанд, шаклҳои гуногуни ҳуруф дар онҳо вуҷуд доранд. Бинобар ин, шаклҳои ҳуруфе ба монанди Arial Tj, Times New Roman Tj аз истифода бурдан дар коргузорӣ қатъиян бояд манъ шавад. Зеро ба қарори ҳукумат ва ҳамчунин меъёри муайянкардаи UNICODЕ ҷойгиршавии ҳуруфоти миллӣ дар сафҳакалид мувофиқат намекунанд.  Аммо мутаассифона,-мегӯяд Иркаев_-имрӯз дар аксар коргоҳҳо аз навъи пешини ҳуруф, яъне Times New Roman Tj истифода мешавад, ки он аз ҷониби  UNICODЕ асоснок нашудааст. Ба гуфтаи коршиносон вақте аз барномаҳои навини компютерӣ истифода мешавад, мушкили табдили ҳарфҳои миллӣ ба аломатҳои нофаҳмо ба ҳангоми фиристодани нома тариқи хатти Интернет, яъне почтаҳои электронӣ ҳалли худро меёбад.

Акнун, саволе ба миён меояд, ки мақомоти марбутаи кишвар дар ин самт чӣ корҳоеро  анҷом додаанд ё анҷом доданиянд? Ҷиҳати пайдо кардани посух ба ин ва дигар саволҳо роҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати  ҶТ-ро пеш гирифтам. Додихудо Саймиддинов, раиси кумитаи мазкур, ки худро банди таҳриру таҳлили матнҳои ҳамкоронаш вонамуд мекарду гоҳе ҳам лаҳзаҳои тӯлонӣ ба гуфтугӯи телефонӣ машғул мешуд, сӯҳбат бо хабарнигоронро бо баҳонаи серкорӣ ҷоиз надонист. Фақат ду тан аз масъулини Шӯъбаи ташкили ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ- яке Камола Донаева, сармутахассис ва дигаре Шодмон Мансуров сардори шӯъбаи мазкур ба мо Қарори Ҳукумати ҶТ-ро таҳти рақами 330 аз 2-юми августи соли 2004  «дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва  ҷобаҷокунии  алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандарти  UNICODЕ  барои истифодабарии компютерӣ»  дастрас карданд. Дигар аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ на саре буду на садое!

Ташкилотҳои байналмиллалӣ, эълону рекламаҳо ва маҳдудияти забони тоҷикӣ!

Ҷанбаи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронии аксар коршиносону аҳолӣ шудааст, ин пахшу баррасии эълону рекламаҳои ташкилотҳои байналмиллаливу хориҷӣ тавассути ВАО мебошад, ки аксар вақт бо забонҳои русиву англисӣ ҷараён мегирад. Барои мисол, танҳо нашрияи «Азия плюс»-ро! (ҳоло сарфи назар кунем нашрияҳои русизабони «Рекламная газета», «Дайджест-пресс», «Бизнес и политика » ва ғайраро) бигирем. Таври маълум, қариб дар ҳар шумораи ин нашрия дастикам се-чор саҳифа эълону рекламаҳои ташкилотҳои байнамиллалӣ бо забонҳои русиву англисӣ баррасӣ мешаванд.  Ин дар ҳолест, ки аз рӯи омори расмӣ 60%, вале ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон тақрибан 70%-и аҳолии кишварро мардуми тоҷик ташкил мекунаду забони давлатӣ ҳам тоҷикист. Бар замми ин, на ҳамаи мардум забонҳои русӣ ва бахусус англисиро медонанду мефаҳманд. «Азия плюс» як расонаи русизабон мебошад ва табиист, ки хонандагони он ҳам аксар нафароне мебошанд, ки забони русиро хуб медонанд ё аслан мардуми ғайритоҷиканд.  Акнун суоли матраҳ ин аст, ки дар Тоҷикистон ташкилотҳои байналмиллаливу хориҷӣ эълону рекламаҳои худро барои кӣ пахш мекунанд? Чун забони давлатӣ тоҷикист ва қисми асосии аҳолӣ низ тоҷикзабононанд. Ин дар ҳолест, ки аксари барномаҳои ин ташкилотҳо барои минтақаҳои кӯҳистони кишвар пешниҳод мешаванд.

Акнун таваҷҷӯҳ мекунем, ки қонун дар ин маврид чӣ мегӯяд? Чанд сол пеш Гулназар Келдӣ шоири халқии Тоҷикистон, собиқ узви Парлумони кишвар ба Парлумон лоиҳа ё таҳрири нави Қонун «дар бораи реклама»-ро пешниҳод карда буд, ки тибқи он мебоист рекламаҳо бояд бо забони давлатӣ баррасӣ мешуданд. Худи Гулназар дар ин иртибот чунин мегӯяд: «худи Қонуни ҶТ  «дар бораи реклама»  солҳом 90-ум қабул шуда буд. Дар матни қадимии қонун дар бораи реклама ҳам омада буд, ки реклама бояд бо забони давлатӣ бошад, аммо ин дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ шуда буд. Ман дар шакли банди алоҳида пешниҳод карда будам, ки реклама бояд бо забони тоҷикӣ бошад ва дар муносибат бо матни тоҷикӣ реклама бо забонҳои дигар хеле хурдтар баррасӣ шавад. Дар бораи тавассути радиову телевизион пахш шудани реклама бошад, мӯҳлат ва лаҳзаҳои қатъ шудани барномаҳову пахши реклама низ дар таҳрири пешниҳодкардаи ман хеле рӯшан гуфта шуда буд. Яъне ҳамааш бояд  ба тартиби муайян ва қоидаҳои муайян бошад. Азбаски қонунҳои марбутаи мо аз дигар қонунҳои байналмиллаливу хориҷӣ гирифта шудааст, на ҳамеша расму оини мо ба назар гирифта шудааст. Акнун ки замон дигар шуду бахусус Қонуни ҶТ «дар бораи забони давлатӣ» ба тасвиб расид, мебоист пахшу баррасии  реклама низ тағйир ёбад ва қонуни он ҳам таҷдид шавад». Аммо дар мавриди баррасии эълону рекламаҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ тавассути нашрияҳои русзабон бо забонҳои русиву англисӣ ҷаноби Гулназар гуфт: «Сабаби асосӣ ин аст, ки нашрияҳои русӣ тиражи зиёд доранду бештар ба мардум дастрас мешаванд. Аммо ба ҳар сурат, нашрияҳои тоҷикӣ ҳам набояд сарфи назар шаванд, зеро хонандагони онҳо низ кам нестанд, бахусус аз ҳисоби аҳолии навоҳии дурдасти кишвар. Дар ҳамон лоиҳаи қонуне, ки дар мавриди пахши реклама  ман пешниҳод карда будам, баррасии реклама бо забонҳои хориҷӣ танҳо 30% иҷозат дода мешаваду халос. Аммо, мутаассифона, шумо мебинед, ки рекламаҳо дар нашрияҳои кишвар бо забони ғайр 100% пахш мешавад. Ин амал ғайриқонунист ва ана ҳамин чизҳо бояд зери назорат буда, аз рӯи қонун ислоҳ карда шавад. Назорати ин корҳо бар дӯши Кумитаи забон ва ислтилоҳот назди ҳукумати ЧТ мебошад». Аммо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ  дар ин маврид хомӯш аст. Албатта, ба гуфтаи баъзе масъулин кумитаи мазкур ҳоло навтаъсис буда, ба якборагӣ аз ӯҳдаи тамоми вазифаҳояш намебарояд. Вале ҷаноби Саймиддинов қаблан ҳам узви Парлумон буданду аз чӣ бошад, ки дар ин бора ҳеҷ садое ҳам баланд накарданд. Шояд бахшидани ҳарфи «ӯ» ба мардуми ӯзбек барои эшон осонтар буд, ки мақоми забони давлатиро дар ҳузури ташкилотҳои байналмиллалӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ супурданд!

Бо таваҷҷӯҳ ба ин гуна муносибати  ташкилотҳои байналмиллалӣ ва мақомоти давлатии марбутаи Тоҷикистон ба забони давлатӣ, ки аксарашон ҳаммилатони мо мебошанд, саволе ба миён меояд: «Кӣ пойгоҳи забони тоҷикиро дар ҷаҳони иттилоъ танг мекунад?

Ҷавоби ягона ин аст:

-Худи мо!

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: