Главная > Uncategorized > Муроҷиатнома

Муроҷиатнома

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  як гурӯҳ маҳкумшудагон

Мо, як гурӯҳ маҳкумшудагон аз гуфтаҳои Шумо бениҳоят хурсандем ва аз талошҳои шабонарӯзиатон дар роҳи беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ва тинҷу ором будани Тоҷикистони азиз ҷонибдорӣ менамоем ва ба маънои том имрӯз мардуми кишвар дар симои Шумо роҳбарeро мебинанд, ки ғамхору халқпарвар аст. Маҳз ҳамин ғамхорӣ ва дилсӯзии Шумо моро умедвор кард, ки ба Шумо муроҷиат намоем.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Шумо дар паёми худ ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олӣ таъкид карда будед, ки «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад».

Мо низ чунин меҳисобем ва ҳоло низ умед дорем, ки дастуру супоришҳои Шумо иҷро мешаванд. Акнун ҳамаи умеди мо аввал ба Худо баъд ба Шумост. Мо ба Шумо боварӣ дорем, чунки Шумо дар ҳар вохӯрӣ ва ҷаласаҳо таъкид мекунед, ки роҳбарон, асосан роҳбарони мақомотҳои прокуратура, судяҳо, ВКД-ро, ки онҳо бояд дасту дили пок дошта бошанд, вале афсӯс, ки ин тавр нест.

Ҳамчунин гуфта будед:

« Зарур аст, ки раванди такмили заминаҳои ҳуқуқӣ бо дар назардошти рушди ҷомеа идома дода шавад».

Аз ин рӯ, қабул ва такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки аз тарафи Маҷлиси Намояндагон аз 16-уми июни соли 2010 №114 ва Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2010 №47 қабул гардида, ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ба мақсад мувофиқ аст. Лекин бо сабабҳои ба мо номаълум, ин қонуни қабулгардида тамоман иҷро нашуда истодааст. Намедонем, судяҳо ҳангоми татбиқи қонун чашмонашонро мепӯшида бошанд?

Маъзарат мехоҳем, лекин системаи судӣ монанди бозор гардидааст. Ягон маротиба  судҳо  худро ба суди виҷдонашон ҳавола карда бошанд?! Аз дасташон чӣ қадар одамон дар маҳбасанд, чӣ қадар бехона, чӣ қадар сарсону саргардон…

Аксарияти ҷиноятҳои ба иқтисодиёт вобаста аз маҷмӯъи ҷиноятҳо иборат мебошад. Масалан: моддаҳои 245, 340, 247, 340-и Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ кор карданашонро на  сардори муассиса ва на судҳо медонанд. Бисёре аз маҳкумшудагон бошанд бо як модда аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, онҳо ҳам сару калобаи худро гум намудаанд, солҳои тӯлонӣ дар маҳбасанд, дар он ҷо  аз  куҷо  пул меёбанд, ки онҳо аз мо пул талаб мекунанд, ба озодӣ бароем ва талофӣ намоем.

Мо, имрӯз фақат ба Шумо умед дорем ва ба сад зориву тавалло  аз Шумо Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунем, ки ин парвандаҳои ҷиноятии моро таҳти назорати қатъии худ гирифта, талаб намоед, ки ба  ахбори дақиқ ва беғараз пешниҳод кунанд ва парвандаҳои ҷиноятиро дар марҳилаи судӣ аз рӯйи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ғарази сохторҳои дахлдор дида баромада, адолатро барқарор намоед.

Дар қонуни қабулгардида қайд шудааст, ки зарари расонидашударо ғайри маҳкумшуда шахси дигар ҳуқуқ надорад, ки талофӣ намояд, барои он ки волоияти қонун поймол мегардад, вале дар маҳбасхона будани маҳкумшуда чӣ тавр ӯ маблағро талофӣ менамояд. Ба ин ҷиҳат каме ҳам бошад бояд фикр кард, ки дар ин давом бисёри аз маҳкумшудагон аз молу мулкашон мондаанд ва хонаҳояшон хароб гаштаанд ва ягона ба озодӣ бароянду кор карда маблағро талофӣ намоянд. Қонуни қабулгардида, танҳо бояд ба манфиати халқ бошад, чунки такягоҳи давлат ин халқ аст.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо, маҳкумшудагон Шуморо ҳамчун сарвари адолатпарвар ва ҳақиқатҷӯ эътирофу эҳтиром намуда, бо итминон боварӣ дорем, ки мушкили ба сари мо омадаро осон менамоед.

Гурӯҳи  маҳкумшудагони

муассисаи ислоҳии я/с  3/4  РКИ ВА ҶТ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: