Главная > Uncategorized > Қалам ё алам?

Қалам ё алам?

Дирӯз навиштаҳои журналистонро ИҒВОГАР номиданд, имрӯз ТАРҒИБГАРИ

ТЕРРОРИЗМ эълон карданд, фардо чӣ? Маҳкум ба марг?

Сураи «Қалам» ва тӯҳмат намудани қаламкашон

Сураи «Қалам» яке аз сураҳои аввали нозилшудаи Қуръон аст… ва савганд ба қалам хӯрдани Аллоҳтаъоло рӯшан сохтани эътибору мартабаи баланди қалам аст пеши худованд ва аз ин дарс гирифтан аст.

Яъне, савганд чунин омадааст: нун вал қалами ва мо ястурун: Қасам ба қалам (-и аъло) ва бо он чи менависанд (фариштагон)

Вале халқи қалам ва «нун», (ки худо донотараст дар маънии он) ва забон, ки бародари қалам аст барои ифодаи мақсад бо хат ин як фазлу марҳамати илоҳист, ки инсонро аз миёни махлуқоташ имтиёз дод то ҳарф бизанад ва қаламу давот дод то фикрашро навишта бисозад.

(Ояи якуми сураи қалам, 29 пораи таборак, «Тафсири осонбаён»)

Бояд ёдрас шуд, ки ин сура се мавзӯи асосиро ёдрас ва рӯшан мегардонад, ки яке аз онҳо қадру қимати пайғамбарон ва пок будани онҳо аз айбҳое, ки мушрикон ба онҳо мебастанд ва соҳиби ахлоқи олӣ будани пайғамбарон таъкид мешавад.

Яъне, дар замони пайғамбарон ҳам бо вуҷуди он ки фиристодаи Худо буданд ва аз рӯйи ончи ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, амал мекарданд, нисбаташон тӯҳмату истеҳзо намуда, ба қатл маҳкум мекарданд.

Пас, ба бандаҳои хокиаш тӯҳмат бастан чӣ душворие дорад? Дирӯз навиштаҳои журналистонро ИҒВОГАРОНА номиданд, имрӯз ТАРҒИБГАРИ ТЕРРОРИЗМ эълон карданд, фардо чӣ? Маҳкум ба марг?

Вазорати мудофиа террористонро аз миёни журналистон меҷӯяд

Муддати даҳ рӯз мешавад, ки Вазорати мудофиаи кишвар вазифаи аввалиндараҷаи худро фаромӯш карда, ки бо журналистон ҷанги қаламу қоғазро сар кардааст. Ё тавре худи ҷаноби вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев  гуфтааст: «Агар муколама бо террористонро талаб доред, ин ғайри қобили қабул аст».

Шояд ҳамин ғайриқобили қабул будан аст, ки акнун мехоҳед журналистонро террорист эълон карда, пушти панҷара шинонед?

Бояд ёдрас шуд, ки дар як барномаи телевизионӣ тӯҳмат намудани журналистони мустақил басанда набуда, ин маротиба худи вазири мудофиа бо шеваи хеле тунду сахт матбуоти мустақилро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам  намудааст. Дар ҷои дигари ин изҳорот омадааст, ки «аксарияти рӯзномаҳои мустақили Тоҷикистон ҳодисаҳои Камаробро якҷониба инъикос карда ва ҳатто “қотилонро мазлум нишон додаанд».

Магар мӯҳтарам вазири мудофиа исбот карда метавонад, ки ИҒВОГАР кисту ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ чист? Оё баъди навиштани мақолаҳои журналистон мардум силоҳ гирифта сӯи мақомот шитофтанд то ин ки «иғво» барангехта бошанд? Ё ин ки терроризм «тарғиб» гардида, гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби халқ бешумор шуданд?

Шуморо мӯҳтарам вазири мудофиа намедонам, аммо боварӣ дорам, ки ҳамагон ба ин андешаҳо розианд.

Ҳамчунин, тибқи қонунгузории ҷорӣ ҳамон тавре, ки кушторро ташхиси судӣ-тиббӣ муайян мекунад, ҳар як калимаву ҷумлаи журналистро ҳам мутахассис ва олиму профессорони забоншинос аниқ карда метавонанд.

На он тавре, ки худатон хулосабарорӣ намудаву дар номаатон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаастед то, ”ба изҳороти сиёсии сиёсатмадорон ва мақолаҳои рӯзноманигорон баҳои ҳуқуқӣ дода ва дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд”.

Сабаби бархӯрди журналистон ва Вазорати мудофиа

Тавре дар боло аз сураи «Қалам» ва пайғамбарон ёдовар шудем, Худованд қаламро барои он ато фармуда то инсоният фикрашро навишта бисозад.

Имрӯз низ журналистонро барои навишатҳояшон, барои он ки қалам дар даст доранд, барои он ки фикрашонро ва дарду доғи ҷомеаро мегӯянд, ба терроризм тӯҳмат карданд.

Яъне, аксари ҳафтаномаҳои мустақили кишвар ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба мошини ҳомили сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камароби водии Раштро, ки 28 кас кушта шуд, баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, дар онҳо масъулони ниҳодҳои қудратӣ барои пахш накардани иттиллои дақиқ дар бораи гурӯҳи мусаллаҳ, истифодаи сарбозони бетаҷриба дар ҷанги зидди ин гурӯҳҳо ва ба аёдати сарбозони маҷрӯҳ ва хонаводаи қурбониён нарафтани роҳбарияти вазорати мудофиа танқид шуда буданд.

Ва маҳз баъди мақолаҳои онҳо вазири мудофиа тасмим гирифт ба дидорбинии сарбозони маҷрӯҳ ба беморхона раваду баъзеи роҳбарияти дигар аз хонаводаи аксар кушташудагон дидан кунанд.

Нафаре хуб гуфтааст: «беҳтарин ҳимоя-ин ҳуҷум кардан аст». Акнун дар заминаи воқеаҳои Рашт масъулин шояд қасди «захмҳои кӯхна»-ашонро ҳам гирифтаниад? Зеро аз камбудиҳои ин соҳа қариб ҳама нашрияҳои мустақил ошкорро гуфтанд. Вагарна ҳуҷуми якбораи вазири мудофиа алайҳи журналистону нашрияҳои мустақид чи маънӣ дорад? Агар камбудиатонро дидан наметавонед, агар ҳақиқат ба чашматон чун хор мехалад, пас давлатро ТОТАЛИТАРӣ эълон карда, фаъолияти тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ВАО-и мустақилро бандед! Ку бубинем, кишварҳои сармоягузору донорҳо минбаъд бо Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳанд. Зеро ба қавли коршиносон, ВАО-и мустақил – ин овози халқ асту муҳофиз ва пуштибони демократрия мебошад.

Ё ҷои дигар вазири мудофиа худсафедкунӣ карда чунин гуфтаст: «Оё рӯзноманигорони мӯҳтарами мо андеша намекунанд, ки пуштибонӣ аз террористон худ мусоидат ба терроризм аст ва дастгирӣ аз терроризм худ ҷинояти сангин аст. Агар чунин набошад, пас чаро ин ҳодисаи даҳшатоварро яктарафа инъикос мекунанд? Аз хатою камбудиҳои Вазорати мудофиа ва фармондеҳони он, сарбозон ба гунае, ки худ гӯё коршиносону мутахассисони аршади улуми ҳарбу зарб бошанд, муфассал ёдовар шуда, боре ҳам напурсиданд, ки асосан кӣ ба чунин амали нангин даст зад, чаро, бо амри кадом худобехабар?»
Хуб! Агар мӯҳтарам вазири мудофиа мутахассис бошад, оё медонад, ки вақте аскарон дар мавқеи ҷангӣ қарор доранд, махсусан дар муҳориба бо террористон ҳастанд, ҳангоми ҳаракат бо мошинҳои ҳарбии пури афсарон аз як ҷой ба ҷойи дигар хоҳ як мошин бошад, хоҳ даҳто, бояд онҳоро мошинҳои зиреҳпӯш, аз ҷумла БТР ё БМП ва дар ҳаво чархбол ҳамроҳӣ кунанд. Агар ҳамин кор мешуд, бовар дорам ин қадар талафоти ҷонӣ ба вуқӯъ намеомад.

Ҳамчунин, камбудии дигари Вазорати мудофиа дар ин амалиёт дар он буд, ки разведкаи вазорат ё кор намекард ё ин ки бемасъулиятӣ кардааст. Вагарна чи гуна террористон дар баландӣ ҷойгир ва омадани корвони мошинҳоро интизор мешаванду пункти фармоишӣ (командный пункт КП) бо боварӣ афсаронро аз як ҷо ба ҷои дигар мефиристанд?

Ё, боз ҳам дар ҷавоб ба ин саволҳо ҷаноби вазир ҳимояи террористонро  баҳона карда, журналистонро гунаҳгор месозад?!

Заминаҳои баст шудани нашрияҳои мустақил

Чунин ба назар мерасад, ки ҳама мақомоту идораҳои давлатӣ забон як кардаву дар пайи фишор овардани ВАО-и озод шудааст. Аз ҷумла, сар аз 29-уми сентябр  дастрасӣ ба чанд сомонаҳои хабарӣ маҳдуд шудааст. Яке аз онҳо оҷонсиҳои иттилоотии «Авеста» ва «Сентразиа.ру» мебошанд, ки айни ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон аз онҳо истифода карда намешавад. Чуноне сабаби инро Зафар Абдуллоев, сардабири сомонаи «Авеста» рӯзи 4-уми октябр зимни як шинасти хабарӣ гуфт, ки маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин сомона шояд посух ба матлабҳои интиқодиест, ки дар ин авохир дар «Авеста» нашр шудааст. Зеро ба қавли ӯ як-ду моҳи ахир сиёсати иттилоотии онҳо тағйир хӯрда, лаҳну шеваи матлабҳояшон шадидтар шуд.

Ғайр аз ин, имрӯзҳо аз кумитаи андоз сар карда то дигар ниҳодҳои молиётиву  назоратӣ ҳамагӣ ба тафтишу кофтукови чопхонаҳову нашрияҳо шудааст. Пас аз барномаи телевизионие, ки маркази матбуоти вазорати мудофиа тариқи ҳама шабакаҳои телевизионӣ пахш намуда буд, маркази матбуоти кумитаи андоз низ аз ин «сабак»-и Фаридун Маҳмадалиев ёд гирифтаву тафтиши кумитаро такрор ба такрор пахш намуданд. Акнун бояд интизор шуд, ки фардо идораҳои комуналӣ низ чунин барнома таҳия намудаву чанд маротиба ахлот партофтану чанд маротиба об гирифтӣ ва ё чанд бор т… рафтани жуналистонро ба мардум намоиш медиҳанд.

Дарвоқеъ, ТАРҒИБГАРУ ИҒВОАНГЕЗ ин гуна барномаҳоро метавон гуфт. Вагарна, ҳарчанд барандаи ин барнома тафтишро “бе ғаразу тибқи нақша” унвон кард, вале дар охир ваъда дод, ки чунин қонуншиканиву камбудиҳоро дар нашрияҳо гузаронида, дар барномаҳои оянда пешкаши тамошобинон мекунанд.

Савганд ба номи қалам

Савганд ба қалам ишора ба эътибори баланди қалам, матни  Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва аҳли қалам, яъне нависандагон аст.

(ояи якуми сураи қалам, 29 пораи таборак, «Тафсири осонбаён»)

Ва бузургии шумо журналистон дар он аст, ки қалам дар даст доред ва худованд бароятон истифодаи ин неъматашро арзонӣ доштааст. Аз ин рӯ, аз ҳеҷ гуна тӯҳмату таҳқир набояд рӯҳафтода шуд, ки Худованд бо шумост ва ҳақиқату адолат як рӯз ҳатман рӯи об мебарояд, ки кӣ ИҒВО БАРАНГЕХТАВУ Кӣ ДАР ҲАҚҚИ Кӣ ТӯҲМАТ КАРДААСТ. Ва агар дунё чархи гардон намебуд, имрӯз зиёд прокурророн, генералон, палковникҳо ва ғайра, ки борҳо бо журналистон чунин бархӯрд доштанд, аз вазифа сабукдӯш шудаву пушти панҷара набуданд…

Дилором Раҷабова

Оё вокуниши манфӣ гирифтани изҳороти рӯзноманигорон баҳсро ҷиддитар намекунад?

Абдулфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон ва ВАО дар НАНСМИТ

— Ба фикри ман Вазорати дифоъ бо вокунишаш аз худ дифоъ кард. Ва албатта баҳс метавонад дар ҷомеа баъди нашри рӯзномаҳо равшантар шавад. Дар ин масъала рӯзноманигорон посухҳое дода метавонанд.

Ман фикр мекунам, ки ин масъаларо байни ҳамдигар ҳал мекарданд хуб мешуд. На ин ки ба якдигар дармеафтоданд.

Мухтор Боқизода,раиси Хазинаи гиромидошти рӯзноманигорони Тоҷикистон

— Ман пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки расонаҳо дар бораи ҳақиқат, дар бораи бедодгариҳо, дар бораи камбудиҳо сухан мегӯянд. Ин ё он мақомот, сар карда аз Вазорати дифоъ кӯшиш мекунанд, ки камбудиҳои худашонро сари ВАО бор карда, бо ҳар васила мехоҳанд ба рафти фаъолияти касбии журналистон монеаҳо эҷод намоянд, ки ин хилофи моддаи 162-и кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ман гумон мекунам, агар чунин рафтор аз ҷониби Вазорати дифоъ идома ёбад, бешубҳа вазъият то рафт тира шуда, боиси як қатор нофаҳмиҳо дар байни ҷомеа мегардад. Бубинед, ки дар тӯли як моҳи охир чӣ Кумитаи амният, чӣ Вазорати корҳои дохила ва чӣ Вазорати дифоъ нишон доданд, ки онҳо натавонистаанд боварии мардуми кишварро нисбати худ зиёд кунанд. Ин се вазорати бисёр ҳам пурқуввате, ки пояи устувории давлатанд, имрӯз аз ӯҳдаи таъмини амнияти мардум баромада натавониста истодаанд.

Искандари Фирӯз, рӯзноманигор-таҳлилгар

Воқеан, барои бори нахуст аст, ки як вазири давлати Тоҷикистон бо чунин иттиҳом алайҳи хабарнигорон вокуниш мекунад. Фикр мекунам, ин вокуниш бояд аз сӯйи коршиносони ҳуқуқ ва аслан додситонӣ матраҳ шавад. Зеро, вазир алайҳи хабарнигорон иттиҳомоте ворид кардааст, ки агар онҳо воқеъият дошта бошанд, пас журналистон бояд муҷозот шаванд. Агар не, пас мӯҳтарам женерол бояд дар назди додгоҳ ба ин иттиҳоми худ посух гӯяд. Зеро, чунин иттиҳом воқеън хеле ҷиддӣ аст ва ҳалли онҳо бидуни додгоҳ ғайримумкин мебошад. Ҳамзамон иттиҳоми монанд, алайҳи ҳизбҳои сиёсӣ низ ироа шудааст. Ман намедонам, шояд ҷаноби вазир дар пайи амалиёти Рашт мехоҳад вориди ҷанг бо хабарнигорону аҳзоби сиёсӣ шавад? Дуруст аст, ки низомиён аз матолиби расонаҳои хусусӣ ранҷидаанд, вале дар ҳеҷ яке аз онҳо ман мавриди таҳқиру чунин итиҳомпоширо надидаам. Вале ҷаноби вазир иттиҳомотеро матраҳ кардаанд, ки гӯё ҳамаи мо ҷонибдорони террористҳо ҳастему танҳо онҳо алайҳи ин нерӯ меҷангида бошанд. Фикр мекунам, созмонҳои хабарнигорӣ бояд дастҷамъона аз ин баёнияи вазир ба додгоҳ шикоят бубаранд ва таҳқиқи қонунии ин қазияро тақозо кунанд.

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: