Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Издивоҷи зудҳангом, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бемориҳост

Издивоҷи зудҳангом, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бемориҳост

Мушкилоти гирифтории вируси масъунияти одам (СПИД) ҷомеашиносони ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз ҷомеашиносон хатари онро эҳсос карда назар доранд, ки шояд ин беморӣ мавҷуд будани инсониятро дар оянда зери суол барад. Ба ин хотир сӯҳбате оростем бо ҷомеашинос ва муҳаққиқи улуми фалсафӣ ва динӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ  доир ба ин намуди беморӣ:

— СПИД, ки вожаест русӣ (синдром приобретённого иммунного дефицита) бемориест, ки вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) онро падид меоварад. Инак, тибқи омор, ҳама рӯза дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба ин вабо гирифтор мешаванд. То имрӯз наздик ба 60 миллион адад ба ин касалӣ мубтало шуда ва 20 миллиони онон бар асари он дунёро тарк гуфтаанд.

Бар асоси омори расмӣ, имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёда аз 2000 нафар мубтало ба ин вабо шудаанд. Дар робита бо авомили сирояти ин вабо, пизишкон бар онанд, ки асосан се роҳ аст, ки ба воситаи онҳо ин касалӣ ба дигарӣ сироят мекунад:

1. Аз тариқи омезиши ҷинсӣ, ки бештар касоне гирифтор мешаванд, ки аз роҳҳои ғайри оддӣ ба омезиши ҷинсӣ мепардозанд, мисли гомосексуалистҳо ва ё биосексуалистон ва аз ин қабил афрод;

2. Аз тариқи хун, масалан ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамйизнашуда, ки бештар муътодону нашъамандон аз ин тариқ гирифтор мешаванд;

4. Занҳое, ки ба ин беморӣ мубтало мебошанд, ҳангоми ҳомила ё таваллуд ва ё ҳатто ширдиҳӣ, беморияшон ба кӯдакони онҳо сироят мекунад.

Аз миёни авомили номбурда, он чи бештар ба унвони омили сирояти ин вабо ва густариши рӯзафзуни он қаламдод мешавад, ин инҳирофи ҷинсист.

Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ривояте мефармоянд: “Ҳаргиз инҳирофи ҷинсӣ густариш пайдо намекунад ва дар миёни мардум шойеъ намешавад магар ин ки иддае дар он зиёдаравӣ кунанд. Дар ин сурат, ба бемориҳое мубтало хоҳанд шуд, ки дар миёни гузаштагони онон набудааст”.

Ҳамчунин он ҷаноб фармудаанд: “Ҳангоме ки зино байни иддае хосс шуюъ пайдо кунад, маргу мири миёни онҳо зиёд хоҳад шуд”.

Оре, бо нигоҳе ба оморе, ки дар садри гуфтугӯ ба он ишора шуд, метавон дурустии ин ҳадиси набавиро дарёфт. Он чи бояд дар ин замина ёдовар шуд ин аст, ки бисёре аз барномаҳои телевизионӣ, ба вижа барномаҳое, ки дар шабакаҳои кишварҳои ба истилоҳ “пешрафта”-и ғарбӣ пахш мешавад, дар густариши фарҳанги лоқайдии ҷинсӣ ва дар натиҷа шуюи ин вабои қарни ҷадид саҳмгузоранд. Дар ин кишварҳо мутаассифона қавонин ба гунае вазъ шудаанд, ки аз афрод ва ниҳодҳои мураввиҷи фарҳанги лоқайдии ҷинсӣ, ҳимоят мешавад. Мутолеаҳо нишон медиҳад, ки мушоҳидаи саҳнаҳои сексӣ ва ҷинсӣ дар пойгоҳҳои интернетӣ зиёд шудааст. Имрӯза 230 миллион сафҳа; яъне 7 дар сад аз сафаҳоти интернетиро пойгоҳҳои инҳирофӣ ба худ ихтисос додаанд.

Некӯтарин роҳи пешгирӣ аз густариши ин вабо

Мутаассифона, ҳанӯз башар доруе барои давои ин беморӣ дуруст накардааст. Аммо, чунон ки мегӯянд, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз як беморӣ, ин беҳдошт аст, аз ин рӯ, лозим медонам ин ҷо ба роҳе, ки ислом барои пешгирӣ аз густариши вабои ёдшуда пешкаш кардааст ва ба назари камина беҳтарин ва некӯтарин роҳи ҷилвагирӣ мебошад, ишора намоям.

Худованд дар Қуръон мефармояд: “Мӯъминонро бигӯ, ки дидагони хешро фурӯ доранд ва шармгоҳҳои худро (ба пӯшидани онҳо ва аз дид дигарон) нигоҳ доранд. Ин барои онон покизатар аст, ки Худо ба корҳое, ки мекунанд огоҳ аст” (Нур/30).

Бинобар ин, мардону занон бояд нигоҳи хешро зери назорат гиранд ва дар ҳангоми нигоҳ кардан, беҳтар аст нигоҳашон рӯ ба пойин бошад. Бархе бо шунидани ин матлаб, шояд бигӯянд, магар нигоҳ кардан чӣ таъсире дорад? Аммо камина барои исботи ин матлаб, мутолеаеро пешкаши хонандаи гиромӣ мекунам, то худ доварӣ намояд:

Тибқи мутолеоти пизишкон, ҳангоми нигоҳи мард ба зан (албатта ба қасди шаҳват), миқдори ҳормонҳои ҷинсӣ афзоиш ва захира мешавад ва он гоҳ тамойул ба ирзои ҷинсӣ зиёд мегардад, системҳои асабӣ таҳрик ва теъдоди заработи қалб зиёд мешавад ва ба хотири catecholamine (катехоламины) фишори зиёде ба қалб меояд. Афзоиши ин ҳормонҳо мунҷар ба илтиҳоби ғуддаи трийоид (щитовидная железа) мешавад ва зарарҳои дигарро бо худ ба ҳамроҳ меоварад. Омор нишон медиҳад:

а) 40% ин афрод аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд, (ҳатто касоне ки аз ҳамсаронии худ ҷудо намешаванд, бо занони дигар зино мекунанд.);

б) 50% онҳо аз мушкилоти молӣ ранҷ мебаранд;

в) 27% то 40% кори худро аз даст медиҳанд;

г) Ин кор мунҷар ба заъфи ҷинсӣ мешавад. (Мутолеот нишон медиҳанд, мушоҳидаи тасовири таҳриккунанда ба муддати се рӯзи паёпай, мунҷар ба коҳиши тавоноии ҷинсӣ дар рӯзи сеюм дар муқойиса бо рӯзи аввал мешавад);

д) Тағйироти ҳормонӣ, ки ба думболи таҳрики ҷинсӣ эҷод мешавад, дар сурате ки ирзо нашавад, мунҷар ба таъсироти бад дар бадан мешавад;

е) Дар сади зиёди ин афрод, дучори мушкилоти равонӣ мешаванд ва ҳаргиз аз як оромиши руҳӣ ва равонӣ бархӯрдор нестанд.

Занон низ бояд нигоҳи хешро таҳти назорат гиранд ва набояд ба қасди лаззат бурдан ба мардон нигоҳ кунанд. Ривояте дар мавриди Паёмбар (с) аст, ки дар канори ҳамсари худ нишаста буданд ва шахси нобиное ба ҳузури эшон омад. Паёмбар (с) аз ҳамсари худ хост, ки ба утоқи дигаре бираванд. Ҳамсари эшон пурсид, чаро? Ӯ, ки нобиност? Паёмбар (с) ба ӯ фармуданд: Ту, ки нобино намебошӣ.

Албатта, ногуфта ҳам намонад, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Касе ки нигоҳи худро контрол кунад, дар қалби тарафи муқобил маҳбуб мешавад”.

Ин ки камина ин ҷо роҷеъ ба нигоҳ андаке баҳсро файсала додам, бад-ин ҷиҳат аст, ки ҳамаи мусибат аз ҳамин нигоҳ карданҳо ношӣ мешавад. Агар мо нигоҳи худро таҳти назорат гирем, ва ҷавонони мо дар ин замина хештандор бошанд; на ба занони номаҳрам нигоҳ афкананд ва на ба манзараҳои таҳриккунанда (аз қабили филмҳои сексӣ ва ё аксҳои инҳирофӣ), дар он сурат ба фикри анҷоми амали ҷинсӣ ҳам нахоҳанд рафт, балки ба корҳои дигар ва муфид андармон хоҳанд шуд ва дар натиҷа гирифторӣ ба анвои маризиҳои ҷинсӣ, аз ҷумла ҳамин СПИД, аз ҷомеа рахт хоҳад баст.

Албатта ногуфта намонад, ки ҷавон, чӣ писар ва чӣ духтар, ҳамин ки ба синни булуғу рашодат расид, бояд издивоҷ кунад, албатта бо касе ки ӯро дӯсташ дорад. Издивоҷи зудҳангом, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз кашида шудан ба инҳироф аст. Ҳамчунин, издивоҷ бо касе ки дӯст медорад низ худ роҳе дигар барои ҷилвгирӣ аз ба доми инҳироф афтодан аст, зеро вақте духтар ва ё писар бо касе ки ӯро дӯст надорад издивоҷ мекунад, барои ирзои шаҳват, чи басо ночор ба доми зино бо дигарон афтад.

Мехостам андаке перомуни нашъамандӣ ва эътиёд низ сӯҳбат кунам, ки он ҳам тариқи дигари сирояти СПИД аст, аммо чун вақт иҷозат намедиҳад, ин баҳсро бигузорем барои як вақти дигар.

Таҳияи Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

 

  1. Октябрь 23, 2010 в 3:52 дп

    Вабои аср

    Ин вабои аср гуи чун камон,
    Мекашонад иддаеро бенишон.
    Ахли инсони зи беномусихо,
    Бурда гоми хеш суи ломакон.

    Иддае аз маьнавият дур шуд,
    Дидаи ахлок хам бенур шуд.
    Умри инсони бубин аз ин вабо,
    Бо фасоду фиску дахшат чур шуд.

    Иддае аз ин бало гум карда рох,
    Иддаеро зиндагони шуд табох,
    Дур шуд инсоният аз хештан,
    Аз чунин гумгаштахо ё раб панох.

    Эй чавони хуфтадил бедор шав,
    Масти дунёи хавас, хушёр шав.
    Андар ин дунёи фиску фосики
    Бомухаббат , бохирад боор шав.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: