Главная > Акаи Ҷалил > Занаки ришдор

Занаки ришдор

Додарҳои ширин, дар қадамҳотон садқа, қиссаҳои акатона гӯш мекунеду мумкин таҳти дил меген, ки «ин акамон хуб одами таърифӣ будаст, акаи Сталин қатӣ гаштагӣ, калонҳо ҳама наздаш дастҳо пеши бар, носа пеш мекашид, пӯшока пешша мепӯшид, зину банди аспша боз чанд аспи дигар мегирифтан, лекин ҳич намега, ки ягон бор аз ягон кас тарсида будам ё не». Ба Худо, агар акатон ҳам дар ҷойи шумо мешуд, ҳамин хел фикр мекард.

Дина, дар ҳамин ҳамсоягимон як Махсум-урус дорем, мӯйи сараш пахол ворӣ, аз зардии сарша ҳамин хел кличкаш доданд, айбу шарма надониста, мега, ки «акаи Ҷалил, рост аст, ки дар ҷанг аз Гитлер тарсидиву ӯра рукаверх накардӣ?»

Ман гуфтам, ки додар, чандсолаӣ? Гуфт, ки нав ба сӣ даромадам. Ман гуфтам, ки си сол пеш як хари якгӯш доштем, хутик зоида буд. Агар ҳамон хутик зинда мемонд, аз ту баақлтар мешуд. Ту чиву Гитлер куҷову акаи Ҷалил куҷо? Агар ҳамон раҳматии падарат кабкҷангдозиро камтару аз саргузаштҳои акаи Ҷалилат се-чорташа нақл мекард, имрӯз ин хел савола намедодӣ. Бинита соз тоза карда наметониву боз гап мезанӣ.

Махсум-уруси бечора аз гапи гуфтагиш пушаймон шуд, чанд каси дигар болои ин ҳай-ҳайаш карданд, сараш хам рафт аз пеши мо.

Лекин ҳамин савола бисёриҳо додан мехоҳанд, ки акаи Ҷалил ягон бор тарсида буд ё не. Тарси акатона дидагӣ не-да. Боз фикр мекунанду қурбашон намерасад, ки пурсанд.

Имрӯз акатон ба шумо – додарҳои ҷон аз сидқи дил мега, ки ман ҳам тарсидагӣ ҳастам. Аз Худои тори сар тарсидан не – ҳама аз зоти пок метарсад, ҳар як кофири нобуридаеро дидам, ки пуф-пуфи одами хокиву туф-туфи дину оин мегуфт, лекин вақте зиндагӣ ба тахтаи пушт хобондашу марг аз калтакаш гирифт, яке буд ба тавбаву надомату умед аз гӯру қиёмат даромад.

Ман тарс аз ҳамин дупоҳои касофата дар назар дорам. Акатон ҳам малоика нест, одами хокӣ аст. Мумкин бовар накунед, лекин дар вақташ алови чашми акатона чунон сахт гирифтагӣ буданд, ки ҳозир ҳам ба ёд биёрам мӯйи танам мехезаду дар қадам мурча медавад. Аз кӣ метарсидам? Не, намедонед. Аз як занаки ришдор. Лекин дар ин бора баъдтар.

Ҳозир ҳамон гапи хезондагии Махсум-уруса яктарафа бикунем, баъд ҳамаш ҷобаҷо мешавад.

Ин ҳамсоябачаи мо аз падари раҳматиш ақлакира ёд гирифтасту пешравира не, каҷравиву каҷгапира ёд гирифтасту каҷ шиштану рост гуфтана не. Лекин ин бачаи раҳгума касе дар забонаш калима монданӣ шудаст, ки аз қиссаҳои акатон огоҳӣ дорад. Баъзиш дар забони девонаи ҷарпар ҳам калима мемонад. Ҳине савола дод аз ӯ сунаш гузаштам.

Ҳодиса ҳамин хел шуда буд. Акатон дар ҷанг агар мехост фашиста зинда меқапиду мехост мисли гандум медаравидаш.

Як рӯз камандир пешам омад. Чошт буд. Маза карда шакаров мехӯрдам. Камандир гуфт, ки хабар ёфтем Гитлер аз талафоти бисёри аскарҳош аз дасти мо ба ҷон расида, худаш хеста омадаст. Мехоҳад бинад, ки чӣ гап аст: бо ду чашм бинаду бо ду гӯш шунаваду бо ақли сар бовар кунад. Хулоса, ҳамин Гитлера қапида, дапрос кардан даркор. Джалилҷан, ин кор аз дасти ту меояд.

Хайр, акатона медонед-ку. Гуфтам, ки овардани як Адолфак бошад, дупула гап, пешандоз карда оварданаш мегирем. Баъд пурсидам, ки Адолфа кай овардан даркор. Гуфт, ки кайе тавонӣ.

Даррав ду каси ба боварира гирифтаму рафтем тарафи фашистҳо. Параҷтар аз фашистҳо дар як акоп даромада, хеле шиштем. Дидем, ки атроф тинҷ, баромадем сари баландӣ. Ҳамроҳҳом гаранг шуда буданд. Якташ ҳарду пора дар як мӯза андохтаст, ки барои муайян кардани ҷойи Гитлер пешакӣ разведка роҳӣ кардан даркор.

Ман гуфтам, ки вақте хари ман саргин мекард, даррав дар болош пашшаи бисёр ҷамъ мешуд. Ҳозир ҳам ҳамин хел. Тамоми маҳалли дар дасти фашистҳо будагӣ аз ҷойи мо намудор аст. Бубинед, дар куҷое мошин бисёр бошаду фашисти яроқдор бифаҳмед, ки Адолфак дар ҳамон ҷо пинҳон аст.

Хахоли ҳамроҳам дурбин қатӣ як нигоҳ карда буд, ки гуфт: Джалилҷан, гапҳот тупа-туғрӣ, дидамшон, каргас ворӣ ҷамъ шудагиянд.

Камтари дигар шиштему ториктар, ки шуд лаплапу шикаммола фуромада рафтем тарафи ҳамон ҷо. Гирду ваноҳ ҳама пури фашист, лекин мо як бало карда, худмона расондем ба пеши бино. Намедонам, бинои райкомшин буд ё райспалкомшин, ки кабинету кабинетбачаш бисёр.

Фашисти аз пеш баромадагира як-як аформит мекардему мерафтем дарунтар. Кабинетҳора мебинем, фашисти нимхобу нимбедор, ниммасту нимҳушёр пур. Масъалашона ҳал мекунему меравем дарунтар. Ҳиҷ ҷое нест, ки Гитлера биёбем. Баъд як фашисти каламағзира ду мушт дар чакаҳои сараш задаву ду таҷкулякии дигараш гирифтем, ки ҷойи хоби Адолфака нишон дод. Рафта бинем, ки ҷогаҳ партофтагӣ, дарунаш гарм, либосҳош кашол, ҳама сад фоиз. Лекин худаш нест. Ман гуфтам, ки ҳар ҷо бошад ин бачаҳалок ҳоҷатхона даромадааст. Даррав ин ду ҳамроҳи ман давиданд тарафи ҳоҷатхона. Баъди як миҷа задан бароварда овардандаш. Адолфак таги турсук асту дар поҳош мӯза, дир-дир меларзад. Ман пурсидам, ки корҳош буд шуда буд, ки боз ҷазир накунад. Бачаҳо гуфтанд, ки парво накун, Джалилҷан, мора дидан замон мекардагиша кард.

Ҳамон хеле ки буд, пеш-пеш карда, баровардемаш. Шаби аёс буду торик, ҳаво хунук. Гитлери бечора меларзад, меғалтаду мехезад. Хеле раҳ гаштем. Субҳ дамид, камтар рӯшан шуд. Дар як акоп шишта, дам гирифтанӣ шудем. Гитлер дар пешмон рост истодасту чӣ гуфтанша намедонад, аз хунукира сармош бурдаст, дарақ-дарақ меларзад. Пурсидамаш ки «медонӣ, мо тура куҷо мебарем?» Кала кашид, ки «не». Гуфтамаш, ки «аз ҳамин ҷо рост пеши акаи Сталин гапа шунавида буд, ки девонавор хез гирифта, парид беруни акоп. Ҳамин қадар чаққонӣ кардам, ки аз ҳар ду мӯзаш қапидам. Бачаҳалок поҳора аз мӯзаҳо бароварду пойи лич зад маҳмиз оҳу ворӣ. Ҳар як хезе мегирад, ки ақли сарат ҳайрон мемонад. Тарс ҳам хуб чизе будаст.

Хахоли ҳамроҳам камона рост карда буд, ки гуфтам: «даркор нест, номардӣ мешавад». Дигар аз пушти ӯ то куҷо сур мекунӣ, тир кам, атрофу акноф ҳама пури фашист. Мӯзаҳоша гирифтему омадем лоқлоқ, бо хурҷини холӣ. Ба камандир нақл кардам, аввал қариб бовар накунад, лекин вақте мӯзаҳора болои столаш мондам, гуфт:

— Сматри, точна! Маладес Джалилҷан. Гап нест.

Ана акнун додарҳои ҷон, ин Махсум-уруси хилмак боз савол медиҳад. О, чӣ мегӯӣ ба ин хелиҳош. Лекин, аз гапи асосӣ дур рафтем. Акатон метарсид ё наметарсид?

(Давом дорад)

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Акаи Ҷалил Метки: , ,
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: