Главная > Саида ҚУРБОНОВА > Ислом-ота кечарасиз!

Ислом-ота кечарасиз!

  • Чунин менамояд, ки гӯё дар ӯзбекистон қатраи об несту ҳоло НБО-и Роғунро насохта, аллакай Тоҷикистонро барои ба нестӣ рафтани заминҳои обиаш айбдор мекунад.

Панҷ сол мешавад, ки Президенти ӯзбекистон бо Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар «набард» аст, аммо як соли охир, аз лаҳзае, ки Президенти Тоҷикистон ба қароре омад, ки онро бояд бо қувва ва сармояи худӣ сохт, аз ҷониби ӯзбекистон фишороварии ҷиддӣ сар шуд.

Ин навбат Президенти ӯзбекистон, Ислом Каримов, дар мулоқот бо намояндагони Қароқалпоқистон гуфтааст, ки кишвараш мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Дар сурати сар задании ин гуна баҳсҳо саволе ба миён меояд, ки созмонҳое чун ОДКБ, СҲШ ва ИДМ-ву СММ ва чандтои дигар, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо аст, чаро наметавонанд ба он дахолат кунанд? Агар дар ин масъалаҳову баҳсҳои дигар коре карда наметавонанд, пас чӣ лозим аст вуҷуд доштани онҳо?

Президенти ӯзбекистон аз он ҳарос дорад, ки агар НБО-и Роғун сохта шавад, давоми 8 сол мардумаш аз ташнагӣ шояд ҳалок шаванд. Зеро барои пур кардани сарбанди Роғун аз рӯи ҳисобу китоби Ислом Каримов ҳамин қадар вақт лозим будаст. Аммо вакили парлумони Тоҷикисмтон Ёқуб Саидзод дар сӯҳбат ба радиёи Озодӣ ин ҳисобро 8 неву 17-сол гуфтааст, ки агар Ислом-ако огоҳ шавад, мардуми Кароқалпоқистон як сӯ истад, тамоми аҳолии ӯзбекистонро «давоми 17-сол беоб мемонед ва аз ташнагӣ мемиред»-гуфта, ба по мехезонад.

Ҳамчунин ба андешаи ин вакил, дар ин муддат барои пур кардани обанбор танҳо 5 дарсади оби рӯдхонаи Вахш истифода хоҳад шуд, ки ба маҷрои дарё ва обёрии заминҳои ӯзбекистон таъсире нахоҳад гузошт. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар хушксолӣ то 20 дарсади оби дарёи Вахш хушк мешавад ва он 5 дарсад ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад.

«Ҳоло аз рӯдхонаи Сир ба баҳри Арал об ҷорӣ намешавад ва фақат рӯдхонаи Омӯ таъминкунандаи аслии оби ин баҳр аст. Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи хушкшавии баҳри Арал, бояд ҷараёни оби дарёи Омӯро ҳифз кард. Мо бо қотеъият талаб мекунем, то як грамм обро кам накунанд».

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди раҳбари ӯзбекистон, кишвараш дар ҳоли ҳозир 4 миллиону 300 ҳазор гектар замини обӣ дорад ва агар мушкили  об вуҷуд намедошт, метавонист қаламрави заминҳои обиашро ба 10 миллион гектар расонад»-гуфтааст Президенти Узбакистон.

Пас, даъвои Ислом Каримов танҳо ғаразҳои  пулӣ ва дар масъалаи газу барқ тоҷикон тобеи ӯзбекистон будан, асту бас. Ё чизи дигар?

Президенти Тоҷикистон ҳам дар паёми солонааш ба парлумон дар ин масъала чунин зикр карда буд: «Ҳамсоягони мо вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои фаровони нафту газ маҳрум буда, ҳар сол ба муддати 6-7 моҳ дар фасли сармо аз набудани барқу гармӣ азият мекашад ва илоҷи ягонааш дар кори таъмин намудани кишвар бо барқ бунёду истифодаи нерӯгоҳҳои обии барқист, бояд дуруст фаҳманд».

Аз ин рӯ, ба ҳар қимате набошад, Раҳмонов бояд дар ин андешааш устувор бошад ва ба ин гуна даъвоҳои беасоси ҳамтояш хотима бахшад. Зеро халқи тоҷик низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ҳуқуқи маънавии зиндагии осудаҳолонаро дорад ва ҳам тибқи Ойинномаи Созмони Милал ва муқаррароти дигари ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як кишвару халқ метавонад мустақилона аз сарватҳои табииаш барои рушду тараққиёти худ истифода намояд.

Вагарна, чаро ӯзбекистон метавонад аз манбаҳои нафту газаш фаровон истифода кунаду Тоҷикистон не?

Барои ҳамин ҳам Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ мисоли ӯзбекистон талаб намояд то ин ки ташхиси фарогири системаи кӯҳнашудаи обёрӣ, истифодаи об дар минтақа, аз ҷумла обанборҳои сершумор, махсусан ӯзбекистон ва вазъи экологии он сурат гирад.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин созмонҳои хориҷӣ танҳо даъвоҳои беасоси Каримовро мешунаванду пешниҳодҳое, ки ба фоидаи кишварҳо ва минтақа аст, не. Вагарана ба қавли коршиносон, сарфи назар аз он ки Тоҷикистон манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ асту ҳамагӣ 5-7 фоизи обро истифода мекунад, чун кишвари кӯҳсор имконияти васеъ кардани киштзорҳои обёришавандаро надорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об наметавонад хатар эҷод намояд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ  аз 20-уми апрели соли равон таҳқиқ сар шудааст, ки қарор аст 18 моҳ давом кунад ва тайи ин муддат танҳо корҳои бозсозию омодагӣ ҷараён гирифта, иҷрои тарҳи асосии сохтмон номумкин аст.

Тавре дар боло аз созмонҳои хориҷие, ки Тоҷикистон дар онҳо аъзо аст, ёдовар шудем, ӯзбекистон ҳама мушкилотро барои Тоҷикистон эҷод кард, аммо ягонтои он мисоли Эрон вокунише нишон надоданд. Ё баъзе муроҷиатномаҳое буданд, ки ҷониби ӯзбекистон ба эътибор нагирифт.

Акнун ин дафъа ҷаноби Каримов барои он ки «як грамм обро кам накунанд» барои Тоҷикистонро чӣ «сюрприз» омода кардааст, алҳол саволи кушода аст.

Аммо кас аз ин гуна рафторҳои Ислом Каримов ҳайрон мемонад, ки наход як президенти кишвари дигар ба тамоми корҳои кишвари дигар дахолат кунаду ҳама хомӯш бошад. Охир, ягон президенти дигар на ба сиёсати давлатдорӣ ва на ба дигар корҳои Ислом Каримов  монеа намешавад-ку. Аслан, ки касе чунин ҳуқуқро надорад. Пас, Ислом Каримов чӣ ҳуқуқ дорад, ки вагонҳои Тоҷикистонро дар сарҳадаш боздошт мекунад, дар гумрук барои шаҳрвандони тоҷик монеа эҷод месозанд, барои НБО-и Роғун бонги хатар мезанаду аз ҳама фишоровариҳо истифода мекунад то он сохта нашавад.

Ислом-ота кечарасиз! Ба  Тоҷикистон дахолат накунед!

Саида Қурбонова, БМСЖТ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: