Главная > Фаридуни УМАРБЕК > Моҷарои Абдулло Давлатов бо cафорати Тоҷикистон

Моҷарои Абдулло Давлатов бо cафорати Тоҷикистон

Ё худ, устухон ба гулӯи кӣ мераваду «усто»-и устухонгир кӣ мешавад?

Чанд муддат боз бо сабаби доғ шудани вазъи сиёсии кишвар гуфтугӯҳо атрофи яке аз масоили аввалиндараҷаи тоҷикон — муҳоҷирати корӣ кам шудан гирифт. Аммо дере нагузашта, дақиқтараш ҳафтаи гузашта воқеае рух дод, ки бешак то чанд вақти дигар аз пеши назар ва мафкураи мардуми тоҷик, бахусус муҳоҷирони корие, ки дар Русия қарор доранд, дур нахоҳад шуд. Ин ҳам касод эълон гаштани фаъолияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» аз ҷониби Вазорати адлияи Русия аст, ки вокуниши соҳибмансабони доираҳои мухталифро ба бор овардааст.

Ҷониби Вазорати адлияи Русия бо пешниҳоди як-ду ҳафта манъ кардани фаъолияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» ин ниҳодро бо далели вайрон кардани баъзе ҷузъҳои қонунгузории кишвараш гунаҳкор намуд. Мушовири вазири адлияи Русия Видя Железнёв зимни ибрози ақидааш дар мавриди манъ кардани фаъолияти он гуфтааст, ки «аз ҷониби Вазорати адлия фаъолияти созмонҳои ғайритиҷоратӣ бозрасӣ мешавад. Бозрасии кории мо собит кард, ки «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» бархе аз бандҳои Қонуни федералиро нақз кардааст. Ҳатто ин гуна бозрасӣ дар соли гузашта сурат гирифта буд. «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» қайди аъзоёнашро анҷом надода, ба Вазорати адлия гузориши солонаи фаъолияташро пешниҳод накардааст. Ҳамчунин, созмон дар ин муддат рамзу нишони худро аз қайд нагузарондааст».

Раҳбарияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» эродҳои ҷониби Вазорати адлияи Русияро пазируфтаанд, вале чунин вокунише нишон медиҳанд, ки гӯё дар ин кор Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст дошта бошаду намояндагони он ва як бахши нави дар назди Сафорат кушодашуда бозиҳои пасипардагиро амалӣ мекардаанд. Махсусан, худи раиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов, ки бархе коршиносон солҳои пеш «таҳти навои карнайи сафорат рақсидан»-ашро гӯшзад мекарданд, зимни шарҳи қазия чунин гуфтааст: «Ба Вазорати адлияи Федератсияи Русия чанд шикоят аз номи бархе аз аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат расидааст, ки ба қавли русҳо, ин созмони «мертвые души» асту аслан ҳеҷ фаъолияте надорад. Махсус таъкид мекунам, ки дар ин корҳо дахолати намояндагии дипломатии Тоҷикистон аст ва медонам, ки афроди ин сафорат чунин шикоятҳоро навиштаанд». Аммо ин андеша танҳо нуқтаи назари як масъулест, ки роҳбарияти созмони фаъолияташ қатъгаштаро бар ӯҳда дорад. Дар ин маврид ақидаи дигар соҳибназарон чи гуна хоҳад буд?

Роҳбари «Ҷунбиши байналмилалии муҳоҷирони кории тоҷик» Каромат Шарифов, ки низ дар Русия фаъолияташро ба роҳ мондаву ба воқеаҳои марбути Тоҷикистон зиёд таваҷҷӯҳ дорад, зимни сӯҳбат бо мо ҳам аз созмони Абдулло Давлатов ва ҳам аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия интиқод намуд. ӯ аз ҷумла чунин гуфт: «Абдулло Давлатов дар мавриди қатъ кардани фаъолияти Иттиҳод набояд аз Сафорат гумонбар бошад. Вай як духтури гуреза буд, ки аз соли 1994, 6 сол дар Ижевск танҳо рӯз мегузаронид. ӯ муддати 1 сол дар ҷамъияти Лигаи халқии тоҷикони Русия, ки ман роҳбараш ҳастам, барои омӯхтани корҳои ҷамъиятии Русия ҳамкорӣ кард. Бисёр вазифадӯстдор ва тайёр аст барои як маротиба баромадани расмаш бо сафир аз наздикони худ гузарад. Имрӯз аз қатъ шудани фаъолияти чунин иттиҳод муҳоҷири тоҷик бурд кард. Чунки роҳбарони иттиҳоди мазкур бо сухангӯиҳои худ тариқи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон халқро ба гумроҳӣ бурда расониданд. Ҳатто дар байни аъзоҳои «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» курсиҳои вазири оянда аз тарафи Абдумаҷид Достиев муҳокима гардида буд».  Каромат Шарифов мегӯяд, ки худи таъсиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» нақшаи тарҳрезикардаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия аст: «Ин сохтор, ки берун аз Тоҷикистон ташкил карда шуд, қудрати корӣ надошт. Барои роҳбарияти сафорат вазифаи аввалиндараҷа ҳамин буд, ки дар бораи пешравии кори худ ба Эмомалӣ Раҳмон маълумот диҳад. Яъне, гӯшрас кардани ин ки, чаро сафирҳои пешин натавонистанд тоҷиконро сарҷамъ кунанду ин ба Абдумаҷид Достиев муяссар гашт? Ба ҳамаи солимфикрон маълум буд, ки чунин ташкилот бо ташаббуси сафорат, бо роҳбарии А. Достиев ба хотири муҳоҷиронро зиёдтар ба гумроҳӣ бурдан роҳандозӣ шудааст».

Каромат Шарифов ҳамзамон дар бораи муносибати Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо дигар созмонҳои тоҷикии муқими ин кишвар сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд: «12-уми сентябри соли 2007, пас аз 4 моҳи дар Русия сафир таъин шуданаш А. Достиев дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Маскав эълон дошт, ки «ман тайёрам пули зиёд сарф кунам, то ҷамъияти Лигаи халқии тоҷиконро, ки роҳбараш Каромат Шарифов аст, беқудрат созем. Дар ин вохӯрӣ нафароне аз Бадахшон, ба монанди Гавҳар Ҷӯраева, Боғшо Лашкарбеков, Муқим Майбалиев, Нағзибек Нағзибеков, Бобек аз Санкт-Петербург, Арсен аз Осетия иштирок доштанд. Инҷо хатои худи сафорат буд. Зеро мақсадашон зиддият андохтан байни роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия буд».

Дар мавриди то куҷо фаъол будани созмони Абдулло Давлатов барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик бошад, Каромат Шарифов мегӯяд: «Дар он ҳолате ки рӯзномаҳои Тоҷикистон расмҳои Путинро баровадаю «роҳбари скинхедҳо» меномиданд, ин барои мо — тоҷикон дар Русия шараф набуд. Зеро мо зиёда аз 2 млн. муҳоҷирем ва пуштибонӣ мехоҳем. Дар ҳоле ки «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» хомӯшӣ ихтиёр карда буд, «Ҷунбиши байналмилалии муҳоҷирони кории тоҷик» баҳои худро ба ин рӯзномаҳо дод. Роҳбарияти ин созмони беномус бошанд, шарм надошта, аз мири шаҳри Маскав талаби пул мекарданд, ки «мо тоҷикем, иттиҳоди тоҷиконро ташкил кардем, наврӯз дорем
ва барои гузаронидани ин маъракаи миллӣ шумо мӯҳтарам Лужков, пул ҷудо намоед».

Роҳбари «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» Иззат Амон низ дар сӯҳбате бо хабарнигори Оҷонсии иттилоотии TojNews гуфтааст, ки шахсан боре бо Абдулло Давлатов вонахӯрдааст ва ҳатто намедонад, ки созмони ӯ чи фаъолияти мусбате доштааст. Аммо дар мавриди айббандии А. Давлатов ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди қатъ кардани фаъолияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» Иззат Амон зикр намудааст, ки иддаои мавсуф беасос аст. Зеро Вазорати адлияи Русия як мақоми давлатии иҷроия аст ва аз рӯи хоҳиши кадом як сафорат ё вазорати дигар амал намекунад.

Дар ҳамин росто, Каромат Шарифов талабгори ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Русия мешавад: «Имрӯз ҳам барои сафири Тоҷикистон дер нашудааст, ки бо мо сари миз нишинад ва «ба гузашта салавот» гуфта, мо тайёрем миллати худро зудтар аз қашшоқӣ барорем».

Аммо соҳибназарону коршиносони мустақили тоҷик бар ин назаранд, ки бадбахтии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» барои бархе созмонҳои тоҷикии муқими Русия хурсандӣ аст, ҳарчанд, он устухонест, ки бояд ҳатман дар гулӯи ҷонибе дармонад. Аммо коршиносон дақиқ шарҳ намедиҳанд, ки он устухон ба гулӯи кӣ меравад ва устои устухонгир кӣ мешавад?

Фаридуни УМАРБЕК,

БМСТЖ

  1. Равшанфикри TJ
    Октябрь 21, 2010 в 11:16 дп

    Ман рости гап дар бораи Давлатов на медонам на донистан мехохам. Барои ки у маълум нашуд ки у кист (по жизненно) ЛЕКИН….
    Хамин Каромат Шарифов бародархо як ЛАКАЙ аст!!! Мо точикони гуломшаклро як пора нон диханд одамро падар хисоб мекунем. Не бародарон ин тур нашавед наход Шумо точикро аз лакай фарк карда натавонед? Хозира коре ки у кардаистодааст у барои зиндагии худ карда истодааст бале мумкин ягон ерие бар точикон мекунад вале ин кори у аст ва аз хамин кораш у зиндагиашро бурдаистодааст. чунки дар Руссия мисли у солдафон бисеранд ва барои Руссхо у даркор хам нест як хелхо боз уро «Дурной» мегуянд. Рости гап аз гапхояш хам хаминро дидан мумкин аст. Гирди лакай чамъ нашавед бас нест як лакай дар сари миллат боз яктои дигарашро берун аз Ватан пайдо карда истодаед? Кани агар у бисер худро демократ мехисобад ягон соли интихоби раиси нави чамъияташон ягон каси дигарро монанд? ё акалан пешбари кунанд? Е ин ки мисли у дигар точик дар Руссия нест? Э бовар кунед бародарон ин интур нест.
    «Это называется свою контору создал и буду вечным раисом над таджиками (рабами)!!!» Хамин чамъияти Шарифов боз точик дорад? ё не? Ку бигуяд наслу чои таваллудашро дар кучо ва ки аст хешу табори хамин одам ку якбор бинависанд ки буд хамин одам падараш модараш ки хастан? Ва дар худи точикистон ин одам барои точикхо чи кард?

  2. Точик
    Октябрь 28, 2010 в 6:35 пп

    Бародарони хамватан! То чое ман медонам Абдулло Давлатов чандин бор гуфтааст, ки «ман аз хамин раиси безор». Каромат Шарипов бошад, бовар кунед — душмани миллати точик аст! Наша рашаро ба суд надода дар телевизиону газетахои руси овозаи дуруг карду обруи онхоро бардошт. Яъне «черный пиар тоже пиар». Аз пушти Каромат Шарипов даххо точикро депорт кардаанд. Хайронам, ки чаро «Пайкон» аз худи Абдулло Давлатов напурсида танхо аз Каромат Шарипов дар бораи у пурсидааст?! Агар Каромат мард мебуд хамаро хакорат намекард. Ба кавли Хоча Хофиз «чомаи кас сияху далки худ азрак» намекард. Сафорату дигар намояндагони Точикистон дар Русия бошанд … Дар киёмат чи чавоб медода бошанд? Ба хамагон маълум аст, ки аз омадани Достиев байни точикон чангу чанчол зиёд шудааст. Онхо аввал Иттиходияро сохтанду Абдулло Давлатови бетачрибаву аз сиёсат дурро оварданд. Шояд бо максаде, ки хар чи гуфтем бояд ичро кунад. Шояд Давлатов саркаши кардааст. Пас чаро уро иваз накарданду дар назди сафорат боз як чамъият сохтанд? Магар чудоандози байни точикон нест?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: