Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Аз ин рӯ аз авохири даврони хилофати Ҳорун то рӯзгори Мӯътасим авзоъи Озарбойҷон, Табаристон ва Хуросон мояи нигаронии халифа буд.

Дар воқеъ аз вақте ки халифаҳо авзои Хуросонро бо дидаи диққат ва муроқибат менигаристанд, маркази душманони хилофат ба шимолу ғарби Эрон интиқол гардид. Кӯҳҳои баланд ва роҳҳои душвори ин ҳудуд, андешаи ин саркашиҳо ва шӯришҳоро дар мардуми Эрон тақвият мекард. Аз ин рӯ муддатҳо мардуми ин навоҳӣ бо тозиён ва сипоҳиёни хулафо дарафтоданд ва солҳо бо мусулмонон набардҳои сахт карданд.

Дар Табаристон мардум нисбат ба тозиён нафрат ва кинаи хосе меварзиданд. Чуноне ки дар соли 16 ҳиҷрӣ (777 мелодӣ) мардуми умедвори кӯҳ, аз бедоди коргузорони халифа ба сутуҳ (ғазаб) омаданд. Фармонравоёни онҳо, ки Вандод Ҳурмузд, Сипаҳбуд Парвин ва Масмағони Волош буданд, онҳоро бар зидди тозиён шӯрониданд ва бадон сабаб дар андак замон шӯриш ва ошӯби бузурге падид омад. Дар як рӯз мардуми саросари Табаристон бар зидди арабон берун омаданд ва ононро ба боди куштор гирифтанд.

Гузашта аз арабҳо, эрониёне, ки низ мусулмон шуда буданд, тӯъмаи нафрат ва кинаи мардум шуданд. Ин нафрату кина чандон буд, ки ҳатто занҳое аз эрониён, ки ба ақди заношӯии арабон даромада буданд, риши шавҳарони худро гирифта аз хона берун меоварданд ва ба дасти мардон месупурданд, то онҳоро бикушанд. Чунон шуд, ки дар ҳама Табаристон арабон ва мусулмонон яксара барафтоданд. Баъдҳо интиқоли халифа низ ҳаргиз натавонист дар идораи ин мардуме, ки ошкоро бо ҳар чӣ мутааллиқ ба араб дуд, ситеза мекарданд, халале падид оварад. Охир бас муддате набуд, ки Язид ибни Муҳаллаб, сардори араб дар Гургон савганд хӯрда буд, ки аз хуни Аҷам осиёб бигардонад ва осиёб ҳам гардонд ва гандум орд кард ва нонашро ҳам хӯрд. Касоне ки дар ин билод ҳанӯз ҳодисае аз ин гунаро фаро ёд доштанд, албатта наметавонистанд, дил аз кинаи тозиён бардоранд. Ин нафрату кинаи шадиди мардум нисбат ба дастгоҳи хилофати тозиён буд, ки ҳамзамон ба давраи Маъмун ва Мӯътасим, Мозёрро ба андешаи истиқлолталабӣ андохт… (Таърихи Табаристон, ҷилди 1, саҳ.183; Устод Зарринкӯб «Ду қарни Сукут», саҳ.209-211).

ПАЙҒАМБАРИ НИҚОБДОР: МУҚАННАЪ

Аммо дар билоди Мовароуннаҳр муҳимтарин ҳодиса кинахоҳии Абӯ Муслим ва воқеаи зуҳури «Муқаннаъ» буд. Дар воқеъ чанд соли баъд аз ҳодисаи Устод Сис дар Хуросон, Мовароуннаҳр шоҳиди қиём ва шӯриши Муқаннаъ гардид. Ин ҷаҳонҷӯйи ниқобдори Марв, даъвиҳои тоза ва шигифтангез дошт. Бо ин ҳама аз паси гарду ғубори афсонаҳое, ки зиндагии ӯро фурӯ гирифта аст, наметавон симои воқеъии ӯро тарҳ кард. Он чӣ муаррихон ва нависандагони китобҳои Милал ва Ниҳал (таърихи фирқаҳои динӣ) дар бораи ӯ навиштаанд, қатъан аз таассуб ва ғараз холӣ нест. Менависанд, ки ӯ «марде буд аз аҳли рустои Марв, аз деҳе, ки онро “Коза” хонанд ва номи ӯ Ҳошим ибни Ҳаким буд ва вай дар аввал козургарӣ кардӣ ва баъд аз он ба илм омӯхтан машғул шудӣ ва аз ҳар ҷинсе илм ҳосил кард ва шӯъбадаву илму найрангҳо ва тилисмот биомӯхт ва шӯъбада нек донистӣ ва даъвии набувват ва пайғамбарӣ низ мекард ва ба ғоят зирак буд ва китобҳои бисёр аз илми пешиниён хонда буд ва дар ҷодуйӣ ба ғоят устод шуда буд». Ин маҳорати беназири ӯро дар улуми ҳиял ва найрангҳо ҳама муаррихон сутудаанд. Моҳи Нахшаб, ки мӯъҷизаи ӯ хонда шуда аст, намунае аз маҳорати ӯ ба шумор меравад ва дар боби он гуфтаанд, ки ба замини Нахшаб аз билоди Мовароуннаҳр чоҳе буд. Муқаннаъ бо сеҳр ҷисме сохт, ки ба шакли моҳе чунон ки диданд он ҷисм аз чоҳ баромад ва андаке иртифоъ (баромад) ёфт ва боз ба чоҳ фурӯ рафт. Ин Моҳи Нахшабро шоирони эрон ва араб мукаррар дар суханони хеш ёд кардаанд, аммо кайфияти он акнун дуруст маълум нест. Навиштаанд, ки чун Муқаннаъ ин Моҳро аз чоҳ баровард, мардумро гумон афтод, ки ин корро ба ҷодуйӣ кардааст. Аммо ин ҷодуйӣ дар воқеъ иборат аз тамҳид ва истеъмоли баъзе қавоиди риёзӣ (қоидаҳои математикӣ) буд. Овардаанд, ки баъдҳо аз таҳи он чоҳ, ки дар Нахшаб буд, косаи бузурге пур аз зиъбақ (симоб) берун овардаанд.

Боре  Ҳошим ибни Ҳаким чунон ки дар таърихҳо овардаанд, дар рӯзгори Абу Муслим аз ҷумлаи ёрон ва сарҳангоми ӯ буд. Беҳуда нест, ки чун даъвати хеш ошкор кард, хотираи ин сардори сиёҳҷомагони Хуросон дар ақоид ва орои ӯ ошкоро инъикос ёфт. Ва Абу Муслимро аз пайғамбар бартар шумурд ва ҳатто ӯро ба дараҷаи Худоӣ расонид. Низ гӯянд, ки ӯ даъво дошт, ки рӯҳи Абу Муслим нақл ба вай кардааст ва ӯ Худост. Дар бораи сабаби шӯҳрати ӯ ба Муқаннаъ овардаанд, ки ҳамвора ниқобе аз зар ва ё паранди сабз бар рӯй дошт, то рӯйи ӯ кас натавонад дид. Ёронашро гумон буд, ки ин ниқоб Муқаннаъро бар рӯй фурӯ нишастааст, то шаъшаъаи (шӯълаҳои) талъати ӯ дидагони халқро хира насозад. Аммо душманонаш мегуфтанд, ки ин ниқобро бадон рӯй аз он дорад, ки то зиштӣ ва бадрӯии хешро фурӯ пӯшонад ва гуфтаанд, ки ӯ марди як чашм, кажзабон ва бадрӯ ва кӯтоҳқад буд ва мӯй бар сар надошт. Мутобиқи қавли Абӯ Райҳони Берунӣ, вай даъвии Худоӣ кард ва гуфт барои он ба ҷисм даромадам, то дида шавам, зеро ки аз ин пеш касе натавониста буд, маро бубинад. Пас, аз Ҷайҳун бигузашт ва ба наздикии Кеш ва Нафас даромад. Бо Хоқон мукотиба оғоз ниҳод ва ӯро ба ойини хеш даъват намуд. Сафедҷомагон ва туркон бар вай фароз омаданд ва бар эшон зану моли мардумро мубоҳ гардонид ва ҳар ки бо вай мухолифат варзид, бикушт ва ҳар чӣ Маздак ойин ниҳода буд, вай имзо кард ва лашкариёни Маҳдии халифаро бишикаст ва чордаҳ соли тамом истило ва ҳукмронӣ дошт. Дар ин муддат бисёре аз мардуми Суғд, Бухоро, Нахшаб ва Кеш ойини ӯро пазируфтанд ва бар зидди халифа байрақи туғён барафроштанд. Навиштаанд, ки ёрони ӯ чун ба майдони ҷанг мерафтанд, дар ҳангоми тарсу ҳарос, аз ӯ чун Худое ёрӣ металабиданд ва фарёд мекашиданд, ки «Эй Ҳошим моро дарёб!». Ин сапедҷомагони Муқаннаъ корвонҳоро мезаданд, шаҳрҳо ва деҳотро ғорат мекарданд, занону фарзандони мардумро ба асорат мебурданд, масҷидҳоро вайрон менамуданд ва муаззину намозгузоронро тӯъмаи шамшери хеш мекарданд.

Комил БЕКЗОДА

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Ҳошо! Сумма ҳошо! (Не, ва боз ҳам не!) Фақир нисбат ба шахси худ аз қозӣ Бурҳониддин ғайр аз некӣ чизе надидаам. Хоҳ дар вақти раёсат (раисӣ) ва хоҳ дар аҳди қозикалонӣ, ҳама вақт риояи хотири маро медошт. Аз байни амсолаи киромитар (мӯҳтарамтар) мешумурд. Дар корҳои шахсӣ ҳеҷ илтимосамро бе эътино намегузоштааст. Аз ғайри хоҳишу илтимоси фақир, дар мадарасаи “Хиёбон” ба якбора мударрис насб кард ва ҳол он, ки дар амсоли он пояназар ба усул ва қавоиди (қоидаҳои) Бухоро ба се ё чаҳор мартаба восил мешаванд, ба замми васоиту асбоби бешумор. Дар ин хусус аксари уламои он аҳд ва мутааллиқони қозихона шоҳиданд… Ҳайфо, ки таърих риояи ҳоли ҳеҷ ошнову бегонаро намекунад. Бисёр дӯстонро таърихнавис маҷбур мешавад, ки танқид ва танбеҳҳои (маломатҳои) сахт намояд. Бисёр душманонро, бинобар хидматҳои умумиашон ва авсофи (сифатҳои) ҳамидаашон бояд тамҷиду (ситоишу) тавсиф намуд. Хулоса, таърих зиёда бераҳм аст. Ҳаққи шахсиро ба ҳаққи умумӣ қурбон мекунад. Ғарази фақир, ки (баёни) ҳолу воқеоти ахираи Бухороро маъа (бо) асбоби (сабабҳои) он бекаму кост (дақиқ ва дурурст) ба тариқи ҳаққу рост баён кардан аст, бояд ҳуқуқи шахсиро аз хотир бароварда, ҳар чӣ буд, нависам, то ки дар назди таърих масъул ва индаллоҳ муотаб (мавриди итоб) нагардам ва ба ояндагон маълумоти саҳеҳ (дуруст) дода, сабаби ибрат гирифтану манфиат бурдани фарзандони ватани азизи худ шавам. «Иннама-л-аъмолу-би-н ниёт». (Ҳамаи корҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд).

18

Ғояи ҳаракоти маъмурони элчихонаи (сафоратхонаи) Русро дар Бухоро дар аҳди ҳукумати мустабиддаи Рус ба ду нуқта хулоса метавон кард: аввал, ҷалби манофеи шахсии худашон ба ҳар тариқ, ки мумкин бошад. Дуввум, хоҳ ҳақ, хоҳ ноҳақ, қуввату нуфузи ҳукумати Русро нишон додан. Ин ду муддаоро ба тариқе иҷро мекарданд, ки ба ҷое, ки мисоли муҷассами шавкату ҳашамати давлати Рус шаванд, сабаби касри (рехтани) обрӯю номуси давлат мегардиданд. Аксари фиребгаронро ба сабаби раияи (шаҳрванди) Рус буданаш ноҳаққона ҳимоят мекарданд. Мутолибаи раияи Рус ба касе бошад, ки аз  хешонаш  эълони муфлис карда бошад, ҳатто аз ҳамқишлоқонаш базӯр меситононданд. Ҳатто раияи Рус, агар бо вексел (Васиқа), ҳуҷҷати ӯҳдадории сохта, аз касе талабе кунад, ҳуккоми (ҳокимони) Бухороро ёрои рад кардан набуд ва алоҳоза-л-қиёс… Даруни Бухоро ва атрофашро аз ахборнависони бадахлоқ пур карда, номи инро эҳтиёти сиёсӣ мемонданд. Билхосса дар ҳангоми муҳорибаи умумӣ ин шимаи (одатӣ) хуфиябозӣ зиёд ривоҷ гирифт. Ахборнависон ба ин васила дар ба даст овардани манофеи разилаи (палидонаи) худ мекӯшиданд. Ҳар кадом аз маъмурони элчихона (сафоратхона) кам ё беш толиби манфиати шахсӣ буданд.

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: