Главная > Uncategorized > Фармони «боло» то ба кай?

Фармони «боло» то ба кай?

Ва ё дар ноҳияи Шаҳритӯс зер ниқоби «боло» амал мекунанд?

Дарвоқеъ  солиёни охир  дар матбуоти  даврии кишварамон нисбати  муаммо ва мушкилоти   судӣ   мақолаҳои мухталиф бо ҷанбаҳои гуногун интишор мегарданд, ки бештарашон   хусусияти публистӣ  дошта, мундариҷоти  онҳо  омили   ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии ҷавонон  гашта, ба шахсияти онҳо  дар ин ё он сатҳ таъсири мусбат ё манфӣ  мерасонад. Агар аз нигоҳи  илмӣ   дар асоси далелҳои гуногун  мундароиҷоти  ин шакли мақолаҳоро  таҳлил намоем, метавон чунин хулоса бардошт, ки рағбати аҳолӣ ба омӯзиш, таҳлил  ва гузориши проблемаҳои  мақомоти суди ҳамасола     хело зиёд гаштааст. Чаро?. Сокини кӯҳансоли   ноҳияи Шаҳритус зимни  як мурофиаи судӣ   иброз дошт, ки  тайи солиёни  охир қариб 10- 12 нафар коркунони мақомати маҳалӣ, сохторҳои  гуногуни ҳукумати ноҳия ва вакилони халқи    он ба додгоҳ кашида шуданд. Ҳол он, ки  аксари онҳо  мутахасисони касбии соҳаи хеш буда, дар пешбурди ҷомеа  ва амали гардонидани  нақшаҳои сиёсии сарвари давлатамон баҳри таҳқими истиқлолияти кишварамон нақши мусбие бозида буданд. Акнун саволе бар миён меояд, ки чаро мутахасисони касбӣ  алҳол  дар чунин ҳолат   гирифтор мешаванд?  Ин мушкилот чи  муаммо дорад?. Ба фикрам вақти он расидааст, ки дар ин ноҳия  омӯзиши махсуси  социологӣ гузаронида, ба туфайли  таҳқиқотҳои махсуси журналистӣ аз дидгоҳи илми муосир  ҳолати воқеии    мутахасисони  касбиро  дар    таҳқими  давлатдорӣ  ошкор намоем.     Яъне    парвандаҳои ҷиноиро   10- 12 нафар мутахасисро аз диди ҷадид   таҳлил  намуда,      муаммоҳои сарбастаи онро  барои    ҷомеъа    ошкор намуд. Вагарна  ин омил на танҳо бетарафии ҷомеаро ба давлат ба амал меорад, инчунин метавонад  боиси ангезиши ҷомеа ба давлат низ   гардад.   Ҷаноби  олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сина сипар намуда, баҳри таҳқими давлатдории тоҷикон  истиқрори сулҳи тоҷиконро  ба даст овард. Аммо ин арзиши воло дар   коргузории  баъзе мутасаддиёни соҳа  зери хатар монда истодааст.    Далолати  ин афкор дар воқеъаҳои  рӯйдодаи дараи Камароб   зоҳир мегардад.   Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки тамоми парвандаҳои ҷинои мутахасиссони  ин ноҳия  аз нигоҳи касби  мавриди таҳқиқи маркази тадқиқоти журналистон ва ахбороти омма қарор  гирад. То ин ки равобити генетикии сарзаниши чунин муаммоҳо дар ин ноҳия  ошкор гардаду ҳақ ба ҳақдор расад.    Ба ин васила метавон нақши мутахасисро дар ҷомеа баланд бардошт.   Вагарна судя Муҳиддинов С ( муовини раиси суди вилояти Хатлон)   аз ошкор намудани равобити генетикии сарзаниши чунин муаммоҳо дар ҳудуди як ноҳия  худдорӣ намуда,  танҳо бо як сухан «фармони боло» парвандаи ҷиноиро  ҷамъбаст менамояд?

БУЗУРГЗОДА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: