Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Қирғизҳои ӯзбектабор дар Тоҷикистон

Қирғизҳои ӯзбектабор дар Тоҷикистон

Ҳафтае қабл чандин шаҳрванди ӯзбектабори Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буданд. Гуфта мешуд, ки онҳо бо сабаби даргириҳои қавмии тобистони соли ҷорӣ дар вилояти ӯши Қирғизистон мехоҳанд дар кишвари мо паноҳгоҳ ҷӯянд. Тибқи иттилои расонаҳо, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дархостро таҳти баррасӣ гирифтааст. Аммо баъзе коршиносони тоҷик тасмими Хадамоти муҳоҷиратро дар ин замина бенатиҷа дониста, ҳатто пешгӯӣ мекарданд, ки алҳол қабул намудани дархости паноҳҷӯёни ӯзбектабор ғайриимкон аст.

Атрофи мавзӯи мазкур сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов андешаронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфта буд: «Ба фикри ман, ин чиз ғайриимкон аст. Чунки дар ин ҳолат мо бояд баъзе талаботҳоро иҷро кунем. Зеро, вақте ин гуна дархостро қабул мекунем, дар ин маврид меъёрҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки онро бояд ба эътибор гирифт. Яъне, дар ҳолати қабул кардани дархост пешниҳод кардани замину хонаю ҷойи кор лозим аст, ки мо аз ӯҳдаи он баромада наметавонем. Қабул кардани ин гуна дархостҳо маънӣ надорад. Дуюм ин ки, ҳозир 70 нафар аст, баъд 200, баъдтар 300 кас мешаванд. Бигзор ин гуна дархостҳоро кишварҳои доро қабул кунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки кӣ будани дархосткунандагон бояд мушаххас шавад. Кӣ медонад, ки онҳо кистанд? Масалан, барои чӣ Русия онҳоро қабул намедорад? Чунки, шояд онҳо намояндагони ягон ширкат ё ягон ҳизб бошанд. Инро баррасӣ кардан дар шароити мо ғайриимкон аст. Сохторҳои мо имконият надоранд, ки пурра тафтиш намоянд. Зеро, вақте дар Германия, дар Инглистон, ҳатто дар Русия чунин дархостҳоро баррасӣ мекунанд, имкониятҳои зиёди моддӣ доранд барои роҳандозии пурраи тафтиш. Ман фикр мекунам, ки амали хуб намешавад, агар дархостҳоро қабул намоем. Албатта, агар дархосткунандагон аз ҷиҳати қавмӣ тоҷик мебуданд, дар ин маврид ҷониби Тоҷикистон маҷбур мешуд онҳоро қабул намояд. Онҳо кишварҳои худро доранд. Каримов онҳоро қабул накард, чаро мо қабул кунем!?»

Суоли дигари матраҳ ин буд, ки раваду ин дархости шаҳрвандони қирғизи узбактабор қабул шавад, вазъи имрӯзаи дохили Тоҷикистон имкон медиҳад, то онҳо дар инҷо осоиш ёбанд? Дар ҷавоб ба ин суол ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов гуфт: «Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин гуна масъалаҳоро комиссияи босалоҳият таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ менамояд. Вале ҳамзамон бояд зикр намуд, ки далелҳо ва асосҳо бояд вуҷуд дошта бошанд. Набудани кафолати амният ё дигар сабабу омилҳо. Новобаста аз мансубияти миллӣ, натанҳо ӯзбеку қирғиз, бигзор рус бошад, олмонӣ бошад, аммо агар вай бо назардошти эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар асноди ҳуқуқи байналмилалӣ чун дар интихоби макони зист, аз ҷумла ватан озод мебошад, ҳаққи муроҷиат намуданро ба ҳама кишвар дорад. Дар ҳоли ҳозир ӯзбектаборони Қирғизистон мувофиқи мақсад мебуд, ки ба раҳбарияти Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Инро дарк кардан ва фаҳмидан мумкин аст, зеро умумияти ҷуғрофӣ, умумияти таърихӣ ва фарҳангӣ ва урфу одат шояд боиси он шуда бошад, ки онҳо маҳз Тоҷикистонро интихоб карданд. Бинобар ин, бидуни дигар масъалаҳо аввал шахсияташонро муайян кардан лозим. Ман гумон мекунам, ки қабул кардани онҳо ба шаҳрвандӣ ягон мушкилӣ надорад. Лекин агар қаблан дар кирдору рафтор ва муносибаташон амалҳое ба назар расад, ки зидди Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ бошад, пас ин асос барои он мешавад, ки аризаашонро қабул накунанд ва ғайра. Агар ҳамин гуна омилҳо ва далелҳои ҷиддӣ набошад, пас, ягон мушкилӣ дар давлатдорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ пайдо намешавад».

Таври аз таҳлили коршиносони тоҷик бармеояд, барои қабул кардани дархости паноҳҷӯён нахуст мушаххас кардани шахсияти онҳо лозим аст. Пас оё аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ин маврид тасмиме гирифта шудааст? Ин суол то андозае норӯшан мемонад. Аммо дар сӯҳбат бо мо ҷонишини сардори шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти муҳоҷират, подполковники милиса Маҳмадқул Қурбонов чунин иттилоъ дод: «Паноҳҷӯяндагони қирғиз аслан ҳамагӣ 56 нафар мебошанд. Дар ноҳияҳое, ки барои зиндагии шахсони паноҳҷӯянда аст, иҷозат дода шудааст. Он ҳуҷҷатҳое, ки барои паноҳандагӣ зарур аст, онҳо оварданд ва мо дар асоси комиссия онҳоро ҳамчун паноҳҷӯянда қабул кардем. Имрӯз онҳо дар Тоҷикистон зиндагию кору фаъолият доранд».

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. ЧАВОД
    Октябрь 21, 2010 в 11:36 пп

    салом бародари азиз Ахлиддини Салимпур! маколаи нигоштаатон кобили тахсин аст, оффарин ба шумо! факат ман мехостам бо ичозаи шумо ду чумлаатонро ислох кунам: 1-«паноҳгоҳ ҷӯянд». албатта ин чумлаи шумо дуруст аст, аммо ба хотири равон шудани чумалот бехтар буд мегуфтед: «Паноханда шаванд». 2- «дархостро таҳти баррасӣ гирифтааст. » бачои «гирифтааст» мегуфтед: «карор додааст» хеле хуб мешуд, яъне чумла ин шаклро ба худ мегирифт: «дархостро тахти барраси карор додааст», албатта хамонгунае, ки гуфтам чумлахои шумо нодуруст нестанд, факат ба хотири равонии чумлахои кабли ин ду калимаро ба шумо арз кардам.
    умедворам,ки аз ман ранчидахотир нашуда бошед. иншоаллох, ки Худованд шуморо муваффаку муайяд бидорад то бо сарбаландии тамом ин мушкилотеро, ки бар сари хафтаномаи шумо ба вучуд омадааст пушти сар кунед.
    Худо хофизи шумо бошад иншааллох! вассалом.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: