Главная > Uncategorized > Пештар дар ватан «чурка» будем, ҳоло дар берун…

Пештар дар ватан «чурка» будем, ҳоло дар берун…

Дар қарни бистум русҳо бо кӯмаки яҳудиёни Ғарб тавонистанд, ки подшоҳи кишвари худ Романовро бо аҳли  оилааш ва наздиконаш сарнагун намоянд. Пас Осиёи Миёнаро таҳти тасарруфи хеш дароранд. Мардумро аз забону фарханг ва тамаддуни хеш дур созанду ба ғуломони асил табдил диҳанд.  Дар ватани худамон замони Шӯравӣ русҳо рӯирост «чурка» гуфта муроҷиат мекарданд ба аҳолии маҳаллӣ. Дар мактабу донишкадаҳо, Воситаҳои ахбори умум, радиою телевизион танҳо таблиғоти русикунонӣ буду, расму русуми барои мардуми маҳаллӣ бегонаро меомӯхтанд.

Айни замон бошад ҳокимони Тоҷикистон аз мардуми мо ғулом тайёр намуда ба  русҳо фиристода  истодааст.   Мо акнун дар дар хонаи ҳар яки онҳо ғулом ҳастем ва ин ба Ҳукумати Тоҷикистон мефорад ва фоидаи калон хам меорад. Ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистон барои аз сари қудрат нарафтан чи хоҳиш ва фармоне, ки Русия намояд бе чунучаро иҷро менамоянд. Паст будани ҳолати иктисодӣ ва бад будани вазъи сиёсӣ ин танҳо ба манфиати русҳо аст. Ҳукумат дар охири қарни бист ва аввали қарни бисту як тавонист мардуми хешро аз барои вазифа ва пулу мол, ба як ҳолати хорию зорӣ, ҳоли табоҳ ба ғуломони Русия табдил диҳад. Пештар дар ватани хеш «чурка» будем,  ҳоло дар берун дар Русия.

Ҳукумат ашколи мухталиф дорад ва шароиту мухтасоти ҳар иқлиме муқтазои як навъи ҳукумат аст. Дар ҷамъияте, ки аъзои он аз ҳайси ақл ва тамовул бо як дигар фарқи бисёр надоранд ва ё агар доранд байни табақаи мумтоза ва табақаи фақир табақаи мутавассите қарор гирифтааст, ки ҳукумати демократӣ ба сари кор меояд. Вале дар ҷамоае, ки табақоти мутаввасит нест ва табақаи мумтозаи он дар ақлу тамаввул ба тӯдаи мардум фарқи бисёр доранд, табақаи мумтоза рӯи кор омада, ҳукумати аристократӣ ба вуҷуд меояд.

Дар назар чунин тасаввур мегардад,  ки беҳтарин навъи ҳукуматҳо ин аст, ки ташкили ихтиёрот дар дасти як нафар, як оила, як қавм, ки аз ҳама беҳтару лоиқтаранд, қарор бигирад. Яъне ,як тан ҳокими мутлақ бошад. Иродаи саниаш бар тамоми шууни иҷтимоӣ ва ҳатто бар матни қонунии ҳукумат кунад, қонун дар дасти кор кунад, на дастбанд. Лекин ин навъ ҳукумат, ки дар олами тасаввуру хаёл беҳтарин ҳукуматҳо ба назар мерасад, дар мақоми амал бадтарин ҳукуматҳо аст.Зеро ҳеҷ гоҳ қудрати ба тақво дар як тан гирд наояд, дер ё зуд ба ғуруру бедодгароӣ мегарояд. Барои бақои салтанати худ ҳолати иҷтимоиро хароб намуда, ҳар навъ иттиҳодияҳоеро, ки боиси садди роҳи ӯ шаванд, аз ҳам пароканда менамояд ва таълимоти манкуф месозад. Мардумро дар ҳоли бехабарӣ аз аҳволи якдигар нигоҳ медорад. Дарвозаҳои кишварро баста то касе барои омӯзиши илм ба хориҷ нараванд. Мардумро дар ҳолати забунию хорию зорӣ нигоҳ дошта, одат менамоянд, то аз итоати ӯ саркашӣ  нанамоянд. Байни мардум ҷосусоне мегузорад, ки байни халқ гашта суханчинӣ намуда нифоқ меафкананд ва аз гӯшаву канори кишвар ба ӯ гузориш медиҳанд. Ин ҷосусон боис мегарданд, ки мардум дар ҳарос бошанд аз якдигар сухан аз садоқат нагӯянд. Пайваста кӯшиш менамоянд, ки мардумро дар ҳоли тиҳидастӣ нигоҳ доранд. Аз  байни онҳо бо маблағҳои каме «босбон» -е таъин намуда, то мардумро маҷоли шӯриш бар зидди ӯ набошад. Байни мардуми кишвари хеш тухми нифоқ ангошта,  онҳоро ба якдигар душман мекунад, то аз тарси якдигар бар зидди ӯ саркашӣ накунанд.  Ё ки пешқадам болотар набошанд. Дар дарбори худ ашхосеро, ки бадкирдору  нокасанду, бесавод ҷой дода, то ки нақшаҳои хиёнаткоронаи ӯро иҷро намоянд, мардуми доною бошарафу хайрандешро мекӯбад, бандӣ менамояд, аз саҳнаи иҷтимоёт берун меафканад. Аввалан сайъ менамояд, ки мардумро замиру камҷуръат намояд,то ки рӯҳияи пасти камҷуръат ҳаргиз бар муқобили ӯ сухан гуфтанро надоранд.

Дувум мардумро нисбат ба якдигар занин мекунад ва ҳисси иҷтимоиётро аз миёни онон мебарад, зеро вақте ки ҳисси иҷтимоиёт,  эътимоду иттиҳод аз байн бирафт, дигар ҳеҷ вақт инқилоб ба вуҷуд намеояд.

Савум он ки мардуми шарифро бо чашми душманонаи қудрати худ менигарад, аммо на факат аз ин ҳайс ки онҳо ҳар гуна истибдодро маҳкум  менамоянд, балки аз он хотир ки онҳо эътимод бар худ доранд, метавонанд маҳалли эътимоди мардум шуда ва дар оянда монеъи кори ӯ бошанд.

Чаҳорум он ки мардумро пайваста фақир нигоҳ дошта, то онҳо қодир ба ягон кору амал муқобили ӯ набошанд.

Билохира муҳимтарин нукта, ки риоят мекунад, тазокур ба доштани мазҳабу дин ва боварӣ ба Худо, ки мардум ӯро мӯъмину  мусулмон бидонанд, дар таҳаммули бедодгариҳои ӯ камтар ранҷ мебаранд. Хаёлан бар муқобили ӯ саркашӣ карданро аз худ дур менамоянд, зеро тасаввур мекунанд, ки  дар ин дунёву он дунё таҳти назари Худованд қарор дорад ва Худо пушту паноҳи ӯ ҳаст.

БОБАКИ ХУРОСОН

Рубрики:Uncategorized
  1. tojik
    20 ноября, 2010 в 6:35 дп

    maqolai bisyor purma’no. vale na hama tojikon inro az internet yofta metavonand. Shumo Facebook Group dored? tashakkur.

    Нравится

  2. Рустам
    10 декабря, 2010 в 9:18 дп

    Мо халки точик, ки бо монеъахои гуногун дучор мешавем. Чи хеле, ки ба хама маълум аст, вакте ки мо ба давалти рассия меравем, моро дар ончо «чурка» мегуянд, чунки мо хали на он кадар бой хастем, барои пул кор кардан ба ончо меравем.

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий