Главная > Uncategorized > Ояндаи миллат аробакашист?

Ояндаи миллат аробакашист?

Бепул суханат асар надорад ё мошиншӯиву аробакашӣ ба хотири таҳсил дар мактаб

Кӯдакони ятим ва камбизоатро аз сабаби напардохтани пули бӯр, журнал, моҳона ва идона ба мактаб қабул намекунанд, ки ин боиси зиёд шудани сафи наврасони аробакашу мошиншӯён дар бозору хиёбонҳои шаҳр мегардад. Аммо дар гузашта иддао мешуд, ки волидайн фарзандонашонро бояд аз хиёбҳои шаҳр ва аробакашӣ ба мактаб равон созанд. Ин дар холест, ки ба гуфтаи баъзе кӯдакон волидайни онҳо аз шароити хуби зиндагӣ бархӯрдор нестанд ва имкони пардохтани маблағҳоеро, ки аз ҷониби муаллимони мактабҳои миёна талаб карда мешавад, надоранд. Вале муаллимон дар сурати напардохтани ҳаққи китобу журнал ва моҳона кӯдаконро аз синф меронанд.Шурӯъ аз моҳи августи соли ҷорӣ шумораи бачаҳои аробакаш ва мошиншӯ дар кӯчаву бозорҳо зиёд ба назар мерасад. Ба гуфтаи ин наврасон бо фаро расидани оғози таҳсил дар мактабҳои миёна барои харидани либоси мактабӣ ва дафтару қалам зарурат пеш меояд. Дар ин сурат кӯдаконе, ки ятиму камбизоатанд ба хотири дарёфти кор ва ба даст овардани маблағ роҳи бозорро пеш мегиранд. Дар бозор онҳоро ё аробаи калони бобоӣ интизор аст ё мошини чиркини кадом сарватманд. Агар бахташон омад кунад, каме маблағ ба даст оварда, либоси мактабӣ мехаранд, аммо бо ин мушкили наврасон хотима намеёбад ва бо шурӯъ гаштани дарс мавсими «роҳат»-и наврасон ҳам оғоз меёбад. Яъне баъди як ҳафтаи дарс муаллимон аз талабаҳо барои китобу журнал ва дигар корҳо пул талаб мекунанд.

Беҳрӯз Сафаров, хонандаи синфи 8-и мактаби №90 мегӯяд, ки барои рафтан ба мактаб хеле тайёрӣ дидааст. Аммо баъди се рӯзи дарс муаллима аз ӯ пули бӯр, журнал, парда, моҳ ва китобҳоро талаб мекунад, ки Беҳрӯз имконияти пардохти чунин маблағро надошт. Вай гуфт:

— Ду рӯз баъд аз ин ҳодиса муаллима маро дар синф хезонда, суханони қабеҳ зад ва дар назди ҳамсинфонам шарманда карда, гуфт, ки хоҳӣ хон, нахоҳӣ ҳуҷҷатҳоятро гирифта рав! Ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам, ки ба мактаб ояд. Оилаи мо  камбағал, падарам дар Русия кор карда, ба мо пул мефиристад, аммо ин ҳам ба зиндагии мо кифоят намекунад. Пас ман маҷбур шудам, ки дар бозори «Сафариён» ба мошиншӯйи машғул шавам ва пулҳои мактабро супорам, то ин ки дарсхониро идома диҳам.

Бо вуҷуди ин ки беш аз 50 дар сади мардуми мо дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, шумораи оилаҳое, ки аз ба таври расмию ғайрирасмӣ ҳам ҷудо мешаванд, дар ҳоли афзоиш аст. Ба хусус ҳолати мазкур дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ нигаронкунанда ба назар мерасад. Солона мардҳо ба Русия ва дигар кишварҳо корҷӯӣ мераванду як гурӯҳашон барнамегарданд. Дар натиҷа арӯсу занҳои эшон ба истилоҳи мардумӣ «бева» мемонанд. Ҳоло шумораи касоне ки аз рӯи ҳамдигарнофаҳмӣ, низоъи оилавӣ ва дар бештари маврид поймол кардани ҳуқуқи зан аз ҷониби мардҳо ба ин зам шавад, дар ин сурат гуфтан мумкин аст, ки хеле кӯдакон ятим ё аз падар ва ё аз модар ҷудо мегарданд. Агар дар як оила ду-се фарзанд бошад, пас сарнавишти ояндаи онҳо ба ҳаволаи тақдир гузошта хоҳад шуд. Маълум нест, ки дар оянда он кӯдакро волидайни оилаашон барҳамхӯрда ба мактаб месупоранд ё не. Аммо паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки агар он кӯдак зери тарбияи модар калон мешавад ва модар шароити хуби моливу моддӣ надораду дар сурати ба мактаб супоридани кӯдакаш маблағе барои пардохт дарёб карда наметавонад. Дар ин ҳолат чӣ кор кунад? Масалан, Давлатёр Шарипов, хонандаи синфи10-и мактаби №1-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд:

-Ман аз рафтан ба мактаб хеле хурсанд будам, вале баъд аз чор  рӯзи дарс роҳбари синфамон ба мо дар як варақ хароҷотҳои синфро навишта нишон дод. Дар он варақ пули моҳ, журнал, бӯр, парда ва ҳатто рӯзи иди муаллимон бо нархҳояш навишта буд. Ман ҳар рӯз баъд аз дарс дар назди бозори «Баракат» ба мошиншӯӣ машғул мешавам. Зеро аз овони хурдӣ аз падару модарам ятим мондаам ва ҳоло дар хонаи бобоям зиндагӣ дорам. Аз нарасидани пул барои хондан ва гузаронидани зиндагӣ ба чунин корҳои сиёҳ машғулам. Ба ман ҳеҷ кас ёрӣ намерасонад. На аз тарафи мактаб ва на аз Вазорати маориф кӯмаке нашудааст. Баръакс ҳар сол бо вуҷуди қимат шудани нарху наво аз манн пул меситонанд ва ситонидани маблағ ҳам зиёдтар шудан мегирад.

 

Дарс медиҳанд ё фақат пул талаб мекунанд?

Ҳарчанд ки пулситонӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар авҷи аъло расидааст, аммо аз тарзи гузаштани дарс нигарониҳо карда мешавад. Ба хусус ҳангоми маъракаи ба қайдгирии аҳолӣ аксари муаллимон ба ин кор ҷалб шуда буданд ва хонандаҳо бештари маврид дарси «тарбияи ҷисмонӣ ё таълими меҳнат» мегузаштанд. Яъне дар синф не, балки дар саҳни мактаб гашту гузор мекарданд. Ҳастанд падару модароне, ки аз ин вазъ огоҳанд ва то ҷое нигаронӣ ҳам доранд. Маҳмадалӣ  Саидшоев,  хонандаи синфи 8-и мактаби №43-и ноҳияи Сино чунин изҳор медорад:

-Муаллимаи мо баъд аз як ҳафтаи дарс аз мо пули китобро рӯёнда гирифт. Аммо бори дигар омада, нархи китобҳоро 3-сомонӣ зиёд кард. Ба ман, ки дар маҷмӯъ 10 китоб гирифта будам, боз чор китоби дигарро маҷбур илова кард, ки танҳо 120 сомонӣ барои китобҳоям супоридам. Сипас 15 сомонӣ пули моҳро талаб кард. Ман ба хона рафта, аз падарам пул талаб намудам, лекин ӯ маро дашном дода, гуфт, ки шуморо дарс медиҳанд ё фақат пул талаб  мекунанд? Аз ин пас дигар барои талаби пул аз падарам истиҳола мекардам ва маҷбур чанд рӯз дар бозори «Фаровон» ба мошиншӯӣ машғул шудам.

Аммо ба гуфтаи ӯ ҳангоми зарурат ё маҷбурӣ кор кардан ҷои шарм надорад, вале бекоргардӣ айб аст. Бештари кӯдакон вақти худро беҳуда дар интернет-кафеҳо бо бозӣ мегузаронанд, кассе кор надорад, аммо баъзан наврасони аробакаш ва мошиншӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз кӯчаҳо дошта ба шӯъба ё назди модару падар мефиристонанд, ки ҳоло вақти хондан аст, вақти кор ҳам рӯзе мерасад, баъд кор мекунед мегӯянд. Вале муаллимон ва сарвари мактабро боре намегӯянд, ки аз кӯдакони камбағал пул наситонад, изҳор медорад Маҳмадалӣ.

Дар кишварҳои хориҷӣ барои мардуми камбизоат имтиёзҳое дода мешавад, то зиндагии худро бо ягон шуғле пеш баранд. Масалан, дар Аврупо барои нафароне, ки бекор мондаанд, аз ҷониби давлат кӯмакпулӣ дода мешавад. Онҳоеро, ки маълумот ё ихтисос надоранд, ба таҳсил фаро мегирад. Аммо дар кишвари мо ба ҷои он ки фарзанди як камбизоатро дастгирӣ кунанд, то аз таҳсил бархӯрдор бошад ва соҳиби маълумот гардад, ӯро аз мактаб меронанд.

Муҳаммади НАБӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Ноябрь 3, 2010 в 5:54 дп

    Сомонаи ‘Вароруд’ рохандози шуд: Варорудиён-гоме ба суи фардо
    http://varorud.wordpress.com/

  2. мухаммадраби
    Ноябрь 5, 2010 в 5:14 дп

    салом дар хакикат гуфтахои шумо чон дорад дар холате пул меситонад мактаб пули мохона мегирад бояд дар ивази вай тавонад ки содик бошад ба дарсаш муаллима е муаллим ва тавонад дониш дода ба он кудак ва ман як чизро намефахмам ки наход хукумат е вазорати маориф хамонкадар пул надоштабошад ки як печи гармидихи е як парда е як лампа е як кути краска харида натавонад айб бало ба паси хама ин як руз духтарчаам дар синфи ду мехонад омад ки дада муаллима мегуяд ки як сомони биеред барои чи гуфтам мегуяд ки як дарахт дар мактаб чапа шудааст хавая бояд пул чамъ кардаистодаанд ки гиранд аз сахни мактаб. наход ки мактаб сохиб надошта бошад ки як мушкилии осонашро хал карда натавонад бечора кудаки имруз дар фикри пули мохона аст ки имруз набарам муааллима рост мехезонама шарманда мешавам аз кучо дигар вай омузад нав ин мох тамом мешавад ки мохи дигар боз фикр……

  3. Ноябрь 21, 2010 в 1:04 пп

    dar in masala iloje nect, in taqozoi zindagi ast, chi az tarafi muallim va chi az tarafi talaba. Darborai in masala boyad gap naboshand.

  4. Изатулло
    Февраль 17, 2011 в 12:58 пп

    Cалом ба кулли Точикон. Барости ман ин навистачотро дар интерент хондам бисёр фикрхо дар сарам зад. Манам муаллим будам айни хол дар шахри Маскав кор ва фаъолият даром. Барои чи талаба дар мактаб пул месупорад, мактаб ройгонаст, аммо омузгорони мо бисёр пул талаб мекунанд, неки падарону модарон хап мешинан. Вактеки мачлиси падару модаром мешавад, масалаи якуми бисёри омузгорон аз пули мох сар мешавад. Гунахгор дар инчо сарвари мактаб аст. чунки ман хам омузгор будам барои ман хам сарвари мактаб мегуфт, ки пули мох аз талабахо 5 сомони ё 7 сомони гир барои ман 4 сомон барои худат 3 сомон 1 сомон барои ягон иди дигар, ин барои чи дар кор. хайр майлаш инаш, аз одамони камбаFал пул нагиранд, ё китобхоро барои онхо ройгон тиян, ман Бахудо касам ки шарм медоштам, ки гуям пули мох имсол инкадар пул. Бояд дар ин кор, аз тарафи маориф фармоне шавад, ки мачлиси умуми хам падару модарон ва хам омузгорон ташкил кунанду ва пеши рохи хаминро гиранд, ва хар як падару модари камбаFам огохи дихад ки онхо пул месупоранд ё не. агар хамин корро кунанд ИншоАллох сари вакт масъала халли худро хохад ёфт. Фикри ман хаминаст. Охир вакте, ки волидайни камбаFал пуле надошта бошад, ки барои фарзандаш пул дихад барои мох ё парда ё бур дигару дигар,вай дигар чи кор мекунад. мачбур мешавад фарзанди у ба мошиншуви ё аробакашии гуфти бародар аробаи бобоги. Аз кучо давлати мо пеш меравад, хечгох бо аробаву мошиншуви давлат пеш намеравад охир. пулаки мегиранд, мувофики хамон пул дарс намеган омузгорон. Аз кучо талабагон илм гиранд, вакте, мактаро хатм кунанд,ба чоеки дар мактабхои оли дохил шаванд, ба кучо сафар мекунанд, мегуян ку зинда бошад Россия, дар Россия магар дар дарахтонашон пул коридаги не бародарон, Худо аз пою миёнат мегирад аз кора,ман худам бо чашмонам дидайсодам хамаи инро. Аз дасти мо чи кор меояд! хечиз… мо бояд аз тарафи воладайно ариза барои вазири маориф равон кунем ё фармон дихад, ки пули мактабро насупоранд, ё мачлис дар хар як мактаб ташкил кунад ва 3 намоянда дар мачлис иштирок кунад ва масаларо хал кунанд. Бо этиром Омузгор Иззатулло аз Маскав

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: