Главная > Uncategorized > БА ЭМОМАЛӣ РАҲМОН

БА ЭМОМАЛӣ РАҲМОН

Мӯҳтарам ҳайати зҷодии “Пайкон”! Ҳар шумораи ҳафтаномаро мехонам ва навбатиашро бесаброна интизор мешавам.Ба ҷасорату матонататон қоилам, ки барои пешравии ҷомиа саҳм гузошта истодааед. Мурод аз навиштани ин сатрҳо он аст, ки дар  саҳифаи охири ҳафтанома навиштаед: “Ҳафтанома ҳамаи маводеро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба табъ мерасонад.” Чанд моҳ қабл ба Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон шеъре бахшида будаму ба нишонаи ҳафтанома ирсол намудам. Вале ҳайронам, ки чаро он то ҳол рӯи нашрро намебинад. Ё васфи Президентро “қонунгузории ҳафтанома” манъ кардааст?  Аз нашри шеър ягон чиро интизор нестам, на марҳаматеву на мукофотеро. Танҳо эҳсосоти ботиниамро баён намудам.Мехоҳам навиштаи ман танҳо дар “Пайкон” ба табъ расад.Умедворам, хоҳиши хонандаи доимии ҳафтаномаро ба инобат мегиред.

Бо эҳтиром Алиев Маҳмадтоҳир, деҳаи Ревади  ноҳияи Айнӣ.

Аз ҳайати эҷодӣ: Азбаски мо дар саҳифаҳои ҳафтанома қариб шеър ба табъ нарасонида будем, чопи навиштаи Шумо ба таъхир афтод. Мо ягон хел қонуни худро надорем ва эродатонро қабул дорем.

 

БА ЭМОМАЛӣ РАҲМОН

Решаи аввал Имому решаи дуввум Алӣ,

Бо саховат, бо тароват гашт дар олам валӣ.

Пешаи ӯ адлу инсоф асту худ марди сахӣ,

Кӯдакону кӯдакистонро бинмудаст ғанӣ.

Минбари ООН – ро бо рӯҳи тоҷик боз кард,

Баҳри пойдории сулҳу АМН cухан оғоз кард.

Фарҳанги бекарону таърихи садсоларо,

Пеши чашми аҳли олам равшану ҳамроз кард.

Подшоҳи тоҷикон бо аҳли инсон ёр шуд,

Баҳри мардуми ҷафокаш мунису ғамхор шуд.

Беваю бечораҳо аз ӯ ҳама мамнун шуданд,

Баҳри дарманду ғарибон анису дилдор шуд.

Нӯшервону Қубод ёд оваранд аз кори ӯ,

Обиду зоҳид ҳайронанд зи ҳар рафтори ӯ.

Ҳар тавону нотавон дар интизори мақдамаш,

Гашт маълум бар ҳама рӯйи ҷаҳон кирдори ӯ.

Садри одил аз паси сулҳу амонӣ баста кор,

То барорад мардумон аз ғафлату аз нангу ор.

Лек амалдорони шум роҳи бадӣ мекофтанд,

Кӯдаку пиру ҷавон з-ин дасти онҳо дар фирор.

Шаб нахуфту рӯз нагуфту мулкро гулзор кард,

Бо мамоликҳои олам тоҷиконро ёр кард.

Даштҳои ташнаву нимташнаро обшор кард,

Рӯҳи Исмоилу Нӯҳу Наср аз худ шод кард.

Исми тоҷикро дар олам зиндаву поянда кард,

Ҳам нахустин тоҷиконро соҳиби оянда кард.

Роҳҳою ҷӯйҳои валангорро зи нав,

Соз карду боз карду душманон шарманда кард.

Сад ҳазорон роҳати ҳақ бар ваю обои ӯ.

Баҳри осоиши халқҳо бас ҷафоҳо дидааст,

Мо ҳама мамнун ба ин атвору ин рафтори ӯ.

Бо самими қалб мегӯям ба ӯ ҳамду сано,

Сӯйи осмон мекушоям доимо дасти дуо.

Боз ҳам к-аз ӯ дуои хайр мехоҳам мудом,

Хурраму дилшод бошад, дар дуо ҳам доимо!

Рубрики:Uncategorized
  1. Январь 14, 2011 в 5:23 пп

    Асаломалейкум ба чаноби оли Эмомали Рахмон Ман файзова Шахринисо Хабибулоевна истикоматкунандаи шахри душанбе ман модари танхо ва маъюби гурухи 2-юм мебошам ман аз шумо хохиш мекунам ки ба ман кумаки худро расонед ман хона сохтани хастам лекин шароитам намерасад агар тавонед камехам бошад кумак кунед !

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: