Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Дар мулоқот кадом масоил бояд баррасӣ шаванд?

Дар мулоқот кадом масоил бояд баррасӣ шаванд?

25-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Қарор аст дар ин мулоқот буҷаи ин созмон барои соли 2011 ба тасвиб расад. Гуфта мешавад, ки нахуствазирон масъалаҳои энергетикӣ ва роҳҳои ҳамлу нақли заминиро низ баррасӣ хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки мулоқоти раҳбари Тоҷикистон бо Владимир Путин ва Карим Масимов — нахуствазирони Русияву Қазоқистон ҳам дар назар гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки омадани Владимир Путин ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шояд ба ҳалли бисёр масъалаҳои доғ замина гузорад. Суоли мо дар ин маврид ба коршиносон чунин буд:

Зайнуддин ОРИФӣ, журналист — тарҷумон, шаҳри Санкт-Петербург:

— Мақоми душаҳрвандӣ бояд арзёбӣ гардад. Ба иллати надоштани мақоми шаҳрвандии Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар ҳоли табоҳ доранд. Шаҳрвандони ҷамоҳири Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ба тарзи осон тайи 6 моҳ шиносномаи шаҳрвандии Русияро мегиранд, лек шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ҳуқуқ маҳруманд. Яъне, ба он муҳоҷире, ки солҳо агар барои ободии Русия заҳмат кашад, тавассути маблағи ирсолкардааш буҷаи давлати Тоҷикистонро ғанӣ месозад, бояд тибқи Созишномаи тозаи байнидавлатӣ мақоми душаҳрвандӣ дода шуда, мақоми иҷтимоияш устувор гардад.

 

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО, сиёсатшинос:

— Ба фикри ман, модоме, ки чунин имконияти вохӯрӣ фароҳам омадааст, бояд қабл аз ҳама мушкилоти муносибати ду кишвар баррасӣ шавад. Умуман вазъи минтақа ва дарёфти роҳи ҳал. Чунин вохӯриҳо кам даст медиҳанд. Ба вижа, бо дарназардошти он, ки Путин аз он сарвазироне ҳаст, ки қудрати зиёд дорад. Пас ин имконияти хуб барои баррасӣ намудани вазъи кунунии муносибатҳои байни ду кишвар ва имконоти рушди бештари он мегардад. Аммо кадом як масъалае ҳал мешавад ё на, ҳоло пешгӯӣ кардан номумкин аст.

Ба ҳар ҳол, ин як имконияти баррасии ҷиддии мушкилот шуда метавонад. Имрӯз, ба назари ман, мушкилоте, ки бояд баррасӣ шаванд, зиёданд. Аз ҷумла ду мушкилии асосӣ вуҷуд дорад — нерӯҳои қудратӣ ва мушкилии роҳ. Аммо ба гумон аст, ки онҳо якбора ҳалли худро пайдо мекунанд. Масъалаи дуюмдараҷаи дигар будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, масъалаи бидуни қайд 90 рӯз дар Русия ҳуқуқи ба сар бурдани муҳоҷирони тоҷик, таълим ва тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи нерӯҳои қудратӣ, ба вижа сарҳадбонон низ аз масоили умда ба шумор меравад.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ:

— Албатта масъалаҳои ҷиддӣ дар байни мо ва Русия хеле зиёд ҳастанд ва пеш аз ҳама ин масъалаи амниятӣ аст. Масъалаҳои махсус дар доираи созмонҳо, дар доираи муносибати кишварҳо, масъалаи вазъи Афғонистон ҳаст, ҳамкориҳои шарикии стратегӣ ҳаст. Ин масъалаҳо албатта барои ҳама маълум ҳастанд. Тамоми тоҷикистониён медонанд, ки барои ҳалли ин масъалаҳои мавқеи ягонаи Тоҷикистону Русия ва ҳамдигарфаҳмии ин кишварҳо зарур аст.

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот»:

— Воқеан, ин мулоқот то ҷойе таваҷҷӯҳи доираҳои таҳлилӣ ва соҳибназарро ба худ ҷалб сохтааст. Ва ин як амри табиист, чун ҳама дар он фазое ба сар мебарем, ки ҳалли тамоми масоили хешро ба Русия вобаста медонем. Албатта, дар гузашта ва ҳоло ҳам элитаи сиёсии мо аз бисёр ҷиҳат вобастагиҳои зиёд дорад бо ин кишвар. Аз ин хотир, ба ташрифи ғайрирасмии Путин ҳам мароқи хос зоҳир мегардад. Тавре аз гузоришоти ВАО хориҷӣ бармеояд, ҳоло ҳам доираҳои бозингари Русия дар чеҳраи Тоҷикистон шарики воқеии хешро намебинанд. Ишораҳои онҳо ба мислест, ки мо дарди сари касе ҳастем ё бояд иҷрокунандаи доимии амру дастури онҳо бошем. Мутаассифона, аз ноҷуриҳои ҷанбаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар хеле хуб истифода мекунанд, вале масъулини зидахли мо то ба имрӯз дар ин самт ё ҳарфи гуфтанӣ надоранд, ё гуфта наметавонанд.

Аз ин хотир, масъалагузор танҳо ҷониби Русия аст ва мо дар ҳошияи масъалагузории он кадом масъалаеро мегузорем. Вақте кадом таҳавуллоте ба вуҷуд омад, онро ҳатман хидмати дипломатияи хеш арзёбӣ мекунем, ки ҳеҷ асосе дар ин маврид дида намешавад.

Хеле хуб мебуд, агар мо дар самти барқарории низоми истифодаи роҳи оҳан аз Русия то Тоҷикистон, воридоту содироти молу коло муваффақият ба даст меовардему ҳам дар сохтмони «Роғун» пешрафт. Аммо гумон мекунам, масоили баҳс боз ҳам мавзӯи муборизаи муштарак алайҳи интиқоли маводи мухаддир ва экстремизму терроризм, ҳузури нерӯҳои марзбонии рус дар Тоҷикистон, таслим кардани майдони ҳавоии «Айнӣ» ба Русия ва дар умум масоили низомӣ-сиёсӣ хоҳад буду бас.

Омодасоз: Аҳлиддини Салимпур, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: