Главная > Саида ҚУРБОНОВА > Ислом-ота кечарасиз!

Ислом-ота кечарасиз!

Чунин менамояд, ки гӯё дар ӯзбекистон қатраи об несту ҳоло НБО-и «Роғун»-ро насохта, аллакай Тоҷикистонро барои ба нестӣ рафтани заминҳои обиаш айбдор мекунад.

Як грамм обро кам накунанд!

Панҷ сол мешавад, ки Президенти ӯзбекистон бо Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар «набард» аст, аммо як соли охир, аз лаҳзае, ки Президенти Тоҷикистон ба қароре омад, ки онро бояд бо қувва ва сармояи худӣ сохт, аз ҷониби ӯзбекистон фишороварии ҷиддӣ сар шуд.

Ин навбат Президенти ӯзбекистон Ислом Каримов дар мулоқот бо намояндагони Қароқалпоқистон гуфтааст, ки кишвараш мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Дар сурати сар задании ин гуна баҳсҳо саволе ба миён меояд, ки созмонҳое чун ОДКБ, СҲШ ва ИДМ-у СММ ва чандтои дигар, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳост, чаро наметавонанд дахолат кунанд? Агар дар ин масъалаҳову баҳсҳои дигар коре карда наметавонанд, пас чӣ лозим аст вуҷуд доштани онҳо?

Президенти ӯзбекистон аз он ҳарос дорад, ки агар НБО-и «Роғун» сохта шавад, давоми 8 сол мардумаш аз ташнагӣ шояд ҳалок шаванд. Зеро барои пур кардани сарбанди «Роғун» аз рӯи ҳисобу китоби Ислом Каримов ҳамин қадар вақт лозим будааст. Аммо вакили парлумони Тоҷикистон Ёқуб Саидзод дар сӯҳбат бо радиёи «Озодӣ» ин ҳисобро 8 неву 17 сол гуфтааст, ки агар Ислом-ако огоҳ шавад, мардуми Кароқалпоқистон як сӯ истад, тамоми аҳолии ӯзбекистонро «давоми 17 сол беоб мемонед ва аз ташнагӣ мемиред» гуфта, ба по мехезонад.

Ҳамчунин, ба андешаи ин вакил, дар ин муддат барои пур кардани обанбор танҳо 5 дарсади оби рӯдхонаи Вахш истифода хоҳад шуд, ки ба маҷрои дарё ва обёрии заминҳои ӯзбекистон таъсире нахоҳад гузошт. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар хушксолӣ то 20 дарсади оби дарёи Вахш хушк мешавад ва он 5 дарсад ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад.

«Ҳоло аз рӯдхонаи Сир ба баҳри Арал об ҷорӣ намешавад ва фақат рӯдхонаи Омӯ таъминкунандаи аслии оби ин баҳр аст. Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи хушкшавии баҳри Арал, бояд ҷараёни оби дарёи Омӯро ҳифз кард. Мо бо қотеъият талаб мекунем, то як грамм обро кам накунанд».

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Президенти ӯзбекистон, кишвараш дар ҳоли ҳозир 4 миллиону 300 ҳазор гектар замини обӣ дорад ва агар мушкили  об вуҷуд намедошт, метавонист қаламрави заминҳои обиашро ба 10 миллион гектар расонад»,- гуфтааст Президенти ӯзбекистон.

Пас, даъвои Ислом Каримов танҳо ғаразҳои пулӣ ва дар масъалаи газу барқ тоҷикон тобеи ӯзбакистон будан асту бас. Ё чизи дигар?

 

Ҳар кишвар метавонад …

Президенти Тоҷикистон ҳам дар паёми солонааш ба парлумон дар ин масъала чунин зикр карда буд: «Ҳамсоягони мо вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои фаровони нафту газ маҳрум буда, ҳар сол ба муддати 6-7 моҳ дар фасли сармо аз набудани барқу гармӣ азият мекашад ва илоҷи ягонааш дар кори таъмин намудани кишвар бо барқ бунёду истифодаи нерӯгоҳҳои обии барқист, бояд дуруст фаҳманд».

Аз ин рӯ, ба ҳар қиммате набошад, Эмомалӣ Раҳмон бояд дар ин андешааш устувор бошад ва ба ин гуна даъвоҳои беасоси ҳамтояш хотима бахшад. Зеро халқи тоҷик низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ҳуқуқи маънавии зиндагии осудаҳолонаро дорад ва ҳам тибқи Ойинномаи Созмони Милал ва муқаррароти дигари ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як кишвару халқ метавонад мустақилона аз сарватҳои табииаш барои рушду тараққиёти худ истифода намояд.

Вагарна, чаро ӯзбекистон метавонад аз манбаҳои нафту газаш фаровон истифода бараду Тоҷикистон не?

Барои ҳамин ҳам, Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, мисоли ӯзбекистон талаб намояд, то ташхиси фарогири системаи кӯҳнашудаи обёрӣ, истифодаи об дар минтақа, аз ҷумла обанборҳои сершумор, махсусан ӯзбекистон ва вазъи экологии он сурат гирад.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин созмонҳои хориҷӣ танҳо даъвоҳои беасоси Каримовро мешунаванду пешниҳодҳоеро, ки ба фоидаи кишварҳо ва минтақа аст, не. Вагарана, ба қавли коршиносон, сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ асту ҳамагӣ 5-7 фоизи обро истифода мекунад, чун кишвари кӯҳсор имконияти васеъ кардани киштзорҳои обёришавандаро надорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об наметавонад хатар эҷод намояд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аз 20-уми апрели соли равон таҳқиқ сар шудааст, ки қарор аст 18 моҳ давом кунад ва тайи ин муддат танҳо корҳои бозсозию омодагӣ ҷараён гирифта, иҷрои тарҳи асосии сохтмон номумкин аст.

Тавре дар боло аз созмонҳои хориҷие, ки Тоҷикистон дар онҳо аъзо аст, ёдовар шудем, ӯзбекистон ҳама мушкилотро барои Тоҷикистон эҷод кард, аммо ягонтои он мисоли Эрон вокунише нишон надоданд. Ё баъзе муроҷиатномаҳое буданд, ки ҷониби ӯзбекистон ба эътибор нагирифт.

Акнун ин дафъа ҷаноби Каримов барои он ки «як грамм обро кам накунанд», барои Тоҷикистон чӣ «сюрприз» омода кардааст, алҳол саволи кушода аст.

 

Вокунишҳои Тоҷикистон

Монеаэҷодкуниву муборизаҳои ӯзбекистон Тоҷикистонро водор кард, ки барои ҳифзи манфиатҳои худ алайҳи ӯзбекистон бо «яроқ»-и сохтаи худи ӯзбекистон ҷавоб диҳад.

Аз ин рӯ, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мизи мудаввар оид ба зарари экологии аз ҷониби корхонаҳои саноатии ӯзбекистон расида бо иштироки коршиносон доир шуд.

Саидамин Исомиддинов, роҳбари Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд изҳор дошт, ки комиссияи махсус таъсис дода шавад, то зарари экологиеро, ки аз ҷониби корхонаҳои ӯзбекистон ба ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамен расидааст, муайян кунанд.

«Дар навбати аввал ин ба фаъолияти комбинати металлургии Бекобод дар ӯзбекистон, ки бо ноҳияи Спитамен ҳамсарҳад аст, вобастагӣ дорад. Ҳамчуниин, ин ба комбинати металлургияи кӯҳии Алмалик низ дахл дорад, ки бо ноҳияи Мастчоҳ ҳамсарҳад мебошад. Сокинони ин ду ноҳия аз фаъолияти ин ду корхонаи ӯзбекистон зарари ҷиддӣ  дидаанд».

Ҳамчунин, Комиссияи байналмилалии таҳқиқи сарбандҳои азим дар Тоҷикистон ё TajCOLD эълон кард, ки ӯзбекистон тайи даҳсолаҳои ахир ба таври махфӣ ва бидуни машварат бо кишварҳои ҳавзаи Арал дар қаламрави худ 75 обанбор бунёд кардааст.

Тибқи иттилои дабири комиссиюни миллии TajCOLD Ҳомид Орифов, ӯзбекистон дар ин обанборҳо оби дарёҳои Сир ва Омуро барои обёрии киштзорҳои паҳновари худ ва бар зарари баҳри Арал ҷамъоварӣ мекунад.

 

«Сюрприз»-ҳои нави ҳамсоя

Баъди ин чораҳои зиддикаримовӣ ӯзбекистон тасмими дигар гирифт. Яъне, рӯзи 16-уми ноябр агар дар дигар кишварҳо Иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд, дар ӯзбекистон алайҳи нерӯгоҳи «Роғун» конфронси дурӯза баргузор карданд. Дар ин ҳамоиш намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, сафирони 32 кишвар ва донишмандон  ширкат кардаанд. Аммо ҳарчанд конфронс байналмилалӣ ва вобаста ба истифода аз захираҳои обии Осиёи Марказӣ буд, аз Тоҷикистон нафаре даъват нашуд. Дар ин конфронс мавзӯъҳои вобаста ба манофеъи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои «Роғун» ва ТАЛКО баҳс шудааст, ки сабаби даъват нашудани намояндагони Тоҷикистон маълум аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ вокуниш нишон дод, ки дар конфаронси Тошканд масъалаҳое баҳс шудаанд, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва робитаҳои он бо ӯзбекистон дахл доштанд ва табиатан ширкати намояндагони Душанбе дар он барои ҳамаи тарафҳо муфид мебуд.

Ғайр аз ин, ӯзбекистон ҳамчунин талош дорад нерӯи барқи худро ба Афғонистон ва Покистон содир кунад, то зарурате барои сохтмони «Роғун» ва кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ ба ин нерӯгоҳ боқӣ намонад.

Бо вуҷуди ин ҳама вокунишҳои Тоҷикистону созмонҳои хориҷӣ ӯзбекистон вагонҳои Тоҷикистонро раҳо карданӣ нест. Аз ин хотир бояд роҳҳои алтернавии ворид намудани таҷҳизоти «Роғун»-ро ба кишвар ҷӯст. Барои ҳамин ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо роҳи ҳавоӣ аксар таҷҳизоти нерӯгоҳро ворид кунад. Зеро камбуди чархҳои «БелАЗ» дар корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» монеъ шудааст.

Масъулони ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” гуфтаанд, ки ба далели “муҳосираи” ӯзбекистон корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ коҳиш ёфтааст.

«Масалан, мо ба чархҳои бузурги комюнҳои “БелАЗ” ниёз дорем, вале ӯзбекистон намегузорад, ки вагонҳои ҳомили ин колоҳо ба Тоҷикистон ворид шаванд»,- гуфтааст Нурулло Шулашов, раиси НОБ-и «Роғун».

Ҳарчанд ин роҳи серхарҷ аст, вале Худо кунад, ки ба ин роҳ ҳам монеа эҷод накунанд. Аз ин рӯ, бо ҳамовозӣ бояд гуфт, ки Ислом-ота кечарасиз! Ба  Тоҷикистон дахолат накунед!

С. ҚУРБОНОВА,

БМСЖТ

PS: Қисмати аввали мавод ҳангоме таҳия шуда буд, ки рӯзнома ба нашр нарасид. Ва акнун бо иловаи «бозӣ»-ҳои навбатии президенти кишвари ҳамсоя онро пешкашат месозем, хонандаи ватандӯст.

  1. Nazir
    Декабрь 16, 2010 в 2:56 пп

    Assalomu alaykum xoxari azizam Saidabonu baroi gamxorii milliaton yak jahon tashakkur, behtarash dar taraddudi soxtani SSSR shaved hammaash az sari nav xub meshavad.
    Bo kamoli ehtirom va hurmati ziyoda…

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: