Главная > Uncategorized > Кӯр чанд бор ба чоҳ меафтад?

Кӯр чанд бор ба чоҳ меафтад?

Президенти кишвар  гуфта буд: «Ҳар миллате, ки бедор нест ва ё дар роҳи худшиносиву ватанпарастӣ фориғболиву лавандиро пеша мекунад, аз бузургтарин неъмати Яздонӣ – Истиқлолу Ваҳдат бенасиб мемонад».

Дар айни ҳол, беваҳдатию бегонагиҳо дар миёни мардумони ҷаҳон пайдо шуда истодааст, Мисоли равшани онро дар кишварҳои Шарқи мусулмон дида истодаем.

Душманони дохилию хориҷии ҳасуди мо аз муваффақиятҳои ба даст омадаю Истиқлолияти кишварамон ҳасад бурда истодаанд. Худованди бузург дар Сураи Фалақ, ояти панҷум мефармояд: «Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад» (Худоё, Ва аз шарри ҳосид чун ҳасад кунад, дар амонам нигоҳ дор).

Фардони кинахоҳу адоватҷӯ ва ҳасудхӯр ҳам ба худ, ҳам ба бародарони худ ва ҳам ба раҳмати Илоҳия зулму таҷовуз мекунанд.

Шахсони ҳасудхӯр аз неъматҳои ба атрофиён расида азоб мекашанд. Ҳасудону бахилони дохиливу хориҷӣ имрӯзҳо аз гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз ғамбеморанд ва мехоҳанд чун каждуми таги бӯрё неш зада, авзои ороми кишварро ноором созанд! Рақибони миллату меҳани мо хато мекунанд, зеро ки дар урфият мегӯянд: «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад». Мо зеҳни қотили ин нофаҳмиҳоро фаҳмидем. Иншоаллоҳ, дигар хато намекунем.

Ҳамагон медонанд, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародаронаш хоҳони сулҳу ваҳдат, ободии кишвар ва маърифатнокии мардум ҳастанд.

Фардони бахилу ҳасуд чун ақраб ба воситаҳои ахбори умум ба ҷисму ҷон ва рӯҳи онҳо неш мезананд.

Ба ақидаи банда, мақсади ин фардони кӯрдил ноором сохтани вазъи ороми ҷомеа мебошаду халос. Онҳо намехоҳанд, ки мо аз неъмати истиқлолият истифода бурда, ба қуллаҳои мурод бирасем.

ДАРИ РИЗВОН НАМЕЁБӣ

(нисбат ба ҳасудон, ки ба Акбари Тӯраҷонзода ва бародаронаш ҳасад мебаранд)

Ҳасудо, аз бахилиҳо дари ризвон намеёбӣ,

Чу ақраб неш задан хоҳӣ, вале имкон намеёбӣ.

Ҳамехоҳӣ биолоӣ ту домони азизеро,

Ба ин тардоманиҳоят дили ҷонон намеёбӣ.

Ту сархушӣ зи тӯҳматҳову ӯ масте, зи ё “рабҳо”,

Ба нардбонсозии тӯҳмат раҳи кайҳон намеёбӣ.

Маранҷон Нуриддинҷонро, гар  нури хирад дорӣ,

Чу ӯ булбул, ҳамчу воиз, ба ҳеҷ бӯстон намеёбӣ.

Ба ин маҳфилу ин остон маё ту бо дили нопок,

Ки ҳамраъйе дар ин маҳфил дар ин остон намеёбӣ!

Муҳаммадрасул Иброҳимзода,

шаҳри Ваҳдат

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: