Главная > Фаридуни УМАРБЕК > Мо чӣ гуфтем, ки дили нозукат озор гирифт?

Мо чӣ гуфтем, ки дили нозукат озор гирифт?

Намедонем, аз киву чӣ шуд, ки бо“сабабҳои номаълум” яку якбора ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” аз чоп монданду торнамоҳои– “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Сентразия” ва “Тҷкнюз” “бандӣ” шуданд.Шукр, ки ҳафтаи гузашта ҳафтаномаҳои Фараж”-у “Нигоҳ” ба табъ расиду торномаҳо аз «бандагӣ» раҳоӣ ёфтанд. Пас ин амали дасти киву ба чӣ хотир буд ва чӣ оқибат овард? Магар вақти он нарасидааст, ки  ташаббускорони ин амали зишт ошкор карда шаванду бозпурс намоянд: бо ин амали хеш ба давлат ва кишвар чӣ суде оварданду чӣ зарар расонданд? Шояд касе  суду зиёнро санҷад.  1 моҳ чоп нашудани нашрияҳо боис гардид, ки тарафи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, “Хабарнигорони бидуни марз”, Кумитаи дифоъ аз журналистон» Тоҷикистон ҳадафи танқид қарор гирад. Сафорати Амрико дар номае ба номи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз вазъи матбуот дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Магар онҳое, ки боиси ин баёнияҳову номаҳо ва дар сатҳи байналхалқӣ боиси овозаю дарвоза гардидани вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон гардиданд, боре дар назди виҷдони худ ҳисобот дода бошанд, ки бо ин амалашон чӣ карданд? Магар шармандагӣ нест, ки рӯзноманигорон ба Вазорати нақлиёт ва комуникатсия  10 метр кабел барои тармими хатти интернет баранду он тавассути ВАО ба олам паҳн шавад?Магар шарт буд, ки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА дар посух ба пурсиши намояндагони кишварҳои дигар сурху сафед шавад?.

Маълум аст, ки фишор болои ҳафтанома ва торнамоҳо амали чанд тнест, ки аз бими ному ними нони хеш метарсанд ва худро рушод карданӣ нестанд. Вақте ки фишор болои нашрияҳои мустақил тавассути матбааҳо оғоз ёфта буд, дар баъзе сомонаҳо номи «масъулон»-и ин амал пайдо гардиду баъди соате  онро ислоҳ намуданд.Шояд вақти он расида бошад, ки сари гиреҳро аз он ҷо ҷуст.Сари ин  масъала мотадқиқотамонро идома медиҳем. Вале ба як чиз ҳайронем: агар хатое гуфта бошем, чаро мардона моро огоҳ намекунед?

Фариддуни Умарбек, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: