Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Садриддин Акрамов: «Мақоми вазирӣ бе Донишкада ҳам аз кафи Раҳмонов меравад, аммо доғҳои замони вазирӣ шӯста нагарданд»

Садриддин Акрамов: «Мақоми вазирӣ бе Донишкада ҳам аз кафи Раҳмонов меравад, аммо доғҳои замони вазирӣ шӯста нагарданд»

Аз баҳси байни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва ягона донишкадаи хусусии Тоҷикистон, ки якуним сол ин ҷониб идома дорад хонандагони ҳафтанома огоҳанд. Бо вуҷуди кашокашиҳои судию  ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон рафтани масъулони Вазорати маориф ва садди таҳсили донишҷӯён гардидан таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ идома дорад. Вазорати маориф садди таълим мегардаду ҷониби дигар  вокуниши нав изҳор мекунад. Бо мақсади ба ин масъалаҳо равшанӣ андохтан ба муассиси ДТИКТ бо чанд савол муроҷиат намудем:

-Садриддин Мӯҳриддинович, ҳафтаномаи «Пайкон» бо баъзе сабабҳои субъективӣ чанд шумора чоп нашуд. Инак, он сабабҳо паси сар шуданд. Мавзӯи баҳси Донишкадаи Шумо бо Вазорати маориф аз мавзӯъҳои мавриди назари хонандагони ин ҳафтавор буд. Мехсотем аз рӯйдоди охирини ин баҳс соҳибони таваҷҷӯҳро огоҳ созед.

— Як рӯз пеш аз тариқи расонаҳо шунидам, ки дар як кишвари ИДМ вазири нақлиётро кормандони БДА барои дар мошинааш набудани рақамҳои давлатӣ ва бо худ надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ боздошт намуда, автомашинаашро ба ҷаримагоҳ бурда, вазирро ба мӯҳлати 6 моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ва бо маблағи калон ҷрима намуданд. Ва ё як вазири Олмон барои истифода аз мошини хидматиаш ва ифшо шудани ин амал дар матбуот, худ дар асари таъсири адаби маъмуриаш ба истеъфо рафт. Агар қонунҳои Тоҷикистон ҳам чуноне дар назария сабт шудаанд, ҳамин гуна татбиқ мешуданд, ҳатман ДТИКТ дар баҳс музаффар мешуд. Ҳоло умед бастан ба адолати судӣ ва дар назди қонун баробар будани ҳамаи субъектҳои ҳуқуқӣ танҳо орзу ва идеал аст. Аз ин лиҳоз, ин маврид дар баҳс Вазорати маориф шаҳди музаффарият чашида истодааст…

— Оё ин маънои онро дорад, ки Донишкада аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш даст шӯст?

— Агарчи ман Вазорати маорифро дар баҳс комёб ном бурдам, ин баҳо рамзӣ ва сатҳист. Дар асл Вазорат музаффар нест. Зеро таънаи таърих сахттарин ҳукм аст. Мо дар назди қонун ва ахлоқи ҷомеавӣ сарбаландем. Ҳеҷ амали ғайриқонунӣ ва беадолатона содир накардаем. Дар оғози ин баҳс мақолае нигошта будем бо номи «Аз тройкаи сталинӣ то тройкаи раҳмоновӣ». Чуноне ки «тройка»-и сталинӣ «комёбӣ»-и лаҳзаинаро дастрас буд, вале дар назди таърих маломати якумрӣ насибаш гашт, ҳамин натиҷа хоси «тройка»-и раҳмоновӣ ҳам ҳаст. Донишкада дунболи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш то охирин соат хоҳад буд. Ва мо итминони комил дорем, ки вақт довари одил аст. Ин соат хоҳад расид.

-Мушаххасан, ҳоло дар кадом ҳолат қарор доред?

— Суди олии иқтисодӣ ба охирин номаи мо ки «Номаи саркушода» номгузорӣ шуда, аз тариқи матбуот чоп шуд ва ба Суди Олӣ расман фиристода шуда буд, тавассути мактуб ба ДТИКТ ҷавоби якунимҷумлагие навишта фиристод. Моҳияти ҷавоб ин аст, ки: «Мо ба чанд шикояти Шумо посух додаем. Дигар ҳоҷати такрор нест». Ин ҳам дар сурате, ки дар номаи саркушода мо Суди олии иқтисодиро ба сахттарин айб-дағалона риоя накардани Кодекси мурофиаи судии иқтисодӣ, дигар қонунҳо айбдор дониста, қонуншиканиҳояшро бо далел исбот намуда будем ва даъват кардем, ки агар Суди олии иқтисодӣ ин айбзаниҳоро қабул надорад, аз тариқи баҳси ҷомеавӣ посух диҳад. Чунин натиҷа худ аз ҳақиқати ҳол пурра хабар медиҳад. Ҷои таассуф аст, ки баъзан мақомти қудратӣ ва судҳо ягона роҳи ҳимояи худро дар истифода аз механизмҳои «пахшкунӣ» меҷӯянд. Чунин амал, албатта, итоат ва маниши мақомоти мазкурро зоҳиран таъмин мекунад, аммо натиҷаи ниҳоии он аз боварии мардум баромадан асту халос. Давлат бояд барои нигаҳдошти қудрат ва тавоноии худ дар ҳама корҳо ҳамеша ба боварии мардум такя кунад.

— Оё дар халалдор кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Донишкада домангириатон шахсан аз Вазири маориф аст ё иштирокчиёни ин саҳнаро зиёда дидед?

— Ман борҳо ишора кардам, ки дар кори хароби байни Вазорат ва Донишкада дасти зердастони Вазири маориф кам нест. Гумон мекунам иддае аз зердастон гоҳ махсус ва гоҳ аз нуқси дониш ё ломасъулӣ ба шавкат ва амали мантиқии Вазири маориф рахна заданд. Як роҳбарро ҳайати доно ва ҳушманд соҳиби тавон кунад. Он ки Вазири маориф сохтакориҳои, алахусус, Хадамоти давлатии назорат дар ҷодаи маориф ва чанде дигар аз ҳамчунин кормандонро медонад, ё на, шояд дар аввал надонад ва баъд аз муҷодалаҳои Донишкада огоҳ шавад. Вазири маориф дар оғози рухтобӣ бо Донишкада ду навбат гурӯҳи кориро барои санҷиши Донишкада фиристода буд. Чун нафарони ин ду гурӯҳ ба Вазир, Донишкада ва ба худ ситам накарданд, аз тӯҳмат ва дурӯғ дар ҳаққи Донишкада худдорӣ карданд ва ба Вазир аз ростӣ, яъне аз он гуфтанд, ки айбзаниҳои собиқ ректори ДТИКТ дар ҳаққи Донишкада асос надорад. Таассуф, баъдан Сардори Хадамоти назорат дар ҷодаи маориф худро «шахси содиқ» нишон доданӣ шуда, ба деги баҳс равғанҳои тӯҳматро ба серӣ рехт ва ба ин васила барои Вазири маориф «хидмати хирсона» кард. Гумон намекунам, ки гапу калочаҳои беш аз 1.5 сола дар атрофи Вазири маориф барои ӯ гуворо бошад. Чун мақоми вазирӣ бе Донишкада ҳам рӯзе аз кафи Раҳмонов хоҳад рафт, аммо доғҳои замони вазирӣ ба андак шӯста нагарданд.

-Зиёда аз як сол боз баҳсҳои судӣ идома дорад. Хулосаатон дар боби ҳокимияти судӣ чӣ гуна аст?

— Ҳокимияти судии имрӯзаро сахт бероҳа дидам. Ин ҳокимият барои бисёр нооромиҳои ҷомеа замина гузошта истодааст. Зеро, агар ҳокимияти судӣ адолати судиро дар ҷомеа таъмингар бошад, ҷомеа хуб, хуш ва роҳат хоҳад буд. Таассуф, чунин нест. Бо ҳар кадом суд ва судяе, ки корамон афтод, онҳоро мустақил, беғараз ва босалоҳият наёфтам. Аз чунин ҳокимияти судӣ ҳеҷ амали қонунии ҷасӯронаро интизор нестам. Масалан, судя-мӯҳтарама, Х. Муҳаммадиева як бор дар беэътибор кардани фармони ғайриқонунии Вазири маориф ҷуръат кард, фардои рӯз бо «чашмони ашкин» аз адолати судӣ рӯ гардонид ва таъиноташро ба манфитаи Вазорати маориф «ислоҳ» кард.. Ва ё вақто ки ДТИКТ ба як санади пур аз хатои мантиқӣ, грамматикӣ ва ҳуқӯқии судя, (бо шумораи зиёда аз 100 хато) мӯҳтарама Домуллоҷонова ба таври расмӣ эрод гирифт ва ба Суди Олӣ дар ин хусус шикоят навишт, аз ин мақомоти олӣ посух омад, ки ин ҳама камбудиҳои содиркардаи судя бо айби компютер аст. Судя дар ин боб огоҳ карда шуд… Муқаддасоти қонун шиор аст. Дар амал қонунҳои Тоҷикистон дар залилтарин вазъанд. Аз ҳокимияти судӣ рӯ гардонида, пайваста ба охирин кафили риояи қонунҳои давлат-Президент тавассути матбуот муроҷиат кардани мардум нишони бебаҳси ин гуфтаҳост.

— Кори идораи маорифро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

— Бардошти баҳси якунимсолаамон бо Вазорати маориф «бӯи хуш» надорад. Вақто ки роҳбарони сатҳи аввали маориф тӯҳмат кунанд, сохтакорӣ ва тақаллуб варзанд, вазорати маориф вазифаи таърихии худро дар пеши миллат ва Ватан адо нахоҳад кард. Ва дар кишваре, ки роҳи маориф «соф» нест, комёбиҳои муаррифишуда сохтакоронаанд. Музаффарияти андаки доштаамон ин дар он аст, ки ҳаёт миранда нест. Фардҳои ҷудогона аз рӯи ҳолати ирқӣ амали солеҳеро субут кунанд, ки ин хидмати раёсату садорати Вазорати маориф нест. Ба қавле ин музаффариятҳои ҷудогона ҳамон «гулҳои худрӯ»-янд». Ба ҳар навъе, муҷодала ва баҳси ҷонибро ҷомеа баҳо дода ва хоҳад дод.

Ҷониби Шуморо ба итоат накардан ба қарорҳои судӣ айб мезананд. Воқеан чаро шумо ба қарорҳои ҳокимияти судӣ ба осонӣ сар намефароред?

— Он ки Донишкада чанд супориши Вазорати маориф ва судро иҷро накард, дуруст аст. Иллати ин амал як аст. Донишкада дар чунин ҳолат ба ду воқеият рӯ ба рӯ шудааст. Яке иродаи қонун, дуввум иродаи шахси мансабдор. Мо бо масъулияти ҷиддӣ ҳанӯз арз дорем: Иродаи маснабдор аз иродаи қонун боло нест. Давлате, ки дар он иродаи мансабдор ҷои қонунро гирад, ҷомеаи коррупсионӣ ва истибдодист. Ҳатто, бебаҳс аст, ки дар асоси супориши мансабдор иҷро кардани амали ғайриқонунӣ ҷавобгариро дар назди қонун аз байн набарад. Раёсати Донишкада ҳеҷ вақт баён накардааст, ки ба қонун итоат намекунад. Нодидагирии қонун худкушист. Аммо итоат ба иродаи ғайриқонунии мансабдор аввалан оҷизӣ, бешарафӣ ва танҳо баъд аз он қонуншиканист. Он ки имрӯз Вазорати маориф наздик ба 2000 донишҷӯ ва оилаи онҳоро сахт дар ташвиш овард, беш аз 200 корманд ва ба ин васила 200 оиларо дар ҳоли мушкилоти иҷтимои хонадон кашид, бигзор қозии башар мукофоти ҳар ҷонибро дар баҳои амалаш муқаррар кунад. Ба ҳар навъ, мо барои ҳимояи онҳое, ки ба даргоҳи мо омадаанд, ҳама амали қонуниро хоҳем кард, новобаста аз он ки ин амал ба мансабдорони ҷудогона хуш ояд ё не. Муҳимаш дар пеши қонун амаламон хато набошад. Агар барои риояи қонун ҷазо гирем, ин риқатовар нест…

-Оё аз баёнҳои шумо хулоса кардан метавон, ки ДТИКТ баста шуд?

-Мафҳуми «бастан» ифодаи рамзист. Дар соҳаи маориф ташкил кардани як муассисаи ғайридавлатӣ ин пурра ба ташаббуси шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дар асоси талаботи КГҶТ ташкил кардани он ба воситаи аз қайди давлатӣ гузаштан аст. Фаъолият дар ҷодаи маориф амали иҷозатномавӣ (литсензионӣ)-ист. Ваколати додани иҷозатнома дар дасти Вазорати маориф аст. Вазорати маориф дар ташкил ва барҳам додани амали муассисаи ғайридавлатии ҷодаи маориф ҳеҷ ваколате надорад. Дахолати Вазорати маориф ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ дар ду амал содир мешавад. Яке додани иҷозатнома. Дуввум, назорат барои риояи стандартҳои давлатии ҷодаи маориф.   Ҳукумати Тоҷикистон назорати худро дар ҷодаи маориф ба воситаи Вазорати маориф ва Хадамоти давлатии назорат дар ҷодаи маориф амалӣ созад. Худи Ҳукумат дар асоси асноди ҳуқуқии батанзимдарории маориф бевосита ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф набояд дахл кунад, аз ҷумла, набояд санҷиш ва тафтиш гузаронад. Доираи дахолати Вазорати маориф ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба воситаи қонун ва асноди зериқонунӣ муқаррар аст. Вазорати маориф ҳақ надорад ин ҳудудро таҷовуз кунад. Шояд, чун Вазорати маориф дар кори молиёт, таъиноти коргарии муассисаҳои ғайридавлатӣ ҳаққи дахл надорад, ин ҳолат барои Вазорат гуворо нест. Ва маҳз аз ин ҷо, бо механизми ягонаи таъсиррасонӣ, назорати риояи стандартҳои давлатии маориф Вазорат оддитарин камбудии муассисаҳои ғайридавлатиро баҳона карда, ба онҳо таъсири манфӣ расонад, то майдони маориф пурра дар дасташ бошад. Агарчи қонунҳои зиддиинҳисорӣ (антимонополия) чунин навъи амалро ҷиноят ва қонунҳои коррупсия онҳоро амали коррупсионӣ ва Кодекси ҷиноятӣ амали ҷиноятӣ ном бурдааст.

Ниҳоят, Донишкадаи мо баста нест ва ин ба иродаи Вазорати маориф ҳам вобаста нест. Вазорат танҳо Иҷозатномаи фаъолияти моро ба воситаи суд беэътибор кард. Донишкада ҳар лаҳза ҳуқуқ дорад ба Вазорати маориф барои гирифтани иҷозатномаи нав муроҷиат кунад.

Ва боз ҳам ҳамаи масъалаҳо марбут ба ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Агар қонунҳо риоя нашаванд, ҳамаи «забондарозиҳо»-и мо маъние надоранд. Пеши беқонунӣ аз қонун сухан наравад. Он ҷо иродаи «зӯр» амал кунад.

— Назаратон ба фардои баҳс чист?

-Дар фазои беқонунӣ ҳеҷ пешомади некеро баён доштан имкон надорад. Агар амали қонуншикании Вазорати маориф идома ёбад ва ҳокимияти судӣ ин амалро дар оянда ҳам «қонунӣ» гардонидан гирад, мо чӣ ҳам мекардем.

Донишкада дар сурати риояи қонун пурра ғолиби баҳс хоҳад гашт, аммо дар пеши беқонунӣ ва коррупсия ба ҷузъ аз «шикасти вақтӣ» роҳе надорем. Мо ба ҳеҷ василае бо истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ музаффар шуданро қабул надоштем ва нахоҳем дошт. Аз даст задан ба бадхулқиву амали ғайриқонунӣ шикаст афзал аст…

Ба ҳар навъе, ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ будани онро инкор накардааст. Пас, мо ҳанӯз имконияти конститутсионии мубориза бурдан барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро дар даст дорем.

Аломатҳои ҳифз шудани ҳуқуқбунёдӣ ва демократияи Тоҷикистон ошкор аст. Ҳамин муколамаи рӯзнома бо мо ва ошкоро баён доштани нуқтаи назар моли шукргузории амал кардани Конститутсия аст. Агар ҷомеа пурра истибдодӣ бошад, баъд аз ин муколама ману Шумо паси панҷара рақам мешуморидем.

Ба риояи андаки қонунҳои Тоҷикистон ҳам шукргузор ҳастам …

Мусоҳиб: Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: