Главная > Uncategorized > Умеди охирин Шумоед, Ҷаноби Олӣ!

Умеди охирин Шумоед, Ҷаноби Олӣ!

Шахсан ба президенти ҷумҳурии тоҷикиситон Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Нусха: Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шерхон Салимзода.

Нусха: Ба директори АНДМ ва МК ҶТ Саидов  Фаттоҳ  Ғоибович.

Аризаи шикоятӣ

Аз болои баъзе кормандони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии Давлатии Назорати Молияви ва Мубориза бо Корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе.

 

Ба ҳафтаномаи «Пайкон»

Мӯҳтарам ҳайати эҷодии ҳафтанома. Пас аз андешаҳои зиёд рӯи ниёз ба Шумоён овардем. Чанд сол мешавад, ки барои ҳалли масъалае қариб дари тамоми мақомоти дахлдорро кӯфтем. Аммо аз ҷое ягон садое набаромад. Аниқтараш, касе намехоҳад қазияи моро дар асоси талаботи қонун ҳал намояд. Чандин маротиба ба унвони раиси ҷумҳур мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ариза навиштем. Аммо муроҷиати мо ба Сарвари кишвар намерасад. Намедонем дар ин ҷо чӣ ҳикмат бошад. Ноилоҷ ба ҳафтанома рӯй овардем, ки аризаи моро дар шакли асл манзури аҳли ҷомеа намояд. Шояд нафаре пайдо шаваду ин арзи моро ба Президенти кишвар расонад.

Мо солҳо инҷониб дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» фаъолият доштем. Раиси ҷамъият Боймурод Холмуродов аз 18-уми декабри соли 2006 фармони № 42-ро баровард, ки аз 2-юми январи соли 2007 ба тарзи кори иҷоравӣ гузарем. Мо саҳҳомон розӣ нашуда, бо аризаи даъвогӣ 30-юми марти соли 2007 ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намудем. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фармонро беэътибор шуморид. Якбора шаҳодатномаи азнавбақайдгирӣ ва оинномаи ҷамъияти саҳҳомиро таҳти № 13-87 беэътибор донист. Шаҳодатномаи азнавбақайдирии ҶСШК «Фурӯшоҳи марказӣ» таҳти № 13р-87-ро, ки ба номи Б. Холмуродов буд, аз сабаби дар қайди Вазорати адлия ва идораи нотариалӣ набуданаш беэтибор хонд. Суд роҳбарияти «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро вазифадор кард, ки оинномаи худро дар асоси қонун аз қайди давлатӣ гузаронад.

Бо таъиноти коллегияи Суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бетағйир монда шуд ва қувваи қонунӣ пайдо кард. Вале то ба имрӯз ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷро намешавад. Мо саҳҳомон 18-уми сентябри соли 2010, 9-уми октябр ва 23-юми октябр ва маротибаи охир 13-уми ноябр дар қабули вазири адлияи ҶТ будем. Вазири адлия дар моҳи октябр ба мо гуфтанд, ки «Ба дастгоҳи иҷроияи Президент мактуб навиштам, ки як комиссияе ташкил намоянд, то қазияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор диҳанд». Мутаассифона, моҳи ноябр ҳам ба охир мерасад, вале аз ҷониби ягон мақомоти дахлдор доир ба қазияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» комиссияе ташкил нашудааст.

Аз моҳи декабри соли 2007 то ин ҷониб мо 19 маротиба бо аризаю шикоятҳо ба Президент муроҷиат кардем. Аризаю шикоятҳои мо аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент ба ҳамон мақомоте, ки мо аз болояшон шикоят мекунем, равона карда мешавад.

Аризаи шикоятии навбатиро шахсан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як нусха ба Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, ба директори АНДМ ва МК ҶТ Фаттоҳ Саидов ирсол намудем. Ин аризаи шикоятии моро 20-уми октябри соли 2010 Ҳабиба Сафарова қабул кардааст.

Мо аз рӯзи 25-уми октябри соли равон сар карда, аз натиҷаи аризаамон пурсон мешавем. Вале ҳар рӯз як рақами телефонро ба мо мегӯянд, пагоҳаш бошад, боз рақами дигарро. Ба шӯъбаи умумии Дастгоҳи иҷроияи Президент (рақами телефон: 221-70-82) занг зада, пурсидем, ки аризаи мо дар куҷо қарор дорад. Аз шӯъбаи умумӣ ба мо гуфтанд, ки ба рақами 221-48-68 занг занед, ариза дар онҷо қарор дорад. Мо ба ин рақам занг задем, аз он ҷо гуфтанд, ки аризаи Шумо дар мо нест, аз шӯъбаи умумӣ пурсед. Мо аз шӯъбаи умумӣ пурсидем. Боз як рақами дигар доданд (221-40-29), то занг занем. Занг задем, аз он ҷо ҷавоб доданд, ки ба рақами 221-48-68 занг занем. Боз ҳамин аҳвол, аз шӯъбаи умумӣ пурсидем. Боз шӯъбаи умумӣ рақами 224-64-55-ро дод. Мо ба ин рақам занг задем, аз онҷо гуфтанд, ки аризаи шумо дар дасти мо нест. Боз ба шӯъбаи умумӣ занг задем. Онҳо рақами дигар доданд: 224-76-46. Мо ба ин рақам занг задем. Гуфтанд, ки аризаи шумо дар дасти мо нест. Тавсия доданд, ки рӯзи 5-уми ноябри соли 2010 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент биёед, мо аризаи шуморо пайдо мекунем. Мо — саҳҳомон ба Дастгоҳ ҳозир шудем. То бегоҳӣ дар қабулгоҳ будем. Шахсе, ки дар қабулгоҳ менишинад, чанд маротиба ба ҳамин рақам занг зад, то бегоҳ пайдо карда натавонистанд. Баъд боз ба шӯъбаи умумӣ занг задем ва хоҳиш кардем, ки назди телефон Сафарова Ҳабибаро даъват кунанд. Аз Сафарова пурсидем, ки тақдири аризаи мо чӣ шуд, ба кӣ равон карда будед? Сафарова маслиҳат доданд, ки аз нав ариза навишта равон кунем. Мо гуфтем, ки ба номи Президент 19 аризаву шикоятҳое қаблан навишта будем, бо замимаҳояш. Қариб 170-180 саҳифа куҷо шуд, ки аз нав боз ариза нависем? Яъне, 5-уми ноябр аз Дастгоҳ бе ягон маълумот баромада рафтем.

Рӯзи 9-уми ноябри соли 2010 мо — саҳҳомон боз ба қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент омадем. Рӯзи қабули мушовири Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буд. Мо то бегоҳ дар инҷо интизор будем, вале ягон мушовир дар рӯзи қабулашон бо мо ҳамсӯҳбат нашуданд. Шахсе, ки дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент аст, ба Изатулло Саидов занг зад. Он кас назди мо баромаданд. Дар бораи аризаи шикоятиямон пурсон шудем. Гуфтанд, ки ариза дар дасти ман нест, «Шумо дигар аризаи шикоятӣ биёред, мо аз нав ба қайд мегирем». Худи ҳамон рӯз ҳамон аризаро бо тамоми замимаҳояш тайёр карда, ба Иззатуло Саидов супоридем. И. Саидов гуфтанд, ки баъди як-ду рӯз занг занед. То имрӯз ба ин шахс занг мезанем, тамоман ҷавоб намедиҳанд.

Чунин аст қисмати мо дар дарёфти ҳақиқат.

Саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшоҳи марказӣ»

 

Тибқи ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз
12-уми декабри соли 2007 ва таъиноти коллегияи Суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ аз 21-уми феврали соли 2008 ба шакли иҷора гузаштани кор дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун тарзи ғайриқонунии  гузариши иҷора эътироф гашта буд. Бо санадҳои судии дар боло зикршуда Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе аз 26-уми майи 2000 таҳти №13-87 (ки ба номи Муминов Ҷон мебошад ва ӯ дар вақташ бо таври худсарона ба сари вазифа омада буд ва ба  ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ягон муносибат надошт, саҳҳом набуд, аз ин лиҳоз суд ин Оинномаро беэътибор дониста буд) ва Оинномаи таҳти №13р-87, ки ба номи Холмуродов Б. буд, он аз қайди Вазорати адлия нагузашта, дар Идораи нотариалии давлатӣ ба қайд гирифта нашуда буд, ки ин низ бинобар сабаби қалбакӣ (поделка) буданаш беэътибор дониста шудааст.

Тибқи варақаҳои иҷро таҳти №2-200-и Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12-уми декабри соли 2007 ва Таъиноти Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди шаҳри Душанбе 21-уми феврали соли 2008 аз 17-уми апрели соли 2008 Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти №13-87 аз 26-уми майи соли 2000 сол хориҷ карда шудааст. Мутобиқи моддаи 64 қисми 8 КГ ҶТ ва моддаи 103 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» дар ҳолати хориҷ кардан аз феҳристи ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад. Гуфтаҳои дар боло зикршударо мактуби ҷавобии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2-З, аз 5-уми феврали соли 2010 тасдиқ менамояд. Аммо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаи санҷишии ҳуқуқии таҳти №1114, аз 6-уми июни соли 2008 ба Оинномаи соли 1997 қувваи бозгашт доданд. Тибқи талаботи моддаи 4 қисми 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди қонунҳои гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадааст. Дар моддаи 27 Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” омадааст: “Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро дақиқ муқаррар намуда, тартиби фаъолият ва муносибати мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзоёни худ муайян менамояд”. Дар моддаи 65 Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст: “Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст, ки қувваи бозгашт дода шавад. Қарор дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санад ё дар санади мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад. Қувваи бозгаштро нисбати санади меъёрии ҳуқуқӣ фақат мақоми қонунгузор дода метавонад, ки ҳангоми қабул намудани қонунҳои нав ва ё ин ки қонунҳои пештара оиди ин ҳолат дар қонун зикр карда мешавад”. Дар Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе, ки онро соли 1997 қабул кардааст ва бо хулосаи додаи ғайриқонунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» онро мавриди истифода қарор додааст, дар бораи қувваи бозгашти ин санад ягон сухан намеравад. Ҳамчунин дар ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12-уми декабри соли 2007 роҷеъ ба барқарор кардани Оинномаи соли 1997, яъне додани қувваи бозгашт ба он низ ишора нашудааст, чунки аллакай қонунгузор ҳангоми мавриди амал қарор додани қисми 1 моддаи 4 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудааст, ки асноди қонунҳои гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани он ба миён омадаанд. Мактуби мазкур дар аризаи шикоятӣ замима карда мешавад.

Иҷрочии калони Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нуров С. дар санаи 6-уми майи соли 2008 бе иштироки мо — даъвогарон варақаи иҷроия таҳти №2-200 бо ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12-уми декабри соли 2007 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди шаҳри Душанбе аз 21-уми феврали соли 2008-ро пур карда, гӯё санадҳои судиро иҷро намуда, аммо дар амал умуман то инҷониб иҷро нашудааст. То ҳол ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе бо шакли иҷора фаъолият карда истодааст. Зиёда аз 400 саҳҳом аз кор хориҷ карда шудааст (уволить). Ба ҷои мо — саҳҳомон шахсони бегона фаъолият карда истодаанд. Аз тарафи иҷрочии калони Суди ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе Нуров С. дар бораи иҷро кардани санадҳои судӣ санад тартиб дода нашуда ва имзои мо — саҳҳомон гирифта нашудааст. Доир ба ҳолати дар боло зикргардида мактуби супоришии  муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Х. Имомов ба иҷрочии калони Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе таҳти №22в, аз 6-уми июни соли 2008 тасдиқ менамояд.

Мо борҳо ба  тариқи ариза ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда будем, аммо бо таври қонунӣ ҷавоб намегардонанд. Ҳамчунин борҳо мо дар қабули муовинони вазири адлия будем, аммо онҳо нисбати ҳалли масъалаҳои мо ягон чора наандешиданд. Дар таърихи 9-уми октябри соли 2010  мо — саҳҳомон дар қабули вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будем. Вазири адлия гуфтанд, ки мо масъалаҳои шуморо омӯхта, аз натиҷааш хабар медиҳем.

Дар давоми солҳои 2008-2009 мо — саҳҳомон шаш маротиба бо ариза ба АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонуншиканиҳои характери коррупсионӣ дошта ва поймол кардани ҳуқуқҳои мо — саҳҳомон дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз тарафи Холмуродов Б. муроҷиат намуда будем. Аз ҷумла, ғайриқонунӣ фурӯхтани истгоҳи автомобилҳо (автостоянка), мағозаҳои «Бахт» ва “внешпосилторг” дар моҳи марти 2005 ғайриқонунӣ ҷамъ кардани андози ғайриманқул аз саҳҳомон ва нисбати дигар қонуншиканиҳое, ки дар ҶСШК “Фурӯшгоҳи марказӣ” ҷой доштанд, ки мо — саҳҳомон ба таври мушаххас дар аризаҳоямон дарҷ карда будем, то ҳол ягон чора дида нашудааст.

Аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар соли 2008 Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти №13р-87, ки ба номи Холмуродов Б. тааллуқ дошт, аммо дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ нагузашта, сохтакорона (поделка) буд, дар асоси протокол аз Холмуродов Б. гирифта шуда, бо мактуби КДАМ ҶТ ба АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд, ки нисбати ин ҳолат ягон чораҷӯӣ карда нашудааст.

Мо — саҳҳомон дар бораи ҳаракатҳои ғайриқонунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ғайриқонунии бақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе дар аризаи шикоятӣ аз 5-уми феврали соли 2010 ба унвони Шумо ба таври пурра ва мушаххас навишта будем. Онро ба аризаи навбатӣ замима менамоем.

Аз соли 2007 то инҷониб нисбати муроҷиати мо — саҳҳомон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷро нашудани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 12-уми декабри соли 2007 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди шаҳри Душанбе аз 21-уми феврали соли 2008 аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 нисбати Холмуродова Малика оғоз кардани кори ҷиноятӣ бо моддаҳои 131 қисми 2 банди «Ж» ва 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонуншиканиҳое, ки дар боло зикр карда гузашта будем, аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон чораҳои қонунӣ андешида нашудаанд.

Доир ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баровардани ҳалномаҳои ба ҳам мухолиф аз ҷониби як судя дар давоми ду моҳ, баровардани ду ҳалномаи ба ҳам мухолиф аз ҷониби судяҳои Суди иқтисоди шаҳри Душанбе, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз парванда ҳуҷҷатҳо гум мешаванд. Аз ҷумла дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз парванда 71 дархости хаттии мо — саҳҳомон гум шудааст. Ин аризаҳо замима карда мешаванд.

Аз тарафи судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Азизова Д. оиди ба кашолакорӣ ва бе баррасӣ мондани даъвои мо оид ба рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ то имрӯз ҳалли худро наёфтааст. Оид ба ҳаракатҳои судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мо — саҳҳомон бо ариза дар саннаҳои 5-уми майи соли 2009 ва 28-уми августи соли 2009 ба Шумо муроҷиат намуда будем. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президент аризаҳои мо ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ равон карда мешавад. Нисбати аризаҳои мо дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои қонунӣ андешида намешавад. Ҳамаи ариза ва шикоятҳое, ки мо ба унвони Шумо аз болои ҳаракатҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор менависем, аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент мавриди баррасӣ қарор нагирифта, ба худи ҳамон мақомоте ки мо аз болои онҳо шикоят меорем, барои баррасӣ ирсол карда мешавад.

Аз моҳи октябри соли 2009-ум то инҷониб мо — саҳҳомон ҳар моҳ интизор мешавем, ки кай рӯзи қабули Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мешавад. Ҳар моҳ мо дар рӯзи муқарраргашта ба қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент меоем ва мушовирон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ моро қабул карда, аризаву шикоятҳои моро гирифта, бо мо ҳамсӯҳбат гашта, то имрӯз оид ба ҳалли маъалаҳои мо ягон чораи қонунӣ наандешидаанд.

Дар таърихи 20-уми апрели соли 2010 моро Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷ. М. Давлатов қабул намуда, аризаву шикоятҳои моро гирифта, тавсия дод, ки ба унвони ӯ ариза нависем. Мо аризаи худро навишта, дар санаи 21-уми майи соли 2010 дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи Президент шахсан ба худи ӯ супоридем. Мушовири Президент ба мо гуфт, ки аризаро санҷида, коммисия ташкил намуда, ба Президент гузориши хаттӣ пешниҳод менамоем. Аммо дар моҳи июн, июл, август, сентябр ва охирон маротиба 12-уми актябри соли2010 дар рӯзҳои қабули Мушовири Президент омадем, аммо ӯ ягон маротиба моро қабул накард, мо ӯро надидем ва ба аризаҳо ва шикоятҳои мо то имрӯз ягон ҷавоб надодааст. Дар қабулгоҳ моро дигар мушовирон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ қабул намуда, мегуфтанд, ки “имрӯз Ҷ. М. Давлатов нест, фардо биёед, вай шуморо қабул мекунад”, вале чун рӯзи дигар меомадем, боз Ҷ. М. Давлатов набуд ва мушовирони дигар моро бо гапҳои хушку холӣ гусел менамуданд.

Мо — саҳҳомон аз соли 2007-ум инҷониб ба унвони Шумо 19 маротиба бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудем, аммо арзу шикоятҳои мо ба Шумо намерасад, ки ин ҳолат сабаби то имрӯз ҳалли худро наёфтани масъалаҳо гаштааст. Аз он ҷумла, мо — саҳҳомон дар рӯзномаҳои даврӣ ба Шумо бо Муроҷиатнома 6 маротиба муроҷиат намуда будем, вале ба ин муроҷиатҳо ягон ҷавобе нагирифтаем.

 

МӯҲТАРАМ ҶАНОБИ ОЛӣ!

Мо ҳамаи ваҷҳҳои 19 ариза ва шикоятҳои қаблан ба унвони Шумо навиштаамонро ба таври мушаххас қайд карда намегузарем, чунки аризаҳои мазкур дар аризаи навбатӣ замима карда мешаванд.

Чун ҳалномаи суд аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаваду дар давоми се сол ҳалли худро наёфта, мавриди иҷроиш қарор намегирад, ин ҳолат обрӯю эътибори давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёдро коста месозад. Аз ҳамин масъалаи мо дар давоми чор сол тамоми мардуми ҷумҳурӣ хабардоранд ва ҳама интизоранд, ки он дар асоси Конститутсия ва дар чорчӯбаи қонун ҳалли худро меёбад.

 

МӯҲТАРАМ ҶАНОБИ ОЛӣ!

Чун Шумо ҳомии Конститутсия ва қонун мебошед, кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҳастед, умеди ягона ва охирини мо аз Шумост.

Мо — саҳҳомон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо супориши Шумо як комиссияи босалоҳият ташкил карда шавад, то ҳамаи арзу шикоятҳои моро пурра санҷида, қарори қонунӣ қабул намоянд. Кори коммисияро таҳти назорати худ мегирифтед, хеле хуб мешуд. Танҳо Шумо метавонед ба ин қонуншиканиҳои рӯирост, ҳуқуқпоймолкунӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои амволии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои конститутсиони мо нуқта гузоред.

А. Одинаев ва дигар саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»

Рубрики:Uncategorized
  1. Юсуф
    Ноябрь 25, 2010 в 12:34 пп

    Вакте дар дастгохи Президент чунин хунукназари хукмфармост аз дигар идорахои давлати чи гила?

  2. Рустам
    Декабрь 10, 2010 в 9:13 дп

    Ман Ахмедов Рустам донишчуи бахши II, ихтисоси «Хукукшиноси» тахсил мекунам. Ман мехохам, ки хар як шахрванди ЧТ бояд бо хондан машгул шавад. Аз ин лихоз, баъзе шахрвандон хастанд, ки бо хондани дарс шавк надоранд, баъзе онхо ба чиноятхои вазнин, начандон вазнин, дарчаи миёна машгул мешаванд. Аз инчо ман ба шахрвандони ЧТ гуфтаниам «Вактро ганимат дониста хондан лозим аст, аз ин лахзахои фарахбахш истифода бурда,барои хондани ихтисосхои интихоб кардаатон машгул бошед»

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: