Главная > Саида ҚУРБОНОВА > Табибон, ба хориҷа!!!

Табибон, ба хориҷа!!!

Ва ё барои ҳафт пуштат пули муфт ёфтан хоҳӣ, дар ватан мӯй дароз кун!

Маслиҳати президент амалӣ мешавад

18-уми ноябр, вақте дар фурӯдгоҳ хешовандамонро ба мардикорӣ гусел мекардем, нохост як шиноси табибамро бо аҳли оилааш дидам. Ҳайрон шудам, ки наход онҳо низ ба мардикорӣ раванд?! «Бештар нафароне муҳоҷир мешаванд, ки ё маълумоте надоранд, ё доранду кори хуб пайдо карда наметавонанд,- андешидам ба худ. Баъдан суханони президентамон ба ёдам расид: «Бояд таҷриба гиранд!». Вале, ба ҳар ҳол, куҷо рафтану мақсади сафарашонро пурсидам. Табиби шиносам гуфт: «Ба хориҷа (албатта на ба Русия,- муаллиф) барои коркунӣ меравам. Дар инҷо бо чунин маош хона харидан як тараф истад, ҳатто рӯзгоратро пеш бурда наметавонӣ». Ба ӯ дар хориҷа аз рӯи ихтисосаш  кор ва маоши хуб ваъда кардаанд. Ҳатто дар аввал барои омӯзиши забон ва таҳсил бо идрорпулии нағз, иҷора ва барои ҳамсараш низ, ки маълумоти олӣ дорад, ҷои кор таъмин хоҳанд кард.

Албатта, рост гуфта буд президенти кишвар зимни вохӯриаш бо зиёиёни кишвар дар Рӯзи забони тоҷикӣ, ки «раванд, ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад, пули нағз кор мекунанд, зиндагиашон хуб мешавад». Ана, акнун табибон тасмим гирифтаанд ин маслиҳатро амалӣ кунанд. Дар инҷо чӣ?! На касе барои хизматҳои софдилона, на барои бемореро шифо бахшидан, аз ҳама муҳим аз саводу донишат, миннатдор намешавад. Маоши хубу қадрдонӣ як сӯ истад!

Ин шиносам дувоздаҳ сол инҷониб дар беморхонаи кӯдакона кор мекард, аммо дар иҷора менишаст. Мисли ӯ зиёданд табибоне, ки аз 20-30 сол боз фаъолият доранд, аммо наметавонанд, пул ҷамъ кунанду соҳиби хонаи худ шаванд. Сабаби ин ҳам маоши кам ва ҳам аз беморон ҳаққи «хизмат»-ашонро ду баробар гирифта натавонистанашон аст. Аммо агар ин шиносам ҳамсар ва ё духтари мӯйдароз медошт, қадрдоние мешуд, ки то ҳафт пушташ мерасиду ҳоҷат ба ҳиҷрат намемонд. Чӣ илоҷ, ки имрӯзҳо симои зоҳирӣ аз саломатии ҷомеа заруртар шудааст. Агар не, солимии ҷомеаву пешрафти он аз ду ихтиссос — муаллим ва табиб вобастагӣ дорад. Зеро дар ҳама кишварҳо маоши баландро омӯзгорону духтурон мегиранд ва ришва худ ба худ аз байн рафтааст. Дар мо баръакс. Тибқи ҳисоботи Агентии зидди коррупсия дар Тоҷикистон, ҳамин ду сохтор пурришватарин номида шуда буд.

Чакомаи гесӯ кисаи киро пур кард?

Барои ҳар як чорабинии сатҳи ҷумҳурӣ табиист, ки аз буҷаи ноҳия, шаҳру вилоят ва билохира, давлат маблағи калон ҷудо карда мешавад. Ин аст, ки тамоми фестивалу озмунҳо дар пай фиребу «тағобозӣ»-ро ба бор меоранд. Масалан, барои ҳар як ҷойи муқарраргардида маблағи муайяне ҷудо мекунанд, аммо аксар масъулин аз ин ҳисоб ҳиссае ба кисаи худ мезананд. Мисоли мушаххас ин аст, ки вақте дар ноҳияи Восеъ ин озмун доир мешуд, пешакӣ дар сурати яке аз ҷойҳои муайяншударо соҳиб шудан тӯҳфа ваъда карда буданд. Аммо чун озмун доир шуд, ғолибонро маълум карданд, масъулин «се рӯз баъд»-у «як ҳафта баъд» гуфта, онҳоро фиреб доданд. Дар охир боз ваъда доданд, ки агар дар даври вилоятии ин фестивал ширкат кунанд, ҳарду тӯҳфаро ҳамроҳ мегиранд. Ғолибон, ки як маротиба чунин ваъдаро шунида буданд, бовар накарда, дар даври вилоятӣ ширкат наварзиданд.

Хулоса, инҷо барои мо муҳим тӯҳфа гирифтан ё нагирифтани ғолибон нест. Муҳим он аст, ки маблағи буҷа беҳуда ва ба фоидаи дигарон сарф мешавад. Ҳол он ки, дар баъзе ҷамоатҳо, идораву корхонаҳои ин ноҳия ҳанӯз ҳам як компютер ва ё мӯҳри навсохт надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки «соли фарҳанги техникӣ» мегӯему «пешрафти илму техника». Пас, месазад, ки буҷаи давлатро барои масъалаҳои аввалиндараҷа сарф бояд кард. Зеро, айб аст, вақте як ҳуҷҷатро аз Тоҷикистон ба дигар кишвар мефиристему он дастӣ навишта шудааст.

Ё ин ки, Соли фарҳанги техникӣ эълон кардем, аммо оё барои як ихтироъкори ҷавон ва ё олими ихтироъкор, агар бошанд, маблағе ҷудо карда шуд? Оё барои ҳавасманд гардидани ихтироъкорон ваъда додем, ки барои навовариаш пуле медиҳем, то ба ҳафт пушташ расад? Ва ё чаро сол ҳам тамом мешавад, аммо бахшида ба Соли фарҳанги техникӣ фестивалу озмунҳои пурдабдаба ба монанди «Чакомаи гесӯ» баргузор нашуд, то ихтироъкорон ҳам ҳавасманд шаванд?

Ҷаҳонбинии беморон ҳам бояд васеъ шавад!

Табибоне, ки аз воситаҳои дигари пулёбӣ истифода бурда наметавонанд, ё тарки вазифа кардаанд, ё умуман тарки Тоҷикистон. Аз ин сабаб, имрӯз бештари табибоне мондаанд, ки ба одами солим ташхиси бемориҳои табобатнашаванда мемонанд. Барояшон муҳим ин аст, ки бемор дар беморхона ҳарчи зиёдтар бихобаду доруҳои қиматнок навиштан гиранд. Аз ин бозори дорухонаҳо гарм мешаваду фоидааш ҳам ба табиб мерасад. Ин ҷо ба иззати нафси ҳамаи табибон расиданӣ нестам, зеро ҳастанд табибони поквиҷдон ҳам, вале хеле кам мондаанд. Дар ин масъала далели дигар ин аст, ки тоҷирони ботаҷрибаи доруфурӯш бо табибон «шартнома» мебанданд. Тибқи «шартнома», табибон ҳарчи бештар доруҳои тоҷиронро барои беморон нависанд, барои «хизматҳояшон» ҳамон қадар зиёд тӯҳфа мегиранд. Акнун Худо кунад, ки он доруҳо зараровар набошанд, вагарна кӣ иқрор мешавад, ки ин далел дуруст аст?! Дар масъалаи ташхиси ин гуна духтурон мисолҳо зиёданд. Ва ин масъала як тадқиқоти журналистиро талаб мекунад. Чунки бо навиштани як маводи хурд наметавон пурра ҳама фактҳоро ҷой дод. Аз ин рӯ, алҳол танҳо як нафар шахсияти шинохтаро бе гирифтани ному насабаш барои мисол меорам. Ин шахсият муддати шаш моҳ (агар хато накунам) дар беморхона табобат мегираду баъдан ба ӯ мегӯянд, ки бемориат табобатнашаванда аст. Чун ин шахсият шинохта асту қадраш мекунанд, ба воситаи шиносон ӯро ба хориҷа бурда, ҷарроҳӣ карданд. Инак, ӯ се сол мешавад сиҳату саломат кору фаъолият дорад. Худо умрашонро боз ҳам дароз кунад! Зеро ин гуна ашхос ба ҷомеа хизматҳои зиёд кардаанд.

Пас, табибони кордону асил, албатта бояд дар хориҷа рафта кору таҷриба гиред! Муҳим ин ки, зиндагиатон хуб шавад, баъдан беморон худ ба наздатон мераванд. Охир, беморон низ бояд ҷаҳонбиниашон васеъ шавад! Ҳамин тавр не?

Саида Қурбонова, БМСТЖ

  1. Юсуф
    27 ноября, 2010 в 4:06 пп

    Пешниход ба Парлумони Точикистон.
    Лоихаи «Конун дар бораи ришва ва ришвахори дар ЧТ»
    1. Дар ЧТ хадди акалл ва аксари ришва муайян карда мешавад.
    2. Аз хар намуди ришва аз 13 то 36 % андоз ситонида мешавад.
    3. Ашхосе ки аз супоридани ин андозхо саркаши менамоянд ба чавобгари кашида шуда ришвахои дар оянда мегирифтаи онхо мусодира шавад.
    * * *
    Агар чунин конун амали шавад чандин Рогунхо метавон сохт

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий