Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Чаро узр напурсем?!

Чаро узр напурсем?!

Дар Агентии иттилоотии «Ховар»  баёнияи Вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, бо номи «Кӣ аз кӣ бояд узр пурсад?»-ро хондаму ба худ гуфтам, ки албатта мо бояд узр пурсем. Маро ба ин иқдом ин сатрҳо водор намуд «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад.Узр Шумо бояд, бипурсед, қаламкашони мӯҳтарам, агар виҷдону масъулият дошта бошед».

Ба ростӣ виҷдонам сахт азоб дод ва сари баландро болои қоғази сафед хам намудаму саҳифаро бо қалам сиёҳ кардам.Чунки дар Изҳороти рӯзноманигорон нисбат ба узр пурсидани масъулини Вазорати мудофиа имзои банда ҳам буд.  Вале виҷдон…Бовар кунед, мо аз ягон таҳдиди террористу экстремист гуфтан наметарсем. Чунки дар хунамон, дар вуҷудамон, дар андешаамон чунин мафҳумҳо нестанд!

Агар гуфтаҳои Вазири мудофиаро аз аввал то ба охир таҳлил намоӣ, он пур-пури хатоии мантиқист ва ҳар ҷумлаи он даҳҳо суолро тақозо менамояду маълум аст кадом нафари аз саводу мантиқ орӣ  омода кардааст. Дур намеравем. Ба ин  ҷумла таваҷҷӯҳ зоҳир намоед: «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад».

Мо рӯзноманигорон аз масъулини Вазорати мудофиа тақозо доштем, ки аз рӯзноманигорон узр пурсад, на аз Вазорати мудофиа? Инсоф кунед, вақте байни Вазорати мудофиа ва  масъулини Вазорати мудофиа тафовут гузошта намешавад, пас чӣ ҷои гила? Мо рӯзноманигорон алифро аз калтаку қаламро аз автомат фарқ мекунем,  нафарони зиёдамон афсар ҳам ҳастем. Медонем, ки ҳеҷ гоҳ Вазорати мудофиа узр пурсида наметавонад…

Мо омода ҳастем, ки узр пурсем ва чаро узр напурсем?!

Фармони Президенти   мамлакат ҳаст, ки ҳангоми даъват ба сафи Артиши миллӣ умуман ба тариқи маҷбурӣ, яъне «облава» ҷавонони синни даъватӣ ба сафи артиш ҷалб карда нашаванд. Ин амри Сарвари кишвар дар кадом ноҳияву шаҳр иҷро карда мешавад? Охир,  даъватшудагон бо тарзи «облава»ба нуқтаҳои даъватӣ оварда мешаванду бо диктаи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ менависанд «Бо хоҳиши худ ба хизмати модар-Ватан меравем». Модоме чунин бошад, пас чаро узр напурсем?

Ба сафи Артиши миллӣ барои иҷрои нақша шуда нафарони беморро мефиристанд. Баробари ба қисми низомӣ расидан мушкилот сар мешавад. Дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ аскарон ба подабонӣ машғуланду дар баъзеи дигар ба мардикорӣ. Аскарон хӯроки дуруст намехӯранд. Агар ин тавр бошад, чаро узр напурсем?

Дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҷои обутоби сиёсиву ҷисмонӣ додан  аскаронро азобу шиканҷа медиҳанд.Бачабозӣ ба авҷи аълояш расидаву аскарони таҷовузшуда ин нангро набардошта, даст ба худкушӣ мезананд. Наход аскарбача аз шиддати ин амал аз маъқадаш хунрав шавад? Дар ҳоли чунин будан, чаро узр напурсем?

Албатта, узр мепурсем. Охир, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009 сол № 622, ҳар соҳибмансабро водор месозад, ки ба баромадҳои Воситаҳои ахбори омма вокуниш нишон диҳанд, на ин ки худсафедкунӣ намоянд. Вақте амри Президент иҷро карда намешавад,чаро узр напурсем?

Мо узр мепурсем ва чаро узр напурсем? Ғайр аз қалами чанддирама чизи дигар надорем. Қаламро барои шикам истифода набурдаему намебарем:

Аз ҳодиса тарсанд ба худ қасрнишинон,

Мо хонабадӯшон ғами тӯфон надорем…

Узр мепурсем, узр! Рӯдакӣ гуфта бад: «Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро»…Мо ин панди Одаммушуароро ба худ нагирифтему «зери кӯҳе арзанеро соидем».Чӣ худ беҳудакорем мо? Борҳо таъкид ба таъкид гуфтему гуфтем. На танҳо дар бораи артиш, балки дар бораи сарҳаду дар бораи вазъияти дохиливу беруна навиштему бонги изтироб задем. Вале касе омада пурсидан он тараф истад, занг назад, ки  «ой фалонӣ ин далелҳоят ягон асос доранд ё не? Онҳоро аз куҷо гирифтӣ?» Шахсе пас аз истеъфои собиқ Вазири амнияти Тоҷикистон расмашро дар  рӯзномае дида нақл намуд, ки аз болои чанд тан кормандони ин ниҳод ба шикоят рафтааст. Номбурда тақозо кардааст, ки арзашро танҳо ба худи Вазир мерасонад. Нафаре ӯро қабул намуда, гуфтааст, Вазири кумитаи амнияти миллист. Он мард ҳама далелашро иброз медорад. Вақте ки расми собиқ Вазирро  пас аз истеъфо мебинад, мефаҳмад, ки  фиреб кардаанд. Модоме дар ин даргоҳ чунин амалҳо ба мушоҳида мерасад, пас домони кадом ниҳоди қудратиро дорем? Чун гӯши суханшунав надорем, чаро узр напурсем?

Ҳатман узр мепурсем. Зиёда аз як моҳ қабл то ҳодисаҳои нооромии ҷумҳурӣ ягон уруси бехонаву дар не, фармондеҳи Қӯшунҳои  десантӣ-ҳавоии Русия Владимир Шаманов  ба саволҳои рӯзноманигори Оҷонсии иттилотии Regnum посух гуфта, изҳор дошта буд, ки вазъият дар Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон ноором мешавад ва бояд ба он омодагӣ дид. Мо онро  тарҷума намуда манзури хонандагон намудем. Гумон карданд, ки Шаманов ҳам чун генералҳои тоҷик аст. Вале гуфтааш рост баромад. Тоҷикистон ноором шуд.  Охир, аз дасти рӯзноманигор ғайр аз иттилоъ расондану вазъиятро бозгӯ намудан дигар чӣ меояд?

Меоем сари ҳодисаҳои минтақаи Рашт ва инъикоси он дар саҳифаҳои матбуоти мустақил. Вақт довари якрӯст, ҳамаашро дар ҷояш мегузорад. Рӯзе ҳамааш ошкор мешавад. Мо, рӯзноманигоронро ба ҳар чи ки ба ёдашон расид нисбат доданд. Вале, таъкид менамоем аз чизе боке надорем. Зеро он ҳама далелҳои нашр шуда, аз гузоришҳои расмии ниҳодҳои қудратӣ гирифта шуда буданду ягон хел бозтоб надоранд. Бо вуҷуди ин қадар саддҳои сунъӣ сохтан, мо фаъолиятамонро идома дода истодаем. Чунки ба миллату ба Ватану ба Тоҷикистон содиқем. Аммо бо ноором шудани вазъият кайҳо тоифае аз мансабдорон нақшаи  ба хориҷи кишвар гусел кардани  аҳли оилаашонро мекашиданд.

Вақеан, мансабдорон маблағҳояшонро дар бонкҳои хориҷи кишвар мегузоранд. Боре аз худ пурсида бошанд, ки он маблағҳоро дар куҷо ҷамъ намуданд, ҳаққи киро аз худ карданд? Чун маблағро дар Тоҷикистон ҷамъ мекунанду барои мабодо дар хориҷ нигоҳ медоранд, чаро узр напурсем?

Ҳатман узр мепурсем…Чаро узр напурсем, ки вазирону вакилон ва мансабдорони баландпоя (албатта на ҳамаашон) танҳо дар Тоҷикистон нафас мекашанду мехӯранду ҷамъ мекунанд. Боқӣ тамоми ақлу ҳушашон ба берун аст. Тоифае дар сар ҳавои Амрикоро доранду баъзеи дигар Англия, гурӯҳе ғуломи ҳалқабардӯши Русия ҳастанд. Нафарони дигар, давлатҳои исломӣ-Эрону Арабистонро парастиш мекунанду такя ба онҳо  доранд. Шахсони боқимонда ба ӯзбекистон саҷдаоваранд. Танҳо дар Тоҷикистон пояшону танаашон асту халос, пас чаро узр напурсем?

Узр мепурем, аз ҚАЛАМ, ки беҳуда сарф намудем….

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

PS: Ин мавод моҳе қабл омода шуда буд.

  1. Surush
    Декабрь 14, 2010 в 1:05 пп

    Оличаноб, акои ЧумъабоЙ! Хаста набошед ва каламатон кунд нашавад, хеч гох. Худованд дар касбу кор ва дар зиндаги муваффаку сарбаланд гардонад!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: