Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Қарздорӣ-ку ғазаби Худо, муфтхурӣ чӣ?

Қарздорӣ-ку ғазаби Худо, муфтхурӣ чӣ?

Дар конференсияи солонаи Шӯрои ВАО пас аз ҳисоботи Раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Иброҳим Усмонов суоле пешниҳод шуд, ки айнан чунин буд: «Меъёри асосӣ барои Шӯро ахлоқ аст. Шумо чун Раиси Шӯро ба амали узви Шӯрои ВАО Шариф Ҳамдамов ва яке аз муассисони Шӯро Акбаралӣ Сатторов, ки бе асос, бе ягон далели хаттӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани шартнома миёни чопхонаҳояшон  ва ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз нашри онҳо худдорӣ карданд, аз назари ахлоқӣ чи гуна баҳо медиҳед?». Ҳарчанд И.Усмонов баробари хондани савол иброз намуд, ки он як навъ моҳияти хусуматомез дорад, дар асл чунин набуду нест. Ҳадафи асосӣ он буд, ки назари Раиси Шӯроро ба амал ё беамалии ду нафаре,  ки дар майдони журналистикаи тоҷик номашон вирди забонҳосту ягон маъракаи журналистӣ бе ҳузури онҳо доир намешавад , ба қавле яккатозанд, муайян намоем. Чунки дар аксари созмони журналистӣ ному насаби онҳоро дучор мешавед. Агар Акбаралӣ Сатторов раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон бошад, Шариф Ҳамдамов узви раёсати Иттифоқи журналистон, агар яке аз муассисисони Шӯрои ВАО якумӣ бошад, дуюмӣ аъзои Шӯро аст…Ҳамин вазифаҳои онҳоро дар назар дошта суол карда будем. Чаро домони директори чопхонаи «Мушфиқӣ»-ро намедорем? ӯ ба ягон созмони журналистӣ алоқаманд несту ба рафтори журналистон дахолат ҳам намекунад..

Суолро хондан замон, директори кулли ҶММ «Оила-принт» Шариф Ҳамдамов, ки қисмати конференсияро мебурд,баландгӯякро тарафи худ кашида, «ба ин суол ман посух медиҳам» гӯён ба ҷамъи вакилон, намояндаҳои ВАО-и Тоҷикистон ва созмонҳои ватаниву хориҷӣ, ки аз тамоми Ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, эълон намуд: «Ҳафтаномаи «Пайкон» аз матбааи «Оила-принт» наздики 30 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Агар он қарздориро пардохт намоянд, мо  ҳафтаномаро нашр мекунем»…

Муаллифи сатрҳо  ду маротиба аз ҷой хеста хост маълумоте диҳад, вале иҷозат нашуду аъзои дигари Шӯро ба хондани «насиҳат» шурӯъ намуд, ки ба ваколати Шӯро масъалаи нашри ҳафтаномаҳо дохил намешавад. Охир, инсоф кунед! Масъалаи нашру қарздориро мо ба миён нагузошта будем-ку? Бори дигар таъкид менамоям, ки танҳо нуқтаи назари раиси Шӯроро  оид ба ин масъала донистан мехостему афсӯс беҷавоб монд. Ба як гуфтаи Ш. Ҳамдамов дар мавриди «қарздори»-и «Пайкон» қаноат карданду қисмати «Фараж»-у «Нигоҳ» номуайян монд.

Чун дар ин ҷамъомад тамғаи «қарздорӣ»-ро ба «Пайкон» часпонданд, баъди андешаҳои зиёд лозим  донистам, ки сабаби ин «қарз»-ро кушоям. Ҳарчанд ба тариқи беҳисоб назди директори матбааи «Оила –принт» Сиёвуш Ҳамдамов, ки писари Шариф Ҳамдамов мебошад, рафта барои нашри ҳафтанома хоҳиш намудам, амали носавобашонро, ки дар поёнтар ошкор мекунам, гӯшзад намудам, вале «чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро». Ду маротиба назди худи Шариф Ҳамдамов рафта илтимос намудам, ки дар асл  қарздор нестему каме фурсат диҳанд, маблағи сарбориро пардохт менамоем. Мутаасифона, шарт якто буд: аввал  маблағ .

Ҳамин кашокашӣ беасос буд, ки мо тарки матбааи «Оила-принт» намудем. Вале моро хеле устокорона  бори дуюм ба матбааи «Оила-принт» оварданд. Ба маблағҳои  супоридаи мо варақаи пардохт (квитансия) надоданд, маҷбур шудем ба матбааи «Мушфиқӣ» муроҷиат намоем. Дар он ҷо чанд шумораи «Пайкон» ба табъ расиду матбааи «Мушфиқӣ» бори «Пайкон»-ро бардошта натавонисту дастгоҳи чопкунӣ «корношоям» гардид. Назди Акбаралӣ Сатторов омадем. Ба истиқболамон рафту ҳафтанома дар матбааи «Интишор» бе ягон монеа ба нашр мерасид. Моро ба матбааи «Оила-принт» даъват намуда, ваъда доданд, ки тибқи шартнома ҳафтаномаи «Пайкон»-ро бе ягон мамониат нашр мекунанд. Бе ягон огоҳкунӣ матбааи «Интишор»-ро тарк гуфтему боз  ба  матбааи «Оила-принт» рафтем. Ба гуфте, «аз борон гурехтему зери новдон рафтем». Баъди баргаштан як шумораро бе мушкилӣ нашр карданд. Аз шумораи дуюм шартмонӣ оғоз ёфт. Мебоист ғайр аз маблағи нашр сарборӣ медодем. Ҳатто ҳолате шуд, ки  шумораи навбатии ҳафтаномаро ба дастгоҳи чопкунӣ гирифтанду талаб намуданд, ки ғайр аз маблағи чопи шумора ба тариқи изофа 2 ҳазор сомонӣ пардохт намоем. Соат ба 24-00 наздик мешуд. Ноилоҷ маблағро бурда супоридему пас ҳафтаномаро нашр намуданду он ба  хонандагон расид.

Чун кор аз ҳад гузашт, боз ба назди Акбаралӣ Сатторов омадем. Посух дод, ки агар аз матбааи «Оила-принт» қарздор набошед, ҳафтаномаи «Пайкон»-ро нашр мекунем. Занг заду баландгӯяки телефони ҳамроҳашро даргиронд. Аз он тараф овози Сиёвуш Ҳамдамов омад, ки мегуфт: «Пайкон»  25 ҳазор сомонӣ қарздор аст». Сипас А. Сатторов шарҳ дод: «гӯё матбааҳо байни худ шартнома бастаанд, ки то қарздориро дар назди як матбаа пардохт накунанд, матбааи дигар он нашрияро чоп намекардааст».

Ҳарчанд дар ҳама ҷо Ҳамдамовҳо моро ба қарздорӣ муттаҳам намуда буданд, тоқат кардем. Вале ҳар чиз андоза дорад. Ба гуфти бузурге:

Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст…

Тибқи шартномаи аз 2-юми марти соли  2009, ки байни Ташкилоти ҷамъиятии «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» ва матбаи «Оила –принт» баста шудааст,маблағи хизмати расонидашуда дар борхат (накладной) қайд карда шуда, сипас супоришгар, яъне БМСТЖ маблағро пардохт менамояд. Дар давоми соли 2009 ҳафтаномаи «Пайкон» дар матбааи «Оила-принт» 42 маротиба бо теъдоди 113900 нусха ба табъ расид. Дар ҳамаи борхатҳо (накладной) он нархи ҳар як шумораи ҳафтанома 20 дирамӣ нархгузори карда шудааст, ки маблағи умумиаш 22780 сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2009 ба матбааи «Оила-принт» аз ҷониби БМСТЖ 19590 сомони маблағ супорида шуда буд. Вале бо сабабҳои номаълум танҳо дар соли 2009 ба БМСЖТ барои 13350 сомонӣ квитанияи пардохти маблағи супоридашударо надоданд . Аз муҳосиботи матбааи «Оила-принт» ба мо варақаеро, ки дар он нусхаи шумораи газетаҳои чопшуда ва маблағи пардохткардашуда навишта шуда буд, пешниҳод намуданд .Пас аз он маълум намудем, ки масъулини матбааи «Оила-принт» арзиши чопи ҳар як шумораи ҳафтаномаи «Пайкон»-ро 40 дирами ҳисоб кардаанду аз рӯи ҳисобашон бояд  танҳо дар соли 2009 22780 сомонӣ маблағи иловагӣ пардохт намоем .

Аз 3-юми феврали соли 2010 байни матбааи «Оила-принт» ва БМСТЖ таҳти рақами №10.03.02.2010 шартномаи дигар ба табъ расид, ки то 31-уми декабр соли 2010 эътибор дорад. Дар  шартнома таъкид мешавад: айнан « 1.1Чоп намудани рӯзномаи «Пайкон» андозаи А-3 16-сахифа 1+1 дар қоғази газет бо теъдоди 3000 нусха ба маблағи 600-сомонӣ дар як ҳафта як маротиба». Аз ин шартнома ҳам маълум мегардад, ки арзиши ҳар як нусхаи ҳафтанома бояд 20 дирамӣ чоп карда шавад.

Дар охири соли 2009 САҲА барои ҳафтаномаҳо ҷамъиятиву сиёсӣ ба тариқи ройгон  қоғаз ҷудо намуд. Аз он ҷумла барои ҳафтаномаи «Пайкон» 3764 килограмм. Қоғазҳои ҷудошударо аз намояндаи САҲА қабул намудему он дар анбори нашриёти «Шарқи Озод» нигоҳ дошта мешуд. Кормандони «Пайкон» мошин киро карда барои гирифтани қоғаз рафтанду мудири анбор хабар дод, ки масъулини матбааи «Оила-принт» қоғазҳои ба мо таалуқдоштаро бурдаанд. Ба директори матбааи «Оила-принт» С. Ҳадамов муроҷиат кардем, ки чаро бе ягон дастури мо  қоғазро гирифтаанд. Посух дод, ки маблағи қоғазро ҳисоб мекунем. Онҳо ба таври худ  арзиши умумии қоғазро 13188 сомонӣ ҳисоб кардаанд. Дар бораи гирифтани қоғаз низ ба мо ягон ҳуҷҷат пешниҳод накарданд. Муроҷиатҳои такрории шифоҳии мо дар бораи дастрас намудани нусхаи варақаи пардохт (кивитансия)-ҳои маблағҳои пардохткардашуда бе натича мемонд. Дар таърихи 14-уми майи соли 2010 тахти рақами 29 ба сардори ҶММ «Оила-принт» С.Ҳамдамов ба тариқи расмӣ муроҷиат намудем, ки оид ба маблағҳои дар давоми соли 2009 ва соли 2010 супоридаамон, инчунин қоғазе, ки САҲА ҷудо карда буд, квитансия пешниҳод намоянд. Вале ягон вокунише зоҳир карда нашуд…

Ҳамдамовҳо аз мо тақозо доранд, ки хилофи талаботи тамоми меъёрҳои қонун ба онҳо бар ивази маблағи дар шартнома навишташуда боз ҳамин қадари дигар маблағи иловагӣ супорем. Азбаски мо ғуломи қонун ҳастему қонунро эътироф менамоем ва риояи шартномаро талаб намудем, барои нашри шумораи навбатӣ бар замми маблағи чоп  10 000 сомонӣ талаб карданд. Ин аст қиссаи қарздории «Пайкон»…

Дар ҶММ  «Оила-принт»  нашрияҳои зиёде ба табъ мерасанд. Наход ҳамаи ҳафтаномаҳо чун мо маблағи иловагӣ супоранд? Аз рӯи шунидам ҳафтаномаи «Фараж» ҳам наздики 35 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Аниқ гуфта наметавонам, ки ин қарздорӣ чӣ тавр бошад?

Дар ҳамон конференсия Ш. Ҳамдамов иброз намуд, ки «агар «Пайкон» норизо бошад ба суд муроҷиат намояд». Не, то суд ҳоло барвақт аст. Ин ҷо бӯи ҷиноят меояд. Ошкор кардани ҷинояту бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристодан ба салоҳияти мақомоти прокуратура дохил мешавад. Чунки тасарруфи амволи ғайр ва  рӯирост пинҳон кардани андоз саркашӣ аз пардохти андоз ном дораду дар Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят пешбинӣ шудааст. Агар  Ҳамдамовҳо  тибқи хости худ амал намуданӣ бошанд, қонун онро иҷозат намедиҳад ва ҳар амали хилофи қонун бояд бозпурсӣ шавад. Вақеан тибқи Кодекси Мурофиавӣ-Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сабабҳои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ баромадҳои ВАО мебошад. Агар мақомоти прокуратура дар асоси ин мавод парвандаи ҷиноятӣ оғоз накарданд, ба таври алоҳидагӣ муроҷиат менамоем.

Ниҳоят, он созмон ё созмонҳое, ки барои бунёди чунин матбааҳо маблағ медиҳанд, барои дастгирии ҷомеа бошад, ё барои бой шудани нафарони алоҳида? Посухи ин суолро аввал аз созмонҳои маблағдиҳанда интизорему баъдтар маводи дигаре ба табъ мерасад…

Ҷумъаи ТОЛИБ,

директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ»

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: