Главная > Uncategorized > Лоиҳаи Қонуни нав масъулияти киро зиёдтар мекунад?

Лоиҳаи Қонуни нав масъулияти киро зиёдтар мекунад?

Миёни ҷомеаи тоҷик баҳсҳо атрофи лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки чанде пеш аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуд, идома дорад. Бандҳое, ки дар лоиҳаи мазкур омадаанд, аз сӯи ҳар фард ба гунае тавзеҳу таҳлил мешавад ва андешаҳо якранг нестанд. Аз ин лиҳоз хостем бо чанд нафар аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуда, ақидаашонро дар мавриди паҳлӯҳои мусбату манфии ин лоиҳа бипурсем.

Муҳаммадҷобир АЛИЕВ, директори мактаби №57-и ноҳияи Рӯдакӣ:

— Қабули чунин қонун тақозои замон аст. Зеро даврае шудааст, ки падару модарон қариб мактабро фаромӯш кардаанд, бо мактаб ҳамкорӣ намекунанд. Фарзандон аз мактаб дур мондаанд. Хониши талабаҳо суст шудааст. Назорати падару модар аз болои кӯдак коста гардидааст.

Тарбияи дурусти кӯдак тибқи оини мусулмонӣ вуҷуд дошт, лекин падару модар ба ин чиз аҳамият намедодагӣ шуданд. Вақтҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки рафтору гуфтори ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тағйир ёфтааст ва дар чаҳорчӯбаи одоб намеғунҷад. Аз ҳамин хотир, чунин қонун бояд қабул шавад.

Раҳматилло ЗОЙИРОВ, раиси ҲСДТ:

— Сараввал бояд қайд намоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур:

А). Аз нигоҳи шакл ба талабот ё стандартҳои техникаи қонунгузорӣ ҷавобгӯ намебошад (ин масъалаи алоҳидаа аст);

Б). Аз нигоҳи мазмун, моҳиятан меъёрҳои қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Конститутсия ва Кодекси оиларо на танҳо такрор, дар бисёр ҳолатҳо дағалона вайрон месозад;

В). Аз рӯйи меъёрҳои нав, ки ба лоиҳа ворид гардида шудаанд, аз танзими ҳуқуқӣ берун мебарояд, яъне ба муносибатҳои ахлоқӣ, шахсӣ ва оилавӣ, ки онҳо бояд дар асоси меъёрҳои иҷтимоӣ, яъне ҷамъиятӣ танзим гардидаанд, дахолат менамояд.

Мехоҳам чанд лаҳзаро мушаххастар намоям. Масалан, аз номгӯи лоиҳаи қонун, яъне «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моддаи якуми лоиҳа, яъне «Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд» бармеояд, ки қонуни мазкур на дар бораи таълиму тарбияи фарзандон, балки дар бораи «маъсулияти» падару модар мебошад. «Маъсулияти» падару модар бошад, аз ӯҳдадориҳои падару модарие, ки 20 фоизаш ҳуқуқӣ (дар асоси Конститутсия ва Кодекси оила ба танзим дароварда мешавад), 80 фоизаш ахлоқию маърифатӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва молиявӣ мебошад, ба миён меояд, яъне ғайриҳуқуқӣ мебошад.

Аз ин рӯ, меъёрҳои моддаи 6 ва 7-и лоиҳа, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модарро ба танзим медароранд, бо якдигар зиддиятҳои ҳалнашаванда доранд. Худи номгӯи лоиҳаи қонун ва ӯҳдадориҳое, ки барои падару модар муқаррар карда шудааст, моҳиятан бар зидди моддаи 34 ва моҳияти ӯҳдадориҳои конститутсионие мебошад, ки Конститутсияи амалкунандаи ҶТ муқаррар кардааст.

Ё ки гирем худи калимаи «фарзанд»-ро. Бояд қайд намоям, ки истилоҳи «фарзанд» истилоҳи ҳуқуқӣ нест. Дар ҳуқуқшиносӣ ва мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ истилоҳи «кӯдак» (масалан, конвенсияи ҳуқуқи кӯдак) истифода мешавад. Гирем барои таҳлил моддаи 3-и лоиҳаро бо номи «Мафҳумҳои асосӣ». Дар ин модда омадааст: «Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: — фарзанд (кӯдак, фарзанди ноболиғ) –шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида». Ин пурра нонсенс ва нодуруст мебошад. «Фарзанд» ин на танҳо писар ё духтари падару модари мушаххас, ин насли инсон, насли одам, авлод мебошад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ истилоҳи «кӯдак» ҳам мушаххас, ҳам васеътар мебошад. Аз рӯи қонун худи «кӯдак» шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида мебошад. Калимаи «фарзанди ноболиғ» аз калимаи «кӯдак» маҳдуд мебошад, зеро калимаи аввал, масалан ятимонро, яъне кӯдакони бе модару падарро дар бар намегирад. Барои ҳамин, дар Кодекси оила институти фарзандхонӣ истифода мешавад.

Беҳуда нест, ки дар моддаи 34-и Конститутсияи амалкунанда омадааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд» ё ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Ё ки дар ҳамин моддаи 3-и лоиҳа якчанд мафҳум оварда шудааст: «шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд», «таълим», «тарбия», «вақти шабона». Ба мафҳуми се калимаи аввал шахсони ҳам воқеӣ (ҷисмонӣ), ҳам ҳуқуқӣ, яъне муассисаҳо ворид гардидаанд, аммо қонуни мазкур нисбати онҳо амал карда наметавонад. Мафҳуми «вақти шабона» бошад нисбати муносибатҳои оилавӣ умуман амал карданаш ин ғайримантиқӣ мебошад ва мавзӯи ин қонун нест.

Дар умум бояд хулоса кард, ки дар таҳия ва қабули ин гуна лоиҳаи қонун дар ҷомеи имрӯзаи Тоҷикистон зарурият нест. Таълиму тарбияи фарзанд ин дар ҳақиқат вазифаи муқаддаси падару модарон, ҷомеа ва давлат аст. Фарзанд ҷигару хуни падару модар аст. Имрӯз иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модар аз рӯи имконот дар сатҳи (дар умум) 40-50 фоиз мебошад. Аз ҷониби ҷомеа, сараввал мактабу маҳаллаҳо 30-40 фоиз бошад, аз ҷониби давлат бошад (мақомоти олию марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ)  ҳатто ба 20 фоиз намерасад. Аз ин рӯ, бояд сараввал маъсулияти давлат, хусусан оид ба таъмини имконоти рушди иқтисод, сиёсати иҷтимоӣ, ҷойи кор, моҳона ва ғайра боло бардошта шавад».

Саида ҚУРБОНОВА, рӯзноманигор:

— Ростӣ, дар ягон банд ӯҳдадориҳое, ки нав ва манфиатовар бошанд, нест. Зеро аксарияташон аз рӯи китоби Қуръон рӯйнавис шудаанд, ки бе ин ҳам тарбияи дурусти фарзандро ба волидайн талқин менамояд.

Дигар ин ки, баъзе ӯҳдадориҳои хандаоварро ҷой кардаанд, ки хонда кас ҳайрон мешавад, ки наход дар парлумони мо вакилони мӯҳтарам ҳамин қадар тавони қонунофарӣ дошта бошанд?!

Масалан, моддаи 7 — «ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро гирем, ки чунин омадааст:

— ба фарзанди хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд;

— ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;

— фарзандонро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд шароити муносиб фароҳам оваранд;

О, кадом волидайн намехоҳад, ки барои фарзанди худ чунин шароит фароҳам оварад?! Аммо чун ҷои кори ҳалол нест, маоши хуб нест, чӣ гуна падару модар ба таҳсили фарзанд монеъ нашуда, «воситаҳои зарурии таълимӣ»-ро таъмин намояд?

Ба ин савол муаллифони ин Лоиҳа метавонанд, ки ҷавоб диҳанд? Ё боз роҳи муҳоҷиратро нишон медиҳанд?!

Хуб, бояд чизи дигарро ёдрас шавам, ки ҳамаи ин бандҳо ва моддаҳо аз дигар қонунгузориҳои Тоҷикистон гирифта шудааст, аммо ҳоҷаташ чист, номаълум.

Ҳоҷӣ Акбар ТӯРАҶОНЗОДА, рӯҳонии тоҷик:

— Аслан лоиҳаи қонуни мазкур ба хотири манъ кардани ҷавонони «ноболиғ» (яъне аз 18-сола поён аз дидгоҳи қонун ноболиғ ҳисоб мешавад) аз рафтан ба масҷид пешниҳод шудааст. Мутаассифона, бисёр шахсоне, ки қабули ин қонунро тарафдорӣ мекунанд, маънои банди мазкури лоиҳаи қонунро нафаҳмидаанд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ҳадафи асосии ин қонун манъи ноболиғон аз рафтан ба дискотекаҳо мебошад. Кошке ин лоиҳаи қонун ҳадафи асосиаш ҳамин мешуд. Мо низ бо ду даст онро тарафдорӣ мекардем.

Аммо мутаассифона мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи ин қонун чизи дигар аст. Зеро ҷавонони аз 18-сола поёни ба дискотекаҳо мерафтагӣ хеле каманд. Асосан онҳое, ки аз 18-сола поёнанду ба дискотекаҳо мераванд, фарзандони шахсони пулдору мансабдор ҳастанд ва ё духтарҳои ҷавони бадахлоқи танфурӯш, ки барои пулкоркунӣ мераванд. Бачаҳои камбағал на пул доранду  на ҳавас.

Аммо аксарияти касоне, ки ба дискотекаҳо  мераванд, асосан афроди  аз 18-сола болоянд, ки шомили мамнуъияти ин қонун намегарданд.  Дуюм ин ки, дискотекаҳо фақат дар шаҳри Душанбе  ва дар баъзе  марказҳои вилоятҳо мебошад. Хушбахтона дар марказҳои ҳамаи  ноҳияҳо дискотекаҳо  нест. Ба ақидаи ман  мақсади асосӣ аз қабули ин қонун манъ кардани навҷавонон аз  рафтан ба  масҷид ва иштирок дар намозҳои панҷвақта, ҷумъа, идайн  ва таровеҳ  аст на  аз дискотека. Мутаассифона, чанд моҳ пеш шунидам, ки баъзе директорон ва муаллимҳо ба бачаҳои мактабхони масҷидрав таҳдид мекардаанд, ки агар шумо ба масҷид равед, падар ё модаратонро 500-600 сомонӣ ҷарима мекунанд. Бо чунин таҳдидҳо онҳо мактаббачагонро, ки пас аз дарс ба масҷидҳо мерафтанд, метарсонанд. Ҳоло лоиҳаи қонун эълон нашуда, чунин таҳдидҳо вуҷуд доштанд. Тасаввур кунед, ки баъд аз қабули ин қонун чи фишорҳое болои ҷавонони намозхон ва падарони онҳо меояд. Ин банди лоиҳаи қонун мухолифати ошкоро ба каломи Худо, яъне Қурони азимушшаън ва ҳадисҳои саҳеҳи Пайғамбари Худо аст. Ва мусулмонҳо  байни ду оташ мемонанд. Аз як сӯ Худо ва Пайғомбари Худо аз мусулмонҳо талаб мекунанд, ки фарзандҳои худро чун ба синни 10-солагӣ расиданд, ҳатман ба адои намоз амрашон намоед ва онҳоро ба масҷид баред. Аммо қонун аз падару модар талаб мекунад ва ҳатто таҳдид ба ҷавобгарӣ мекунад, ки фарзандони худро то 18-солагӣ ба масҷид набаред. Ин бандаи Худо чӣ кор кунад? Ба амри Худо ва Пайғамбари Худо итоат кунад, ё ба талаби қонун?

Ба фикри ман, агар ин қонун муборизаи ошкоро ба муқобили масҷидҳо  набошад, пас чунин бандҳое, ки озодиҳои динии мардумро маҳдуд мекунанд, бояд дар ин қонун ҷой надошта бошад. Умедворам, ки аъзоёни Маҷлиси Намояндагон, ки фарзандони ҳамин миллати мусулмони тоҷик ҳастанд, дар вақти қабули қонун рӯи ин масъала фикр мекунанд.

Хулоса, ҳадаф аз қабули чунин қонунҳо маҳрум кардани навҷавонҳои тоҷик аз таълими Қурон ва маълумоти ибтидоии динӣ мебошад. Баъд аз қабули ин қонун шояд падару модарони зиёдеро ҷазо диҳанд, ҷаримаҳои калон банданд ва ҳамчунин боз як роҳи нави порагириро барои мансабдорони поёнӣ омода намоянд. Аммо ман мутмаин ҳастам, ки касе, ки имони комил дорад, таълими динии фарзандонашро бо ҳар роҳе, ки набошад, таъмин менамояд. Зеро замони советӣ аз ин ҳам шароит сахттар буд, бо вуҷуди ин мехостагиҳо фарзандони худро соҳибилм менамуданд. Воқеан ҷойи тааҷҷуб аст, ки дар кишвари мо, ки 98 %  мусулмонанд, чунин қонунҳои зидди исломӣ қабул мешаванд.

«Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: