Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > «Бузкашӣ»-ю масхарабозӣ дар атрофи ЦУМ

«Бузкашӣ»-ю масхарабозӣ дар атрофи ЦУМ

  • ва ё фармо­ни Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони  мансаб­дор ба баромадҳои танқидию таҳлилии  воситаҳои ахбори омма» ба­рои кист?

Вақте ки маводҳои пешниҳодшударо варақ мезадем ва ҳар аризаю муроҷиати ба унвони Раиси Ҷумҳур ирсолшуда­ро мехондем, андешае ором намегузошт: Президенти мам­лакат дигар коре надорад, ки ба ҳаллу фасли ин масъала машғул гардад? Дар ҳоле ки ин қадар вазорату мақомотҳои дахлдоре ҳастанд ва ҳалли масъала бевосита ба ваколати онҳо дохил мешавад. Вале ҳар қадар амиқтар ба масъала диққат медодем, ба хулосае омадем, ки муроҷиаткунандагон дигар илоҷ надоранд. Такяи ягонаро танҳо дар симои Сар­вари мамлакат мебинанд. Оё садои онҳо ба Президенти мамлакат мерасад? Ин муаммост, вале шаҳрвандон умед до­ранд, ки дар ниҳоят бояд арзи онҳоро шунаванд. Агар гӯши ҳақшунаве мебуд, ҳеҷ зарурати танҳо ба унвони Президент зиёда аз 20 маротиба муроҷиат намудани шаҳрвандон на­мемонд. Агар мақомоти қудратӣ риояи дақиқи қонунро та­лаб менамуданду мақомоти судӣ адолати судиро тадбиқ мекарданд, ҳоҷат ба ин қадар давутозу нависонавис набуд. Аризаҳои навишта ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамла­кат он тараф истад, ба мақомоти қудратӣ ва судҳо зиёда аз 100 маротиба муроҷиат карда шудаасту аризаҳо чун тӯб аз як тараф ба тарафи дигар партофта мешаванд. Шаҳрвандон аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Президенти мамлакат шикоят меоранду ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол менамоянд, вале боз аз онҷо барои баррасӣ намудан ба ҳамон мақомот ирсол карда мешавад. Тавассути рӯзномаи «Фараж» таҳти № 18 (72) аз 1-уми майи соли 2008 бо номи «Моҷарои Цум.», рӯзномаи «Народная газета» №19 (19625) аз 7-уми майи соли 2008 зери сарлавҳаи «Невзирая на за­кон», «Фараж» таҳти № 21 (75) аз 22-уми майи соли 2008 Муроҷиатнома ба Ҷаноби Олӣ, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зери сарлавҳаи «Идомаи моҷарои Сум», «Нигоҳ» № 39, 42 (106, 109) аз 18-уми декабри соли 2008 ва 8-уми январи соли 2009 бо номи «Ба таваҷҷӯҳи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Моҷарои Сум ва муовини вазир Имомов», Ба таваҷҷӯҳи Президенти ҶТ, «Моҷарои Сум-2 (ё чаро саҳҳомони Сум адолат металабанду зӯри қонун на ба ҳама мерасад», «Пайкон» №41 (81) 24-уми ноябри соли 2010 «Умеди охирин Шумоед, Ҷаноби Олӣ» саҳҳомон арза­шонро ба мақомоти дахлдору ба ҷомеа расондаанд. Аммо ба таври мушаххас ба ин воситаҳои ахбори омма касе посух нагуфтааст.

Дар муроҷиати охиринашон «Умеди охирин Шумоед, Ҷаноби Олӣ», саҳҳомон аз болои баъзе кор­мандони Дастгоҳи иҷроияи Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазо­рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии на­зорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе шико­ят намуда, дархост карда буданд, ки комссияи босалоҳияте ташкил карда шуда, шикояту ариза ва муроҷиатҳои дар давоми 4 сол навиштаи онҳо мавриди санҷиш қарор дода шавад. Аммо боз Муроҷиати саҳҳомон ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда мешаваду аз он ҷо ба Прокуратураи шаҳри Душанбе мефиристанд. Про­куратураи шаҳри Душанбе вазифа­дор карда мешавад, ки то 5-уми ян­вари соли равон ба тариқи хаттӣ ба муроҷиаткунандагон посух диҳад. Аммо то ҳол ягон посухе нест.

Аслан ҳалли ин масъала он қадар мушкилоте надорад, агар риояи дақиқи қонун талаб карда шавад. Саҳҳомон танҳо дар доираи Кони­ститутсия ва қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи поймолшудаашонро талаб карда истодаанд.

Тибқи шартномаи хариду фурӯш, ки моҳи сентябри соли 1993 бай­ни Кумитаи идораи амволи дав­латии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» баста шудааст, моликияти давлатӣ дар шакли ба саҳмияҳо ҷудо кардани он дар доираи 10830 саҳмия ба маблағи умумии 108 297 000 руб­ли ҳамонвақта ба ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» батадриҷ фурӯхта шу­дааст. Аз ин саҳмияҳо 40 фоизи онро соли 1993 ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» харида, хамчун ҷамъияти саҳҳомӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки саҳмдори азим худи давлат ба ҳисоб мерафт. То соли 1997 ҶС 60 фоизи саҳмияҳоро харида мегирад. Соли 1998 боз 10 фоиз ва соли 2000 5 фоизи онро саҳҳомон мехаранд. 25 фоизи саҳмияҳоро соли 2003 ҶС ха­рида, пурра мустақил мешавад.

Аз соли 1989 вазифаи директори фурӯшгоҳи марказиро Б. Холмуродов ба ӯҳда дошта, 5 фоиз саҳмияҳоро дар соли 2000 ӯ бо арзиши ҳар як саҳмия ба маблағи 45 сомонӣ харидорӣ мекунад. Соли 1998 бо­шад, саҳҳомон ҳар як саҳмияро бо арзиши 6682 рубл харидорӣ карда будаанд…

Баҳс аз тарзи харидани саҳмияҳо не, аз рӯзе оғоз меёбад, ки дирек­тори фурӯшгоҳи марказӣ Б. Холму­родов мехоҳад саҳҳомон ба шакли иҷора фаъолият намоянд. Яъне, ба тарзи дигар гӯем, ба соҳибони хона хонаро ба иҷора доданӣ мешавад ва дар ин бора фармони директори фурӯшгоҳи марказӣ таҳти № 42 аз 18-уми декабри соли 2006 ба тас­виб мерасад. Бояд таъкид намуд, ки то қабули ин фармон саҳҳомон дар Фурӯшгоҳи маркази кор мекарданду маош мегирифтанд. Зиёда аз 400 нафар саҳҳомон соҳиби саҳмияҳо гарида, барои фаъолият намудан ҳуқуқи баробар доранд ва ҳеҷ гоҳ як нафар, аз он ҷумла Б. Холмуродов барои ихтиёрдорӣ намудан ҳуқуқ надошт.Саҳҳомон ба унвони Б. Хол­муродов, Шӯрои назоратӣ, иттифоқи касаба ариза навишта, таъкид ме­намоянд, ки ин рафтор хилофи та­лаботи қонунгузорист ва бояд онҳо чун саҳҳом фаъолияти озодона до­шта бошанд. Санаи 15-уми марти соли 2007 маҷлиси умумии саҳҳомон доир мегардаду аризаи саҳҳомон ба инобат гирифта намешавад.

Баъди чунин сурат гириф­тани масъала яке аз саҳҳомони ин ҷамъият А. Одинаев ва дигар саҳҳомон, ки 12 фоизи саҳмияҳоро харидорӣ кардааст, ба унвони Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аризаи даъвогӣ менависад. Аризаи ӯ мав­риди баррасӣ қарор дода шуда, ҳангоми муҳокимаи судӣ бисёр масъалаҳо равшан мегарданд.

Дар маҷлиси судӣ муайян мегардад, ки Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» 25-уми авгу­сти соли 1993 дар маҷлиси муасси­сони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» тасдиқ карда шуда, бо қарори Ку­митаи иҷроияи Шӯрои намоянда­гони мардумии шаҳри Душанбе 17-уми сентябри соли 1993 таҳти №509 ба қайд гирифта шудааст. Пас аз қабули қисми аввали Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти аз нав ба қайд гирифта­ни корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон пеш меояд. Тибқи талаботи қонун ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳам аз қайди давлатӣ мегузарад. Ҳангоми баррасӣ ба маҷлиси судӣ ду шаҳодатномаи бақайдгирӣ пешниҳод карда ме­шавад. Дар маҷлиси судӣ муайян карда мешавад, ки бо сабабҳои но­маълум ва бе қарори маҷлиси уму­мии саҳмдорон дар давраи солҳои 2000 Ҷ. Ҷ. Мӯминов раиси ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» таъин карда шудааст. Ҳарчанд Ҷ. Ҷ. Мӯминов барои додани боваринома ваколат надошт, ба А. Х. Нуров ваколатно­ма додааст, ки хуҷҷатҳои таъсисии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро аз нав ба қайд гирад. Ҳангоми баррасӣ ба маҷлиси судӣ аз тарафи А. Хол­муродов шаҳодатномаи дигари азнавбақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад.

Суд ин ду шаҳодатномаи азнавбақайдгириро мавриди санҷиш ва муҳокима қарор дода, чунин ҳолатро муайян мекунад: мувофиқи ҳуҷҷатҳои бойгонии идораи нотари­алии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», 26-уми майи соли 2000 шаҳодатнома дар бораи азнавбақайдгирии ҶС, дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи ҳамонвақтаи Октябри шаҳри Душанбе (ҳоло Исмоили Сомонӣ) таҳти феҳрасти № 13-87 ба рас­мият дароварда шудааст. Хулосаи ҳуқуқии № 2000/5-0026 аз 22-юми майи соли 2000-ро ба Ҷ. Мӯминов муовини вазири адлия Л. А. Смея­нова ба имзо расондааст. Мувофиқи ҳамин хулоса Фонди Оинномавии Ҷамъият 108 миллион 297 000 руб­лро ташкил медиҳад, вале дар асл бошад, дар Оиннома ин маблағ ҳамагӣ 27 075 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар шаҳодатномаи дую­ми пешниҳодшуда, ки онро судя шубҳаовар номидааст, феҳрасти барасмиятдарорӣ № 13Р-87 ва ху­лосаи ҳуқуқӣ ба номи Б. Холмуродов мебошад. Масъулини идораи нота­риати давлатӣ ва Вазорати адлия вобаста ба ин масъала даъват карда мешаванд. Онҳо шаҳодат медиҳанд, ки чунин санад дар ягон ҷой ба қайд гирифта нашудааст ва қалбакӣ ме­бошад.

Судя пас аз баррасии ҳаматарафа ба чунин тарз ҳал менамояд:

«Даъвои Одинаев Абдул­ло Хайруллоевич ба ҷавобгарии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ», ҳамҷавобгарии Холмуродов Бойму­род ва Идораи нотариали давлатии нохияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар бораи беэътибор до­нистани бақайдгирии Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» қонеъ карда шавад ва Шаҳодатномаҳои азнавбақайдгирӣ аз 26-уми майи соли 2000 дар Идораи нотариали давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти феҳрасти №13-87 ва 13Р-87 ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шавад ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ва­зифадор карда шавад, ки Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» дар асоси талаботи қонун аз нав ба қайд гирад…

Даъвои Одинаев Абдул­ло Хайруллоевич ба ҷавобгарии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ», ҳамҷавобгарии Холмуродов Бой­мурод дар бораи беэътибор дони­стани фармонҳои таҳти рақамҳои 42 аз 18.12.2006 сол ва № 20 аз 23.05.2007 сол бинобар сабаби бар хилофи қонун интишор шуданаш, беэътибор дониста шавад».

Судя бо ҳалномаи худ қариб та­моми ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ дарҷгардидаро қонеъ мекунад. Ғайр аз бекор намудани чанд про­токоле, ки даъвогар А. Одинаев ва дигарон талаб доштанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» протокол санади меъёрию ҳуқуқӣ ба ҳисоб намеравад. Аз ин лиҳоз, бекор намудани онро судя лозим намешу­морад.

Ҳалномаи мазкур дар зинаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе санаи 21-уми феврали соли 2008 мавриди баррасӣ қарор гирифта, бетағйир мемонад ва як даъвои ило­вагиро низ қонеъ менамояд. Вале ин санади судӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаа­сту иҷро накарданаш ҷавобгарии ҷиноятиро тақозо дорад, то ҳол иҷро намешавад. Аниқтараш, онро иҷро карданӣ нестанд. Чаро?

Санади судиро барои иҷро на­мудан ба судиҷрочии ноҳияи Исмои­ли Сомонӣ месупоранд. Дар бораи амалҳои судиҷрочиён, ки боиси ши­кояти такрор ба такрори саҳҳомон гардидааст, аз нусхаи аризаҳои ба унвони мақомоти дахлдор ирсол­шуда бисёр далелҳои хилофи қонун рафтор намудани онҳоро овар­дан мумкин аст. Дар бораи амали судиҷрочиён муовини вазири адлия ҳам эрод мегирад. Барои он ки су­хан умумӣ нашавад, ба ин макту­би собиқ муовини вазири адлия аз 6-уми июни соли соли 2008 таваҷҷӯҳ намоед: «Муайян карда шуд, ки дар натиҷаи беэътиноӣ ва хунукназарии Шумо (Нуров С.Т.) ва иҷрочӣ Наи­мов Э.А. ба иҷрои вазифаи хизматӣ, ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз 12 декабри соли 2008 дар бораи беэътибор донистани бақайдгирии Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ва дигар масъалаҳои во­баста ба он, мувофиқ ба талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ иҷро нагар­дидаанд. Ин боиси он гардидааст, ки гурӯҳе аз саҳҳомони Ҷамъияти номбурда, аз ҷумла саҳҳом Одинаев А.Х. вобаста ба тариқи дахлдор иҷро нагардидани ҳалномаи зикргарди­да ба мақомотҳои болои мунтазам муроҷиат мекунанд.

Ҳамзамон огоҳ менамоям, ки дар сурати таъмин накардани иҷроиши пурраву бенуқсони талаботҳои ҳалномаи номбурда масъалаи ҷавобгарии интизоии шахсан худи Шумо ва зертобеонатон дар назди ВАзири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд”.

Ин супориши муовини вазири адлия ҳам вазъиятро дигар наме­кунаду саҳҳомон нисбат ба амали судиҷрочиён даъвояшонро давом медиҳанд. Муовини вазири адлия А. Г. Холиқов ба аризаи саҳҳомон са­наи 5-уми феврали соли 2010 чунин посух менависад:

«Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои Шумо қисман қонеъ гардида, шаҳодатномаи аз нав бақайдгирӣ аз 26 майи соли 2000, ки дар идораи нотариалии давла­тии нохияи Исмоили Сомонӣ таҳти феҳрастҳои 3 13-87 ва 13Р-87 ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шуда ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» вазифадор карда шуда­аст, ки Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-ро дар асоси талаботи қонун аз нав ба қайд гирад.

Ҳамчунин бо ҳалномаи мазкур фармонҳои таҳти № 42 аз 18 дека­бри соли 2009 ва № 20 аз 23 майи соли 2007 бинобар сабаби бархило­фи қонун қабул гардиданашон беэъ­тибор дониста шудаанд.

Бо таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қисман тағйир дода шуда, шартномаи иҷора аз 2-юми июли соли 2007, ки бай­ни ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ва иҷорагир Холмуродова М. баста шуда буд беэътибор дониста шуда­аст.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои иҷрои ҳалнома ва таъи­ноти мазкур варақаи иҷро дода­аст. Аз тарафи иҷрочиёни суди н. И.Сомонӣ иҷроиши варақаи иҷро таҳти № 2-200 аз 12 декабри соли 2007 дар бораи беэътибор дониста­ни бақайдгирии оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ва беэъти­бор донистани шаҳодатномаи аз нав бақайдгирӣ аз 26 майи соли 2000, ки дар идораи нотариалии давла­тии н. И. Сомонӣ таҳти феҳрастҳои 3 13-87 ва 13Р-87 ба қайд гирифта шудаанд, 17 апрели соли 2008 ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» аз қайди бойгонии Саридораи давлатии нота­риалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд.

Бо варақаи иҷро таҳти №2-200 аз 12 декабри соли 2007 иҷрочии суд дар асоси ҳалномаи суд фармонҳои ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-ро таҳти № 42 аз 18 декабри соли 2006 ва № 20 аз 23 майи соли 2007 бекор кардааст

Ҳамин тавр талаботҳои дар ҳалнома ва таъиноти зикргардида аз тарафи иҷрочиёни суд ба пуррагӣ ба иҷро расонида шудааст».

Дар ин посух қайд карда ме­шавад, ки гӯё талаботи ҳалнома (аз 12-уми декабри соли 2007) ба пуррагӣ иҷро шуда бошанд. Вале дар асл ин тавр нест. Судиҷрочиён бе иштироки даъвогарон варақаи иҷроро пур карда, ягон хел санад дар бораи иҷроиши ҳалнома тар­тиб намедиҳанд. Ҳарчанд аз ибро­зи мавзӯъ пеш равем ҳам, таъкид намуданием, ки ҳалнома то ба ҳол иҷро нашудааст. Ҳарчанд барои аз нав ба қайд гирифтани ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва Оинно­маи он чанд маротиба кӯшиш кар­да мешавал. Санаи 7-уми феврали соли 2008 дар асоси қарори Шӯрои назоратии мавҷуднабуда мехоҳанд маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро гузарони­да, Оинномаи онро қабул намуда, мақоми идора ва иҷроияро интихоб намуда, аз қайди давлатӣ гузаро­нанд. Саҳҳомон ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат мекунанд. Прокуратура муайян менамояд, ки ҳангоми даъвати маҷлиси умумии ғайринавбатӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» дағалона вай­рон карда шудааст. Аз ин лиҳоз Про­куратура гузарондани маҷлисро бо амри худ боз медорад. Рӯзи 14-уми майи соли 2008 Маҷлиси умумии саҳҳомон гузаронда мешаваду гурӯҳи саҳҳомон даъват карда намешаванд. Вале дар ҳуҷҷатҳои маҷлис аз номи саҳҳомони даъватнашуда имзо гу­зошта мешавад. Ҳатто аз номи он саҳҳомоне имзо мегузоранд, ки дар қайди ҳаёт нестанд. Маводҳои дар маҷлис қабулкардашударо ба Ва­зорати адлия барои аз нав ба қайд гирифтан пешниҳод мекунанд. Ва­зорати адлия масъалаи ба қайд ги­рифтанро рад мекунаду бо хулосаи санҷишии ҳуқуқӣ аз 6-уми июни соли 2006 ба Оинномаи соли 1997 қувваи бозгашт медиҳад. Санаи 6-уми ав­густи соли 2008 боз маҷлиси уму­мии саҳҳомон гузаронда мешаваду санадҳои қабулнамудаи маҷлисро барои аз қайди давлатӣ гузаштан ба Вазорати адлия пешниҳод мекунанд. Вазорати адлия бо хулосаи ҳуқуқии таҳти №1919 боз ба қайдгирии Оин­нома ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад менамояд. Дар таърихи 23-юми декабри соли 2008 бе гуза­рондани Маҷлиси умумии саҳҳомон боз ҳуҷҷатҳо барои аз қайди Ва­зорати адлия гузаштан пешниҳод карда мешавад. Ин дафъа ҳам бақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад карда мешавад. Б. Холмуродов бо ҷавобгарии Вазо­рати адлия дар бораи водор на­мудан баҳри бақайдгирии Оинно­маи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат менамояд. 23-юми фев­рали соли 2009 саҳҳомон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бо­раи қисман бекор намудани хуло­саи санҷишии ҳуқуқӣ дар қисмати қувваи бозгашт додан ба Оиннома ва боздоштани фаъолияти ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ муроҷиат ме­кунанд. Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе дар қисмати қисман бекор намудани хулосаи санҷишии ҳуқуқӣ аризаи даъвогиро қонеъ менамоя­ду масъалаи боздоштаи фаъолияти ҶС-ро ба дигар мӯҳлат мемонад.Саҳҳомон боз ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо ариза дар бораи тадбирҳои таъминотӣ муроҷиат ме­кунанд. Б. Холмуродов санаи 8-уми апрели соли 2009 маҷлиси умумии саҳҳомонро гузарониданӣ меша­вад. Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо таъиноти худ оид ба тадбирҳои таъминотӣ гузарондани маҷлисро боздошта, таъкид меку­над, ки Маҷлиси умумии саҳҳомон бояд бо ташаббуси суд баъди барта­раф намудани монеагиҳо, яъне пур­ра иҷро намудани талаботи ҳалнома аз (аз 12-уми декабри соли 2007) даъват карда шавад.

Аризаи Б. Холмуродов дар мав­риди водор намудани Вазорати ад­лия дар бораи ба қайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 29-уми июли соли 2009 рад карда меша­вад.

Зинаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар қарори худ аз ҷумла таъкид ме­намояд: «Аз маводҳои парванда коллегия муайян намуд, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси юридикӣ дар мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба қайт гирифта нашудааст ва шахсоне, ки худро роҳбари ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» эълон наму­да, то ҳол гӯё ки фаъолият карда ис­тодааст ғайриқонунӣ ва беасос ме­бошанд, аз ин рӯ ҳисобидан лозим аст ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси юридикӣ фаъолият надорад ва тибқи Қонуни ҶТ дар бораи ба қайдгирии шахсони ҳуқуқӣ танҳо баъди бақайдгирии давлатии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» мета­вонад ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад намояд».

Ин қарорро Коллегияи марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ наму­да, шикояти кассатсионии Б. Холму­родовро беқаноат мемонад.

Дар асоси ҳалномаи суд санаи 17-уми апрели соли 2008 шаҳодатномаи ба қайди давлатӣ гирифтани ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз феҳрасти ягонаи қайди давлатии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хориҷ карда мешавад, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба ҷойи фаъолияташро қатъ намудан, корашро идома медиҳад. Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бе Оиннома ва шаҳодатномаи азнавбақайдгирӣ наметавонист фаъолият кунад. Аммо ҳамон хулосаи санҷишӣ-ҳуқуқии Ва­зорати адлия боис мегардад, ки ама­ли қонун ба қафо гардад. Аниқтараш, бо ин хулоса ба қонун амали бозгашт дода мешавад. Дар хулоса қайд кар­да мешавад, ки ҳарчанд дар асоси ҳалномаи суд (аз 12-уми декабри соли 2007) азнавбақайдгирии дав­латии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бекор карда шудааст, он метаво­над дар асоси Оинномаи соли 1997 бақайдгирифташуда амал кунад. Бори дигар таъкид менамоем, ки тибқи талаботи қонун, агар дар ҳамон санади меъёрию ҳуқуқӣ ама­ли бозгашти қонун таъкид нашуда бошад, ҳеҷ гоҳ амали он санади ҳуқуқӣ қувваи бозгашт надорад.

Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” шахсони ҳуқуқиро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад. Саҳҳомон 5 мароти­ба ба унвони раиси Кумитаи андоз муроҷиат намуда, дар бораи вазъ­ияти ҳуқуқии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» маълумот медиҳанд, ки боз саҳван ин ҷамъиятро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ нагиранд. Вале дар санаи 15-уми январи соли 2010 ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба қайди давлатӣ гирифта меша­вад. Дар Кумитаи андоз дар асоси шаҳодатномаи кайҳо аз тарафи суд беэътибордонисташуда ва дигар ҳуҷҷатҳои сохта ба қайд мегиранд. Саҳҳомон дар бораи хилофи талабо­ти қонун ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» боз ба Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе аризаи даъвогӣ менависанд. Аризаи онҳо 20-уми декабри соли 2010 қонеъ карда шуда, бақайдгирӣ беэътибор дониста мешавад.

Фишурдаи хеле мухтасари қиссаи як корхона, ки ба гуфтаи саҳҳомонаш наздики 400 нафар аз кор озод карда шудаанд, чунин аст. Дар тӯли ин солҳо онҳо дар бораи қонуншиканиҳо такрор ба такрор на­виштанд. Мақомоти дахлдор барои ҳалли масъала ягон чораи дахлдори мушаххас намеандешанд. Дар бораи пайдо шудани Оинномаи, ки таҳти феҳрасти барасмиятдарории №13Р-87 ва хулосаи ҳуқуқии ба номи Б. Холмуродов ба қайд гирифта шу­дааст, саҳҳомон ариза менависан­ду касе чора намебинад. Саҳҳомон ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи корррупсия ҳам чанд маротиба муроҷиат мекунанд. Дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз тарафи мақомоти андоз санҷиши молиявӣ гузаронида мешавад. Пас аз гузарондани санҷиши нозироти андозу пеш аз омадани кормандони Агентии назорати давлатии мубори­за бо коррупсия китобу ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ маҳв карда мешавад. Дар ҳоле, ки мӯҳлати нигоҳ до­штани ҳисоботҳои муҳосибот ва тавозун (бухгалтерские отчеты и балансы) 10 сол аст, ҳисоботҳои шахсии кормандон (лицевые счета рабочих и служащих) 75 сол аст ва ғайра. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро пас аз санҷиши мақомоти андоз ҳуҷҷатҳоро маҳв карданд? Аҷибаш дар он аст, ки бо фармони Б. Холму­родов директори бойгонии мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе Ғаниев А. К. дар ҳайати комиссияи нобуд кардани ҳуҷҷатҳо ҳамроҳ кар­да мешавад. Пурсида мешавад, ки директори бойгонӣ Ғаниев А. К. бо ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» чӣ му­носибати хизматӣ дорад?!

Чуноне ки дар боло таъкид на­мудем, фурӯшгоҳи марказӣ бо иншоотҳои ёрирасонаш пурра ба саҳҳомон фурӯхта шуда буд. Вале парки автомобилӣ бо сабабҳои но­маълум боз аз сари нав ба ихти­ёрдории Кумитаи амволи давлатӣ гузаронда шуда, пас аз чанде ба маблағи 3960 сомонӣ фурӯхта мешавад. Мағозаи «БАХТ» ва «ВНЕШПОСИЛТОРГ»-ро ҳам ба чу­нин тарз мефурӯшанд. Магар мо­ликияти давлатӣ як маротиба ва бебозгашт ғайридавлатӣ карда на­мешавад? Дар ҳоле, ки моҳи майи соли 2005 андози ғайри манқул аз ҳисоби саҳмдорон ҷамъоварӣ карда мешавад.

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия посух медиҳад, ки далелҳо дар баррасии Раёсати тафтишотии Агентӣ қарор доранду ба таври иловагӣ хабар дода мешавад. Вале бо ҳамин вази­фаашонро иҷрошуда меҳисобанд.

Дар ин қазия аз ҳама аҷоибаш рафтори судяҳо дар баррасии аризаҳои пешниҳодшуда мебо­шад. Бе ягон асос мӯҳлати барра­сии парвандаро қариб то як сол кашол додан, нишондоди Кодекси мурофиавӣ хоҷагиро иҷро накар­дану дар баррасии зинаҳои гуногун иштирок намудани як судя, вобаста ба як масъала дар ду моҳ ду хел қарор кабул намудани судя, ари­заи даъвогии саҳҳомонро баррасӣ намудану дар қисми муайянкунӣ ба ким — кадом масъалаи ба ариза дахл надошта такя кардан ва ғайра. Ҳолатҳое будаанд, ки саҳҳомонро ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба баррасии парванда даъват намуда, боз гӯё онҳо гирдиҳамоӣ мекарда бошанд, ба милиса хабар медиҳанд. Чун «мушт нишонаи хирвор» як баррасии судиро таъкид мекунем. Дар санаи 16-уми марти соли 2009 аризаи саҳҳомон дар бораи бекор кардани хулосаи санҷишии ҳуқуқӣ қисман қонеъ карда мешавад. 28-уми майи соли 2009 Вазорати адли­яи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ шикоят менависад. 20-уми июли ҳамон сол Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи қабулшударо бекор наму­да, барои баррасӣ намудан ба ҳамон суду дар ҳайати дигар ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ирсол ме­намояд. Зиёда аз як сол саҳҳомонро сарсон намуда, бе ягон асос парван­да мавриди баррасӣ қарор дода на­мешавад. Танҳо 31-уми августи соли 2010 таъиноти бебаррасӣ монданро бекор мекунад ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе парвандаро ба истеҳсолоти худ мегирад. Вазорати адлия аризаи муқобили даъво ме­нависаду ягон талабот пешниҳод намекунад. Бинобар ин, ариза бар­гардонида мешавад. Боз Вазорати адлия дар бораи бекор намудани таъинот оид ба баргардонидани аризаи муқобили даъво шикояти аппелятсионӣ менависад. 3-юми но­ябри соли 2010 даъво қисман қонеъ карда мешавад, вале баъд аз як рӯзаш шикояти намояндаи Вазорати адлия дар марҳилаи аппелятсионӣ беқаноат монда мешавад. Вазорати адлия боз шикояти кассатсионӣ ме­нависад. 20-уми декабри соли 2010 марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти аз 15-уми октябри соли 2010 ва марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанберо бекор намуда, боз ба зинаи аввалу ба ҳайати дигар ирсол менамояд.

Кас намедонад ба кадом ҳалнома бовар намояд. Масалан, дар қарори марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29-уми июли соли 2009, ки судя И. М. Мирмахсумов низ ширкат дошт, таъ­кид мешавад, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» хилофи қонун фаъоли­ят намуда истодааст, вале санаи 18-уми сентябри соли 2009 дар ҳалномаи қабулнамудааш судя И. М. Мирмахсумов ҳамаи фаъолия­ти ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро қонунӣ арзёбӣ мекунад. Санаи 29-уми декабри соли 2009 Суди Олии иқтисодӣ ин ҳалномаро бе тағйир мемонад.

Дар бораи кашокашии мақомоти қудративу судӣ ва арзу шикоя­ти саҳҳомони ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бисёр ҳодисаҳои дигаре ҳастанд, ки дар гуфторҳои минбаъда ба хонандагон пешкаш менамоем.

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

Рубрики:Ҷумъаи ТОЛИБ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: