Главная > Uncategorized > Бе мард зан шоҳ мешавад ё гадо?

Бе мард зан шоҳ мешавад ё гадо?

Афсӯс, хиради мо танҳо дар он сатҳест, ки ба танқиди занони фоҳиша машғул ҳастему бас. Эшонро бо тамоми нерӯву ҳисси бадбинӣ махлуқони паст ва бехудо мехонем. Аммо ҳар яке аз ин занҳо, ки гирифтори фаҳш шудааст, ба таври худ Худотарс аст ва ба Худо имон дорад. Оё ба ҷуз Худо касе метавонад ҳукми ҷазои онҳоро барорад? Ҳар кадоми онҳо ақл, хирад ва фаҳмише доранд ва дар назди офаридгор ҷавоб медиҳанд.

Аммо ба назарам, эшон на аз костани сатҳи ахлоқашон ба фаҳш даст задаанд, на, ҳаргиз! Теъдоде аз фоҳишазанҳои тоҷик аз он сабаб ба ин кори паст даст за­даанд, ки дигар роҳи раҳоӣ аз қашшоқиро пайдо карда натавонистаанд ва ҷуз аз фанои ҳастиашон чораи дигар наёфта­анд. Бахусус дар марзи меҳанамон.

Касоне ки занҳои фоҳишаро зиёд танқид мекунанд, оё боре аз онҳо пурси­даанд, ки сабаби беномус гаштани эшон сараввал чӣ буд? Агар не, пас бояд суол кунанд, то бидонанд, ки чӣ посух меги­ранд. Посухе, ки банда дарёфт кардам, ин аст:

— Аз қишри қашшоқ ва фақрзадатарини аҳолӣ ҳастанд.

— Дар овони ҷавонӣ падару модарро аз даст додаанд ва аз тарбия маҳрум мон­даанд.

— Волидайн онҳоро бармаҳал шавҳар додаанд, ки таҷрибаи оиладориро надо­ниста, аз хонаи шавҳар ронда шудаанд ва дар даргоҳи волидайн паноҳгоҳ наёфта­анд.

— Шавҳари бадмасту оворагард, беко­ру беғам ва ноҷавонмард гирифтаанду дар танҳоӣ бори оила ва тарбияи фарзан­донро ба дӯш доранд.

— Шавҳарҳояшон вафот кардааст.

— Онҳоро маҷбуран ба алоқаи ҷинсӣ ҷалб кардаанд ё таҷовуз ба номусашонро раво дидаанд.

— Муддати тӯлонӣ кор ҷустаанд, аммо наёфтаанд. Сипас алоқаи ҷинсӣ аз ҷониби корфармо (шеф) шарти ба кор қабул шу­данашон будааст, ки чунин кордеҳон дар ҷомеаи мо кам нестанд.

— Побанди маводи мухаддир шудаанд, ки худро контрол карда наметавонанд.

Бар он ақидаам, ки сараввал дар баъ­зе ҳолат худконтролкунӣ ғайриимкон аст ва дигар ин ки, қашшоқии умрбод пар­даи шарму номуси занро шикастааст. На ҳар зани ғариб тавонистааст дар ғурбат, дар кишварҳои хориҷӣ занҷири ғуломиро шиканад ва маҷбур таҳаммулро нисбати аъмоли ноинсофона ва ноинсонии кор­фармоёну авбошон авло донистааст. Бар ин назарам, ки асос мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ ва поймол гаштани ҳуқуқ ода­мон, бахусус занҳоро бероҳа мекунад.

Банда тӯли чандин сол аст, ки бо­шандаи яке аз шаҳрҳои на чандон хурди Олмон ҳастам. Дар ин шаҳр ҳар тоифа мардум умр ба сар мебаранд. Аз ҷумла, фоҳишаҳо. Борҳо гузорам ба тангкӯчаву «шикоргоҳ»-ҳои эшон афтодааст. Дар ҳар тасодуфе, ки аз кӯча ё аз паҳлӯи фоҳишаҳо гузорам меафтад, боре ҳам зани фоҳишаи немис ба чашмам нахӯрд. Намегӯям, ки нест, аммо ман надидам. Ак­сари фоҳишаҳо шаҳрвандони муҳоҷири кишварҳои қашшоқанд, ки аз ватани худ фирор карда, ба Олмон омадаанд. Ин занҳо асосан аз кишварҳое муҳоҷир шуда омадаанд ва дар ин ҷо бесоҳиб монда­анд, ки миллионҳо марди он кишварҳо ба хотири ёфтани тикка ё бурдаи нон марзи ватанро тарк кардаанд. Мард, ки набошад, зан дар хона ё шоҳ мешавад ё гадо.

Оне ки зани немис фоҳишагӣ намеку­над ё шояд камтар аст, чанд сабаб до­рад:

— Адли инсонӣ ва фаросати миллӣ до­рад.

— Таҳсилкарда аст.

— Қонун ҳимоякунандаи ҳуқуқҳояш аст ва аз кулли ситамҳои ҳаётиву оилавӣ ҳифз карда мешавад.

— Агар кор надошта бошад, ҳукумат ҷон меканад, ки занҳо бе ҷои кор намонанд.

— Агар бекор монад, тӯли ин муддат ҳатман кӯмакпулӣ мегирад. (Аммо, то ҷое иттилоъ дорам, дар Тоҷикистон одамони ҳаётан бекор сари вақт ҳуқуқи ночиза­шонро ҳимоя карданашон мушкил аст).

— Камбизоат бошад, ғизоро дар мағозаи иҷтимоӣ бо пули андак дастрас месозад.

— Ихтисос надошта бошад, аз ҳисоби давлат барои таълими касб равона мегар­дад.

— Бемор бошад, аз ҳисоби давлат пули доруҳояшро мерасонанд.

— Камбизоати олмонӣ агар бозорӣ карданӣ шавад, ӯро ба бозор бо мошин мебаранд ва дигар имтиёзҳоро соҳиб аст.

Акнун раведу пурсед, ки дар вақташ ба имрӯза фоҳишазанҳои тоҷик ҳатто як банд аз ин феҳрасти кӯмаки иҷтимоиву иқтисодиро фароҳам овардаанд? Ҳаргиз не!

Акнун онҳо ҷуръат карда, зани тоҷикро бероҳаву фоҳиша мехонанд ва номи мил­латро бад мекунанду арвоҳи аҷдодони миллати тоҷикро безобита месозанд.

А. Айболитов

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Zulaikho
    Январь 24, 2011 в 12:51 пп

    Tashakkur baroi chunin makola!! dar hakikat hama suxanonaton hak astu rost, vale ki misli shumo inchunun fikr mekunad? Hama hama borro bar sari zanon meguzorand, hol on ki sababhoyash dar hakikat chunin ast, ki shumo gufted!!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: