Главная > Uncategorized > Кадру қадру қанду фанд

Кадру қадру қанду фанд

Гоҳе шоҳиди гуфтори нолишомези шахсе мешавем, ки маълу­моти олӣ дорад. Дар назди дӯсташ ҳамон нафар шиква ме­намояд, ки аз рӯйи ихтисосаш барои худ кор пайдо карда наметавонад. Аммо дар барномаҳои теле­визиону радио баъ­зан баромади ягон сардори корхонаро мешунавем, ки таъ­кид менамояд: «Дар ҷумҳуриямон мута­хассис надорем».Солҳои собиқ Шӯравӣ дар аксарияти соҳаҳо мо мутахассис доштем. Агар дар соҳае мутахассис намерасид, онҳоро аз дигар мамлакатҳо ба кор даъват мекар­данд ва ба хонаю маоши арзанда таъмин менамуданд. Ба гуфтаи хатмкардаҳои он даврон, савияи донишҷӯёнаш аз донишҷӯёни имрӯз ба куллӣ фарқ дошт, яъне боло буд ва онҳо дар баробари ҳамчун кадри босавод ба воя расидана­шон муносибати одамгаронаро аз худ ме­карданд. Фарз кардем солҳои пеш агар бемор ба назди духтур барои муоина ме­рафт, натиҷаи муоинаро табиб ба вай хуб ва бо як фарҳанги пероста мефаҳмонд. Алъон чунин нест. Агар бемор дастхати табибро хонда, суол диҳад, ки «халести­рианаш» чист, ӯ ба рӯи мариз теғ кашида, таъна ҳам мезанад, ки «ту бесавод бошӣ, ман туро чӣ хел фаҳмонам!». Ҳол он ки, духтур метавонад ба бемор фаҳмонад, ки дар таркиби хунаш равған аз андоза зиёд шудааст, бо чунин муолиҷа ва доруҳо онро рафъ кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, дар кишварамон заводу фабрикаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки он ҷо низ мутахассиси технолог ва конструкторони варзида намерасад. Бо вуҷуди ин, дар кишварамон Донишгоҳи технологӣ ва Донишгоҳи политехникӣ вуҷуд дорад, ки он ҷо донишҷӯёни зиёде дар ихтисосҳои номбурда таҳсил мена­моянд. Лекин вақте онҳо ба истеҳсолот ҳамчун мутахассис ба кор мераванд, аз ӯҳдаи нақшакашӣ намебароянд. Зеро аз рӯйи нақшаи мутахассис коргарон онҳоро пешбарӣ менамоянд ва ин боис мегардад, ки касбашонро тарк намоянд. Ба ибрози як омӯзгори яке аз донишгоҳҳои кишвар Абдунабӣ Сабуров, ин донишҷуйёне ме­бошанд, ки тӯли панҷ сол мустақилона нақшае накашида ва бар замми он, оид ба касби интихобкардаашон тасаввуро­те надоранд, яъне бо воситаи шинос ва пул донишгоҳро хатм намудаанд. Азбаски савияи донишашон суст аст, аз рӯйи их­тисосашон кор карда наметавонанд. Ле­кин дар истеҳсолот ҳастанд муҳандисони кордоне, ки аз сабаби паст будани маоши баъзеяшон аз кор мераванд. Инҳо мута­хассисони давраи собиқ Шӯравиянд. Бо вуҷуди ин, садди роҳи ин мушкилотро гирифта мешавад, агар ба донишҷӯёни лаёқатманд мутахассисони кордон дар муддати се ё панҷ сол нозукиҳои касба­шонро омӯзонанд.

Солҳои пеш, яъне дар замони собиқ Шӯравӣ мутахассис ба коргари нав тарзи фаҳмондадиҳии корро меомӯзонд, ки чӣ гуна корро бояд шурӯъ намоянд. Лекин ин амал ҳоло қариб аз байн рафтааст. Ҳар кас бо саъйу кӯшиши худ, бо маҳорату ма­лакаи андӯхтааш касбашро меомӯзад.

ҳоло дар ҳудуди ҷумҳуриямон тақрибан 12 донишгоҳу омӯзишгоҳи тиббӣ ва педагогӣ мавҷуд аст. Вале ҳамоно мута­хассиси ин ду соҳа намерасад. Яъне таби­бони варзида ва омӯзгорони забони русӣ, хориҷӣ ва фанҳои дақиқ. Дар кишварамон ҳар сол шумораи зиёди ҷавонон донишгоҳи олиро бо ихтисоси забони хориҷӣ хатм менамоянд, аммо дар ин соҳаҳо мутахас­сис намерасад. Айни замон бештари то­либилмон соҳаи гуманитариро интихоб менамоянд ва аксарияти донишҷӯёни за­бони хориҷӣ орзу мекунанд, ки ба ҳайси тарҷумон дар ташкилоту сафоратхонаҳои хориҷӣ ба кор дароянд. Зеро коргарони корхонаҳои байналмилалӣ маоши хуб мегиранд. Лекин дар ин гуна корхонаҳо аз давлати худ мутахассисонашонро ба кор равон мекунанду танҳо теъдоди ками сокинони диёри мо дар ин ташкилотҳо соҳиби кор мешаванд. Дар мактаби миё­на маоши омӯзгорон кам аст, вале дар мактаб-интернатҳо маоши омӯзгорон зиёд мебошад. Лекин ба кор бо тариқи озмун муаллимро ба кор қабул мекунанд ва аъ­зои комиссия таҷрибаи кории омӯзгорро ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, бештари омӯзгорони ин мактаб-интернатҳо номза­ди илманд. Яке аз кормандони Хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба ин масъала ба мо чу­нин шарҳ дод, ки касби ӯ омӯзгори забо­ни русӣ аст. Барои он ки маоши омӯзгорӣ кам аст, дигар соҳаро интихоб намудааст. — Лекин ҷавонон набояд маблағро ба ино­бат гиранд. Аввал корро омӯзанд. Зеро шахсе, ки нозукиҳои касбашро медонад, дар дигар ҷой ҳам соҳиби кор шуда мета­вонад,- гуфт Раҳим Гулшанов.

Баъд аз соҳибихтиёр шудани диёрамон дар кишварамон теъдоди донишгоҳҳо аф­зуд, ки шумораи зиёди ҷавонон он ҷо илм меомӯзанд. Ҳоло дар ҳамаи донишгоҳҳои олӣ дар ҳар ихтисос як шӯъбаи буҷавӣ мавҷуд аст, ки дар он гурӯҳ 25 кас таҳсил менамояд. Гурӯҳҳои боқимонда шартнома­виянд, яъне барои панҷ соли таҳсилашон корхона ё муассисае ба онҳо роҳхат до­даасту маблағро пардохт менамояд. Солҳои пеш донишҷӯён чун донишгоҳро хатм менамуданд, аз тарафи маъмурияти донишгоҳ ба онҳо роҳхат дода мешуд, ки дар куҷо ба кор шурӯъ намоянд. Лекин ҳоло ҳар кас баъд аз хатми донишгоҳ ба худ кор пайдо менамояд. Бинобар ин, Ха­дамоти шуғли аҳолӣ ҳар соле чор маро­тиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ мегу­заронад. Дар ин чорабинӣ намояндагони корхонаҳои гуногун иштирок менамоянд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон низ чунин ярмаркаҳо ташкил менамоянд, ки шаҳрванд аз рӯйи ихтисосаш соҳиби кор шуда метавонад. Соли 2009 дар ин ярмар­каи бакортаъминкунии шаҳрвандон дар диёрамон 1634 корхона иштирок намуд. Аз аввали сол то ба охир 78349 ҷойҳои корӣ пешниҳод шуд, 5623 шахс ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 1270 нафар ба кор таъмин шуданд, ҷамъ 2415 соҳиби кор шуданд. Аммо музди меҳнати баъзе ихтисосҳо 120-160 сомониро таш­кил медиҳад. Аз сабаби он, ки маош кам аст, иддае аз шаҳрвандон пас аз як-ду моҳ бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Суғд, водии Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ба роҳ мондаанд. Дар моҳи январи соли равон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ таъсис додаанд, ки дар он на­мояндагони корхонаҳои саноатӣ, сох­тмон, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа, мао­риф ва фарҳанг, тандурустӣ, савдо ва хизмати маишӣ, манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд. Ҳамагӣ 2240 нафар аҳолӣ соли ҷорӣ соҳиби кор шуданд. Ҳамчунин, Хадамоти шуғли аҳолӣ ба ашхоси ниёзманд дар муддати се моҳ касбҳои мухталифро меомӯзонад. Дӯзандагӣ, кандакорӣ, хӯрокпазӣ ва ди­гар ҳунарҳоро устодони чиррадаст ёд медиҳанд. Таҳсил да ин курсҳо ройгон аст. Пас аз омӯзишро ба итмом расонидан ҳунаромӯз дорои сертификат мешавад ва аз рӯйи касби пешкардааш кор карда ме­тавонад.

Аммо, ба ақидаи коршиносон, ҳанӯз ҳам дар кишварамон мутахассисони вар­зида намерасанд. Ин аз он вобаста аст, ки аксарияти толибилмон савияи дониша­шон суст аст, яъне ҳанӯз аз мактаби миёна таҳкурсияшон мустаҳкам нест. Ғайр аз ин, ҳамаи донишгоҳу омӯзишгоҳҳо ба тариқи шартнома довталаб қабул мекунанд. Гар­чанд як қисми хонандагони лаёқатманд бо тариқи квота дохил мешаванд, аммо ҳанӯз ҳам дар ноҳияҳои дуру наздик му­тахассис намерасад. Ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои мутараққӣ ин мушкило­тро аз сар гузарондаанд. Бинобар ин, му­тафаккири чинӣ Конфутсий дар ин бобат зикр кардааст, «то ки ҳамаи соҳаҳо руш­ду тараққӣ намоянд, пеш аз ҳама давлат бояд маоши омӯзгорро зиёд намояд, он гоҳ омӯзгор шогирдашро ба бою камбағал ҷудо накарда, ҳамаро баробар таълим меомӯзонад».

Шояд мардуми Чин ин гуфтаҳои фай­ласуфи маъруфи даврони қадимашонро ба инобат гирифта, дар ҳамаи соҳаҳо мутахассис доранд. Зеро аз ин омӯзишу таълими муаллимон вобастагӣ дорад. Чунки дар ин сарзамин мутахассисони соҳаи мошинсозиашон айнан ба мисли мошинҳои маркаҳои номдори аврупоӣ мо­шини тамғаи Лексус, Мерседес истеҳсол менамоянд, ки аз сохти маркаҳои ном­дор ҳеҷ тафовуте надоранд. Танҳо бо он фарқ менамоянд, ки истеҳсолаш кишва­ри Хитой мебошад ва нархаш арзонтар аст. Бо ҳамин ваҷҳ, ширкатҳои шинохтаи мошинҳои истеҳсолкарда аз ин дастовар­ди хитоиҳо огаҳ гашта, ба изтироб афто­даанд ва хоҳиш кардаанд, ки дигар шакли мошинро ихтироъ намоянд.

Дар кишвари мо ҳам ҷавонони лаёқатманд ҳастанд, ки бо тахаюлу ма­лакаи хеш нақшаи мошинеро кашидаанд. Дастовардҳои онҳоро тавассути оинаи нилгун гоҳе намоиш медиҳанд. Барои дар амал санҷидани ин ихтироъҳои онҳо дастгирӣ кардан даркор аст, то ки завқи касбомӯзияшон дар ботинашон хомӯш на­гардад.

Чуноне ки дар боло ёдовар шудем, дар ҳамаи соҳаҳо мутахассиси варзида кам дорем. Ҳоло ин масъала дар миқёси ҷумҳуриямон ҷои аввалро ишғол мена­мояд. Коршиносон пайваста таъкид ме­кунанд, ки сабаби «бекадрӣ», беқадрии кадрҳои тоҷик аст. Бад-ин мазмун, ки кордеҳон ҳамеша чун анъана мутахассис­ро «қанд» ваъда карда, ба кор мегиранду баъд фанд (фиреб) медиҳанд.

Умед мебандем, ки кордеҳони тоҷик аз ин баъд, дер ҳам бошад, ба қадри мута­хассис мерасанд.

Гулҷаҳон ХОҶАЕВА,

махсус барои «Пайкон»

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: