Главная > Uncategorized > Куҷоӣ ҷаноби адолати судӣ?

Куҷоӣ ҷаноби адолати судӣ?

Чанд рӯз қабл ба идораи нашрияи «Пайкон» аз номи сокинони деҳаи Заркама­ри ноҳияи Файзобод, ки қариб ду сол боз нисбати тахриб шудани манзили истиқоматияшон воку­ниш нишон медиҳанду ин қазия борҳо ба саҳифаҳои расонаҳои ватанӣ кӯчида буд, мактуби шикоятӣ ворид шуд. Чун «Пайкон» низ борҳо ба ин мавзӯъ даст задаву сабабҳоро пайгирӣ дошт, ло­зим донист мактуби шикоя­тии шаҳрвандонро манзури хонандаи азиз гардонад.Ба маълумоти Шумо мера­сонам, ки дар асоси амрномаи ғайриқонунии прокурори ноҳияи Файзобод ва қарори ғайриқонунии раиси ноҳияи Файзобод №286 аз 29-уми июни соли 2009 ду мароти­ба (14-уми июли соли 2009 ва 14-уми сентябри соли 2010) манзили истиқоматии мо валангор карда шуд. Барои бекор кардани қарору амри ғайриқонунӣ дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигиямон ба Суди ноҳияи Файзобод, марҳилаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тибқи таъиноти суди марҳилаи назоратӣ (17-уми ноябри соли 2010), гӯё мо мӯҳлати даъво ва шикояткуниро гузарпонида бо­шем, он барои моҳиятан баррасӣ намудан рад карда шуд. Мо ба чу­нин ҳалли рӯякӣ, беасосу нопурра, ки ба ҳолати кор мувофиқат наме­кунад, ризо шуда наметавонем.

ЯКУМ: Дар таъиноти марҳилаи назоратии Суди Олӣ омадааст, ки гӯё ба сертификати ҳуқуқи истифо­даи замини наздиҳавлигии Рақибов А. прокурор эътироз оварда бошад ва он қувваи қонунӣ надошта бо­шад. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ризо шуда наметавонем. Чунки ба Рақибов аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 2007 сертификати ҳуқуқи ис­тифодабарии замини наздиҳавлигӣ (қайди давлатияш №0671215) дода шудааст. Мувофиқи моддаи 17-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, фақат сертификат ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба ҳисоб мера­вад. Мувофиқи моддаи 37-и Кодек­си замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои бекор кардани ҳуқуқи замин (сертификати ҳуқуқи ис­тифодаи замин) бояд аз тарафи Суд қабул карда шавад. Аммо бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Файзобод ва прокурори ҳамин ноҳия санади бекор кардани ҳуқуқи истифодаи заминро имзо гузошта (моҳи июни соли 2009), санаи 14-уми июли соли 2009 ва 14-уми сентябри соли 2010 замини наздиҳавлигии Рақибоваро бо манзили истиқоматияш валан­гор намуда, ҳуқуқи заминисти­фодабарии ӯро бо роҳи зӯрӣ вай­рон намуданд, ки ин рафтор аз ваколатҳои вазифавию қонунии онҳо фарсахҳо дур аст. Оё проку­рори ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сертификати шахсеро, ки аз қайди давлатӣ гу­заштааст, бекор карда метаво­нанд? Ҳаргиз не! Чаро? Прокурори ноҳияи Файзобод, раиси ноҳияи Файзобод, суди марҳилаи якум, суди марҳилаи кассатсионӣ, суди марҳилаи назоратӣ сертифика­тро, ки дар қайди давлатӣ мебо­шад, эътироф кардан намехоҳанд. Мувофиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертифика­тро фақат суд бекор карда метаво­над ва то ба ҳол он эътибори ху­дро гум накардаасту мавриди амал қарор дорад. Ин аз қалбакӣ будани қарори раиси ноҳия ва амри про­курор далолат мекунад. Яъне онҳо ваколатҳои судиро аз худ карда, аз ваколатҳои хизматияшон тамоман берун баромадаанд.

ДУЮМ: Оё қарори Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз соли 2004 оид ба бекор кардани ҳуқуқи замин қонунӣ аст? Не. Ин санади меъёрию ҳуқуқӣ ғайриқонунист! Чаро? Чун­ки, мутобиқи моддаи 37-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷамоати деҳот чунин ваколат дода нашудааст (гарчанде, ки аз вуҷуд доштани чунин қарор Рақибова А. хабардор набуд). Агар ҷамоати деҳот чунин ваколат надошта бо­шад, санади ғайриқонунии онҳо чӣ хел мӯҳлати даъво ва шикояткунӣ дорад, ки ба ин суди марҳилаи якум ва марҳилаи кассатсионию назоратӣ тамоман баҳои ҳуқуқӣ надодаанд?

СЕЮМ: Раиси ноҳияи Файзобод дар мактуби ба унвони Рақибова А. ва Ибодова Г. таҳти №1869 аз 17-уми июни соли 2010 навиштааш доштану мавриди амал будани сер­тификати онҳоро эътироф карда­аст. Мақомоти судӣ онро эътироф кардан намехоҳанд, ки ин барои бекор кардани амри ғайриқонунии прокурор ва қарори ғайриқонунии раиси ноҳия асос шуда метавонад.

ЧОРУМ: Дар ҳалномаю та­ъиноти суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ омада­аст, ки гӯё мо дар роҳи мошингард хона бунёд карда бошем. Дар ха­рита ва сарҳадҳои замини Рақибов (дар парвандаи заминсозӣ), ки дар асоси он сертификат додаанд, ягон ишорае дар бораи роҳи авто­мобилгард мавҷуд нест. Парвандаи заминсозӣ дар ҳаҷми 11 саҳифа дар материалҳои кор мавҷуд аст. Замини наздиҳавлигии Рақибова А. дар сертификат 0,10-га нишон дода шудааст, вале дар асл 0,09-гаро ташкил мекунад. Хуллас, маъ­лум нест, ки ӯ замини киро таҳти тасарруфи худ дароварда бошад. Ин аз он далолат мекунад, ки санадҳои раиси ноҳия ва прокурор қалбакиянд. Мақомоти судӣ инро ба инобат нагирифтаанд.

ПАНҶУМ: Замини ба Рақибова А. вобастакардашуда аз соли 1997 то имрӯз самаранок истифода бур­да мешавад. 44 дона дарахти себ 13-сола шудаанд. ӯандози замин ва манзили истиқоматиро сари вақт месупорид. Квитансияҳо дар парвандаи гражданӣ мавҷуд аст. Ин далелҳоро мақомоти судӣ ба эътибор нагирифта, баҳои ҳуқуқӣ надодаанд. Ҳатто ишорае дар бо­раи сертификат ва парвандаи заминсозӣ доштани Рақибов дар ҳуҷҷатҳои судӣ вуҷуд надорад. Шояд судяҳо вақт надоранд, ки парвандаро хонанд!

ШАШУМ: Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Рақибов таҳти №0671215 аз 18-уми декабри соли 2007 дода шудааст. Қарори раиси ноҳия ва амри прокурор оид ба бе­кор кардани ҳуқуқи истифодаи за­мин моҳи июни соли 2009 баровар­да шудааст. Манзили имтиқоматии моро 14-уми июли соли 2009 ва­лангор намуданд. Намедонем, ки чӣ хел Рақибов мӯҳлати даъво ва шикояткуниро гузаронидааст!? Ба фикри мо, ин ба найрангбозӣ монанд аст. Чаро суди марҳилаи аввал, кассатсионӣ ва назоратӣ ба ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ баҳои ҳуқуқӣ додан намехоҳанд?

ҲАФТУМ: Оё дар ҳоле, ки Рақибов соли 2007 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гириф­тааст, қарори Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз соли 2004 оид ба бекор кардани ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии ӯ амал ме­кунад ё не? Ба фикри мо не! Чаро? Мақомоти судӣ баҳои ҳуқуқӣ надо­данд.

ҲАШТУМ: Дар таъиноти суди марҳилаи назоратӣ гуфта меша­вад, ки гӯё тибқи талаботи мод­даи 256 КМГ ҶТ мӯҳлати муроҷиат 3 моҳ бошад. Аввало, мо мӯҳлати муроҷиатро нагузаронидаем. Си­пас, дар мавриди доштани серти­фикати №0671215 (2007) чандин бор гуфтему боз мегӯем, ки он дар асоси қарори Ҷамоати деҳоти Мискинобод таҳти №2 аз 30-юми июни соли 2007 дода шудааст. Касе онро бекор накардааст. Маълум нест, ки суди марҳилаи назоратӣ кадом мӯҳлати шикояткуниро дар назар дорад! Агар қарори қалбакии Ҷамоати деҳоти Мискинободро аз 29-уми майи соли 2004 дар назар дошта бошад, ки бо фармони про­курори ноҳия Ҳасан Бобоев таҳия шудааст, оё тадбиқи Кодекси нави мурофиавӣ-гражданӣ дуруст аст? Ҳаргиз не. Ҳайронем ва ангушти ҳайрат мегазем, ки судяи Суди Олӣ Қуватова Т. Д. талаботи кодекси мазкурро аз рӯйи кадом «принсип» тадбиқ карда бошад!?Ҳанӯз ҳам дар ҳайратем, ки ҷаноби адолати судӣ куҷо бошад?

Гулрӯ ИБОДОВА,

Атобулло РАҚИБОВ,

сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод

 

Отмена сертификата

В конце 2007 года я получил сертификат на право пользования приусадебным участком. Могут ли я отменить этот сертификат без решения суда?

А. Ракибов, Файзабадский р-н

По словам судьи района Шохмансур г. Душанбе Зебо Абдурахмоно­вой, согласно ст. 37 Земельного кодекса РТ, право пользования всем земельным участком или его частью прекращается в случаях:

а) отказа от земельного участка;

б) прекращения деятельности землепользовате­лей;

в) нерационального использования земельного участ­ка;

г) использования земли не по целевому назначению, указанному в документах, удостоверяющих право пользо­вания землей;

д) использования земельного участка способами, при­водящими к снижению плодородия почв, их химическому, радиоактивному и иному загрязнению, ухудшению эколо­гической обстановки;

е) истечения срока, на который был предоставлен зе­мельный участок;

ж) систематического не внесения земельного налога в течение сроков, установленных законодательством Ре­спублики Таджикистан;

з) не использования в течение одного года земельно­го участка, предоставленного для сельскохозяйственного производства, и двух лет — для несельскохозяйственных нужд;

и) изъятия земель в случаях, предусмотренных насто­ящим Земельным кодексом РТ;

к) регулярно нарушения земельного законодатель­ства.

Принудительное прекращение прав пользования зем­лей по основаниям, предусмотренным пунктами «в», «г», «д», «е», «ж», «и», «к» статьи 37, при выявлении наруше­ний у виновных физических лиц производится специально уполномоченными государственными органами, осущест­вляющими государственный контроль за использованием и охраной земель, которые налагают штраф и выносят предписание об устранении допущенных нарушений.

В случае не устранения нарушений эти органы вно­сят в районный (городской) орган испольнителной вла­сти представление о прекращении права пользования земельным участком.

При несогласии землепользователя с постановлением о прекращении права пользования земельным участком он вправе обращаться в суд. При этом до решения суда государственная регистрация прекращения права пользо­вания земельным участком не производится (ст. 40).

Бознашр аз ҳафтаномаи «Азия-плюс», №23, 09.06.2010

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: