Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Навиштаанд, ки дар оғози кор чун хабари Муқаннаъ ба Хуросон фош шуд, Ҳамид ибни Қаҳтаба, ки амири Хуросон буд, фармуд ки ӯро банд кунанд. ӯби­гурехт аз деҳаи хеш ва пинҳон мебуд. Чандон ки ӯро маълум шуд, ки ба вилоя­ти Мовароуннаҳр халқе бисёр ба дини вай гирд омаданд ва дини вай ошкоро карданд, қасд кард аз Ҷайҳун бигзарад. Амири Хуросон фармуда буд, то бар лаби Ҷайҳун нигаҳбонон ӯро нигоҳ до­ранд ва пайваста сад савор бар лаби Ҷайҳун бармеомаданд ва фуруд меома­данд, то агар бигзарад, ӯро бигиранд.Вай бо сию шаш тан бар лаби Ҷайҳун омад ва амад (киштӣ) сохт ва бигузашт ва ба вилояти Кеш рафт ва он вилоят ӯро мусаллам (фатҳ) шуд ва халқ бар вай рағбат карданд ва бар кӯҳи Сом ҳисоре буд, бағоят устувор ва андар вай оби равону дарахтон ва кишоварзон. Ҳисоре дигар аз ин устувортар. Онро фармуд, то иморат карданд ва моли бисёр ва неъмати бешуморе онҷо ҷамъ кард ва нигоҳбонон нишонд ва сафедҷомагон бисёр шуданд. Боре кори Муқаннаъ ва сапедҷомагони вай андак-андак чандон қувват гирифт, ки подшоҳи Бухоро низ номаш Банёт ибни Тағшода, мусулмони­ро бигузошт ва ба ойини вай гиройид то дасти сапедҷомагон дароз гашт ва ғалаба карданд ва халифа сахт сутӯҳ ва дар ғазаб шуд.

Охир, арабон аз диловарӣ ва бебо­кии ин сапедҷомагон ба сутӯҳ омаданд. Муқаннаъ ва ёрони ӯ солҳо дар бароба­ри сардорони араб, ки халифа ба ҷанги эшон фиристод, даристоданд. Достони ин ҷангҳоро дар таърихҳо метавон кард. Бағдод сахт дар кори инҳо фурӯ монда буд ва басо ки халифа аз биму бедоди ин қавм ба гиря дармеомад. Охири кор халифа сипоҳи азим ба Мовароуннаҳр бифиристод ва Муқаннаъро ин сипоҳи халифа шаҳрбанд карданд. Саранҷом чун Муқаннаъ бар ҳалоки худ яқин кард, хештан ба танӯр афканд, то аз ҳам муталошӣ ва несту нобуд шавад ва пайкари ӯ ба дасти душманон наяфтод. Аммо фотеҳон чун ба қалъаи ӯ даст ёф­танд, ӯро дар танӯр ҷустанд ва сарашро буриданд ва назди Маҳдии халифа, ки дар он айём дар Ҳалаб буд, фиристо­данд.

Дар бораи фарҷоми (натиҷаи) кори ӯ яке аз деҳқонони Кеш достони шигиф­тангез гуфтааст, ки дар таърихи Бухоро аз қавли ӯ бад-ин гуна нақл кардаанд, ки гуфт: «Ҷаддаи (модарбузурги) ман аз ҷулаи хотунон будааст, ки Муқаннаъ аз баҳри хеш гирифта буд ва дар ҳисор ме­дошт. Вай гуфт рӯзе Муқаннаъ занонро бинишонд бо таъому шароб бар одати хеш ва андар шароб заҳр кард ва ҳар за­неро як қадаҳи хос фармуд ва гуфт чун ман қадаҳи хеш бихӯрам, шумо бибояд, ки ҷумла қадаҳи хеш бихӯред. Пас, ҳама хӯрданд ва ман нахӯрдам ва дар гире­бони худ рехтам ва вай надонист. Ҳамаи занон бияфтоданд ва бимурданд ва ман низ хештан дар миёни эшон андохтам ва хештанро мурда сохтам ва вай аз ҳоли ман надонист. Пас Муқаннаъ бархост ва нигоҳ кард, ҳамаи занонро мурда дид. Наздики ғуломи худ рафт ва шамшер бизад ва сари вай бардошт ва фармуда буд, то се рӯз боз танӯр тафсонида бу­данд, ба наздики он танӯр рафт ва ҷома берун кард ва хештанро дар танӯр ан­дохт ва дуде баромад, ман ба наздики он танӯр рафтам, аз ӯ ҳеҷ асаре нади­дам ва ҳеҷ касе дар ҳисор зинда набуд ва сабаби худро сӯхтани вай он буд, ки пайваста гуфтӣ, ки чун бандагони ман осӣ шаванд, ман ба осмон равам ва аз он ҷо фариштагон орам, эшонро қаҳр кунам. Вай худро аз он ҷиҳат сӯхта, то халқ гӯянд, ки ӯ ба осмон рафт, то фа­риштагон орад ва моро аз осмон нусрат диҳад ва дини ӯ дар ҷаҳон бимонад, пас он зан дари ҳисор бикушод…» («Таъри­хи Бухоро», саҳ.87-88).

Зоҳиран ин ривоят албатта аз ран­ги афсона холӣ нест. Аммо ин нуктаро ҳама муаррихон овардаанд, ки ӯ пеш аз он ки арабон бар қалъаи вай даст биёбанд, худро ҳалок кард ва бад-ин гуна буд, ки рӯзгори Худои Нахшаб ё пайғамбари ниқобдори Хуросон ба поён расид ва Моҳи Нахшаб, ки як чанд дар осмони Мовароуннаҳр партав афшонд, ҳар чанд тулӯъи он чандон ба даро­зо накашид, лекин рӯзгоре кӯтоҳ мояи умеди касоне шуд, ки ҷавру бедоду таҳқири тозиён, онҳоро ба исёну туғён раҳнамун гашта буд. Ин сапедҷомагон пас аз марги Муқаннаъ низ муддатҳо дар Мовароуннаҳр бар дин ва ойини ӯ буданд. Нависандаи китоби «Ҳудуд-ул-Олам» ва Берунӣ ва Мақдисӣ ва муал­лифи «Таърихи Бухоро» ба вуҷуди онҳо дар Мовароуннаҳр ишорат кардаанд. Авфӣ низ дар авоили қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (13 м) мегӯяд: «Ва имрӯз дар за­мини Мовароуннаҳр аз мутобеъони ӯ ҷамъе ҳастанд, ки деҳқонӣ ва кишоварзӣ мекунанд, эшонро сапедҷомагон хонанд ва кешу (дину) эътиқоди худ пинҳон до­ранд ва ҳеҷ касро бар он иттилоъ на­яфтода аст, ки ҳақиқати равиши эшон чист?». Ин сухани Афвӣ ҳанӯз ҳам дуруст аст ва дар воқеъ аз он чӣ дар китобҳо дар бораи ин сапедҷомагон омада аст, ҳақиқати ойин ва равиши ононро наме­тавон дарёфт ва аз ҳамин рӯст, ки на­висандагони кутуби мақолот (мазҳабҳо) низ дар боби ақоиди онҳо иттифоқ на­доранд. Баъзе онҳоро аз Хуррамиён до­нистаанд ва баъзе аз Зиндиқиён. Бархе онҳоро ба шиъа бастаанд ва бархе ба маздакиён нисбат додаанд. Дар суха­ноне низ ки ба онҳо нисбат кардаанд, аз ҳамаи ин адён ва ақоид чизе ҳаст. Дар бораи Ҷомасапед, ки зай (либос) ва шиори ин тоифа будааст, гумони ғолиб он аст, ки онро ба рағми аббосиён, ки «сиёҳҷомагон» будаанд, мепӯшидаанд. Аммо ин ҷомаи сапед назди бархе фирқаҳо зай ва либоси рӯҳониён буда­аст ва монавиён низ ҷомаи сапед до­штаанд. Шак нест, ки дар ин рӯзгор мо­навиён дар Суғд ва Мовароуннаҳр бисёр будаанд.

Бинобар ин, шояд ин ҷомаи сапед дар миёни пайравони Муқаннаъ аз он сабаб маъмул будааст, ки ойини ӯ аз ойини Монӣ сибғае (ранге) доштааст ё дасти кам шояд, битавон гумон бурд, ки Муқаннаъ низ барои пешрафти мақосиде, ки доштааст, созиш ва та­лиф байни порае ақоиди Монавиёнро, ки дар Мовароуннаҳр бисёр будаанд, бо ақоиди маҷусон ва хуррамдинон ваҷҳаи ҳиммат доштааст ва бинобар ин, бесабаб нест, ки аҳли мақолот ӯро ва ёронашро ба ҳамаи ин адён мансуб ва муттаҳам доштаанд («Таърихи Бухоро», Теҳрон, саҳ.77; «Таҷоруб-ус-салаф», саҳ.121; «Осор-ул-боқия», саҳ.211; «Ал-Феҳрист», саҳ.337; «Ал-Милал»-и Шаҳристонӣ, саҳ.115; Зарринкӯб. Ду қарни Сукут. Теҳрон, 2006, саҳ.170-174).

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ (1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

(Аввалаш дар шуморахои гузашта)

Дар ин шева Шулка (Шулга) ном, ки ноиби элчӣ (ҷойнишини сафир) буд, аз ҳама пешӣ кард. Шулка дар баъзе қузоту (қозиҳо) ҳуккоми (ҳокимони) бузургтар мактубҳои хусусӣ карда, изҳори дӯстӣ ва дар вақти лузум (зарурӣ) ҳимояту муови­нат (ёрӣ) карданро ваъда медод, бад-ин васила роҳи қабули таоруфи (муоширату) ҳадяро мекушод — дар ин хусус, арбоби ҳукумати Бухоро ҳам рамузфаҳм буданд (забони мурғонро мурғон медонанд) — касе, ки мувофиқи аъмул муомила наку­над, ранге (ҳиллае) карда, ба сараш фало­кате меовард. Чунончи ба яке аз қозиёни бузург чанд бор хатҳои хусусӣ кард, чун табъи қозии мазкур аз ин қабил муоми­лот олӣ буд, аз муддаои Шулка тағофул (бепарвоӣ) варзид. Охир ба баҳонаи му­рофиаи як нафар риояи (шаҳрванди) фиребгари Рус азми (сабукдӯшии) қозии мазкурро аз амир хост. Амиру қушбегӣ чанд рӯз қозии мазкурро аз маъмурия­таш дар Бухоро нигоҳ дошта, ба тариқи ҷурмона (ҷазо, штраф) маблағе ба элчи­хона дода, Шулкаро розӣ карда, қозиро боз ба сари маъмурияташ фиристодаанд. Шулка манофеи (манфиатҳои) шахсияи худро аксар ба воситаи Мирзо Аҳмадбек, ки нависанда ва қадимулхидмат дар элчи­хона буд, ҳосил мекард. Шулка дар вақти муҳорибаи Аврупо дар озор додани мар­дум зиёдатар кӯшиш кард, манфиатпа­растиро ба як дараҷаи аъло расонид. Чу­нончи ба Мир Бурҳониддини қозикалон, хусусан ба Мир Икром Махдум, писарони қозӣ Мир Бадриддин худро бисёр ошнову наздик мешумурд, дар расидани инҳо ба давлат дубора хеле ёрмандӣ кард. Чун баъд аз қозикалон шудан, на Икром Мах­дум, на қозикалон аз изҳори ошноии хо­лисонаву зиёфатҳои хусусӣ дигар асари дӯстиро маълум накарданд, дар асбобчинӣ (баҳонаҷӯӣ) даромад, оқибат Икром Мах­думи ӯроқро «сӯҳбатҳои сиёсӣ доштааст» гуфта, ба қӯшбегӣ хат карда ва ба воситаи тӯқсобаи маъмури элчихона (сафоратхо­на) ба худи Икром Махдум низ аз ин хусус мактуби таҳдидомез кунонд; охир масъала ба тақдими таоруфи бузурге ҳал ёфт. Ва инчунин ба Мир Бурҳониддини қозикалон «Домодатону писаратон сӯҳбатҳои сиёсӣ доштаанду бо тараққипарварон раф­туомад мекардаанд» гуфта, ба воситаи мирзои худ мактуби таҳдидомези хусусӣ фиристод. Чун ба ин мактуб асаре мута­раттиб (ҳосил) нашуд — яъне қозикалон рамузро нафаҳмид — дуввумбора, «Домо­датону писаратон ба маъхазҳо тадохул (дахолат) мекардаанд, шумо фалон муро­фиаро мувофиқи шаръ напурсидед, мар­дум ҳамеша изҳори норозигӣ мекунанд…» гуфта, боз ба воситаи мирзои худ мактуб фиристод, дар охири мактуб илова кард, ки «Ҳар чизе, ки мирзои дорандаи (мактуб) гӯяд, аз тарафи мо мусаддақ (қабул) аст». Оқибат қозикалон аз мирзои дорандаи мактуб илоҷи ҳалли ин муаммоҳоро пур­сид. Мирзо гуфт: «Шумо қадри дӯстонро намедонед. Ҷаноби Шулка издивоҷ кар­данд, тӯёнае тақдим накардед». Валҳосил (хулоса) қозикалон ҳадяи мӯътаддун биҳое (маъмулӣ) тақдим карданӣ шуд. Мирзо гуфт: «Бояд ҳадяатон тиллои маскук бо­шад». Хулоса, мирзои мазкур маблағе (қадри маблағро фаромӯш карда) тиллои маскук аз қозикалон ситонда, ба ҷониби Шулка расонда, байни ин ду дӯсти холис (?)-ро ислоҳу дуруст кард.

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: