Главная > Uncategorized > Сохтаву носохтаи Мовароуннаҳр

Сохтаву носохтаи Мовароуннаҳр

    • Муроҷиатномаи муштариёни ҶШСК «Мовароуннаҳр» ба Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо, муштариёни ҶШСК «Мовароуннаҳр» қаблан тавас­сути ВАО ба Шумо дар мавриди ноодилона ба ҳабс гирифта шудани Директори кулли ширкати мазкур муроҷиат намуда будем. Вале то ҳол ягон посухи мушаххасе нагирифтем. Аз ин лиҳоз бори дигар рӯйи ниёз ба Шумо овардем, зеро ҷуз Худо ва Шумо додраси дигаре надорем. Аз даргоҳи Худо­ванд талаб менамоем, ки лағжидагону офатзадагон ва аз роҳи ҳидоят беруншудагонро дастгирӣ кунаду ба сӯйи худ бозхонад. Даст сӯйи Офаридгор бардошта, дуо мекунему умеди ягона ва охиринро дар симои Шумо мебинем, чунки дар қаламрави Тоҷикистон Шумо сояи Худо ҳастед.Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Вақте ки аз тарафи мардум ба мақоми Президенти ҷумҳурӣ эълон шудед, ба номи Худованд ва шири сафе­ди модаратон қасам ёд кардед, ки мардуми азияткаши­даи тоҷикро дастгиру мададгор мешавед. Маҳз ҳамин чиз чароғи умедро дар қалби мо равшан месозад, ки моро дастгирӣ менамоед. Шумо роҳбари кордону бозаковат ҳастед. Мо сиёсати Шуморо бо як овоз, бо як дилу нияти нек дастгирӣ мекунем ва ба ояндаи неки кишвар боварии бениҳоят зиёд дорем. Ин муроҷиатнома аз номи шашсад нафар саҳмгузорони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр», ки имрӯз маҷбуранд бо воситаи матбуот бо Шумо муроҷиат намоянд, навишта шудааст.

То имрӯз мо мушатриёни ширкати номбурда чанд номаи шикоятӣ ба Шумо аз болои мақомоти Прокуратураи генералӣ навиштем. Вале ҷавоб нагирифтем. Ба Шумо навишта маъ­лум менамоем, ки Прокуратураи Генералӣ ба арзу шикояти мардум бо назари мусбат ва одилона нигоҳ намекунад. Про­куратураи Генералӣ ҳамеша дар ҷараёни тафтишот айбро ба ҷониби муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» ҳавола мекунад.

Асли воқеа ин аст, ки мо бо азобу машаққати зиёд ва меҳнати сангин маблағ ҷамъ намуда, бо умеди беҳ шудани шароити зиндагӣ ба ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» супоридем. Дар байни 600 нафар саҳмгузорон шахсоне, ки маълумоти олӣ ва таҷрибаи кориву ақлу фаросати пок до­ранд 80%-ро ташкил медиҳанд. Мо мардум, агар медони­стем, ин ширкат ва роҳбараш заррае чашму қалби қаллобӣ дорад, харгиз бо ӯ ҳамкорӣ намекардем. Дар ин ширкат бисёр кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ва прокурату­раи дигар ноҳияҳо соҳиби хонаи арзон гаштаанд. Шерхони Салимзода зимни нишасти хабарӣ аз як соли фаъолияти Прокуратураи Генералӣ дар назди хабарнигорон гузориш медиҳад, ки дар муддати як сол яке аз парвандаҳои пу­ровозаву ташвишовар, ин парванда нисбат ба Ҷ. Охонов арзёбӣ мешавад. Охир Ҷ. Охонов гуреза набуд, ки ӯро боз­дошт намоянд. ӯро телефонӣ ба прокуратура даъват на­муда маҳкам карданд. Мо мардум ҷонибдори Ҷ. Охонов ҳастем. Аз рӯзҳои аввал, ки моро ба прокуратура даъват менамоянд, мехоҳанд маҷбурӣ баёнот аз болои Ҷ.Охонов гиранд, гӯё ӯ қаллоб бошад. Мо, ҳамаи сохтмонҳояшро тафтиш карда баромадем. Ҳамаи маблағҳое, ки ба ширкат супоридем сарфи сохтмонҳо шудааст. Бо кадом далел ба номи Ҷ.Охонов мӯҳри қаллобӣ занем?! Охир, қаллоб мешуд кайхо аз ҷумҳурӣ гурехта мерафт.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

То имрӯз на додситони кулли ҷумҳурӣ, на ҷонишинаш ва на тафтишкунандагон, ки ба номи Ҷ.Охонов мӯҳри қаллобиро гузаштаанд, хабар надоранд, ки ин шахс то чӣ андоза ва чӣ гуна корҳои сохтмониро то ин дам ба анҷом расондааст.

Прокуратураи Генералии ҷумҳурӣ Ш. Салимзода дар рӯзномаи «Имрӯз News» (12.01.2011.) гуфтааст, ки Ҷ. Охо­нов гӯё аз шумораи шахсони маблағсупор дида зиёд хона фурӯхта бошад. Ин дурӯғи маҳз аст. Барои он, ки Проку­ратураи Генералии ҷумҳурӣ кормандони худро бовар кар­да (аз он ҷумла, бо муфаттиш Умед Пӯлодов), бе таҳлили иқтисодӣ дар рафти гузориш ин суханони беасосро гуфта­аст. Зеро то ҳол муфаттише, ки парвандаи раиси ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро тафтиш карда истодааст, ягон маротиба сохтмонҳои ширкати мазкурро шахсан на­дидааст.

Аз ҳамин лиҳоз Ҷаноби Олӣ дар муроҷиатномаи худ ба Шумо маълум менамоем , ки дар маҳаллаи «Зарафшон» 35%-и сохтмони се таҳкурсии биноҳои зист ба анчом ра­сидааст, барои соҳиби манзилхои 1, 2, 3- ҳуҷрагӣ шудани 160 нафар дар нақша гирифта шудааст ва ин хонаҳоро раи­си ширкат то ҳол ба ягон кас нафурӯхтааст. Дар маҳаллаи Навбаҳор бошад, ду таҳкурсӣ, ки 20% -и кораш иҷро шу­дааст, дар сурати анҷом ёфтан, 120 нафарро бо манзили зист таъмин месозад. Дар он ҷо низ мардум маблағ насу­поридааст. Дар маҳаллаи 46 дар як бино 60 нафар соҳиби хона мегарданд. Ҷамъ 340 ҳуҷра зиёдатист. Ногуфта намо­над, ки бо қарори ҳукумати шаҳр дар сохтмони маҳаллаҳои «Зарафшон» ва «Навбаҳор» қабати якуми бино барои сохтани нуқтаҳои савдо иҷозат дода шудааст, ки қариб б5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.

Он 70 нафар шаҳрвандоне, ки аризаи дастҷамъона дар бораи аз ҷониби раиси ширкат фиреб додан ва гирифта­ни маблағҳо ба дасти мақомоти Прокуратура расидааст, мо мизоҷон санҷида баромадем. Ин аризаҳоро мо бо дигар матн ва мақсаде, ки ҳукумати шаҳр ба ширкат ёрдами худро расонад ва ширкат фаъолияташро пеш барад, навишта бу­дем. Вақте ки раиси ширкатро ба додгоҳ кашиданд, мо бо ин аризаву 70 нафар муаллифи он шинос шудем. Маълум шуд, ки дар он ном ва насаби дигар шахсоне, ки ба корхо­на ҳеҷ дахле надоранду маблағ ҳам насупоридаанд, дарч шудааст. Дар ин бора ба Прокуратураи Генералии ҷумҳурӣ маълумот додем, вале арзи мо беҷавоб монд…

Маблағи моро Ҷ. Охонов бо тариқи зӯриву фиреб на­гирифтааст. Мо саҳмгузорони ин ширкат ҳастем. Ва бо овози баланд мегӯем: «Ин корҳое, ки Прокуратура нисба­ти Ҷ. Охонов карда истодааст, хатои сахту гарон аст!» Мо мардуме, ки бо ин ширкат ҳамкорӣ дорем, тарафдори Ҷ. Охонов ҳастем. Аз тарафи ӯ ягон қаллобиро надидаем. Ҷ. Охонов метавонад ҳоло биноҳои нимсохтаро фурӯхта пули моро баргардонад, вале мо ба ин розӣ нестем ва мехоҳем соҳиби хонаи истиқоматӣ шавем. Мо муштариён то имрӯз аз ин ширкат 4 млн. доллари амрикоӣ қарздорем. Кор­мандони гурӯҳи тафтишотӣ бе ягон асос, бе қарори суд ва қарори саҳм гузор ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ва роҳбарияти онро бо баҳонаи муфлисшавӣ мизоҷони корхо­наро таҳдиди рӯҳӣ намуда, мехоҳанд нисбати роҳбарияти «Мовароуннаҳр» аризаи шикоятӣ нависанд. Прокуратура ба мардум ваъдаи пешакӣ дода истодааст, ки пули халқро бар­мегардонанд ё сохтмонашонро бо ёрдами прократура шах­си дигар сохта медиҳад. Прокурори генералӣ хоҳишманди он аст, ки ширкати дигаре бо номи «Снабкомлект» биноҳои нимсохти ширкати «Мовароуннаҳр»-ро ба анҷом расонад.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ба арзи мо 600 нафар мардуме, ки ба умед ба ин шир­кат саҳм гузоштаем, расед. Ва ба ин қонуншиканиҳои Про­куратураи Генералии ҷумҳурӣ хотима диҳед. Охир, мо на танҳо аз номи худ, балки аз номи занону фарзандонамон, ки оби дида дар бари рӯ доранд, илтимосу илтиҷо дорем. Худ як қазоват кунед, бо ин аҳвол мо мардону занон чӣ гуна фарзанд тарбият кунем. Ҳар як оиларо ба ҳисоби миёна шу­морем, (зан, мард ва боз ду фарзанд) теъдодашон ба 2400 нафар мерасад. Мо аз Шумо илтимосу илтиҷо менамоем, ки тарзи боздошти пешакии директори ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷ.Охонов тағйир дода шавад, то ки ӯ тавонад сохтмонҳоро ба итмом расонда, ба мо супорад. Мақомоти Прокуратура бошад, тафтишашро идома додан гирад.

Бо эҳтиром

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: