Главная > Uncategorized > «Мовароуннаҳр» “Мӯҳрабизнес” намешавад

«Мовароуннаҳр» “Мӯҳрабизнес” намешавад

Чанд моҳ мешавад, ки масъалаи ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Дар давоми фаъолияташ ширкати номбурда 705 ҳуҷраро дар майдони 6400 метри мураббаъ сохта ба сокинони шаҳри Душанбе фурӯхтааст. Айни замон мувофиқи лоиҳаи ин ширкат ва сохтмонҳои нотамомаш 952 ҳуҷра сохта мешавад. Бо сокинон бошад ҳамагӣ барои 487 хона шартнома баста шудааст. Агар биноҳои нотамоми ширкат пурра ба истифода дода шаванд, 465 ҳуҷра холӣ мемонад. Яъне, ба ин ҳуҷраҳо касе шартнома набастааст ва ширкат метавонад мувофиқи салоҳияти худ фурӯшад. Аз ҳисоби нафарони шартномабаста 116 нафар барои баргашта гирифтани маблағашон ариза навиштаанд. Агар маблағи онҳо пурра баргардонида шавад, боз 116 ҳуҷра холӣ мемонад.

Пас аз ба ҳабс гирифтани директори кулли ҶДММ “Мовароуннаҳр” аз ҳисоби муштариёни ин ширкат ба тарзи интихобӣ кумита дар ҳайати 14 нафар ва  як ҳуқуқшинос, ки онҳо интихоб кардаанд ,таъсис дода шудааст. Ҳадафи ягонаи ин кумита ба талаву тороҷи моликияти ширкат ва бетартибиҳо роҳ надодан мебошад. Хостем, фикри чанде аз аъзоёни кумитаро дар ин самт манзури хонандагон намоем:

{}Масъалаи додани ваколатнома аз тарафи директори кулли ҶДММ “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охонов  барои сохтани хонаҳоро ба шахсони алоҳидаро фақат ҳамон вақт комитет дастгирӣ мекунад, ки дар ваколатнома оид ба 100%-а ҳимоя кардани ҳуқуқи мизоҷони ширкат дар асоси шартномаҳо баста шуда ба назар гирифта шавад. Дар акси ҳол мо муқобили ваколатҳое мебошем, ки минбаъд сохтмонро идома  додан мехоҳанд.           Ҳар чӣ ҳам бошад, мо намегузорем, ки “Мовароуннаҳр” мисли “Мӯҳрабизнес” шавад.

М. Раҳматшоев, раиси кумита

 

Дар қатори муштариён аксарият камбизоатҳо ва маъюбон ҷой доранд, ки дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекунанд ва кӯдакони носолим доранд,  ин маблағро бо чӣ азобу машаққат ҷамъ намуда, ба ин ширкат супориданд, ки соҳиби хона мешаванд. Вале афсӯс, ки арзи онҳоро касе нашунида истодаасту сарвари ин ширкатро бе далели кофӣ паси панҷара кашидаанд.

О. Мавлонов, аъзои кумита

Ширкати «Мовароуннаҳр» дар мӯҳлати дар шартнома нишондода хона сохта надоду барои мӯҳлати гузарондааш  ба муштариёнаш  маблағ дод. Имрӯз, ки  фаъолияти ширкатро манъ кардаанд, ба муштариён кӣ зарари молиявиро ҷуброн мекунад?

М.Амакиев, аъзои кумита

Аксарияти муштариён занон мебошанд, ки пулҳои аз муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодаи шавҳарону фарзандонашонро ба умеди соҳиби хона шудан ба ширкати «Мовароуннаҳр» супоридаанду соҳиби кӯдакони ноболиғанд, агар бе хона монанд оқибаташ чӣ мешуда бошад?

Н.Бобохонова, аъзои кумита

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, вале онҳое, ки хонаву дар надоранд фарзандони худро чӣ тавр тарбия карда метавонанд. Барои ҳамин ҳам ман аз номи мизоҷони ҶДММ «Мовароуннаҳр» қаблан хоҳиш карда будам, ки ба ин ширкат имконият диҳанд, то  ки  хонаҳои аз 60% то 90% иҷрошударо ба анҷом расонанд, то ин ки мо модарон бо фарзандони худ сарсону ҳайрон намонем.

Ш. О. Юсупова, аъзои кумита

Ягона шахсе, ки сохтмонҳои нотамоми “Мовароуннаҳр”-ро ба анҷом мерасонад, худи Ҷӯрабек Охонов мебошад.Зеро ӯ таҷрибаи бойи корӣ ва дипломатӣ дошта, ҳам маблағ, ҳам масолеҳи сохтмонӣ ва ҳам қобилияти ҷобаҷокунӣ дар истеҳсолоту хоҷагидорӣ дорад.

Б.Файзиев,  аъзои кумита

 

Прокуратура мебоист  Ҷ.Охоновро паси панҷара накашида, баръакс ӯро ба ҷойи кораш баргардонда, вазифадор менамуд, ки сохтмони биноҳоро ба анҷом расонад. Зеро Ҷ. Охонов ҷиноятҳои вазнин (ба мисли куштор, террор) содир накарда, зарари иқтисодӣ (яъне дар вақташ ба мизоҷон хонаҳоро супурдан натавонистан) кардааст.

У.Назарова , аъзои кумита

70 аризаи шаҳрвандон ба мақомотҳои давлатӣ бо мақсади дастгирии роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ё грантҳо ва бо ин восита ба анҷом расонидани сохтмонҳои нотамоми ширкат пешниҳод шуда буд.  Вақте ки Ҷ. Охоновро ба маҳбас кашиданд 42 нафар аризаи ҷавобӣ навиштанд, ки ягон шикояте накарда буданд.

М.Сабзалиев , аъзои кумита

 

Имрӯз давлатҳои абарқудрат ба бӯҳрони молиявӣ дучор шуда, дар гирдоби бӯҳрон қудраташонро аз даст додаанд, ба мисли ИМА, Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия ва ғайра. Пас як ширкати сохтонии «Мовароуннаҳр», ки онро худи  Ҷ.Охонов сарпарастӣ мекард, чӣ тавр ба ин гирдоб тоб оварда метавонист. Дар оғози бӯҳрони молиявӣ зиёда аз 200 мизоҷ шартномаҳои тарафайнро аз тарси муфлисшавии корхона бекор карда, аксарашон маблағашонро бо фоиз бозпас гирифтанд,  ки ин маблағ зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад.

М.Сафарова, аъзои кумита

Прокурор “паноҳи Худо” гуфт

Нисбат ба масъалаи муроҷиати  мизоҷони “Мовароуннаҳр” хостем ба сардори раёсати тафтишоти парвандаҳои ниҳоят муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Сангов бо чанд суол муроҷиат намоем. Дар тамос шудему матлабамонро фаҳмондем. Вале Ҷ. Сангов  посухе надода ,“паноҳи Худо” гуфту гӯшаки телефонро гузошт

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: