Главная > Акаи Ҷалил > Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Додарҳои ҷон, мегӯм ҳамин мардума ҳич нафаҳмидам. Якташ мега, агар каллаи одам ғафс бошад, донишманд мешавад, дигараш ки не, баръакс каллаи майдара мағзаш суруп аст. Барои якташ одами қадбаланд баақлу бамаъниву калламағзӣ метобаду барои дигараш қадпасту калта. Хулоса, ҳар кас хости худаш думбраша нохун мезанад. Яке ки маъқулаш шудӣ шабу рӯзи дароз шишта таърифат кардан мегираду агар боз пас аз паҷ минут биранҷониш чунон танқида ҷӯр мекунад, ки аҳволат аз хардузд ё хари дар лой задагӣ бадтар мешавад.

Ана акнун боз онҳоеш ҳам ҳаст, ки мефорашон худшона таъриф кунанду баақл тарошанд. Як генерали шикамғафса медонам, ҳай таърифа дӯст медошт-да. Як рӯз сад грама таги бинӣ мепартояду меравад пеши аскарҳо. Кайфҳо таранг. Дар пеши афсару аскари бисёр аз як аскарбача мепурсад:

— Ҳей солдатик, ку бигӯ, барои чӣ шиками ман ин қадар калон?

Аскари бечора сурх мешаваду сафед, чӣ гуфтанша намедонад. Хап, саракаш мисли каллаи самбақа ин сӯ мераваду он сӯ. Лекин генерали ҷӯраи мо ба шиками калонаш тап-тап зада, боз каманда медиҳад:

— Не, бигӯ, барои чӣ шиками ман ғафс?

Аскари бечора мебинад, ки бо хап истодан кор буд намешавад, мега, ки мумкин шумо бисёр мехӯред, барои ҳамин ин қадар дам карда бошед.

— Кай дидӣ ки ман бисёр хӯрда бошам, чӣ, нони падари тура хӯрдам? – ба ғазаб меояд генералу боз аз аскари дигар мепурсад:

— Ту бигӯ!

Ин аскараш мега, ки шумо генерал ҳастед барои ҳамин бояд тану тӯштон бадвоҳима бошад.

Аз ин ҷавоб ҳам генерал қаноатманд намешаваду савола ба аскари сеюм медиҳад.

— Ба фикри ман, — мега ин аскар, ки ҳушёртар будасту мумкин насиҳати падарша гирифтагӣ. – Шумо, рафиқ генерал, бисёр одами донишманд ҳастед. Ҳамаи донишҳо, ки доред, дар каллатон ҷо нагирифтаанду як қисмша дар шикаматон ҷо кардаед. Сабаби ғафсии шикамтон ҳамин дониши ҷамъшудагӣ аст.

Аз ин ҷавоб генерали ҷӯраи мо шикамша бо ду дасташ қапида, қаҳ-қаҳ механдад, офарин мегаву ба ин аскари ҳозирҷавоб як моҳ отпуск эълон мекунад…

Як мардаки басиннусоли дигар, аз деҳаи ҳамсояи мо ба қарибӣ раиси хоҷагӣ шуд. ӯра носкашии акатон ворӣ касалиш ҳамин ки гап задана ҳай дӯст медорад-да. Барои ӯ пиру кампиру калону майдаву занаку мардаку маълумотдору бемаълумот фарқ надорад – падряд ҳамара ақл нишон доданӣ мешавад. Зӯраш намерасад, агар не худора насиҳат мекунад. Дар байни мардум ҳамин ки лаҷоми гапа гирифту линга гардонд, чунон баақлӣ мекунад, баҳудаву беҳуда чунон шеърхониву маталгӯие мекунад, ки дар ҷони ҳама мезанад. Ҳамон пистаи бемағзе, ки меган худи худаш. Мардуми мо чӣ хел аст: даррав кличкаш монданд: «баақли район». Меган-ку «тентака «ҳай бале!« мекушад». Баъзе одами теззабону қопалгапаш дар маҷлисҳо аз байни мардум ба овози баланд «рост», «туғрӣ», «маладес» гуфта, баақла шерак мекунаду оҳиста ба ҳампаҳлӯш шунавонда «ҳе зани ту ворӣ баақла …е» гуфта дашном медиҳад.

Дар як маҷлиси калон, зал пури одам ин «баақл» дар ақлакӣ мегузаронад. Дар маърака аз ин баақл дида, боз баақли калонтар шишта будаст. Баақли калонӣ мебинад, ки аз ҳад гузаронд, як чашмак мезанаду баъд як бузбалаи серрагу пайи дигар мехезаду меояду дастҳои ин баақли сергапа метобад ба паси пушт. Баъд дар думбаи серруғанаш ба зонуш се-чорта мезанаду пешандоз бурда, аз дар берунаш мекунад. «Ана акнун  дар ҳавои кушод чанде мефорат ҷакидан бигир». Он бузбала боз ҳамин хел маслиҳаташ ҳам медиҳад. Лекин беор-да. Боз кораш серманаҳиву ақлакӣ. Хайр бало ба паси ин хел баақлу майда-чайдаш. Ғарази гапкушоии акатон дигар чиз аст.

Додарҳои лахти ҷишар, дар чашмҳотон садқа, ҳамин акатона худтон хуб медонед. Ягон бор дурӯғ нагуфтам, ягон бор каҷ нарафтам, каҷ нашиштам. Душман ки ягон айбат наёфт, ба думи сагат мечаспад, меғачаду мебарад гапа ҳар тараф.

Дина як хилмаки дутангақарздораш Ғоибуфаш меган, дар як маъракаи калони серодам мега, ки акаи Ҷалил, ту пир шудиву ягон тори мӯт нарехт, шунавидем, ки фақат одамҳои кал оқилу зирак мешаванд, ин хел бошад ту чӣ хел баақлӣ?

Аз ин гапи ӯ аввал як раги гизалагии гарданам хесту хостам ягон гапи обдораш бизанам. Лекин баъд ба худам гуфтам, ки «Ҷалилҷон, вазнин шав, гап дар пеш аст».

Баҳавсала носкадура аз ҷебак баровардам, як кашиданӣ аз ӯ неъмати ҷонбахш таги забон партофтам. Дар маърака ҳама хап, ягон кас қил ворӣ намеҷунбад, гӯши ҳама тарафи даҳани акатон. Акатон аз таъсири ин неъмати бебаҳо хуб кайфа гирифту баъд ба гап даромад.

— Ту хилмак, аввал тоза кардани бинита ёд бигир, баъд ба акаи Ҷалилат часп. – Гуфтам ман. – Лекин майлаш, ба хотири маърака ягон чиз мегӯм. Калу калбачаи майда-чайдаша мемонему аз ҳамон калонҳош сар мекунем. Ленин кал буд? Буд. Акаи Сталин мӯйи сару бурути нозанин дошт? Дошт. Хрушов кал буд? Буд. Брижнови ҷӯрамон як дарза мӯйи сар дошт? Дошт. Баъд Андропуфи кал омаду пас аз ӯ Черненкои мӯйи сардору баъд Гарбачёфи кал… Хайр, пас аз ӯ ин Елсини дохундамон, ки мӯйи сари хушрӯ дошт навбата ба зӯриву бахушӣ гирифту линга гардонд болои курсӣ.

Ана акнун биёед якҷоя мебинем, ки кал зӯр будаст ё мӯйсардор. Ленин сергапиву даводави бисёр кард, ҳукумати подшоҳира барҳам дод. Николайи бечорара қатӣ зану кӯдакҳош парронданд, ҳукумати нав ташкил шуд, ҳама соҳиби вазифа, дову дастгаҳ. Баъде ки ҳама хубтар шуд, омад акаи Сталин бурутша тофтатофтаву мӯзаҳош гижаскарда, вазифаҳака гирифт, бурд Ленини зираки мегуфтагитона дар Горкӣ, ба баҳонаи касалӣ ягон каса пешаш рафтан намемонд, ҳатто Надежда Крупскаяи янгагимон аз акаи Сталин иҷозат мегирифту баъд медаромад пеши хӯҷаинаш. Як вақт янга у қоидара вайрон мекунад чӣ бало ки акаи Сталин ҳақорати обдораш мекунад. Хулоса, Ленини зираку оқил мурд рафт дар ҳамон ғарибиву бечорагӣ. Акаи Сталинмон бошад то рӯзи зинда буданаш бурутша ки меҷунбонд, қатӣ бурути ӯ тамоми олам меҷунбид. Дар вақташ баъзе мӯйсафедон қисса мекарданд, ки ҳамин дунё дар болои пушти кит бор асту ҳар ғоте кит бурутша ҷунбонд, заминҷунбӣ мешавад. Ҳозир акаи Ҷалилтон мега, ки дар таги замин ягон кит-пит нест. Ин китҳо дар ҳамин рӯйи заминанд. Якташ ҳамон акаи Сталин буд. Китҳои ҳозираш калонҳои Америка.

Баъди мурдани акаи Сталин Худо ба кали Хрушов дод. Аввал аз мурдаш метарсид. Ду се сол гузашт аз пешаш, болои сараш баромад, ки дид не, дигар намехезад. Баъд акаи Сталини мора сияҳ карда, худша зӯр баровард, давид ин тарафу он тараф, дар маҷлиси ООН туфлишапӣ кард. Қисса кӯтаҳ, аҳвол ҳамин шуд, ки дар ҷони ҳама зад, шогирдҳош ҷамъ шуданду як курорт оварда, аз кор сураш карданд. Хрушовгир карданаш ҳамин хел мешавад. Гириста-гириста рафт курорткунӣ – то охири умраш.

Брижнови ҷӯраи мо шуд калони як давлати нестандарҷаҳон. Мӯйи сараш сип-сиёҳ, абрӯҳош дуэтажа. Аввалҳо-ку намегуфтанд, лекин ҳозир қоил мешаванд, ки агар абрӯҳои Брижнови ҷӯрамона сартарошҳо ҳар сари вақт қайчӣ намекарданд аз бурутҳои акаи Сталин монандӣ надоштанд. Агар мехост, чӣ хеле акаи Сталин тофтани бурутша дӯст медошт, ӯ ҳам гоҳ-гоҳ ба ҷойи бурут нӯги абрӯра як тоб медод. Роҳбарӣ ҳам ба ӯ ҳалол. Дар як мамлакати калон об дар шиками касе намелуқид. Ҳама тинҷ, ҳама розӣ. Ҳамин қадар тинҷе буд, ки касе чӣ коре мехост кардан мегирифт. Брижнов рафту омад Андропуф, гуфт парядка мекунам. Як сол пур шуда буд роҳбариша, ки бардоштанд тобутша. Баъд омад Черненкои тобутзеб, то дар чанд рӯзи мондагии умраш подшоҳӣ кунад. Хайр роҳбарӣ кард, худша як бори дигар нишони қаҳрамонӣ дод, тинҷу хушрӯ шодравон шуду пайаш канда.

Баъд баақлҳои давлат гуфтанд, ки ҷанозахониву тобутбарорӣ бас, боз аҷал омӯхта нашаваду ҳамамона барад, биёед ҷавонтарша интихоб мекунем. Оварда бароварданд ба минбари баланд Гарбачёфа. Дигар нафуромад аз минбар. Гуфту гуфт, то дамера, ки чанд шогирдаш овоз бадар кард, ки бас аст, боз мо гап мезанем. Ин вақт Гарбачёф курорт мекард. Қариб ранги Хрушов шуда буд. Лекин шогирдҳоша дигарҳо гапзанӣ намонданд. Гуфтанд бас. Агар боз чанд соли дигар шумо гап занед, қиёмат қоим мешавад. Баъд мамлакат полиз ворӣ шуд лош, ҳар кас донисту дави аспаш. Ин дохундаи Елсинмон гирифт барҳам дод Сесесерша. Горбачёф монд дар Кремл қатии курсии мулоимаш.

Дар вақташ дар Чинораки мо як бузкаш буд, аз асп сахт метарсид. ӯ дар вақташ аз асп меғалтаду камкам каллаш вайрон мешавад. Лекин шавқу завқ мондагӣ-да. Зини аспа ки меёфт дар ягон ҷо мондагӣ, болош савор шуда, ҳамин хел «чу»-гӯиву қамчинкорие мекард, ки мегуфтӣ аз ӯ дида, човандози хубтар нест. Баъд Елсини ҷӯрамон гуфташ, ки акнун бихез бирав аз ин ҷо, мо ҳам камтар сика карда бишинем. Бечора Гарбачёф китобу дафтарша ҷамъ карду сараш кашол хест рафт. Ҳозир одамҳои бекора ҷамъ карда, лексия хонда мегардад. Агар пеш аз подшоҳ шуданаш ҳамин кора мекард, мумкин ба ин хел рӯзҳо намерасидем.

Гоҳ гоҳ фикр мекунам, ки ҳамон ғот Гарбачёф кабинети хушрӯву курсии мулоима партофта рафт хонаш ва агар ӯ неву дигар кас мешуд, носа кашида мешишт то охири умр ҳамон курсира қапида. Мегуфт касе ки мара дар ҳамин вазифа мондаст, ҳамон омада озодам кунад. Кӣ меомад озодкунӣ? Ҳич кас. Лекин он тарафаш Гарбачёф-да…

Баъд ба Ғоибуф гуфтам, ки ана ҳамин хел, ҷӯра, дар ҳамин мисолҳо калша ҳам дидему мӯйсардорҳоша ҳам. Ягон гап дошта бошӣ, гап зан, агар не сарта лич бикун, як мардум бубинад, баъд як гапи дигар дорам.

(Давом дорад)

 

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: