Главная > Uncategorized > Инқилоби ёсуманӣ

Инқилоби ёсуманӣ

Моҷароҳои нав ба нави Тунис ба кӣ дарс мешавад?

Дар пойтахти Тунис ҳанӯз ҳам садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад. Ин садои тирпарронӣ баъди шӯриши мардум бар зидди президенти Тунис аст, ки мехостанд ӯ ба истеъфо равад. Дар асл чунин ҳам шуд. Президент Зайнулобиддин бинни Алӣ баъди 23 соли роҳбарии Тунис дар натиҷаи эътирозҳои дастҷамъонаи оммавӣ 14-уми январи соли 2011 аз мақомаш истеъфо дод ва масъулияти роҳбарии ин кишварро сарвазири он бар дӯш гирифт. То ин вақт аҳолии Тунис фикр мекарданд, ки баъди ихроҷи Зайнулобиддин бини Алӣ вазъият дар кишвар, бахусус вазъи иҷтимоӣ беҳ мегардад. Аммо онҳо дар ин фикр ба хато рафтанд. Баъди роҳбарии муваққатии Тунисро ба ӯҳда гирифтани сарвазир вазъият бадтар шуд, ки беҳ не.

САВГАНД

Мардуми Тунис хуб ёд доранд, ки шоми шанбе, 7-уми ноябри 1987, соати 6:30 дақиқа радиои маҳаллӣ консерти ҳофизаи машҳури Ливан Фейрӯзро қатъ намуда. Ин радио ҳамзамон хабар дод, ки сардори якумраи мамлакат Ҳабиб Бургиби 84-сола ва «падари миллат», ки ҳанӯз аз замони ташкил ёфтани давлати Тунис (соли 1957) онро сарварӣ мекард, аз тахт барканор шуд.

Амалиёти барканоркунии Бургиб бе ягон тирандозӣ аз тарафи гурӯҳи ходимони намоёни давлатӣ бо сарварии сарвазир Зайнулобиддин бинни Алӣ иҷро гардид. Дар ин замон ӯ бо овози каме пурҳаяҷон дар муроҷиатномаи худ ба мардум гуфт, ки қарори мазкур мувофиқ ба 57-умин моддаи Сарқонуни давлат ва дар асоси мулоҳизаи тиббӣ оид ба саломатии президенти кӯҳансол (ки онро 7 духтури асосӣ имзо карда, баъдан прокурори мамлакат натиҷаашро тасдиқ карда буд) сурат гирифтааст.

— Синну сол ва бемории Бургибро, ки барои иҷрои вазифаҳои хидматияш монеъ мешуд, ба назар гирифта, ман иҷрои сарварии давлат ва сарфармондеҳии қувваҳои мусаллаҳро вазифаи миллии худ медонам,-эълон кард сарвазир Зайнулобиддин бинни Алӣ.

Худи ҳамон рӯз Зайнулобиддин бинни Алӣ дар маҷлиси умумии Шӯро дар ҳузури аъзоёни нави ҳайати вазирон ва фармондеҳони олии Артиши Тунис савганд ёд кард. Дар натиҷаи хулосаи Ҳизби сотсиалистии дустуровӣ, дар ҳамбастагӣ бо моддаи 23-юми низомномаи ҳизбӣ, Зайнулобиддин бинни Алӣ раис интихоб гардид. Тамоми корҳо дар оромӣ, бе муқобилият, дар асоси Сарқонун амалӣ шуд. Замони ҳукмронии Ҳабиб Бургиб ба охир расид. Акнун давраи нав омад. Давраи Зайнулобиддин бинни Алӣ…

РОҲИ ДАРОЗИ МУВАФФАҚИЯТ

Президенти дуюми Тунис 3-юми сентябри соли 1936 дар шаҳри Ҳаммам-Сус таваллуд шудааст. Оилаашон серфарзанд ба шумор мерафт. Дар оила шаш писару як духтар ба камол мерасид. Маълумоти миёнаро ӯ дар литсеи Сус гирифт. Замони дар синфи болоӣ хонданаш Зайнулобиддин ба ташкилоти фаъоли пинҳоние аъзо шуд, ки барои истиқлолияти давлати Тунис фаъолият мебурд. ӯ дар қатори иттиҳодҳои ҷавонон ҳамчун робитачии шӯъбаҳои ноҳиявии Ҳизби сотсиалистии дустуровӣ мубориза мебурд. Вай чанд маротиба боздошт шуда буд. ӯро ба зиндон меафканданд, пурсуҷӯ мекарданд.

Баъд аз эъломи истиқлолияти Тунис Зайнулобидини 20-соларо ба Фаронса барои идомаи таҳсил даъват мекунанд, ки ҳадафи аслӣ омода намудани ядрои ояндаи артиши миллӣ буд. Онҷо ӯ Омӯзишгоҳи ҳарбии олиро дар Сан-Сире хатм мекунад. Баъдан соҳиби диплом аз Омӯзишгоҳи артиллерии Шалон дар Марнеи Фаронса ва Мактаби олии разведка ва бехатарии ИМА мегардад. Унвони ҳарбии генерал мегираду соҳиби нишонҳои миллӣ ва хориҷӣ мешавад. ӯ дорандаи нишонҳои Истиқлолият ва Республика ҳам ҳаст. Соли 1958 афсари штаби генералии Артиши Тунис ва баъдан сардори шӯъбаи бехатарии ҳарбӣ таъин мегардад. Соли 1974 Зайнулобиддин бинни Алиро ба ҳайси атташеи ҳарбӣ дар Марокко таъин мекунанд. Баъд аз бозгашт соли 1977 ӯ сардори шӯъбаи коргузории Вазорати мудофиа таъин мешавад. Моҳи декабри ҳамон сол ӯро ба вазифаи Директори генералии Шӯъбаи бехатарии миллӣ мегузаронанд. Моҳи апрели соли 1980 Зайнулобиддин бини Алӣ боз ба хориҷа сафар мекунад. Ин дафъа ба Варшава ба ҳайси сафир. Пас аз бозгашт ба Тунис, соли 1984 ӯ боз вазифаи худро дар Шӯъбаи бехатарии миллӣ ишғол менамояд. Баъд аз нӯҳ моҳ мартабаи баландтар дода, ӯро котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъин мекунанд. Баъд аз як сол вазири ин идора таъин мешавад. 28-уми апрели соли 1986 президенти давлат Зайнулобиддин бинни Алиро ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ таъин мекунад.

— ӯ ин вазифаро сазовор аст,- гуфта буд он замон «падари миллат»,- ӯ метавонад, ки мамлакатро ба даст гирад. (Вале мухолифони Зайнулобиддин баъдан хабар доданд, ки ӯ ин вазифаро бо таҳдид ба ҷони президент ба даст оварда буд).

Моҳи июни ҳамон сол дар анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиалистии дустуровӣ Зайнулобиддин бинни Алиро ба идораи сиёсӣ ва ҳамзамон ҷонишини котиби генералӣ интихоб мекунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки замони таъин гардидани Зайнулобиддин ба ҳайси сарвазир, вазъият дар кишвар ноором буд. Шояд маҳз ҳамон вақт Зайнулобиддин бин Алӣ нақшаи барканор кардани президенти кӯҳансолро кашида буд. Зеро дар моддаи 57-уми Сарқонун оварда шуда буд, ки дар сурати марг ё ба истеъфо баромадани президент, сарвазир вазифадор аст роҳбарии давлат ва сарварии қувваҳои мусаллаҳро то замони баргузории интихобот, ки дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешуд, ба дӯш гирад. Ва Зайнулобиддин бини Алӣ аз ин имконият истифода намуд.

 

ДЕКЛАРАТСИЯИ

7-УМИ НОЯБР

Субҳи 7-уми нояри соли 1987, вақте Бин Алӣ ба мардум муроҷиат мекард, бештари онҳо хабар надоштанд, ки изҳороти ӯ баъдан номи расмии «баённомаи 7-уми ноябр»-ро мегирад ва ҳамчун барномаи аслии корҳои сиёсӣ қурб пайдо мекунад.

Қадами нахустини президент барои таъмини озодии шаҳрвандон озод намудани тамоми маҳбусони сиёсӣ ва аъзоёни ташкилотҳои эктремистии «Чиҳод-ал-Ислом» (Ҷиҳоди ислом) ва «Ҳаракати исломӣ» буд. Матбуоти Тунис менавишт, ки дигар барои ақидаву афкор мардум ба зиндон кашида намешаванд.

Моҳи июли соли 1988 Тунис аз аввалин давлатҳои арабӣ ба шумор мерафт, ки созишномаи манъи шиканҷаи аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ соли 1984 баимзорасидаро қабул кард.

Шиори президент — «Зуд ва дур ҳаракат кардан» боиси он гардид, ки Ҳизби сотсиалистии дустуровӣ ба Иттиҳодияи демократии конститутсионӣ (ИДК) тағйири ном кард ва Зайнулобиддин аз вакилони Шӯро тасвиби барҳамдиҳии бештари тарҷеҳоти ҳизби қаблиро    муваффақ гардид. Баҳс оид ба дигаргун кардани равияи кор, ҷудо намудани ҳизб аз ҳокимият мерафт. Нишонаи давлат низ диққатҷалбкунанда буд. Дар он дасти ғарқшавандае тасвир шуда буд, ки дар лаҳзаи охирин дасти дигаре онро медошт. Баъд аз суханронии раиси давлат, ки дар он хатоҳои президенти пешина Ҳабиб Бургиб шумурда мешуд, ҳама ба хулосае омаданд, ки дасти наҷотдиҳанда дасти Зайнулобидин Бинн Алӣ мебошад.

Тавре маълум аст, бе эътимоди омма зимоми давлатдориро ба даст гирифтан хеле мушкил аст. Инро роҳбарияти нав низ мефаҳмид. Ин буд, ки рӯз аз рӯз таваҷҷӯҳи мардумро ба худ мекашид. Ба саросари кишвар сафар мекард, аз мактабу хонаи пиронсолон хабар мегирифт, бо донишҷӯёну варзишгарон вомехӯрд. Аз онҳо дар бораи эҳтиёҷоташон пурсон мегашт. Шӯҳратмандии ӯ ба зудӣ миёни омма паҳн гашт.

Барои исботи қонунии сохти давлатдории худ, Зайнулобиддин бинни Алӣ моҳи июли соли 1989 интихоботи президентии пеш аз мӯҳлатро баргузор намуд. Ҳол он ки, Сарқонуни пешина ба ӯ иҷозат медод то охири соли 1991 раисӣ кунад. ӯ ба хулосае омад, ки наметавонад дигар ваколатҳои президентиро, ки мардум ба президенти собиқ вогузор карда буданд, истифода барад.

Ин интихоботи президентӣ, ки дар он бештар аз 2 миллион тунисиҳо иштирок карда буданд, аз дигар интихоботҳо фарқ мекард. Фарқият ин буд, ки ба бисёри мардум ҳуқуқи интихоб карданро иҷоза дода буданд. Онҳо аввалин бор дар интихобот иштирок мекарданд, зеро қаблан дар интихобот ба онҳо дашному танбеҳ мегуфтанд. Ғайр аз ин, аввалин бор дар таърихи давлат тунисиҳое, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекарданд, иҷозаи интихоб карданро доштанд.

Он замон бештари интихобкунандагон овозҳои худро ба номзад Зайнулобиддин бини Алӣ доданд, ки аз тарафи Иттиҳоди демократии конститутсионӣ пешбарӣ шуда буд. Беш аз 141 ҷойро дар Маҷлиси Миллӣ номзадҳои ин Иттиҳод гирифтанд.

— Барои мубориза бо мушкилиҳо, пеш аз ҳама ташкили ҷамъияти муттаҳид, ягона ва демократӣ лозим, ки ҳуқуҳои ҳама баробар бошанд,-гуфт президент баъд аз интихобот.

Пирӯзии президенти навро на танҳо дар Тунис, балки берун аз он низ эътироф карданд. Маркази тадқиқотии иҷтимоӣ-сиёсии Фаронса Зайнулобиддин бинни Алиро «марди сол» эълон намуда, ӯро бо Лауреати ҷоизаи «Демократия ва ҳуқуқҳои инсон» мушарраф гардонид.

 

ДАСТИ ОҲАНИН

Дар солҳои аввали сарварии Зайнулобиддин бинни Алӣ мардуми Тунис ҳеҷ фаҳмида наметавонистанд, ки дар асл чи рух дода истодааст? Поккунии ҷангҳои кӯҳнаи ҷамъшуда ё тағйироти қатъӣ? Ба ибораи дигар, оё ин дигаргуниҳо сиёсати давлатдориро низ иваз мекунанд?

Тарзи давлатдорӣ дар ҳақиқат дигар шуда буд. Сарвари давлат пайи ҳам маҷлис гузаронида, аз вазирон ҳисобот талаб мекард. Баъд аз шунидани онҳо барои худ қайдҳо менавишт, ки барои Тунис навигарӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъзе аз вазирон иброз доштанд, ки дар давоми бист сол мо танҳо Бургибро гӯш мекардему ӯ фақат барои баромадаш даъват мекард. Президенти нав бошад, пеш аз ҳама моро гӯш мекунад…

Дар давлати Тунис замони ислоҳот, пешравии демократия ва риояи ҳуқуқи инсон оғоз гардид. Вале мушкилиҳо низ ҷой доштанд. Аз миёни аҳолии 7,5-миллионаи Тунис беш аз 350 ҳазор бекорон ба қайд гирифта шуда буданд ва президент дарк мекард, ки душвориҳои зиёд ӯро дар пеш интизоранд.

Яке аз проблемаи ҷиддие, ки ҳалли таъҷилиро талаб мекард, «муборизаи шадиди тарафдорони Ислом» ба ҳисоб мерафт. Ба ақидаи сиёсатшиносон, барои рафъи ин проблемаҳо танҳо иродаи қавӣ лозим буд. Аммо Зайнулобиддин бин Алӣ мефаҳмид, ки бо ин роҳ масъала ҳалли худро намеёбад. Барои бехатар кардани онон усулҳои махсус, эҳтиёт, устуворӣ ва макр лозим буд.

Замони ба сари ҳокимият омадани ӯ ҳизби мамнӯъи «Ан-Наҳда» (Эҳё), ки сохти давлатдории Тунисро ба давлати Исломӣ даъват мекард, фаъолият мебурд. Президент ончунон моҳирона онҳоро ҳабс кард, ки ҳафтаномаи фаронсавии «Жен-Африк» ин амалро «бо дасти оҳанину дастпӯши махмалӣ» ном бурд.

Ҳизби «Ан-Наҳда»-ро барои вайрон намудани амнияти миллӣ, кӯшиши табодулоти давлатӣ ва сӯиқасд ба ҷони президент гунаҳкор дониста, аъзоёни онҳоро ба маҳбас кашиданд. Ғайр аз ин, танзими махсус аз болои масоҷид гузошта шуд. Акнун масоҷидро танҳо барои ибодат бояд истифода мекарданд. Матбуоти даврӣ ин қадами Бин Алиро дифоъ аз хуқуқи махсуси худ медонист.

Ба ҳар ҳол ходимони динӣ аз ин амали президент хафа нашуданд. Баъд аз он, ки раиси давлат ба Макка сафар намуд, нуфузи ӯ миёни мусулмонон якбора зиёд гашт. Дар яке аз рӯзномаҳо ҳатто гузориши ин сафар бо номи «Ислом дар дил аст» аз чоп баромад.

Баъдан бо қарори махсуси президент ҳуқуқи занон бештар дифоъ мешуд. Онҳо метавонистанд бе ризогии волидайн ё шавҳар соҳиби шиноснома гарданд ва давлат барои занони ҷудошуда кӯмак мекард, ки алимент гиранд. Ва аз ҳама муҳим — дар ҳолати ҷудошавӣ кӯдакон метавонанд дар назди модар бимонанд.

 

ИНҚИЛОБИ ЁСУМАНӣ

Интихоботи президентӣ охирин бор моҳи октябри соли 2009 бо пирӯзии Зайнулобиддин бинн Алӣ бо гирифтани 90% овоз анҷом шуда буд. Чунин ба назар мерасид, ки сарварии давлат боз якумра шуд. Аммо ин бор на! Шояд ваъдаи озодиҳои бештари ӯ, ки баъд аз даври шашуми раёсаташ дар соли 2014 ба истеъфо хоҳад рафт, маҳз ҳамон қатраи охирин барои пуршавии кӯза шуд, ки пас аз 23 соли роҳбарии Тунис Зайнулобиддин бинн Алӣ дар баробари эътирозҳои оммавии рӯзҳои охир 14-уми январи соли 2011 аз мақомаш истеъфо дод. Масъулияти ин кишварро сарвазир бар дӯш гирифт. Аммо аллакай мушкилот дар низоми давлатдорӣ эҳсос мешуд. Эътирозҳо тахминан як моҳ пеш дар шаҳрҳои дурдасти Тунис оғоз ёфтанд. Эътирозгарон Бин Алиро дар фақру бекорӣ гунаҳкор медонистанд. Аммо бо гузашти андаке вақт ҳис карданд, ки бекорӣ миёни ома густурдатар панҷа мезанад.

Гурӯҳе аз вакилони ҳуқуқӣ Ҳукуматро дар шиканҷа ва қатли маҳбусони сиёсӣ айбдор мекунанд. Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ки пайваста боло рафтани нархи маводи ғизоӣ сабаби ҳамоиш ва тазоҳуроти мардум шудааст.

15-уми январи соли 2010 сарвазири Тунис Муҳаммад Ганнушӣ муваққатан роҳбарии Тунисро бар дӯш гирифт. Шоми ҷумъа Ганнушӣ тариқи телевизиони Тунис изҳор намуд, ки дар пайи эътирозҳои васеи мардумӣ Бен Алӣ аз хоки Тунис берун шуд. Истеъфои Бен Алӣ замоне ба миён омад, ки нерӯҳои амниятии Тунис дар пойтахти кишвар ба тарафи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оташ кушода, 70 нафарро ба ҳалокат расонида буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 23-юми январ ҳазорон нафар дар пойтахти Тунис раҳпаймоӣ карда, сарфи назар аз фирори Зайнулобиддин истеъфои ҳукуматро тақозо намуданд. Дар ин маврид коршиносони масоили сиёсӣ ҳадс мезананд, ки ҳарчанд сарвазири Тунис гуфтааст баъди ташкили ҳукумати нав аз сиёсат канор меравад, гумон боқист. Қисми зиёд «таърих такрор меёбад» гуфтанҳои русҳоро пеши назар овардаву боз ҳам аз бозии боадолат будани моҷароҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ доранд.

Шаҳлои АБДУЛЛО,

махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: