Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шуморахои гузашта.

ШУУБИЯИ ФАЛСАФӣ

1. Ибни Муқаффаъ

Вақти он расидааст, ки дар тарбияи ватандӯстии миллати худ бо тамоми воситаҳои мавҷуда барои беҳбудӣ ва баланд бардоштани дараҷаи самаранокии ин соҳаи муҳими кори равшанфикрӣ, аз мероси фарҳангии ниёгон васеъ истифода намоем.

Ба монанди адабиёти маорифпарварии франсуз дар фарҳанги халқҳои ҷаҳон намунаҳои ҷолиби диққати адабиёти равшанфикрӣ мавҷуд аст. Ақоиди фалсафии халқи тоҷик дар тӯли таърих баробари инкишофи хеш, ба ақоиди фалсафии халқҳои дигар таъсири мусбат расонидааст. Мо эҷодиёти ду тан марди некноми майдони муборизаи ақоиди фалсафӣ — Ибни Муқаффаъ ва Ибни Ровандиро дар назар дорем, ки нақши онҳо дар таърихи ақоиди озодфикрӣ ва умуман фарҳангии халқҳои Шарқ, махсусан эрониаслу араб, басо равшан то имрӯз боқӣ мондааст. Агар хизмати Ибни Муқаффаъ бо нигоҳ доштани беҳтарин сарчашмаҳои адабӣ-фалсафии паҳлавӣ ва тавассути онҳо дар дунёи маънавии инсон як инқилоби фикриро ба вуқӯъ пайваста бошад, пас, Ибни Ровандӣ дар олами ислом бори аввал ҷаҳонбинии диниро дар оинаи хирад баррасӣ ва байроқи озодфикриро барафрошта буд. Ва он озодфикрии дар замони Эҳёи Аврупо ба майдон омада, чи тавре ки муҳаққиқони муосир нишон додаанд, маҳз аз ҳамин ҷараёни фикрии Машриқзамин ғизо гирифтааст.

Пеш аз он ки доир ба ақоиди фалсафӣ ва андешаҳои озодфикрӣ дар симои ду тан намояндаи барҷастаи маданияти халқамон сухан ронем, лозим аст дар бораи замони онҳо ва равияҳои иҷтимоии давр, ҳаракатҳои халқӣ чанд ҷумлае ба қалам диҳем. Замони зиндагӣ, фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва эҷодии Ибни Муқаффаъ ва Ибни Ровандӣ ба даврае рост меояд, ки дар олами ислом нахустин хиштҳои ҷараёнҳои гуногуни мазҳабию сиёсӣ гузошта мешудаанд. Махсусан авҷ гирифтани ҳаракатҳои шуубия дар пайдоиши ақидаҳои сиёсии асри VIII-IХ мелодӣ мадад намуд. Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби диққат дар шуубия аз он иборат буд, ки тарафдорони ин ҳаракат аз заминаи нишондоди ислом ҳуқуқи халқу қабилаҳои дигар, масъалаи баробарии ҳақиқии ҳамаи халқҳоро ба миён мегузоштанд. Аз тарафи дигар, худи таълимоти ислом боиси ихтилоф ва кашмакашҳои зиёде гардид.

Аз кашмакашҳои хонадони Умавиҳо ва Аббосиён дар сарзаминҳои тасарруфгаштаи Эрону Осиёи Миёна ҳаракатҳои халқӣ (масалан ҳаракати истиқлолиятхоҳонаи Абӯмуслим дар Хуросону Мовароуннаҳр ва дертар Эрон) авҷ гирифт. Хурӯҷи сиёсие, ки аз Абӯмуслим оғоз шуд, дертар ба давлатдориҳои мустақили эронӣ замина гузошт. Зеро дар пардаи муборизаи динӣ-сиёсии Абӯмуслим ва дигар сардорон масъалаҳои истиқлолияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва забонӣ қарор дошт. Аз тарафи  дигар, мубориза ба муқобили дини ислом маҳз дар асри аввали халифаҳои аббосӣ дар қисмати Аҷам бештар густариш ёфт. Ба ин сабаб, маънои луғавии худи «шуубия» низ ба он далолат менамояд, ки «шуубӣ касест, ки арабҳоро ҳақир шуморад ва онҳоро бар эрониён ва соири мардумон бартарӣ надиҳад ва фазилате барои араб қоил набошад» ва ибтидо ҳадафи таҳқиру маломат қарор гирифтани арабҳо, сониян худи ислом ҳамчун аз ҷониби мардумони дигар қавм, махсусан эронӣ, дар инкишофи ҳам назариявӣ ва ҳам амалии ислом, нақши таъсирбахш гузоштааст. Яъне, чи тавре ки таърих шаҳодат медиҳад, ин ҳаракат ва намояндагони он пояҳои таълимоти исломиро суст карда, бо ҳар роҳ таълимоти фалсафӣ ва мазҳабӣ, ба дараҷаи тамоман ихтилофнок, дар баъзе лаҳзаҳо ба иғроқ рафта расид. Дар хилофати исломӣ ҷанини озодфикрӣ ба дарахти сарсабзе расида, меваҳо дод. Албатта, ҳамаи ин ҷараёнҳо якхела набуданд, вале муҳимаш он буд, ки барои худшиносии халқҳои эронитабор дар Суғд, Хуросон, Хоразм, Фарғона ва тамоми Эрону дигар сарзаминҳо омилҳои муҳим ба майдон омаданд. Дар аввалҳои қарни дуввуми ҳиҷрии қамарӣ (VIII мелодӣ) шуубиён таблиғоти хешро бо як шӯру қиём инкишоф доданд ва ашъори тезутунде дар таҳқири арабҳо ва ислом иншо карданд. Машҳуртарини онҳо дар ин қарн шоири Суғд Хурраймӣ, Ал-Мутаваккилӣ ва Башшар ибни Бурди Тахористонӣ мебошанд. Аҷоибаш дар он аст, ки ҳамаи ин шоирони номбаршуда ба лисони арабӣ шеър иншо карда ва ҳатто дар адабиёти араб ба зинаи олии камолот расидаанд, вале ҳисси ватандӯстӣ, майли озодандешӣ, унсурҳои демократӣ-халқӣ дар эҷодиёти онҳо мавқеи хос дорад. Ибни Муқаффаъ ва Ибни Ровандӣ чун ситорагони дурахшоне дар дунёи маънавии инсонӣ нурҳои озодфикрӣ, ақоиди равшанфикрии ниёгонро ба наслҳо мерос гузоштаанд.

Шодравон академик Б. Ғафуров дар яке аз навиштаҳои илмиаш номи Ибни Муқаффаъро дар сархати нобиғаҳои Машриқзамин ба монанди Сибавейҳ, Муҳаммад ал-Бухороӣ, Муслим ал-Қушайрӣ, Ат-Тирмизӣ, Абӯдовуд ас-Сиҷистонӣ, Ал-Фарғонӣ, Ал-Хоразмӣ, Ал-Истахрӣ, Ибни Қутайба ад-Динаварӣ ва бузургтарин алломаҳо: Абӯалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Форобӣ гузошта, таъкид намудааст, ки онҳо новобаста аз зодаи ин халқ буданашон дар тамаддуни башарӣ ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Дар сархати ин олимони барҷаста гузоштани Ибни Муқаффаъ аз ҷониби Б. Ғафуров бесабаб нест. Зеро ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ, хидмати ин донишманди асри VIII мелодӣ дар бунёди фарҳанг, махсусан пайванди ақоиди фалсафии халқҳои эронӣ ба олами исломӣ, анъанаи фалсафӣ-дидактикии ниёгонамон, инчунин юнониёну ҳиндуён бо имрӯз басо назаррас аст. Танҳо ном бурдани «Калила ва Димна» барин асари барҷастаи пурҳикмат, ки маҳз бо кӯшиш ва ҷонбозиҳои Ибни Муқаффаъ ба оламиён расидааст, басанда аст, ки номи ӯро дар таърихи илму фарҳанг бо хати заррин сабт намоем. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ҷонбозӣ ва ҳақиқаталошии ин марди ростин то кунун дар илми мо ба таври бояду шояд қадр карда нашудааст.

Бидуни чанд мақолаи кӯчаке, ки дар қомусҳо, тазкираҳо ва ишораҳои дар асарҳои тадқиқотӣ мавҷуд аст, оммаи васеи хонандагони тоҷик аз шарҳи ҳолу осор ва ақоиди фалсафию диди озодфикрии ӯ бенасиб мондаанд. Гузашта аз ин, бояд ёдоварӣ шавад, ки Ибни Муқаффаъ яке аз шахсиятҳои бузурги иҷтимоӣ буд ва нақши осори ин некном дар олами мутамаддин то имрӯз боқист. ӯ хоҳони дӯстии холисона, зиндагии осоишта, сидқу вафо ва меҳрубонӣ буд. Маълумоти сарчашмаҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти Ибни Муқаффаъ пароканда ва мухтасаранд. Дарёфти марҳилаҳои алоҳидаи ҳаёти ӯ барои тадқиқотчиён душвориҳои зиёдеро пеш меорад.

Ҳаёти Муқаффаъ аз ду марҳила иборат аст: якум, марҳилаи аввал ё худ давраи уммавӣ — иборат аз 25 сол, ки онро марҳилаи таҳсил ва ҷустуҷӯйҳои илмӣ мешуморанд ва дуюм, давраи аббосӣ, ки тақрибан 10 сол давом карда, дар ин давр осори фикрии худро таълиф кардааст.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

{}{}Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

{}Дар натиҷаи ин муомила, Шулка боз мактубе мабнӣ бар изҳори ризомандӣ ба қозикалон фиристод. Акнун диққат фармоед, агар ғарази аслӣ манъи сӯҳбатҳои сиёсии мавҳумӣ (бофта) ё ислоҳи қозихонаи мумтанеъ-ул-ислоҳ (ислоҳшаванда) бошад, чаро ба миқдоре ҳадя масъала ҳал шуд?

Шулка дар аснои муҳорибаи умумӣ ба тараққипарварони Бухоро зиёда бадрафторӣ кард. Ҳар рӯз аз аҳволи тараққипарварон ба Насруллоҳбийи қӯшбегӣ шикоят мебурд, «тараққипарварон ҷамъияти сиёсӣ доштаанду фалон доштаанд» гуфта, аз қӯшбегӣ талаби тафтиш мекард. Қӯшбегӣ низ ба қавли ин худғараз бино монда, махфиёна дар сари тафтиш буд. Ҳатто одамҳои қӯшбегӣ дар мадрасаи Кӯкалтош омада, «Оё дар ин ҷо ҷамъияту фалон ҳаст?» гуфта, зимнӣ (ҳатман) мепурсиданд. Шабҳо махфиёна дар мадраса гӯш медоданд ва ҳол он ки аҳволи мадрасаи Кӯкалтош ба фақир камокон (чуноне ки ҳаст) маълум буд. Як ҷаридахон (рӯзномахон) худам будам, ки ба ҳуҷраи ман касе намеомад ва аз аҳволи сиёсиву муҳориба касе аз ман суоле карда, ҷавобе намешунид. Боқӣ талаба ва муллоҳо агар дар ҳуҷрае ҷамъ шаванд, машғулияташон ғазалхонӣ ё шикоят аз нарасидани вақву (хайрот) маъхаз (манбаи таъмин) буду бас.

Дар фасли тобистони 1333 Шулка ба дохили Русия рафт. То бозгашта омаданаш Бухоро аз ин гуна таҳқиқу тафтишоти бемаънӣ осуда буд. Фасли тирамоҳ фақир дар тумони Ғиҷдувон будам, ки яке аз аҳбоб (дӯстон) дар бозори Ғиҷдувон хабари аз Русия ба Бухоро омадани Шулкаро ба ман расонд. Дар ҷавоб гуфтам: «Оё ҳанӯз ягон воқеаи тозае эҷод накардааст?». Дӯстам гуфт: «Ҳозир се рӯз шуд, ки ба Бухоро омад. Дирӯз ба зиёратҳои расмӣ машғул буд. Эҳтимол баъд аз ин воқеае эҷод кунад». Баъд аз ду рӯзи ин мусоҳиба, фақир Бухоро омада, баъд аз ғуруб дохили мадрасаи Кӯкалтош шудам. Муаззини мадраса гуфт: «Имрӯз шуморо шогирдпешаи қӯшбегӣ суроғ карда омада буд». Банда аз ин хабар ба фаросати рӯҳшиносӣ (тахмини равоншиносона) муқаррар кардам, ки ҷаноби Шулка бозӣ ангехтааст. Барои истихбор пеши яке аз дӯстонам рафтам. Гуфт: «Имрӯз қӯшбегӣ каси бисёреро ба ҳузури худ талаб карда, “шумо чаро сӯҳбатҳои сиёсӣ ва ҷаридахонӣ (рӯзномахонӣ) мекардаетон?” гуфта, танбеҳ кард. Номи ту низ дар он зайл будааст. Ҳамоно одами қӯшбегӣ барои ҳамин матлаб суроғат карда бошад». Фақир шабро дар ҳуҷраи худ гузаронда, субҳ пеши Насруллоҳбийи қӯшбегӣ рафтам. Қӯшбегӣ шахсан маро намешинохт. Салом дода, нишастам. Қӯшбегӣ ҷӯёи матлаб шуд. Гуфтам: «Фақир фалониам, дирӯз аз саҳро омада, шунидам, ки аз тарафи ҷаноби Шумо суроғ шуда будаам. Инак ба хидмат расидам». Қӯшбегӣ аз пеши зонуи худ порчаи қоғазеро гирифта, баъд аз назар андохтан ба қоғаз ба ман гуфт: «Асрорнависҳои рус чанд нафар ашхосро навиштаанд, ки онҳо ҷарида (рӯзнома) мехонанд ва сӯҳбатҳои сиёсӣ доранд ва аз шикасти давлати Рус ва аз ғалабаи Турку Олмон сухан меронанд… Шуморо ҳам дар мартабаи саввуми ҳамин ашхос навиштаанд». Дар ҷавоб гуфтам: «Фақир бо мардум мухолитат (муошират) надорам ва касе ба ҳуҷраи ман намеояд. Ба ин қавли ман аҳолии мадрасаи Кӯкалтош шоҳиданд. Ва худам низ ба хонаи касе намеравам, илло дар хонаи Мирзо Муҳиддин, ки чанд сол боз бо ӯ рафтуомад ва мухолитат дорам». Қӯшбегӣ гуфт: «Бо Абдурауфи Фитрат мухолитат доред ё не?». Гуфтам: «Фитратро хуб мешиносам ва ҳолдон ҳастам. ӯ низ маро мешиносад. Лекин то ҳол на ӯ ҳуҷраи маро дидааст, на ман хонаи ӯро дидаам». Қӯшбегӣ гуфт: «Ба китобхонаи «Маърифат» рафтуомад доред ё не?».

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: