Главная > Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ > Чаро ноболиғон ба масҷид нараванд?

Чаро ноболиғон ба масҷид нараванд?

Оё Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хилофи озодии дин ва ақидаи шаҳрвандон аст?

Лоҳияи қонуни ҶТ дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва дар набати худ барои баррасии комил ва тағйиру иловаҳо лоиҳаи қонуни мазкур дастраси кулли шаҳрвандони гиромӣ гардидааст, бамаврид ва талаби давру замон мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ифтихори миллии худ меҳисобам, ки фикру дархостамро нисбати баъзе бандҳои алоҳидаи қонуни фавқуззикр иброз намоям, то ба манфиати ҷомеаи кунунӣ ва ҳаёти ҳамарӯзаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бошад.

Моддаи №7, бандҳои 24, 25, 36 ниёз ба тағйир ва иловаҳо дорад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз таърихи 14-уми декабри соли 2010 бамаврид зикр мекунад: «Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ ба дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд. Фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд…

Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии кӯдак як умр боқӣ мемонад».

Аз ҳамин ҷиҳат волидайнро сазовор аст ҳамчун сарчашмаи аввалин, ки ба зеҳну шуури кӯдак таъсири бевосита мерасонанд, бояд Худошиносу мутаддайин, солимақл, пок қалб, поктинат, боиффат, парҳезгор, дур аз маъсият, соҳиби касб ва меҳнати ҳалол, фарогири илму дониш бошанд, ҳалолро аз ҳаром, дӯстро аз душман бишиносанд. Ва дар натиҷаи омилҳои зикргашта масъулитрро бештар ҳис намуда, фарзандони худро дар рӯҳияи худшиносӣ ва Ватандӯстдорӣ дуруст таълиму тарбия намоянд.

Бинобар сабаби он ки 98% фисади мардуми Тоҷикистон мусалмони ҳанафимазҳаб мебошанд. Ва дар муддати зиёда аз 1,300 соли охир новобаста аз сохтори идории давлатдорӣ фарзандони худро дар доираи муқаррароти меъёрҳои Қуръонӣ ва суннатуннабӣ ба таври пинҳониву ошкоро таълиму тарбия намуда, аз арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳифозат намуданд. Бинобар он ин арзишҳоро ба инобат гирифтан амри зарурӣ мебошад. Зеро арзишҳои динӣ эҷодкунандаи хатар ва хатарзо набуда, балки барои беҳдошти зиндагии инсон равона карда шудаанд.

Агар ба таърихи гузаштаи бузургон, донишмандон ва абармардони миллати тоҷик, аз ҷумла Салмони Форсӣ (р), Имоми Аъзам (р), Муҳаммад Исмоили Сомонӣ (р), Балъамӣ (р), Ҳусейн Воизи Кошифӣ (р) Ҷарири Табарӣ (р), Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (р), Абулқосим Фирдавсӣ (р), Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (р), Шамси Табрезӣ (р), Ҷалолиддини Балхӣ (р), Ҳофизи Шерозӣ (р), Саъдии Шерозӣ (р), Саноӣ (р), Низомӣ Ганҷавӣ (р), Абдураҳмони Ҷомӣ (р), Аҳмади Ҷомӣ (р), Муҳаммад Закариёи Розӣ (р), Форобӣ (р), Шайх Абӯалӣ ибни Сино (р), аз ҷумлаи муҳаддисин, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ (р), Имом Муслим (р), имом Тирмизӣ (р), имом Насоӣ (р), инчунин Муҳаммад Ғаззолӣ (р), Мавлоно Муҳаммадшариф ибни Муҳаммадҳусайни Алавии Бухороӣ (р), Мирсаид Алии Ҳамадонӣ (р), Юсуфи Ҳамадонӣ (р), Саид Амир Кулол (р), ҳазрати Баҳоуддин (р), ҳазрати Хоҷа Аҳрори Валӣ (р), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (р), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (р), Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (р), Ҳотами Асам (р), Шақиқи Балхӣ (р) ва ҳазорон тан аз донишмандони билоди хешро метавон ном бурд, ки аз овони тифлӣ бо тавсия ва саъю талоши падару модари азиз Қуръони каримро ба пуррагӣ азёд намуда, дар баробари ин захираи луғавии хешро хеле ғанӣ гардониданд. Ва тавонистанд, ки эшон бо баракти Қуръон ва раҳмати Худованд дар риштаҳои мухталифи илмҳои дақиқ: тиб, зистаншиносӣ, кимё, алгебра, кайҳоншиносӣ, нуҷумшиносӣ, илми таъбири хоб, риёзиёт, табиатшиносӣ, илоҳиётшиносӣ, таърих ва ҷуғрофияшиносӣ, илми сиёсат, дору ва гиёҳшиносӣ ва роҳҳои ҷарроҳӣ ва пизишкӣ, меъморӣ, кандакорӣ, шаҳрсозӣ, илми тиҷорат, тафсир, шарҳнависӣ, илми ақида ва эҷоди шеъри орифона ва асарҳои фалсафию мантиқӣ, рисолшиносию аҳодис, тарҷума ва рисолаҳои илмию ахлоқӣ аз асосгузорон ва саромадони донишмандони байналмилалӣ шинохта шуда ва эътироф гаштаанд, ки то имрӯз аҳамияти илмӣ ва ахлоқии худро аз даст надодаанд.

Дар асарҳои илмӣ, ахлоқӣ ва шеъру нигоштаҳои худ аз он таъкид кардаанд, ки волидайнро зарур аст тифлро аз хурдӣ баъди номи нек мондан, диққати ононро ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла, аз худ намудани илми тавҳид, ҳифзи Қуръон ва аз бар намудани аҳкоми эътиқодӣ ва фиқҳӣ ҷалб намоянд. Зеро падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд беш аз дигарон нақши муассир доранд.

Дар замони муосир дар кишвари азизамон Тоҷикистон арзишҳои миллӣ ва динӣ пайванди ҳам гашта, онҳоро аз ҳам ҷудо намудан ғайриимкон аст. Арзишҳои дини ислом чун арзишҳои миллӣ дар таълиму тарбияи фарзанд басо чашмрас ва ҳадафманд мебошанд. Пас зарур аст дарёбем, ки гузаштагони мо аз қадим то имрӯз дар асоси кадом принсипҳои эътиқодӣ ва усули илмию ахлоқӣ фарзандони худро ба камол расонида, таълиму тарбия намуданд. Оё шинохти Худованд, донистан ва фарогирии улуми Қуръонӣ ва ба ҷо овардани намоз ба таври дастҷамъона баъди фориғ шудан аз таҳсили мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои атфол зараровар ва ё баръакс манфиатовар мебошад? Ва монеъ шудан ба фарогирии ахлоқи исломӣ ва улуми исломӣ барои тифл то замони балоғат, яъне 18-солагӣ аз ҷониби волидайн чӣ пайомадҳои хасоратбор думболи худ дорад? Ва чӣ арзишҳое метавонад арзишҳои исломиро иваз намояд?

Расули раҳмат(с) мефармояд: «Сухан гуфтани кӯдаконро бо лафзи Ло илоҳа Илаллоҳ ифтитоҳ намоед».

Дар мавриди намоз хондан волидайнро лозим аст, ки фарзанд ба синни ҳафтсолагӣ қадам гузошт, ба намоз даъват карда шавад ва ҳар гоҳ ба синни даҳсолагӣ расид, фарзандро барои нахондани намоз танбеҳ ва муҷозот кунанд. Қавли Расули раҳмат (с) аст: «Фарзандонро ба намоз дастур бидиҳед, вақте ба синни ҳафтсолагӣ бирасанд ва ононро дар сурати нахондани намоз бизанед, вақте ба синни 10 (даҳ)-солагӣ бирасанд».

Дар ин ҷо мебинем, ки Муҳаммад (с) волидайнро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбия ва таълими фарзанд масъул мебошанд. Аз даврони тифлӣ омӯхтани илму дониш ва таълиму тарбияро барои фарзанд саҳл напиндоранд ва худро аз тарбияи онон дар канор нагиранд. Донишманди бузург, аллома Муҳаммад Ғаззолӣ (р) дар китоби «Эҳёи улуми дин» таъкид мекунад:

1). «Ба кӯдак Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули акрам (с) ва достонҳои бузургон ва баъзе аз аҳкоми динӣ таълим дода шавад». Ва бад ин восита заминаҳои Худошиносӣ ва худогоҳӣ дар қалбу рӯҳи тифл рушду нумӯ мекунад. Ва ин омилҳои имонӣ асоси рушду такомули табиӣ ва ҷисмонии тифл мегардад. Падидаҳои номатлуби саркашӣ, нофармонӣ, худғофилӣ ва худноогоҳӣ аз мазрааи ақли тифл зудуда мегардад.

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) мефармояд:    2). «Ҳар касе бихоҳад, ки фардо рӯзи Қиёмат дар назди Аллоҳ (ҷҷ) мусалмон ҳозир шавад, пас барои он кас зарур аст, ки панҷ вақт намозро дар он ҷое, ки азон дода мешавад, яъне дар масҷид, барпо дорад».

Аз ин ҳадис чунин бармеояд, ки шахси мусалмон новобаста аз ҷинс ва синну сол бояд пайваста намозҳои худро бигзорад, зеро тарки намоз марз миёни инсон ва куфр аст. Яъне ба муҷарради қасдан тарки намоз кардан ба марзи куфр гом мениҳад. Расулаллоҳ (с) имоновардагонро ҳушдор медиҳад, ки набояд ба муҷарради ғофилӣ ва танбалӣ дар марзи куфр, яъне бенамозӣ иқомат намоянд.

Аз ҷониби дигар, пайравони дини ислом, ки худро мусалмон меҳисобанд, бар худ лозим медонанд, балки бар онон шарт аст, ки тибқи дастуроти амри Худованд ва муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқии Қуръонӣ фаъолият намоянд. Ва дар иҷроиши авомири Қуръонӣ саркашӣ ва танбалӣ накунанд ва аз ҷониби дигар аз доираи муқаррароти нишондоди Сарқонуни (Кониститутсия) асосии кишвар таҷовуз накунанд, ба ибораи дигар, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Намози рӯзи Ҷумъа бар кулли мусалмонон фарз аст ва Худованд ширкат варзидан дар намози мазкурро амри зарурӣ мешуморад. Ва касе дар ин росто наметавонад муқобили амри Илоҳӣ монеа эҷод намояд, зеро эҷодкунандаи монеа ба муваффақият намерасад. Балки нисбати чунин эҷодкунандаи монеа бадбинӣ ва ҳисси нафрату нобоварӣ аз ҷониби мардуми мусалмонони диёр зиёд мегардад. Ва ин нобоварии эҷодшудаи сунъиро метавонанд ағёрҳои миллати тоҷик дар мавриди зарурӣ ба манфиати ғаразҳои нопоки худ истифода баранд.

Аз ҷониби дигар волидайнро зарур аст фарзанди худро барои ба масоҷид рафтан ташфиқу дастур бидиҳанд, одоби рафтан, муносибат ва эҳтироми калонсолон омӯзонанд, зеро масҷид мақоми растагорӣ ва дарёфти савобу аҷри бештар барои мӯъминон аст. Ҳангоми ба масҷид рафтани фарзанд, дар шуур ва ҷаҳонбинии ӯ муносибатҳои нави ахлоқӣ ва андешаи динӣ, ислоҳпазирии ботинӣ ва зоҳирӣ ҳамчун падидаи нав ва нек тавлид мегардад. Ҳангоми омода шудан барои намози ҷумъа вузӯ ва ғусл месозад. Зоҳир ва ботини худро аз ғаризаҳои олудагии нафси аммора ва шӯълаҳои пуроташи шаҳватзо дур месозад. Дурӯғгӯӣ, тӯҳмат, таҳқир ва рафторҳои разилаи ғайриқобилро пушти сар мезанад. Одоби сухан гуфтан, либоси тозаву озода пӯшидан, эҳтироми волидайн ва аз худ хурдсолону калонсолонро зери назорати худ қарор медиҳад ва ба танзим медарорад. Ба хотири иштирок дар намози дастҷамъонаи рӯзи ҷумъа ё намозҳои иддайн андешаи ахлоқӣ, андешаи ислоҳшавии ҷисмию равонӣ дар тифл эҷод мегардад. Ва ин яке аз омилҳои асосие мегардад, ки ҷаҳонбинии кӯдак инкишоф ёфта, муносибати худро ба атрофиён тағйир медиҳад. Арзишҳои ахлоқӣ ва имонӣ дар тифл ба сабзиш медарояд, ки дар ояндаи он аҳамияти бузург дорад. Шинохти Худованд, яке аз омилҳои асосии рушди илмии тифл мебошад. Зеро Худованд қабл аз намоз ва ё баъд аз фориғ шудани намоз инсонҳоро ба омӯзиши касбу меҳнати ҳалол ва ба даст овардани илму дониш амр мекунад. Масҷид на танҳо ҷои намозгузорӣ, балки сарчашмаи зояндаи ишқу муҳаббати ВАТАН ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Зеро дӯстдории Ватан аз гӯшаи имондорист.

Аз ҳамин ҷост, ки Расули раҳмат (с) мефармояд: «Талаб намудани Илм бар мардон ва занони мусалмон фарз аст».

Ҳадиси дигари Расули раҳмат (с)-ро Фирдасии бузургвор (р) ба риштаи назм кашидааст:

Чунин гуфт Паёмбари ростгӯ,

«Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ».

Ва таманнои онро дорам, ки аз ҷониби эҷодкунандагони лоиҳаи қонуни мазкур ин пешниҳоди мо ба инобат гирифта шавад.

Дар моддаи №7, банди 24-и лоиҳаи қонун омадааст:

«Иштироки фарзандони ноболиғро дар фаолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои аъзодорӣ) роҳ надиҳанд».

Аз ин банди моддаи №7 чунин фаҳмида мешавад, ки дар «фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои динӣ» иштирок намудани ноболиғон моҳияти илмӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ надорад ё хатарзову беаҳамият буда, дар таълиму тарбияи фарзанд нақши манфӣ дорад.

Ва ё иштироки ноболиғон дар масҷиду чорабиниҳои динӣ дар вақтҳои фориғ будан аз таҳсили мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ боиси ғафлатзадагӣ, нодонӣ, қафомондагӣ ва маҳрум мондан аз донишу илмҳои дақиқ дар замони муосир мегардад. Албатта ба ин андеша ва фикр мо розӣ шуда наметавонем, зеро чунин афкор хилофи мантиқ ва воқеият аст…

Бинобар эҳтиром ва қадрдонии давлат ва ҳукумат нисбати 98% шаҳрвадони кишвари азизамон, ки МУСАЛМОН мебошанд ва ба ин 98% зарур аст, ки мувофиқи аркон ва таълимоти Ислом, чӣ мусалмони болиғ ва мусалмони ноболиғ дар намозҳои панҷвақтаи дастҷамъона дар масҷид ва намозҳои рӯзи ҷумъа, Иди Рамазон ва Иди Қурбон ҳатман бояд иштирок намоянд. Зеро мусалмонон дар ҳоли саркашӣ аз намози ҷамоа муртакиби гуноҳи кабира мешаванд. Ва иттиҳодияи динӣ ҳадафи асосияш қонеъ гардонидани талаботи эътиқодӣ ва имонии шаҳрвандон аст.

Аз ҳамин лиҳоз, моддаи №7, банди 24-и қонуни фавқуззикр ба тариқи зайл навишта ва тағйир дода шавад:

«Фарзандони ноболиғи то синни 12 (дувоздаҳ)-сола дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҷамъомадҳои динӣ роҳ дода нашаванд».

Моддаи №7, банди 25 дар лоиҳа чунин омадааст: «Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотрапӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва доруҳои сахтаъсирро барои ноболиғон манъ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳолат ҳозир шудани онҳоро пешгирӣ намоянд».

Матни моддаи №7, банди 25 аз лиҳози маънӣ ва мӯҳтаво дар ҳоли таззод қарор дорад. Зеро эҷодкунандаи қонун дар қисмати аввал истифодаи маводҳои спиртиро манъ мекунад. Ва дар қисмати дуввум таъкид мекунад: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати истеъмоли маводҳои спиртӣ ҳозир шудани ноболиғро пешгирӣ кунанд. Яъне ноболиғ метавонад, ки дар ҷои ҷамъиятӣ ҳозир нашавад ва аз маводҳои спиртию воситаҳои нашъадор истифода барад. Аз ҳамин ҷиҳат, лозим аст моддаи №7, банди 25 ба тариқи зайл навишта шавад:

«Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва доруҳои сахтаъсир барои ноболиғон қатъиян манъ аст ва аз ҷониби дӯкондорон ва фурӯшандаҳо маводҳои спиртӣ, тамоку (аз ҷумла нос), доруҳои сахттаъсир ба ноболиғон  фурӯхта нашавад».

Моддаи №7, банди 36 дар лоиҳа чунин омадааст: «Ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим ба мактабу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи беиҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд».

Моддаи №7, банди 36 ба тариқи зайл навишта шавад:

«Фарзандони ноболиғи худро нагузоранд, ки дар назди нафарони мазҳабситезони тундрав ва ихтилофангезони динӣ, ҳамчун баҳоия, салафия ва таҳририя таълиму тадрис бигиранд. Волидайн дар ҳолати ошкор намудани ин ҳолат, ки ноболиғ ба ифротгароӣ ва мазҳабситезию суннатгурезӣ даст ва майл дорад, вазифадор аст, ки ба мақомоти дахлдор  муроҷиат намоянд».

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: